
Куфв дар луғат ба маънои мислу монанд ва ҳамшаън аст. Аслан дар шариати ислом меъёри шарофатмандӣ ва мизони бузургӣ тақвову парҳезкорист. Худованди бузург дар Қуръони маҷид мефармояд:
«Ҳароина гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумо аст» (сураи Ҳуҷурот, ояти 13).
Вале аз он ҷо, ки шариати Ислом ба воқеиятҳои амалии ҳаёти инсон сару кор дорад ва мехоҳад пайравони худро ба сӯи беҳтарин хотима дар тамоми корҳо раҳнамун бошад, кафоат ва ҳамшаъниро дар амри издивоҷ ва заношавҳарӣ сахт эътибор додааст, то хонаводаи ҳаматарафа солим ва бо дурнамои воқеӣ барпо намояд. Муҷтаҳидон ва донишварони бузурги Ислом дар сояи арзишҳои фикрию маънавии волои он ва бо дарки масъулият ва эҳсоси оқибатандешӣ ба ин амри ҳаётан муҳим дар ҳаёти заношавҳарӣ эҳтимоми ҷиддӣ варзида, онро аз паҳлӯҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Шариати Ислом, чӣ тавре мебинем, барои ҳифз ва таъмини ҳадафҳои муҳимми худ аз бинои хонавода, ҳар гуна лаззатҷӯиҳои гузарои ҷинсӣ ва никоҳи муваққатро ҳаром гардонидааст, зеро дар он гуна комҷӯиҳо ва васлатҳои муваққатӣ ҳадафҳои арзишманди Ислом аз бинои хонавода таҳаққуқ намеёбанд. Балки дар он гуна пайвандҳои муваққатӣ инсон танҳо ба унвони мояи таъмини лаззатҷӯиҳои ҷинсӣ зуҳур менамояд.
Ҳамин тавр, барои таҳкими пояҳои хонавода, ҳифзи он аз фурӯпошӣ ва низ барои пешгирӣ аз бурузи ҳар гуна мушкилот ва пешомадҳои хонаводагӣ як силсила меъёрҳои маърифатӣ, баробарӣ дар ҷанбаҳои гуногун ва ҳамшаъниро дар миёни марду зан пешбинӣ намудааст. Суханон ва иршодоти амалии расули Худо (с) дар ин маврид роҳнамои онҳо мебошанд.
Арзишҳои фарҳангӣ, сатҳи бинишҳои динӣ, бардоштҳои иҷтимоӣ, муставои молӣ ва умуман, тарзи зиндагии ҳар миллат бо миллати дигар, ҳар минтақа бо минтақаи дигар ва ҳатто ҳар қишри ҷомеа бо қишри дигари он фарқ мекунанд. Дар чунин ҳолат он издивоҷе муваффақ ва он хонаводае пойдор мемонад, ки дар миёни марду зан тавофуқ ва ҳамсангие дар сатҳҳои гуногун вуҷуд дошта бошад.
Бар ҳамин асос, ҳамшаън ва ҳамсанг (куфв) буданро дар амри интихоби ҷуфти ҳаёт донишмандон муътабар донистаанд, то дар оянда низ аз ба хатар афтодан ва қатъ гардидани робитаҳо дар байни мусалмонон ки мумкин аст бар асари васлатҳои (пайвандҳо) осебпазир дар зиндагонии иҷтимоии онҳо ба вуҷуд биояд, пешгирӣ шавад.
Аз назари илмҳои ҷомеашиносӣ ва равоншиносии муосир низ исбот шудааст, ки ба эътибор нагирифтани асли кафоат ва ҳамшаънӣ ва сарфи назар намудан аз тафовутҳои гуногуни фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, равонӣ ва ғайра дар марду зан ҳангоми бунёди оила аз муҳимтарин омили бурузи буҳронҳои хонаводагӣ ва сабаби фурӯпошии аксари оилаҳо ба шумор меравад.
Асли қонуни кафоат ва ҳамшаънӣ дар миёни марду зани хонадоршаванда дар шариати ислом барои ҳимояи ҳуқуқҳои мадании занон поягузорӣ шудаст ва он ҳаққи зан ва сарпарастони вай мебошад, яъне ҳангоми иқдом ба бунёди хонавода ва оғози ҳаёти нав зан ва сарпарасти вай бояд хуб диққат намоянд, ки он марде, ки ба хостгории ӯ омадааст, оё куфв ва ҳамшаъни вай мебошад ё не?
