Мақоми рисолаи «Дафъу-л мазори-л-куллия ани-л-абдони-л-инсония»-и Абуалӣ ибни Сино дар беҳдошти саломатии инсонҳо.

Нашр шуд korbar - пн, 12/26/2022 - 15:45

Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино (980-1037) аз ҷумлаи олимону фозилон, ҳакимону донишмандони асили миллати тамаддунофари тоҷик мебошад, ки мероси илмию адабӣ, фалсафию тиббии ӯ натанҳо дар тӯли асрҳои миёна, балки то имрӯз қимати назариявӣ ва амалии худро аз даст надодааст. Чуноне ки аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ин нобиғаи давру замонҳо баъди омӯхтани илми мантиқ табииёт, риёзиёт, фалсафа ва илоҳиёт ба азхуд кардани илми тиб шурӯъ мекунад ва барои дар амал татбиқ намудани онҳо саъй менамояд. Дар ин хусус дар рисолаи саргузаштии худ ёдовар мешавад: «Пас ман ба илми тиб рӯ оварда, ба омӯхтани китобҳои ин соҳа шурӯъ намудам. Илми тиб аз илмҳои душвор нест, бинобар ин дар андак муддат дар он ба дараҷае забардаст шудам, ки донишмандони тиб ин илми тибро назди ман ба хондан оғоз карданд ва парастории беморонро ба уҳда гирифтам» (Абуалӣ ибни Сино. «Дафъу-л мазори-л-куллия ани-л- абдони-л-инсония» Тарҷумаи Исоев М. Таҳияи Х. Рауфзода. Душанбе. Нашриёти «Ирфон», 1991, саҳ.12).

Абуалӣ ибни Сино зиёда аз 40-асари худро ба илми тиб бахшидааст. Аз байни онҳо асари бисёрҷилдааш «Ал-қонун фи-т-тиб» мавқеи босазо дорад. Дар ин асар ӯ ҳам тибби қадим ва ҳам таҷрибаю бозёфтҳои худро ба як системаи муайян даровардааст.

Хизмати Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб фақат аз он иборат нест, ки ӯ танҳо бо ташхиси илмӣ машғул гашта, аз лиҳози назариявӣ пешгирии беморӣ ва табобати онҳоро баён сохта бошад, балки саҳми ин донишманди асил боз дар он аст, ки зиёда аз ҳазор сол муқаддам доири баъзе бемориҳо ва тарзи муолиҷаи онҳо дар расоили хеш пешгӯиҳои ҳакимона намуда буданд.

Аз Шайхурраис Абуалии Сино то замони мо мероси гаронмоя боқӣ мондааст ва рисолаи зерини ин ҳакими Машриқзамин маҳз дар илми тиб таълиф гардидаанд: «Ал-адвилу-л-қалбия», «Урҷуза-фи ҳифзи-с-сиҳа», «Урҷуза фи-т-тиб», «Урҷуза фи-л-муҷарратот», «Урҷуза фи валоёи Абуқрот», «Урҷуза фи васоёни-т-тиббия», «Ал ағзия ва-л-адвия», «рисола фи-л-боҳ», «Тадбиру саяалони-л-манӣ», «Тадбири мусофирон», «Рисола фи фасд», «Китобу-л-қуланҷ», «Мақодиру-ш-шароб мина-л-адвия-л- муфрада ва мазоруҳо», «Рисола дар набз», «Рисола фи Ҳиндбо» ва ғайраҳо. Аксари рисолаҳои ин донишманди асил бо забони арабӣ таълиф шудаанд.

Чанд сол муқаддам, аниқтараш соли 1991, донишмандони тоҷик М. Исоев ва Х. Рауфзода хизмати пурарзише анҷом дода, яке аз асарҳои Ҳакими хирадманд Абуалӣ ибни Сино таҳти унвони «Дафъу-л-мазори-л-куллия ани-л-абдони-л-инсония» (Рафъи кулли заррарҳо аз бадани инсон)-ро тарҷума ва таҳия намуда, дар нашриёти «Ирфон» рӯи чоп оварданд.

