ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ИЛМ

Нашр шуд korbar - пн, 01/16/2023 - 11:00

Истиқлоли давлатӣ фурсат фароҳам овард, ки миллати тоҷик дар баробари дигар рукнҳои фарҳанги миллӣ ба забони миллӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намояд. Чунин таваҷҷуҳ, пеш аз ҳама, аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон бармеомад, ки масъалаи таҳкими ҷойгоҳи забони давлатиро дар баробари дигар рукнҳои миллатсоз дар меҳвари сиёсати худ гузошта, пайваста дар тақвияти мавқеи он чораандешӣ менамоянд. Ҳамин буд, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ забони тоҷикӣ мақоми устувори ҳуқуқиву сиёсии хешро дар қонуни асосии кишвар дарёфт ва паҳнои васеи истифодаро соҳиб гардид. Имрӯз забони мо ҳамчун забони тавонманд ва дорои захираи бойи луғавӣ дар миқёси ҷаҳонӣ аз миллату давлати тоҷик намояндагӣ мекунад ва ин бояд ифтихори ҳар як фарди худогоҳу худшинос бошад. Ба қавли шоири тавонои замони мо Рустами Ваҳҳоб:

Гавҳарам тоҷик, маконам тоҷикист,

«Миллатам тоҷик, забонам тоҷикист».

Баробари шохаҳои гуногуни истеъмолии забони тоҷикӣ, ки дар замони Истиқлол инкишоф ёфтанд, забони илм низ ба маҷрои муайяни рушд ворид гардид. Бо боварӣ метавон хулоса намуд, ки маҳз дар ин давра забони илми тоҷик ба сатҳу сифати нисбатан нав баромада, вобаста ба тақозои замон суфтатару оммавитар гардид. Ин ҳама бартариятҳо дар пайи он ба даст омаданд, ки истиқлоли фарҳангӣ барои рушди забони илм ҳама гуна шароитро фароҳам овард ва олимони тоҷик беш аз ҳарвақта дар фазои орому осуда ба ҳаллу фасли масъалаҳои илмӣ таваҷҷуҳ намуданд. Яъне озодии тафаккури илмӣ, ки дар замони шуравӣ ва қабл аз он маҳдуд буд, акнун бо шарофати ин падидаи нодири таърихӣ аз қайди маҳдудаҳои милливу сиёсӣ озод гардид ва дар муддати кӯтоҳи таърихӣ самараи нек ба бор овард. Имрӯз дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳазорон-ҳазор китобҳои илмӣ аз тафаккури баланди илмии халқи тоҷик дарак медиҳанд, ки ин ҳолат на ба ҳар қавму миллат хос аст.

Бояд тазаккур дод, ки яке аз шохаҳои забони миллиро, ки тавассути асару мақолоти илмӣ тавсеа меёбад, забони илм ташкил медиҳад. Он забонест, ки дорои вижагиҳои хоси худ буда, меъёрҳои муайяни истеъмолиро соҳиб аст. Ба таври дигар, забони илм ин забони меъёрӣ, суфташуда ва фарогири тафаккури илмӣ буда, дар соҳаҳои мухталифи илм роҳандозӣ мегардад. Он ба василаи таҳқиқу кашфиётҳои илмӣ зоҳир шуда, дар шакли ҳарчи содатару возеҳтар натиҷаҳои илмиро ба ҳаводорони илм пешниҳод менамояд. Дар он вобаста ба шохаи муайян аз истилоҳоти махсуси илмӣ истифода мегардад, ки ин яке аз нишонаҳои фарқкунандаи забони илм мебошад. Ба таври умум, забони илм дар ҳудуди пажӯҳиши муайяни илмӣ шакл гирифта, вазифаи ниҳоии он ба тариқи нишонрас ва ба дарки хонанда расонидани ҳадафи асосии олим мебошад.