Кафоат, яъне баробарӣ, ҳамшаънӣ ва ҳамтирозии мард бо зани ҷуфтшаванда аз назари мазҳаби ҳанафӣ дар шаш амр ва ё чиз мавриди эътибор қарор мегирад:
1. Дар аслу насаб, 2. дар мусалмон будан, 3. дар мизони диёнат, 4. дар вазъи молӣ ва маишӣ, 5. дар касбу ҳунар ва 6. дар озодӣ.
Баробарӣ ва ҳамшаънӣ дар насаб ин аст, ки марди саййидзода бо зани саййида издивоҷ намояд, агарчи яке ҳошимӣ ва дигаре ғайри ҳошимӣ бошанд. Ҳамчунин арабҳо бо якдигар куфв мебошад ва мардуми аҷам (ғайриараб) бо якдигар куфв ҳастанд, вале бо арабҳо куфв намебошанд. Зеро онҳо дар урфу одатҳои зиндагӣ ва хусусиятҳои қавмӣ аз якдигар фарқ мекунанд.
Албатта, ин ба маънои он нест, ки арабҳо аз мардуми аҷам бартаранд ва инҳо аз назари шарофатмандӣ ва арзиши инсонӣ аз онҳо пастаранд, балки ба маънои он аст, ки тарзи зиндагӣ ва урфу одатҳои онҳо аз якдигар фарқ мекунанд ва ҳамин тафовутҳои сатҳҳои гуногуни зиндагӣ дар дурнамои ҳаёти хонаводагӣ таъсир мегузоранд.
Аз сӯи дигар, ин амр то замоне эътибори шаръӣ дорад, ки қавмҳо ва миллатҳои гуногун ҳанӯз дар сатҳи густардае бо ҳам омезиши иҷтимоӣ наёфта бошанд ва тарзи зиндагонӣ ва урфу одатҳои онҳо бо ҳам наздик нагашта бошанд.
а) Дар насаб падар эътибор аст. Агар падар саййидзода бошад, фарзандон низ саййидзода ба шумор мераванд ва агар падар саййидзода набошад, ҳарчанд модар саййида бошад ҳам, фарзандон саййидзода намебошанд. Қурайшиҳо бо якдигар куфв ҳастанд.
б) Кафоат ва баробарии дар насаб дар миёни қавмҳо ва халқиятҳои дигар низ, агар дар урфи онҳо роиҷ бошад, эътибор дорад.
2. Дар миёни қавмҳо, халқиятҳо, хонаводаҳо ва одамоне, ки нав ба Ислом мегараванд, баробарӣ дар Ислом низ мавриди эътибор қарор мегирад. Бинобар ин, марде, ки танҳо аз падараш ба ин сӯ мусалмон омадааст, наметавонад бо зане, ки падар ва падаркалонаш мусалмон буданд, куфв ва ҳамшаън бошад. Ҳамин тавр, марде, ки танҳо худаш мусалмон аст ва падараш мусулмон нест, бо зане, ки ҳам худаш ва ҳам падараш мусалмон аст, куфв ва ҳамрадиф намебошад.
Марде, ки падар ва падаркалонаш мусалмон гузаштаанд, бо зане, ки пушт ба пушт мусалмон омадааст, куфв мебошад. Вақте дини ислом се наслро дар бар гирифт, дигар ҳама баробар мешаванд.
3. Аз назари ислом диёнат, салоҳ ва поксириштии мард низ дар бинои хонавода бояд ба эътибор гирифта шавад. Марди шаробхор ва бебандубор аз назари диёнат бо зани диндору покдоман куфву ҳамсанг намебошад.
Зеро ҳам шаръан ва ҳам аз назари инсонӣ шаробхорӣ, бебандуборӣ ва дигар олудагиҳои ахлоқӣ ба шаъну шараф ва каромати инсонии шахс латма мезананд ва ӯро дар байни ҷамъият ба инсони беҳайсият ва беобрӯ табдил медиҳанд. Пас дар шаъни як зани покдоман ва бодиёнат нест, ки бо чунин марде ҳамрадифи ҳаёт гардад. Худованд мефармояд:
«Оё касе, ки мӯъмин аст, ба мисли касе аст, ки фосиқ бошад? (Онҳо ҳаргиз) бо ҳам баробар намебошанд».
4. Баробарии вазъи молӣ ва наздикии сатҳи маишии мард бо хонаводаи зан низ бояд ба эътибор гирифта шавад. Кафоат аз лиҳози вазъи молӣ ва сарватмандӣ ин аст, ки мард қудрати додани маҳри занро дошта бошад. Бинобар ин, агар марде қудрати додани нафақа ва маҳри занро надошта бошад, бо як духтари сарватманд ва молдор куфву ҳамрадиф намебошад. Дар сурате ки қудрати додани маҳру нафақаи занро дошта бошад, вале танҳо аз нигоҳи дороӣ бо зан баробар набошад, бо вай куфв ба шумор меояд.
