АСҲОБИ УХДУД

Нашр шуд korbar - чт, 12/22/2022 - 11:14

Асҳоби Ухдуд яке аз достонҳои қуръонӣ аст, ки дар он ба зикри яке аз эпизодҳои таърихӣ дар бораи муборизаи ҳаққу ботил, тарафдорони хайру шар ва куфру имон ишора шудааст. Асҳоби Ухдуд дар Қуръон дар яке аз сураҳои маккӣ бо номи «Буруҷ» зикр гардида, дар зимни ҳафт оят бо ибораҳои мухтасар дар бораи он гузориш дода шуда, дар ривоятҳои суннат бо тафсили бештаре зикр гардидааст. Дар достони асҳоби Ухдуд аз як сӯ, рафтори қабеҳи кофирон, куфру худоношиносӣ ва ҷиноятҳои зиддибашарӣ бо таъбири: «лаънат карда шуданд аҳли хандақҳо...» маҳкум гардида, аз сӯи дигар, он ба манзури таҳкими сохтори маҷмӯаарзишҳои эътиқодӣ ва тақвияи ангезаҳои имонӣ дар шахсияти навпарвари мусулмонон дар фазои бо хафақон (тапиши дил)-и Макка баён шуда ва дар он баландтарин намунаи сабру пойдорӣ, базлу фидокорӣ – нисори ҷон дар роҳи ҳифзи дину имон ба намоиш гузошта шудааст. Вале чун ҳаводиси рӯзгор ва асҳоби ухдудҳо дар таърих ба гунае такроршавандаанд, абъод (дурӣ)-и омӯзишии достон макону замонро дарнавардида, наслҳои баъдиро фаро мегирад.

Қуръони карим бо зикри достони асҳоби Ухдуд намое аз иноду туғён, бераҳмӣ ва ифроту тундгароии аҳли куфрро дар муносибат ба мухолифони эътиқодии худ нишон медиҳад ва баён медорад, ки чунин одамоне аз риояи одитарин меъёрҳои инсонӣ, ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва озодии виҷдон сарфи назар менамоянд ва барои таҳмили назароти нодурусти худ бар дигарон ба шиканҷа ва куштори ваҳшиёнаи онҳо даст мезананд. Ҳамчунин бо сароҳат ёдовар мешавад, ки чунин афроде дар ҷомеаи башарӣ ҳамеша омили варшикастагии андешаҳои созанда ва монеи рушди иҷтимоии он мегарданд ва дар натиҷа ба нафрини Худо ва мавҷудоти олам гирифтор мешаванд:

Кунун марг бодо зи Парвардигор,

Бар асҳоби ухдуди норосткор!

Ҳамон қавми бадкори зиштиписанд,

Ки оташ ба ҷони халоиқ заданд.

Таъйини дақиқи мансубияти динии асњоби Ухдуд, ба ҷуз аҳли имон будани он мардуме, ки аз сӯи онҳо мавриди чунин шиканҷа қарор гирифтаанд ва ҳамин тавр муайян намудани замону макони рӯйдоди ҳодиса ҳам аз ҷиҳати таърихӣ ва ҳам аз лиҳози ривоятҳои динӣ хеле душвор аст, зеро дар гузориши қуръонӣ ва ривоятҳои суннат зикре аз он наёмадааст. Ин амр сабаб гардида, ки дар бораи диёнат, замону макони вуқӯи ҳодиса ривоятҳои гуногуни таърихӣ ва ҳамин тавр достонҳои устуравие дар осори ривоии масеҳиён, дар байни муаррихон ва муфассирони мусулмон интишор ёбад. Ба ҳар сурат зоҳири ривоёти таърихӣ ва ковишҳои илмие, ки аз сӯи муаррихон ва уламои тафсир дар робита ба ин достони қуръонӣ сурат гирифта, ба таъйиди саргузашти муъминони минтақаи Наҷрон дар сарзамини Яман моилтар аст, ки соли 513 м. ва ё 523 м. подшоҳи яҳудии он Юсуф ибни Асъар, маъруф ба Зунуввос онҳоро ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонд. Дар сарзамини Наҷрон ҳанӯз ҳам шаҳрчаи бостоние бо номи Ухдуд вуҷуд дорад ва дар макони «ухдуд» то ҳол осори устухонҳои сӯхта ва хокистар ба чашм мерасад.

