
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки вақтҳои охир афроди алоҳида бо сӯйистифода аз боварии мардум баъзе аз шаҳрвандонро ба таври ғайрирасмӣ барои адои маросими умра сафарбар намуда истодаанд, ки чунин иқдом боиси ба доми фиребу найранги қаллобон гирифтор шудани шаҳрвандон мегардад.
Аз ин лиҳоз, аз шахсоне, ки нияти адои маросими умраро доранд, хоҳиш мешавад, ба Кумита муроҷиат намуда, сафари худро ба таври расмӣ ва қонунӣ амалӣ намоянд.