Рисолаи мазкур таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб намуда, баъди мутолиаи он тасмим гирифтем, то оид ба баъзе паҳлуҳои он баҳри савоб чанд ҳарфе навишта созем. Чуноне ки муҳаққиқони болозикр қайд намудаанд, ин рисола яке аз машҳуртарин рисолаҳои Ибни Сино буда, дастхатҳои он дар китобхонаҳои гуногуни дунё маҳфуз мебошад. Пеш аз ҳама сабаби таълифи ин рисола аз тарафи муаллиф дар муқаддимаи рисола ба таври зайл баён шудааст, ки хеле ҷолиб мебошад: «Шайх Абулҳасан Аҳмад ибни Муҳаммади Саҳлӣ шахсе буд олиҳимату асил. Ӯ нисбат ба илмҳои ҳақиқӣ муҳаббати зиёде дошта, аз онҳо ҳар чӣ бештар баҳра мебурд. Вай бо навбат аҳли илмро аз ҳар куҷо пайдо карда, назди худ ҷамъ менамуд баъди он, ки маро ба маҷлиси хеш қабул карду ба маҳфилаш ҳамроҳ намуд, ба ман амре кард аз умурӣ ҳакимӣ то ки роҷеъ ба рафъи иллатҳои умумӣ аз бадани инсон китобе нависам. Зеро ӯ ҳангоми китобҳои тиббиро бо диққат омӯхтан дарк мекард, ки дар онҳо бештар ба огоҳонидани умури зараровар диққат дода шудааст. Аммо тавсияҳое, ки барои ислоҳи ашхоси бемулоҳиза дода шаваду мухолифон ба воситаи он дастурҳо маслиҳати дуруст гиранд, хело ҳам мухтасар мебошанд. Пас амри олии ӯро бо тоат ва қадри иститоъат қабул намуда, умед кардам, ки баракати тоатам ба валинеъматам он чӣ қудрати ман кутоҳӣ мекунад, як навъ барореро ҳосил диҳад. Такя бар Худо дорам, зеро Ӯ сарчашмаи саховат аст» (ҳамон ҷо: саҳ.21).

Рисола аз ҳафт мақола иборат мебошад, ки дар ҳар яки он масъалаҳои мубрами дучоршавиҳо ба касалиҳо ва роҳҳои пешгирӣ ва ҷудошавиҳо аз онҳо баҳс мекунанд. Мақолаи аввал «Дар баёни хелҳои хатто» ном гирифта, дар он масоили эътидолу мувофиқ кардани ҳаво, таом, шароб, обу нӯшокиҳои дигар, ҳаракат, хобу бедорӣ, истифроғ, хунгирӣ, исҳоли дарунравӣ ва амсоли онҳо ташреҳ ёфтаанд. Чунончӣ дар масъалаи эътидоли ҳаво мегӯяд: «Эътидоли ҳаво тағйири худро дар чунин ҳолатҳо тақозо мекунад: ҳангоми гармӣ, хунукӣ, рутубат дар соҳили баҳрҳо ва хушкӣ, дар саҳро ва биёбону кӯҳҳо, ҳангоми гузаштан аз ҳолати гармӣ ба хунукӣ ва баръакс, ҳангоми аз шимол ба ҷануб рафтан ва баръакс, аз иқлими як шаҳр ба шаҳри дигар гузаштан, ҳангоми ҷушиш ва ҳаракати хун» (ҳамон ҷо: саҳ.28).

Дар мавзӯи эътидоли таом дар ин мақола маълумоти мухтасар дода, тартиби истифода ва риояи онро ба миқдор ва вақт возеҳ нишон дода аст. Сино оид ба об сухан гуфта мефармояд: «Беҳтарин об оби маъдан обест, ки дар таркибаш оҳан дорад» (ҳамон ҷо: саҳ.32). Ба ин хел об обҳои талх, шӯр ва туруш низ дохиланд. Ибни Сино мавриди истифодаи обро дар рисолааш чунин таъкид месозад: «Эътидоли вақти нӯшидани об ҳангоми холӣ будани меъда, дар аснои пур будани меъда, баъди хӯрдани таом, баъди ҳаракатҳои вазнин, баъди он чи, ки баданро беҳад ковок мекунад» (ҳамон ҷо: саҳ.33).

Инчунин, дар ин мақола доир ба нӯшокиҳои масткунанда, ҳаракат ва суди он, хобу бедорӣ, фасд (хунгирӣ), исҳол (дарунравӣ) ва қай тавсияҳои муҳим оварда шудааст.

Мақолаи дуюм «Дар бахши ҳаво» унвон дошта, масоили бӯйро мавриди баҳс қарор додаст. Доир ба дандонҳои бадбӯю хушбӯй, ва зарару илоҷи онҳо. Барои онҳое, ки аз бӯйи ангиштсанг зарар дидаанд, истифодаи меваҳои қобизаро тавсия медиҳад. Масалан, ҳакими ҳозиқ тавсия медиҳад, ки агар шахс аз дарду алам халал ёфта бошаду ба сардард мубтало шуда бошад, рехтани оби гарм ба сараш фоида дорад.