Мардуми он шаҳр муъминоне бар дини насронӣ буданд. Подшоҳи ҳимярӣ, ки аз кеши яҳуд пайравӣ мекард, онҳоро мавриди шиканҷа қарор дод ва интихоби яке аз ду роҳро дар пеши онҳо гузошт – ё аз динашон ба дини ӯ бармегарданд ва ё дар оташ зинда сӯзонида мешаванд. Онҳо марги бо каромат ва мурдан дар роҳи ақида ва имонро бар тарки дини худ тарҷеҳ доданд. Подшоҳ дастур дод, то ухдуд(хандақ ва ҷуқурии дароз)-е канданд ва дар он оташи маҳиб(боҳайбат, њавлангез)-е сар доданд. Он гоҳ мардуми муъминро гирд оварда, як ба як дар оташ афканда, ба шаҳодат расониданд, вале касе аз онҳо аз динаш барнагашт. Мурод аз асњоби Ухдуд подшоҳ ва онҳое ҳастанд, ки дар он куштор ва ҷинояти зидди башарӣ иштирок доштанд. «лаънат карда шуданд аҳли хандақҳои оташе, ки дорои ҳезуми бисёр аст, вақте ки онҳо бар канораи он (хандақҳо) нишаста буданд; ва онҳо ба он чи бо муъминон мекарданд, ҳозир буданд. Ва аз онҳо (муъминон) айб нагирифтанд, магар инро, ки ба Худои Ғолиби Сутудакор имон оварда буданд. Он [Худой], ки подшоҳии осмонҳову замин аз они Ӯст. Ва Худо бар ҳар чиз Гувоҳ аст. Ҳароина онҳое, ки мардони муъмин ва занони муъминаро уқубат карданд ва тавба нанамуданд, пас барояшон азоби дӯзах аст; ва барои онон азоби сӯхтан аст» (сураи «Буруљ», оёти 4-10).

Чу гавдоли оташ барафрӯхтанд,

Нишастанду дида бар он дӯхтанд.

Назар карда аз гӯшаву аз канор,

Бар он муъминони фиканда ба нор.

Набуданд бадкору берун зи роҳ,

Куҷо доштандӣ ҷуз имон гуноҳ!?

Бо қабули ин мансубияти динии он муъминон собит мешавад, ки дар миёни аҳли Китоб, бахусус пайравони кеши насоро, касоне ҳам буда, ки аз тавҳиди холис ва дини поки Исои Масеҳ (а) онгуна ки аз сӯи Худо нозил гардида – бе ҳеҷ таҳрифе пайравӣ мекардаанд ва ин санои хайри худовандӣ ва хотираи мондагори қуръонӣ барояшон муносиб будааст. «…Аз онҳо гурӯҳе рострав ҳаст…» (сураи «Моида», ояти 66).

Вале муъминони ба Парвардигор,

Ки солеҳ бигаштанду парҳезгор.

Бар онҳо муҳайёст боғи ҷинон (ҷаннатҳо),

Ки ҷӯест зери дарахтони он.

Дар ривоятҳои суннат дар тафсили достон ва сабаби рӯй додани ҳодисаи асҳоби Ухдуд аз Расули Худо (с) омадааст: «Дар рӯзгори пешин подшоҳе буд ва ӯ ҷодугаре дошт. Чун пир гашт, ба подшоҳ гуфт: ман пир шудам ва рӯзгорам ба сар омадааст, ҷавонеро ба наздам бифирист, то ба ӯ сеҳру ҷоду биомӯзам. Подшоҳ ҷавони зиракеро бар он гумошт. Он ҷавон ба хонаи соҳир мерафт ва аз вай илми сеҳр меомӯхт. (Рӯзе) гузараш дар роҳ бар марди роҳиб ва худопарасте афтод. Чун ба ӯ гӯш дод, суханонаш ба вай писанд омад. Ҷавон дигар ҳар рӯз аввал ба назди он марди солеҳ мерафт ва аз вай худопарастӣ ва имон меомӯхт, пас аз он ба пеши соҳир меомад ва фунуни сеҳр аз худ мекард.

