
Парчамбардори ҷодаи озодиву истиқлол
Солҳое, ки дар мактаби миёна мехондам, чанде аз маснавиҳои Низомии Ганҷавӣ ба дастам афтод, ки дар миёни онҳо «Искандарнома» ҳам буд. Аз ғояти шавқе, ки ба шахсияти Искандари Мақдунӣ ва лашкаркашиҳои ӯ доштам, ин манзумаро мутолиа намуда, хеле ба тааҷҷуб афтодам. Искандари офаридаи Низомии Ганҷавӣ аз шахсияти Искандари Мақдуние, ки камобеш аз китобҳои дарсии таърих хонда будам, ба назарам фарқи калон дошт. Он солҳо имкон надоштам, ки симои Искандари таърихӣ ва Искандари хаёлии Низомиро дар асоси ахбори муаррихон ва сарчашмаҳои мавҷуда муқоиса намоям. Вале бо вуҷуди ин эҳсос мекардам, ки Искандари Мақдунӣ дар ин достон ҳамчун шоҳи идеалӣ ва пиндори хаёлии шоир ба зуҳур омада, аз шахсияти воқеии худ, ки лашкаркаши ғосиб, рақиби бераҳму истилогар ва шоҳи якраву худпараст буд, хеле дур афтодааст.
Воқеан, баъди гузашти солҳо, зимни афзудани доираи мутолиа ва таҷрибаи зиндагӣ пай будам, ки ҳадафи аслии шоирони бузурги мо – Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», Низомӣ дар «Искандарнома», Ҷомӣ дар «Хирадномаи Искандарӣ» ва ғайра офаридани симои таърихӣ ва воқеияти зиндагии Искандари Мақдунӣ набуда, балки тасвири шоҳаншоҳи одил ва раиятпарваре будааст, ки барои подшоҳони бедодгару ҳокимони ҷоҳили даврашон намунаи ибрат гардад. Хосса, барои он садрнишинони бодиягарде, ки баъди заволи давлати Сомониён тахту тоҷи шоҳаншоҳӣ барояшон чун атои қисмат расида буду аз ойини деринаи давлату давлатдории ориёиҳо ва низоми идоракунии кишвар огоҳие надоштанд. Ва беҳуда нест, ки дар давраи ҳукуматдории Салҷуқиён Низомулмулки вазир «Сиёсатнома»-и худро оид ба усули давлатдории Сомониён ва дигар давлатҳои пешрафтаи давраш навишта, оид ба ойини кишвардорӣ, рафтору кирдор ва муносибату муомилаи амирону вазирон, надимону девондорон, расми нигаҳдории лашкар ва таъмини хазинаи давлат фикрҳои басо ҷолиб баён намудааст. «Сиёсатнома» барои амирону вазирони кӯтоҳандеш мебоист ҳам дастури мамлакатдорӣ ва ҳам пандномаи ахлоқу одоби ҳамида гардида, адолату инсоф, ростию хайрхоҳӣ, халқдӯстию раиятпарварӣ рукни асосии осоиш ва оромии кишвар мешуд. Вале тақдири бадфарҷом мисли Фирдавсию Низомӣ, ки дар давраи салтанати Ғазнавиёну Салҷуқиён зистаанд, ба Низомулмулки вазир низ чандон вафо накард. Агар Фирдавсӣ дар баҳои заҳмати гаронаш аз Султон Маҳмуди Ғазнавӣ подоши басо ночизе гирифта, аз ғояти ранҷидаҳолию озурдахотирӣ бефарҳангию пастфитратии султонро ҳаҷв намуда, дар поёни умраш рӯ ба гурезогурезу хуфиянишинӣ оварда бошад, Низомулмулк бар подоши хидматҳои холисонаи вазирӣ аз вазифа барканор шуда, оқибат кушта гардид.