Ҳамин тавр, дар замони соҳибистиқлолӣ якчанд омилҳое буданд, ки ба рушди бемайлони забони илм боис гардиданд. Пеш аз ҳама, фароҳам омадани фазои мусоиди эҷод ҷиҳати таълифи асарҳои илмӣ унсури муҳимест, ки ба рушди забони илм сабаб гардид. Тавре зикр намудем, дар зарфи 31 соли Истиқлол Ҳукумати мамлакат ва пеш аз ҳама Пешвои миллат, Президенти маҳбуби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забони давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои рушди минбаъдаи он ҳама шароити лозимро фароҳам сохтанд. Инро мо дар таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаву институтҳои нави илмӣ, шабакаҳои телевизиониву радиоӣ, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуроҳои миллии диссертатсионӣ, китобхонаву чопхонаҳои муосир ва дигар омилҳои ёрирасон баръало мушоҳида карда метавонем. Дар умум, чунин чораандешиҳои саривақтӣ сабаб гардиданд, ки аҳли илми тоҷик дар шароити боз ҳам хубтару осоишта ба корҳои таҳқиқотӣ рӯ оваранд ва дар ин замина осори арзишманди илмӣ таълиф намоянд.

Таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлол аз зумраи он ташаббусҳои созандаи ҳукумати мамлакат мебошад, ки назорати сиёсати забонии давлатро ба роҳ монда, ба инкишофу устувор гардидани пояҳои забони адабии тоҷикӣ сабаб гардид. Дар ин давра Кумита тавонист бо амалӣ намудани як қатор ибтикороти судманд мақоми забони адабӣ ва хосатан мавқеи забони илмро дар ҷомеа мустаҳкам намояд. Ба танзим даровардани меъёрҳои номгузории тоҷикӣ дар доираи номҳои мавзеъҳои ҷуғрофӣ, шаҳру деҳот, номҳои кӯҳу дарёҳо, ағбаҳо, номҳои миллии тоҷикии занона ва мардона дар асоси меъёрҳои қонунгузорӣ аз ҷумлаи ҳамон чораандешиҳои саривақтианд, ки минбаъд дар таҳқиқотҳои илмӣ ба таври васеъ истифода шуда, ҳамчун истилоҳоти илмӣ қабул гардиданд. Бо ин ният аз ҷониби Кумита комиссияҳои доимоамалкунандаи босалоҳияте созмон дода шудаанд, ки бо фарогирии мутахассисони соҳа ба таҷдиди номгузориҳои тоҷикӣ шуруъ намуда, давра ба давра пешниҳодоти худро ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод менамоянд. Чунин бархӯрди дурусти илмӣ ҷиҳати бартараф намудани номгузориҳои барои забони тоҷикӣ бегона ва ҳатто боқимонда аз замони салтанати шуравӣ боис гардид, ки олимони тоҷик дар таълифоти хеш бештар ба арзишҳои миллӣ рӯ оваранд ва ба ин васила забони илмро боз ҳам ғанитар гардонанд.

Ба касе пӯшида нест, ки дар зарфи 31 соли Истиқлол дар доираи барномаҳои муайяни давлатӣ дар ҳудуди кишвар муассисаҳои зиёди илмию таълимӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки дар онҳо имрӯз мактабҳои илмии соҳавӣ аз рӯйи даҳҳо ихтисосҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯ фаъолият намуда истодаанд. Айни замон дар ҳудуди муассисаҳои олии ҷумҳурӣ, ки миқдорашон ба даҳҳо адад мерасад, ҳазорон нафар олимони варзидаи соҳаҳои гуногун ба пажуҳишҳои илмӣ ва таълифи асару мақолаҳо машғуланд, ки чунин ҳолат, бешак, гоми устуворест дар самти рушди забони илми тоҷик. Масалан, танҳо дар факултетҳои зертобеи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис додани ихтисосҳои нави ба талабот ҷавобгӯ, аз қабили радиоэкология, ҷангалпарварӣ, психологияи амалӣ, саёҳат ва меҳмондорӣ, таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ, фаъолияти иттилоотӣ-таҳлилӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ, гидрология ва пиряхшиносӣ, WEB-рӯзноманигорӣ, диншиносӣ ва ғайра дар чанд соли охир нишонаи он аст, ки дар ин самт аллакай корҳои илмӣ-таҳқиқотии зиёде анҷом пазируфта, шохаҳои нави илмӣ бо вижагиҳои забонии худ ба вуҷуд меоянд.