Рӯзе ба ҷонвари азиме бархӯрд, ки роҳи мардумро баста буд. Ҷавон бо худ гуфт: имрӯз бидонам, ки соҳир беҳтар (ва барҳақ) аст ё марди роҳиб. Он гоҳ сангеро бардошт ва гуфт: «Худоё, агар амри роҳиб пеши Ту аз амри соҳир беҳтар бошад, пас ин ҷонварро бикуш, то мардум бигузаранд» ва онро ба сӯяш партофт. Вай ҷонварро кушт ва бо ҳамин роҳи мардум эмин гашт. Ҷавон пас аз он ба назди марди роҳиб омад ва аз ҷараёни кор ӯро хабар дод. Роҳиб гуфт: имрӯз ту аз ман бартарӣ ва кори ту ба ҷое расидааст, ки мебинам. Ва зудаст, ки ба озмоишҳои сахте рӯ ба рӯ шавӣ ва чун мавриди озмоиш ва сахтӣ қарор гирифтӣ, бар ман далолат накун!

Кӯрони модарзод, песон ва мардуми бемор бо даст ва дуои ӯ аз ҳама дардҳо шифо меёфтанд. Надиме аз дӯстони подшоҳ нобино гашта буд. Вай моли бисёр ва ҳадяҳое бардошт ва ба ҷавон гуфт: «Агар маро шифо бахшӣ, ин ҳама туро бошад». Ҷавон гуфт: «Ман касеро шифо бахшида наметавонам, шифобахш Худо аст. Агар ба Худо имон оварӣ, ба (даргоҳи) Худо дуо кунам ва Ӯ туро шифо бахшад». Он мард ба Худо имон овард ва Худо шифояш бахшид (ва биноиро ба чашмонаш бозгардонд). Он гоҳ ба назди подшоҳ омад ва бар ҳасаби одат ба суҳбати ӯ нишаст. Подшоҳ пурсид: «Биноиятро кӣ бозгардонд?». Гуфт: «Парвардигорам!». Подшоҳ пурсид: «Оё ғайр аз ман парвардигори дигаре дорӣ?». Гуфт: «Парвардигори ману ту Аллоҳ аст». Подшоҳ (дар хашм шуд) ва ӯро мавриди шиканҷа қарор дод, то он ки бар ҷавон далолат кард. Ҷавонро биоварданд, подшоҳ ба вай гуфт: «Писарам, сеҳри ту ба ҷое расида, ки нобино ва песро шифо мебахшӣ ва чунину чунон мекунӣ!?».Гуфт: «Ман касеро шифо намебахшам, ин Худост, ки шифо медиҳад». Ӯро низ мавриди шиканҷа қарор дод, то ин ки бар роҳиб далолат кард. Роҳиб оварда ва ба вай гуфта шуд, ки аз динат баргард. Роҳиб ибо варзид (ва бар дини худ ҳамчунон устувор боқӣ монд). Подшоҳ арра хост ва онро бар фарқи сараш ниҳода, ӯро ду ним сохт. Он гоҳ надими маликро биоварданд ва ба вай низ гуфта шуд, ки аз динат баргард ва ӯ ҳам ибо варзид. Арра бар фарқи вай ниҳод ва ӯро ҳам ду ним гардонд.