Ҳамин тариқ, ҳадафи аслии Фирдавсию Низомю Ҷомӣ офаридани симои идеалии Искандари Мақдунӣ будааст, ки барои амирону вазирони замонашон панде гардад ва расми халқпарварию раиятдӯстиро дар замири зимомдорони мамлакат бедор намояд. Вале Искандари воқеӣ дар асл як фарде буд, ки қабл аз ҳама дар рӯҳияи эллинӣ тарбия ёфта, аввал таҳти парастории дояаш Ланика, сипас устодонаш Леонид ва Лисимах ба камол расида, обутоби спартанӣ ёфтааст. Дертар ӯ бо васояти падараш Филиппи II муддате чанд илмҳои мухталифи замон, фалсафа ва дастовардҳои тамаддуни юнониро аз олим ва файласуфи машҳур Арасту меомӯзад. Мувофиқи расми эллиниҳо, ӯ аз овони хурдсолӣ санъати ҷангу набардҳои тан ба тан ва аспсавориро аз худ намуда, аз ҳамон айём аспи дӯстдоштааш Бутсефалро аз Демарати Коринфӣ туҳфа мегирад. Искандар аспи қайсар ва ваҳшитабиатро дар пеши чашми падар ва муқаррабони ӯ саворӣ намуда, гӯё баъди он аз падараш чунин суханони таҳсиномез мешунавад: «Писарам, барои худат мулки дигаре пайдо намо, вагарна Мақдуния барои ту тангӣ мекунад».
Ғояҳои бузургэллинӣ ва лашкаркашию забткориҳои пайдарпайи шоҳаншоҳони Ҳахоманишӣ ва Юнони қадим борҳо давлатҳои хурду бузурги ин сарзамин – Афина, Спарта, Фив ва Коринфро алайҳи форсҳо муттаҳид сохта, муқобилияту муҳорибаҳои шадиди мусаллаҳонаро падид овард. Баъди пурқувват шудани Мақдуния Филиппи II сиёсати муттаҳидсозии давлатҳои ҷудогонаи Юнонро пеш гирифта, пас аз муҳорибаи Хиронея (соли 338-и пеш аз мелод) ба сулҳи миёни давлатҳои Юнонзамин муваффақ шуд, ки он дар таърих чун иттифоқи давлатҳои эллинӣ шуҳрат ёфтааст. Барои риояи созишнома ва ҳалли мушкилоти пешомада ба таври мунтазам дар Коринф ҷамъомади Синедрион – Шӯрои махсус доир мегардад, ки ин шӯро шоҳи Мақдуния Филиппи II-ро гегемон ва сарфармондеҳи қӯшунҳои муттаҳидаи давлатҳои эллинӣ таъин карда буд. Ногуфта намонад, ки Искандари Мақдунӣ дар муҳорибаи Хиронея дар 18-солагӣ қӯшунҳои савораи фалангаи ростро сарварӣ намуда, сарбозони савораи фиваниро ба ақибнишинӣ водор намуд ва истеъдоди лашкаркашии худро намоиш дод.
Баъди марги ногаҳонии Филиппи II, ки бар асари сӯйиқасд рӯй дода буд, Искандар ба тахти Мақдуния нишаста, бо баҳонаи ситонидани қасоси падар аввал ба муқобили душманони дохилӣ ва сипас рақибони хориҷии худ муборизаи оштинопазир бурд ва чанде нагузашта мавқеи худро ҳам дар Мақдуния ва ҳам дар саросари Юнон устувор намуд. Исёнҳои зиддимақдунӣ, ки соли 335-и то мелод дар баъзе шаҳрҳои Юнон ва музофотҳои он сар зада буд, Искандари Мақдуниро водор намуд, ки фавран лашкар кашида, исёнгаронро саркӯб созад ва ба ҷои падар ҳамчун гегемону сарфармондеҳи қӯшунҳои муттаҳидаи эллинӣ эътироф гардад. Кӯшишҳои Дорои III барои устувор намудани мақоми худ дар Осиёи Хурду соҳилҳои баҳри Миёназамин, ҳамчунин аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ кардани шаҳру музофотҳои ошӯбкарда бар зидди мақдуниён чандон барор нагирифт ва оқибат ҳуҷуми Искандари Мақдуниро ба империяи паҳновари Ҳахоманишиҳо (соли 334-и пеш аз мелод) ба бор овард.