Мақолаи савум дар боби истифодаи ҳаммом буда, дар он муаллиф аз хусуси хубию бадии ҳаммом, гарму хунукии он, тариқи ба ҳамомдароӣ, тариқи аз молишу соиш ва шустушӯ истифода намудан ва амсоли онҳо маълумоти сареҳ додаст. Оид ба истифодаи оби шӯр дар ҳаммом Абуалӣ ибни Сино чунин гӯяд: «Оби шӯр ба дарди хориш ва гарӣ нафъ мебахшад. Фақат ин ки аввал пӯсти баданро суст карда, пас онро зич менамояд. Оби шӯр баданро лоғар карда, ба чашм зарар меоварад. Назла ва рамадро ҳодис намуда, эҳсосро кунд мекунад» (ҳамон ҷо: саҳ.33).

Мақолаи чаҳорум «Дар истифода ба истеъмоли таом ном дошта, дар он дар боби пурхӯрӣ, камхӯрӣ, табиати ғизоҳои гарму хунук, серравған, турш, дерҳазму зудҳазм, зарару манфиат ва роҳҳои пешгирии онҳо сухан меравад. Бо истифода аз тавсияҳои Ибни Сино дар ин мақола шахс метавонад доир ба меъёри истифода ва вақти анвои гуногуни таомҳо маълумоти саҳеҳ гирифта, барои сиҳатмандии бадани хеш манфиат бардорад

Дар мақолаи панҷуми рисолаи мазкур Абуалӣ ибни Сино дар бахши об ва дигар нӯшокиҳо суҳбат мекунад. Дар боби май ва заррари он ба ҷисми инсон таъкид намуда, тарзи ҳаёти солимро афзал медонад. Дар ин мақола доир ба обҳои гуногун: ботлоқӣ, кибритӣ, зокӣ, зоҷӣ, зарнихӣ, зангорӣ, нафтомез ва ғайраҳо маълумот дода, зарар ва нафъи онҳоро як-як баён сохтааст. Инчунин барзиёд нӯшидани навъҳои гуногуни шароб иттилооти мустақим оварда, онҳоро бо далелҳо нишон додааст. Ҳамчунин дар ин мақола оид ба се навъи фарбеҳӣ ва роҳҳои муолиҷаи онҳо тавсияҳои комилу саҳеҳи илмӣ пешниҳод намудааст.

Мақолаи шашум ба навъҳои ҳаракат бахшида шудааст. Яъне ҳаракати зиёду шадид, ҳаракат баъди истифроғ, таом, хоби гарон, бедорхобӣ сабаб ва илоҷи онҳо аз наздик, назария ва таҷриба бо далелҳои муътамад баён шудааст.

Мақолаи ҳафтуми рисола дар амри истифроғ (қай кардан) мебошад. Дар мақола асосан оид ба мавзӯъҳои зерин сухан меравад:

--доир ба шахсе, ки фасд (хунгирӣ) ба ӯ зарар расонидааст;

--доир ба шахсе, ки баъди бисёр нӯшидани об фасд (хунгирӣ) кардааст;

--доир ба шахсе, ки баъди хӯрдани воситаҳои хилдҳоро мутаассирку- нанда фасд (хунгирӣ) кардааст;

--доир ба шахсе, ки баъди исҳол (дарунравӣ) тановул мекунад.

Чуноне ки дар аввалсухан баён намудем ҳакими доно дар ҳар як боб ё худ мақолаи асараш оид ба бемориҳои гуногун сухан гуфта, роҳҳои дучоршавӣ, пешгирӣ ва табобати онҳоро баён намудааст.

Рисола асосан ба бартарафсозии таъсироти манфӣ, ки тавассути омилҳои мухталиф ба организми инсон мерасад, бахшида шуда, дар шароити кунунӣ дастури муфидест барои мубориза алайҳи COVID-19. Забони асар хело саддаву оммафаҳм буда, ҳар як фард метавонад аз он бидуни ягон шарҳу тавзеҳот ва луғот истифода намояд.

Ба андешаи мо мутолиаи рисолаи мазкур ҳар як шахсро пеш аз ҳама ба маълумоти умумӣ оид ба илми тиб раҳнамоӣ месозад. Ҳамчунин, нафароне, ки ба тавсияҳои Абуалӣ ибни Сино, ки дар рисолаи «Дафъу-л- мазори-л-куллия ани-л-абдони-л-инсония»-овардааст, гӯш дода, амал намоянд, доимо солиму тансиҳат хоҳанд буд.

Файзимад Шамсов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи «Имоми Аъзам»-и

ҷамоати деҳоти Зарбдори ш. Кӯлоб