Вақте ҷавон аз динаш барнагашт, подшоҳ гурӯҳе аз ёронашро бар вай бигуморид, то ӯро аз қуллае кӯҳе ба зер андозанд. Ӯро чун ба қуллаи он кӯҳ бурданд, гуфт: «Худоё, ба ҳарчи хоста бошӣ, маро аз инҳо кифоят кун!». Кӯҳ ба ларза афтод ва ҳама (ба зер) афтиданд ва он ҷавон танҳо ба назди подшоҳ баргашт. Подшоҳ пурсид, ки ҳамроҳонат чӣ кор карданд? Фармуд: «Худо маро аз онҳо кифоят намуд». Ӯро ба гурӯҳи дигаре супорид, то аз киштӣ дар баҳр афкананд. Вақте ӯро ба миёнаи баҳр бурданд, боз дуо кард: «Худоё, маро бо ҳарчи хоста бошӣ, аз инҳо кифоят кун!». Киштӣ чаппа шуд ва онҳо ҳама ғарқ шуданд ва ҷавон танҳо ба назди подшоҳ омад. Подшоҳ пурсид: «Њамроҳонат чӣ карданд?». Гуфт: «Худо маро аз онҳо кифоят намуд». Он гоҳ ба подшоҳ гуфт: «Маро кушта наметавонӣ, магар ҳарчи ба ту мегӯям, анҷом диҳӣ». Пурсид: «Чӣ кор аст?». Фармуд: «Мардумро дар майдони кушоде гирд меоварӣ ва маро бар чӯбаи дор меовезӣ. Сипас аз тирдонам тире баргир ва дар камон гузор ва бигӯ: Бисмиллоҳи рабби-л-ғулом (Ба номи Худо – Парвардигори ин ҷавон) ва маро бизан! Вақте чунин кунӣ, маро хоҳӣ кушт!». Подшоҳ чунин кард ва тирро бо номи Худои он ҷавон раҳо кард, тир ба рухсораш бархӯрд. Ҷавон даст ба ҷои тир гузошт ва вафот кард. Мардум (пас аз мушоҳидаи ин воқеа) ҳама гуфтанд: Ба Худои ин ҷавон имон овардем, ба Худои ин ҷавон, имон овардем, ба Худои ин ҷавон имон овардем.

Подшоҳро гуфтанд: «Аз ончи ҳазар мекардӣ, ҳоло бар сарат омад, мардум имон оварданд». (Подшоҳ аз сари куфру туғён) фармуд, бар сари кӯчаву чорсуҳо хандақҳо канданд ва дар онҳо оташ сар доданд. Он гоҳ дастур дод, ки касе аз динаш барнагардад, ӯро ба оташ афканед! Мардуми муъминро як-як ба оташ меафканданд. Навбати зане шуд, ки бо тифли ширхорааш ба сӯи хандақи оташ кашида мешуд. Зан (ба тифлаш нигоҳе кард ва аз рафтан ба оташ) худро ақиб кашид. (Ин буд, ки тифл ба забон омад ва) ба модараш гуфт: «Модарам, сабр кун, ки ту бар ҳақ ҳастӣ!».

Дар охири ривояти Тирмизӣ омадааст: «Ҷавонро дафн намуданд ва гуфта шуда, ки (қабри) ӯро дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб (р) пайдо намуданд ва ҳанӯз дасташ, ба ҳамон шакле ки онро гузошта буд, бар рухсораш аст». Ба ривояти Ибни Исҳоқ марде дар замони Умар ибни Хаттоб (р) дар яке аз харобаҳои шаҳри Наҷрон барои коре ҳуфрае кофт ва дар он Абдуллоҳ ибни Томир (ё Сомир)-ро ёфт, ки нишаста гуронида шуда ва дасташро бар сар дар ҷои захмаш ниҳодааст. Вақте дасташ аз он ҷо бардошта шавад, хун ҷорӣ мешавад ва чун сар дода шавад, ба ҷои захм бармегардад ва хун бозмеистад. Дар дасташ ангуштарие аст ва дар он навишта шуда: «Парвардигори ман Аллоҳ аст». Вай зимни мактубе Умар ибни Хаттобро аз ҳодиса хабар дод. Умар (р) ба онҳо навишт, ки ӯро ба ҳоли пешини худ бигузоред! Онҳо чунон карданд, ки ӯ фармуд.