Искандари Мақдунӣ ҳамагӣ бистсола буд, ки ба тахти шоҳаншоҳӣ нишаста ва азми ҷаҳонгирӣ намуд. Лашкари ӯ асосан аз ду қисми асосӣ – мақдуниҳо ва юнониҳои узви иттиҳоди Коринф гирд омада буд. Ӯ ба воситаи Геллеспонт (Дарданели ҳозира) ба Осиёи Хурд гузашта, бо қӯшуни иборат аз панҷ ҳазор аскари савора, сӣ ҳазор аскари пиёда ва отрядҳои вазниняроқу ҷанговарони зудамалкунандаи сабуксилоҳ дар муҳорибаи назди дарёи Граника (моҳи майи соли 334-и пеш аз мелод) армияи сершумори Ҳахоманиширо торумор кард ва шаҳрҳои юнонии Осиёи Хурдро озод намуд. Ба қӯшуни Искандари Мақдунӣ сарлашкарони боистеъдод – Парменион, Антипатр, Филота, Птоломей Лаг, Пердикка ва дигарон сарварӣ мекарданд. Қатъи назар аз се баробар афзун будани қӯшуни Ҳахоманишиён Искандари Мақдунӣ Дорои III-ро дар наздикии Исса (тирамоҳи соли 333-и пеш аз мелод) сахт шикаст дод ва ӯро ба фирор водор намуд. Сипас Искандар муқовимати Финикияро бартараф намуда, бандарҳои шарқии баҳри Миёназаминро ишғол кард. Зимистони соли 332-и пеш аз мелод дарвозаҳои Миср ба рӯяш кушода гардид ва коҳинони воломартаба ӯро чун фарзанди худо Аммон пазироӣ ва арҷгузорӣ намуданд. Аз рӯи ахбори воқеанигорону муаррихони аҳди атиқа – Арриан, Квинт Куртский Руф, Диодор ва дигарон Искандари Мақдунӣ баъди ғалаба дар муҳорибаи Гавгамел (1-уми октябри соли 331-и пеш аз мелод) бо тантана эълон кард, ки ҳукумронии шоҳаншоҳ Дорои Кудумон дар қаламрави Порс хотима ёфт. Воқеан, лашкари аз ғалабаҳо рӯҳбаландгардидаи Искандар қариб бе ягон муқовимат сӯйи шаҳри овозадори Бобул равон гардида ва рӯхониёни бонуфузу ашрофзодаҳои бобулӣ дарвозаҳои ин шаҳри дорои истеҳкоми пурқувватро басо осон ба рӯяш кушоданд.
Рӯҳониёни маккор Искандари Мақдуниро дар маъбади овозадори Иштар арҷгузорӣ намуда, ба сараш тоҷи меросии шоҳаншоҳи Ҳахоманиширо гузоштанд ва ӯро «шоҳаншоҳи Бобул ва чаҳор самти олам» номиданд. Ва Искандар шаҳри овозадори Бобулро пойтахти давлати худ эълон карда, дар оғӯши фараҳафзои Боғи муаллақ чандин моҳ фароғат намуду хастагии дурударози ҷангу лашкаркашиҳоро баровард.