Имрӯз ҳамчунин метавон аз таҳқиқотҳои арзишманди олимони тоҷик дар миқёси ҷаҳонӣ ёдовар шуд, ки аз ҷониби созмонҳои бонуфузи илмӣ қадрдонӣ мешаванд. Ҷалби грантҳои хориҷӣ ҷиҳати таҳқиқу натиҷабарориҳои илмӣ самти дигарест, ки алҳол дар ҳудуди илмҳои гуногун босамар роҳандозӣ мегарданд. Албатта, чунин ҷаҳду талошҳо ба рушди забони илм бетаъсир намонда, ба таври муназзам сифати онро ба таври мусбат тағйир медиҳанд.

Мо ҳамеша таъкид медорем, ки минбари забони васоити ахбори омма, бахусус садову симои мамлакат бояд танҳо дар шакли суфташудаи забони адабӣ пешниҳод гардад. Ба таври дигар, чунин минбари баланд намунаи беҳтарини ташвиқу тарғиби забони адабӣ ва яке аз шохаҳои мустаъмали он – забони илм мебошад. Дар як муддати кӯтоҳ ба истифода додани чандин шабакаҳои радиову телевизион дар минтақаҳои мухталифи кишвар ва тавассути онҳо ҷалби олимони соҳа ҷиҳати муаррифии дастовардҳои илмӣ барои рушди забони илм василаи хубе гардид. Шаҳодати ин гуфтаҳо санаи 14 апрели соли 2021 ба фаъолият оғоз нмудани ТВ «Илм ва табиат» мебошад, ки дар он дастовардҳои олимони тоҷик бо забони адабии тоҷикӣ пешкаши тамошобинон мегарданд. Имрӯз минбарҳои садову симои мамлакат барои ташвиқи забони илми тоҷик ва тарғиби он дар миқёси кишварҳои бо мо ҳамсоя ва дур воситаи мусоиди тарғиботӣ маҳсуб меёбанд. Бар замми ин, интишори дастовардҳои илмии олимони тоҷик ба воситаи ҳафтаномаҳои зиёде, ки дар ҷумҳурӣ нашр мешаванд, забони илмро ҳамчун унсури сайқалёфта ва ба меъёрҳои истеъмолии забони адабӣ ҷавобгӯ муаррифӣ мекунанд.

Дарвоқеъ, Истиқлоли давлатӣ ба мо озодии андешаи илмиро фароҳам овард. Инро мо дар афзун гардидани миқдори интишороти илмии олимони соҳа ва зиёд гардидани шумораи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мушоҳида карда метавонем. Омили асосие, ки ба зиёд шудани корҳои илмӣ сабаб гардид, ин дар таърихи давлатдории тоҷикон аввалин бор таъсис ёфтани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таъсисёбии ин ниҳоди илмӣ дар замони соҳибистиқлолӣ талаби замон буд ва аз ҷониби зиёиёни кишвар хуш пазируфта шуд. Он, пеш аз ҳама, вобастагии илми тоҷик ва монеаҳои пешрафти онро аз Комиссияи олии аттестасионии Федератсияи Россия ба таври назаррас заиф намуда, имконияти хуберо фароҳам овард, то олимони тоҷик дар доираи меёърҳои муқарраргардида бештар бо забони давлатӣ рисолаҳои илмии хешро пешниҳод ва дифоъ намоянд. Дар зарфи зиёда аз 7 соли фаъолият сохтори мазкур зарурати мавҷудияти худро исбот намуда, бо таъсис додани даҳҳо шуроҳои диссертатсионии миллӣ тавонист дар рушди забони илм саҳми назаррас гузорад. Танҳо аз санаи 01.01.2022 то 01.07.2022 таъсис ёфтани 63 шурои диссертатсионӣ дар заминаи муассисаҳои олии кишвар ва дар заминаи онҳо ҳимоя шудани садҳо рисолаҳои номзадиву докторӣ дар соҳаҳои гуногун аз мавқеъгирии дурусти сохтори зикршуда ва устувор гардидани забони илм дар ин давра гувоҳӣ медиҳад. Чунончи, танҳо дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-021 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки аз рӯйи ихтисосҳои забоншиносӣ амал мекунад, дар давраи аз санаи 01.01.2022 то 10.07.2022 10 рисолаи номзадиву докторӣ бомуваффақият дифоъ гардиданд, ки дар онҳо муҳимтарин масъалаҳои илми забоншиносӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд.