Мардуми сарзамини Яман умуман бутпараст буда, худоёни сохта ва гуногунеро парастиш мекарданд. Диёнати яҳудӣ хеле барвақт–ҳамзамон бо ҳиҷрат ва парокандашавии яҳудиён дар дунё пас аз солҳои 135 м. ба он ҷо роҳ ёфта буд. Кеши насронӣ бошад, хеле дертар ва шояд аз тариқи мубаллиғон (миссионерҳо)-и византӣ ва арабҳои насронигаштаи Шом (ғассониҳо) ва Ироқ (ҳирагиҳо) ба он ҷо роҳ ёфта бошад. Ба ҳар сурат ин амалкарди Зунуввос дар ҳаққи муъминони Наҷрон ҳам заминаи ишғоли дубораи Яманро аз сӯйи аксумӣ (ҳабашӣ)-ҳо фароҳам овард ва ҳам сабаби ҳалокат ва нобудии худи ӯ гардид. Дар таърихҳо омадааст, ки шахси наҷроние бо номи Зусаълабон (Давс) аз чанги Зунуввос наҷот ёфта, худро бедаранг ба назди императори Рум расонд ва аз вай мадад хост. Император ба шоҳи Аксум (Ҳабаша), ки аз ҳампаймонони динӣ ва стратегии Рум ба шумор мерафт, мактубе навишт ва аз вай хост, ки ба кӯмаки масеҳиёни Яман бирасад. Наҷошӣ – шоҳи Ҳабаша, фармонравое бо номи Арёт ва лашкаре бо фармондории Абраҳа ибни Сабоҳ ба он ҷо эъзом дошт ва Яманро ба ишғоли худ даровард. Зунуввос пас аз шикасти тарафдоронаш аспашро ба баҳр ронд ва дар об ғарқ шуд. Ин ҳодиса тақрибан як сол пас аз воқеаи асњоби Ухдуд – дар соли 524 м., ба вуқӯъ пайваста, сарзамини Яман пас аз он ба муддати ҳафтоду чанд соли дигар дар дасти фармонравоёни ҳабашӣ боқӣ монд, то он ки шахсе бо номи Сайф ибни Зуязани Ҳимярӣ бо кӯмаки форсҳо Яманро аз тасарруфи онҳо берун овард.

АСҲОБИ РАСС

Асњоби Расс (ар: أصحاب الرَّسّ – соҳибони ҷоҳ) яке аз қавмҳои пешин будаанд ва достони онҳо дар Қуръони карим ба тартиб ду бор дар сураҳои Фурқон (25: 38) ва Қоф (50: 12) дар канори ақвоми дигаре, чун қавми Од, қавми Самуд, қавми Нӯҳ ва ғайра зикр гардидааст. Асњоби Расс дар Қуръон ба унвони қавми баддин ва кофирони якрав шиносонида шудаанд, ки пайѓамбарашонро такзиб намуда, ба куфру саркашии худ исрор варзиданд ва дар натиҷа ба азоби илоҳӣ гирифтор шуданд: «Ва Оду Самуд ва аҳли Расс ва табақоти бисёреро дар миёни онҳо (ҳалок сохтем). Ва барои ҳар яке масалҳо баён кардем ва ҳамаро якояк ҳалок кардем» (сураи «Фурқон», оёти 38-39). «Пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва аҳли Расс ва Самуд дурӯғ шумурданд; ва Од ва Фиръавн ва бародарони Лут; ва аҳли Айка ва қавми Туббаъ - ҳар яке пайғамбаронро дурӯғ шумурданд. Пас, ваъдаи азоби Ман собит шуд» (сураи «Қоф», оёти 12-14).

Ки Оду Самуду ҳама қавми Расс,

Ҳам ақвоми дигар чи пешу чи пас.

Ба ҳар як азобе биёмад фуруд,

Ки сар хам накарданд баҳри суҷуд.

Бигуфтем аз баҳри ҳар як мисол,

Бимирондашон з-он пас Зулҷалол.