Сипас Искандар шаҳрҳои куҳанбунёди Шуш, Истахр ва пойтахти овозадори порсҳо – Персополисро забт намуда, ба лонаи шоҳаншоҳони Порс ворид гашт, қасрҳову ибодатхонаҳоро ба хок яксон намуда, чандин китоби муқаддаси зардуштиён, аз ҷумла «Авесто»-ро сӯзонид ва бисёр рӯҳониёнро гирифтори таъқибу нобудшавӣ кард. Ҷанговарон ғанимати бешуморе ба даст оварданд ва лашкари Искандар дар Персополис «чаҳор моҳ» дам гирифт. Ҷосусон хабар доданд, ки Дорои Кудумон баъди шикаст дар муҳорибаи Гавгамел ба пойтахти собиқаи Модҳо шаҳри Экбатон (Ҳамадон) фирор кардааст. Искандар ба лашкараш отрядҳои навро ҳамроҳ намуда, сафҳои онро пурра намуд ва бо фарорасии баҳори соли 330-и пеш аз мелод сӯи Экбатон шитофт.
Ба қавли муаррих ва воқеанигори дарбори Клитарх, «лашкари савора дар тӯли понздаҳ рӯз шаш ҳазор стадий роҳро паймуда, бо ҳамон суръати таъҷилӣ шаҳрро ишғол карданд. Охирин хазинаҳои Дорои Кудумон ба дасти Искандар афтод ва ӯ сӯйи Гургон фирор намуд. Ҷанговарон ба се гурӯҳ тақсим шуда, тавассути се роҳ сӯйи Гургон шитофтанд. Дирӯз тангнои дарвозаи Гургонро паси сар гузоштем. Дар пеши шаҳри Рог (Рай) аст, ки дар он ҷо Дорои Кудумон ниҳон шудааст. Акнун ӯ аз мо раҳоӣ надорад».
Вале Дорои Кудумон гирифтори қасоси лашкари аҷнабӣ нагашта, бо супориши хешованди хеш - волии Бохтар Бесс аз ҷониби сарлашкар Набарзан ва волии Арахозия ва Дрангиана Барзиент кушта гардид. Дере нагузашта ба Искандари Мақдунӣ хабар расид, ки ҷасади оғушта ба хоку хуни Дорои III дар гӯшае хобидааст. Искандар ба болои ҷасад ҳозир шуда, аз сарбозе кӣ будани марҳумро пурсид. Сарбоз посух дод, ки «ин дам ҳеҷ кас то омадани Искандари Мақдунӣ ӯро худованди тамоми халқҳо ва кишварҳои олам аз тулӯъ то ғуруби офтоб – шоҳаншоҳ Дорои Кудумон меномиданд».
Мувофиқи ахбори «Таърихи Табарӣ»-и Абӯалии Балъамӣ, манзари марги Дорои III дигархелтар тасвир шудааст: «Ва ин Доро марде буд ситамкора ва халқ ӯро душман гирифта буданд… Ҳама сипоҳ бар вай озурда буданд аз бедодиҳо, ки карда буд, аз кибру ҷабборие, ки дошт…
Искандар бо ҳиҷобони хеш биёмад ба наздикии Доро ва ӯро бидид бар замин ба хок андар ҳамегашт ва хун аз вай ҳамерафт. Ва... сари Доро бар канор ниҳод ва хок аз рӯяш пок кард ва ӯро малик хонд ва гуфт: - Ё малик, нахостаме, ки туро чунин дидаме, алҳамдулиллоҳ, ки на аз ман омад бар ту ва аз касҳои ту омад бар ту. Акнун ҳар ҳоҷате, ки дорӣ, бихоҳ ва бифармой!
Доро чашм боз кард ва гуфт: - Маро ба ту се ҳоҷат аст: яке хуни ман нагузорӣ, ки ботил шавад ва дигар – духтари маро – Равшанак ба занӣ кунӣ ва се дигар меҳтарини Аҷам некӯ дорӣ ва эшонро барда накунӣ.
Искандар гуфт: - Ҳар се ҳоҷат раво кардам.
Ва Доро бимурд. Ва Искандар ӯро ба тобут андар кард ва дигар рӯз ба тахти Доро бинишаст.