Маълум аст, ки халқи тоҷик дар ҳама давру замон мардуми китобдору китобдӯст буд ва барои нигаҳдошти чунин сарчашмаи муҳимми илму дониш ҳамеша аз китобхонаҳо истифода менамуд. Танҳо ёдоварии он, ки калонтарин китобхонаи дунё бо фарогирии нусхаҳои зиёди сарчашмаҳои илмиву бадеӣ ва таърихӣ маҳз дар замони салтанати хонадони Сомониён амал мекард, басанда аст, то ҷомеаи муосир моро ҳамчун миллати фарҳангдӯсту китобдор эътироф намояд. Хушбахтона, ин анъана идомаи худро минбаъд низ пайдо намуда, бо ташаббуси бунёдкоронаи Пешвои миллат дар даврони соҳибдавлатии навини тоҷикон китобхонаҳои зиёде сохта ба истифода дода шуданд. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки назираш дар рӯйи олам кам ба чашм мерасад, миллионҳо нусха китобу дастхатҳои илмӣ маҳфузанд, ки ҳаводорони илмҳои гуногун аз онҳо истифода мебаранд. Аз ин ҷиҳат, китобхонаҳо омили дигари рушди забони илм дар ҷомеа буда, воситаи хуби нигаҳдошти маълумотҳои илмӣ ба шумор мераванд.

Ба ин тариқ, Истиқлоли давлатӣ барои рушди бемайлони забони илм имкониятҳои мусоидеро фароҳам сохт. Чунин заминаҳо имкон доданд, ки забони илм ҳамчун як шохаи мустаъмали забони адабии тоҷикӣ инкишоф ёбад ва дар худ тафаккури илмии донишмандони тоҷикро инъикос намояд. Таъкидан иброз медорем, ки ин ҳама афзалиятҳо дар партави сиёсати созандаву хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омаданд ва ин раванд, хушбахтона, ба таври чашмрас идома дорад. Дар ин росто мо – олимону муҳаққиқонро зарур аст, ки ҷиҳати боз ҳам рушд ёфтани забони илм аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, бо мақсади танзими истилоҳоти соҳавӣ бештар ба калима-истилоҳоти тоҷикӣ рӯ орем. Зеро тавре ки Пешвои муаззами миллат таъкид намуда буданд: «Ба вуҷуд овардани забони илм бе таҳияву танзими истилоҳоти соҳаҳои мухталифи илм ва то ҳадди забони меъёр такмилу сайқал додани он ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки барои тавсеаи доираи калимасозиҳои мавзуӣ, аз қабили истилоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра аз имкониятҳои забони модарӣ ҳамаҷониба истифода карда шавад».

Дӯстзода Ҳ.Ҷ. – дотсент, мудири кафедраи забони адабии муосири тоҷикии ДМТ.

Хоҷамирзода М. унвонҷӯи ДМТ