5. Баробарӣ дар касбу ҳунар ин аст, ки ҳар ду ҳамкасб бошанд ва ё ду касби бо ҳам наздик дошта бошанд. Зеро гуногунии муҳитҳои касбу кор дар вазъи иҷтимоӣ ва равонии онҳо низ таъсироти гуногун мегузорад. Бинобар ин, мардоне, ки ба корҳои дар урфи мардум ҳақир машғул мебошанд, бо занони хонадоне, ки ба касбҳои обрӯмандона шуғл меварзанд, куфв намебошанд.
6. Худованд одамро озод офаридааст ва касеро дар асли офариниш ғуломи касе нагардонидааст, вале дар гузаштаи таърих баъзе одамон дар натиҷаи омилҳои гуногуне баъзе ҳамнавъони худро ба ғуломӣ кашиданд ва онҳоро аз озодӣ ва ҳайсияти иҷтимоӣ маҳрум намуданд.
Бадеҳист, ки ҳаёти ғуломона тарзи тафаккур, ҳолатҳои равонӣ ва вазъи хосеро дар инсон ба вуҷуд меоварад, ки комилан аз шахси озод фарқ мекунад. Бинобар ин, дини ислом ин воқеъияти амалии ҳаётро дар он давра ба инобат гирифта, марди ғуломро куфв ва ҳамшаъни зани озода надонистааст. Ҳатто ба марди озоде, ки зани озодае дар никоҳ дорад, иҷозат надодааст, ки ба болои вай канизеро ба никоҳи худ дароварад.
– Марди девона шоиста ва куфви зани ҳушёр нест.
– Агар марде бо фиреб худро ҳамшаън ва куфви зан нишон диҳад, вале баъдан маълум шавад, ки дар яке аз сифатҳои мазкур бо вай куфв нест, падар ва дигар сарпарастони зан метавонанд никоҳи ӯро бекор намоянд, яъне вақте мардро ҳамшаъни духтари худ набинанд ва идомаи зиндагии ӯро бо он мард нахоҳанд, метавонанд духтари худро аз вай ҷудо созанд.
– Ҳамшаън ва бо ҳам куфв набудани марду зане, ки мехоҳанд дар оянда бо ҳам ҷуфт шаванд, монеъи издивоҷ ва бинои заношавҳарии онҳо намегардад. Яъне ҳамшаън ва куфв будан шарти афзалият барои издивоҷ аст, на шарти сиҳҳати ақди никоҳ. Аммо дар канори он ки ояндаи равшане барои ин ношоистагӣ маълум нест, дар сурате ки зан бе иҷозати валӣ ва соҳиби худ ба никоҳи нокуфв даромада бошад, валӣ метавонад бо муроҷиат ба додгоҳ ақдро фасх намояд.
Бояд зан ва сарпарасти вай, пеш аз ҳама, ба роҳу рафтор ва фарҳангу диёнати мард нигоҳ кунанд ва аз миёни хостгорон марди бодиёнат, боахлоқ ва аҳли салоҳро интихоб намоянд. Зеро тақво, арзишҳои имонӣ ва фарҳанги динии мард ӯро ба ҳусни муошират ва риояи ҳуқуқҳои ҳамсараш вомедорад ва аз зулм ва рафтори хушунатомез бозмедорад.
Расули Худо (с) дар ин бора тавсия ва иршод мефармояд: «Вақте ба хостгории (духтари шумо) шахсе омад, ки аз дину ахлоқи вай розӣ бошед, духтаратонро ба никоҳаш дароваред (ва ӯро ба домодӣ бипазиред), зеро агар ин корро накунед, дар рӯи замин фитнаву фасоди бузурге ба вуҷуд меояд».
Падар ва сарпарасти зан барои шинохти шахсият, мизони одамият ва сатҳи ахлоқ ва диёнати хостгор бояд ба таври дақиқ аз ҳоли вай ҷӯё шаванд, ба ҳамнишинони вай бинигаранд, аз аҳли хонавода ва муҳити иҷтимоии вай огоҳ шаванд, то дар интихоби ҳамсари муносиб ба хатое роҳ надиҳанд. Яъне набояд дар амри интихоби ҷуфти муносиб барои духтар ва ё хоҳари худ кӯтоҳӣ намоянд ва шахси фурӯмоя, бадкора, беномус ва ё носипосеро, ки аз Худо наметарсанд, бар ирзу номус ва ҷони вай мусаллат созанд ва ӯро ба шақои абадӣ гирифтор намоянд.