Яке аз ҳадафҳои зикри достони ақвоми пешин дар Қуръон нишон додани оқибати куфру якравӣ ва мухолифат бо даъвати пайѓамбарони илоҳӣ аст, ки он аз дидгоҳи ҷомеашиносии динӣ муҳимтарин омили таназзули миллатҳо ба шумор меравад. Исрор бар куфр, ифрот дар андешаҳои ботил ва напазируфтани ҳақ бар асоси таълимоти иҷтимоии Қуръон уфуқи танги фикрӣ ва касоди зеҳние ба шумор меравад, ки ҳаёти фарҳангии ҷомеаро андак-андак мухтал месозад ва саранҷом дар он рукуди маънавӣ ва ҳамин тавр заминаи заволи ҳатмиро ба вуҷуд меоварад. Қуръони карим аз раҳгузари зикри мақтаъҳои ҳассос ва лаҳзаҳои сарнавиштсоз дар таърихи ақвоми пешин муъминонро ба омӯзиши дақиқи қонуниятҳои иҷтимоӣ ва таҳлили дурусти равандҳои шукуфоӣ ва ё суқути тамаддунҳо ҳидоят мекунад: «Ба дурустӣ ки пеш аз шумо воқеаҳо гузаштааст; пас, дар замин сайр кунед ва бибинед, ки охири кори дурӯғдорандагон чӣ гуна буд!» (сураи «Оли Имрон», ояти 137).

Ҳарчанд дар тафсирҳо дар бораи асхоби Расс номида шудани ин қавм назароти пароканда ва ақволи гуногуне ба чашм мехӯранд, вале дар ривоятҳои суннат дар робита ба ин маъно қавли таъйидшуда бо далеле наёмадааст. Дар ин миён як қавли он аз назари маъно муваҷҷаҳтар ба назар мерасад ва он ин аст, ки расс ба маънои чоҳ ва ё манбаи обие буда, ки қавми мазкур дар атрофи он сукунат мекардаанд. Дар бораи ҷои сукунат, таърихи зиндагонӣ ва пайғамбари асхоби Расс ба мисли дигар достонҳои қуръонӣ дар бораи ақвоми пешин дар байни муфассирон ихтилофи назар вуҷуд дорад. Дар миёни сарзаминҳое, ки дар ривоятҳои гуногун дар бораи маҳалли сукунати онҳо зикр шуда, ба сарзаминҳое чун Озарбойҷон, Ямома, Ҳазрамавт, Мадоини Солеҳ дар минтақаи Ҳиҷр ва ғайра вохӯрем, ки ҳанӯз чизе аз онҳо бо шавоҳиди таърихӣ ва ё кашфиётҳои бостоншиносӣ таъйид нашудааст. Ибни Ҷурайҷ аз Ибни Аббос ривоят мекунад, ки асхоби Расс аҳли деҳае аз деҳоти Самуд (дар минтақаи Ҳиҷр) буда ва аз Икрима ривоят шуда, ки он чоҳе аст, ки пайғамбарашонро дар он афканда ва дафн карданд.

Барои доир ба мавзўъ маълумоти бештар пайдо намудан ба адабиёти зерин рўй овардан мумкин аст:

1.Доиратулмаорифи бузурги исломӣ. Тењрон, 2006.

2.Ислам: Энциклопедический словарь. Москва, 1991.

3.Атласи Қуръон: маконҳо, қавмҳо ва аълом. Димишқ, 2009.

4. Атласи таърихи пайғамбарон ва расулон. Риёз, 2006.

5. Она Таввоқ Охунди Гулшоҳӣ. Тафсири Гулшоҳӣ. Теҳрон, 2008.

6.Муҳаммадалии Холидӣ (Султону-л-уламо). Тафсири Сафвату-л-ирфон. Теҳрон, 2007.

7.Мисбоҳи мунир, гузидаи тафсири Ибни Касир. Риёз, 2002.

Абдушариф Боқизода,

исломшинос.