Ва он Равшанакро ба занӣ кард ва… уламо ва ҳукамои Аҷамро биёвард ва илмашон биёвард ва набишт ва тарҷума кард ба забони юнон(ӣ) ва ба Юнон фиристод сӯйи Аристотолис. Ва ҳарчанд битавонист, аз шаҳри Порсу Бобулу Ироқ вайрон кард ва ҳисорҳо бияфканд, ҳамчунон ки Бахтуннаср карда буд. Ва девонҳои Доро ҳама бисӯхт».
Маросими тоҷгузории Искандари Мақдуниро баъди сари Дорои III воқеанигорон ва таърихнависони аҳди қадим чун як гардиши ҷиддие дар низоми давлатдорӣ ва кишваркушоиҳои ин лашкаркаши тавоно шумурдаанд. Ӯ баробари расму ойини маъмулии ашрофони юнонӣ анъанаҳои шоҳаншоҳони Ҳахоманиширо пазируфта, муқаррабону сарлашкаронашро водор намуд, ки ба расми шарқиён дар ҳузури ӯ ба зону бизананд ва ҳатто замин бибӯсанд. Ин иқдом дастаи сарлашкорону дӯстони наздикашро, ки дар рӯҳияи эллинӣ тарбия ёфта, аз оғози лашкаркашиҳо паҳлу ба паҳлу буданд ва тафриқае дар мақому мартаба намегузоштанд, дар ҳолати басо ногувор гузошт. Як гурӯҳи ҳамсафону дӯстони ӯ, аз ҷумла, Гефестион, Птоломей Лаг, Пердикка амри ӯро ночор писандида бошанд, гурӯҳи дигар – Филот, Клит, Аминта аз ин кирдори Искандар озурдахотир гашта, хостанд ба ҷони ӯ сӯйиқасд намоянд. Сӯйиқасд ошкор гашта ва Искандари Мақдунӣ аввал Филот, сипас падари ӯ Парменион ва дертар дигар ҳамсафони барошуфтаашро маҳкум ба қатл намуд.
Искандари Мақдунӣ бо ин зоҳирбозиҳои назарфиребаш мехост унсурҳои беҳтарини тамаддуни Ғарбу Шарқро бо ҳам омезиш дода, як империяи ҷаҳонии фарогире офарад, ки халқҳои сершумори гуногунзабону мухталифойинро зери нигини як қаламрав муттаҳид созад. Як давлати мутамарказ ва идеалие бунёд намояд, ки сокини Юнонзамин худро дар билоди Порс ва сокини Порс худро дар Мақдуния бегона напиндорад. Ба ҳамин хотир ӯ расму ойини форсҳо ва дигар халқиятҳои Осиёро пазируфта, азми ҷаҳонгирию кишваркушоиҳо намуд.
Ногуфта намонад, ки ин ғоя парвардаву офаридаи нахустшоҳони Ҳахоманишӣ буда, аз аҳди Куруши Кабир ва Дорои I сар карда дар миёни ҷаҳонгирону бунёдгузорони империяҳои бузург пайравону ҳомиёни зиёде пайдо кардааст. Халқи тоҷик ва ниёгони ориёии ӯ баъди империяи ҷахонии Искандари Мақдунӣ боз дар аҳди хилофати араб ва истилои муғул ба ин ҳангомаи бузургдавлатии аҷнабиён гирифтор шуда, ҳувияти миллӣ ва орияти аҷдодии худро аз даст надоданд. Дар даврони Шӯравӣ низ барои бунёди чунин империяи абарқудрате, ки сокинони он ғолибан бо як забони умумӣ ҳарф зада, марому мақсади муштарак дошта буданд, кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода мешуд. Гузашта аз ин, мақому мартабаи як миллатро бо роҳи сунъӣ баланд бардошта, ба дастовардҳои таърихию фарҳангӣ ва мероси мадании миллатҳои дигар хурдагирона муносибат кардан ба ҳукми анъана даромада буд. Одатан ин амалҳо ба хотири офаридани халқияти якмарому якзабон, дорои мафкураи аз решаҳои таърихӣ канда ва аз миллату унсурҳои миллӣ бегона пиёда мегардид.
Хуллас, азми ҷаҳонгирӣ ва бунёди империяи ягонаи ҷаҳонӣ дар ниҳоди Искандари Мақдунӣ он қадар қавӣ буд, ки ҳатто баъди тоҷи шоҳаншоҳии Дорои III–ро ба сар ниҳодану ба тахти аҷдодии Ҳахоманишиён соҳиб шудан низ ӯ ба лашкаркашию кишваркушоиҳояш интиҳо набахшид. Акнун дар сари роҳи ӯ Бохтари ҳазоршаҳр ва Суғди зебоманзар бо боигариҳои беинтиҳояш доман афрохта буд.
Искандари Мақдунии саргарми ғалабаҳо баландиҳои осмонгири Ҳиндукушро паймуда, ба паҳноҳои Бохтару Суғд менигаристу гумон мекард, ки мутеъ кардани ин кишварҳо низ чун дигар вилоятҳои қаламрави Ҳахоманишӣ барояш мушкилие надорад ва чанде нагузашта орзуи деринааш - созмон додани империяи ягонаи ҷаҳонӣ ҷомаи амал мепӯшад. Вале ӯ сахт иштибоҳ карда буд. Искандар аз оғози лашкаркашӣ ба марзҳои Бохтару Суғд бар хилофи интизораш ба муқовимати шадиди мардуми ин сразамин дучор омада, дар тасхири ин ду вилоят назар ба тамоми вилоятҳои забткардаи қаламрави Ҳахоманишӣ ранҷу заҳмати зиёде кашид.
Ҳарчанд волии собиқи Бохтар – Бесс худро ба ҷои Дорои III шоҳаншоҳ эълон карда, лақаби Хашиёршоҳро гирифта буд, бар зидди Искандари Мақдунӣ ягон муқовимати ҷиддие карда натавонист. Мувофиқи маълумоти муаррихони юнонӣ, ҳангоме ки лашкари сершумори Искандар дарёи Омӯро дар фосилаи 400 стадий (тақрибан 70 км) бо талафоти зиёд ва азобу машаққат убур мекарданд, аз ҷониби Бесс ягон муқобилияте надиданд. Ҳол он ки Бесс дар ихтиёраш 7 ҳазор ҷанговари савораи бохтарӣ ва ҳазорҳо сарбозони боқимондаи лашкари Дорои III ва қабилаҳои доиро дошт. Шояд барои чунин тарсуӣ ва дуруст ташкил карда натавонистани муқовимат эътибори ӯ коҳид ва дере нагузашта ҳамсафонаш Бессро дастгир намуда, ба Искандар супориданд. Ва аз ҳамон лаҳза сар карда, муборизаҳои шадиди қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен баҳри озодию истиқлоли кишвар боло гирифт.
Муборизаи Спитамен барои истиқлол ва озодӣ яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи гузаштаи тоҷикон ба шумор меравад. То ҷое ки ба илми таърих даст додааст, талошҳои воқеии истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастии бошууронаи тоҷикон аз давраи истилои Искандари Мақдунӣ чун як раванди муташаккили сиёсию иҷтимоӣ оғоз ёфта, дар таърихномаҳои воқеанигорони аҳди Искандар ва давраҳои минбаъда хеле равшан сабт шудааст. Даҳҳо муаррихони аҳди қадим – Арриан, Квинт Куртсий Руф, Диодор, Помпей Трог, Каллисфен ва дигарон Спитаменро чун рақиби тавонои Искандари Мақдунӣ ва лашкаркаши зираку боҳунар ба қалам дода, сифатҳои наҷиби ватандӯстӣ ва афзалияти ӯро аз охирин шоҳони Ҳахоманишӣ зикр намуданд.