Сафари мусофир дар рисолаи “Қиссату-л-ғурбати-л-ғарбия”

Нашр шуд korbar - пт, 01/13/2023 - 11:49

Ҷудогии рӯҳи инсон аз мақоми аввали худ, мусофир шудани он дар олами ҳастӣ, раҳоии инсон аз авсофи баду хислатҳои паст, торикию разолат, даст ёфтан ба маърифату маънавиёт, мақоми баланду писандида ва ноил шудан ба саодати абадӣ аз мавзӯъҳои муҳиммест, ки дар адабиёти ирфонӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Донишмандону орифони машҳур доир ба мавзӯъҳои номбаршуда асарҳо иншо карда, бо ин васила насли башарро тарбия кардаанд. Шаҳобуддин Яҳёи Суҳравардӣ (1155–1191), ки бунёдгузори таълимоти фалсафаи ҳикмати ишроқӣ аст, рӯи ин мавзӯъҳо чанд китобе таълиф кардаст, ки шеваи нигориши онҳо рамзӣ ва тамсилианд, монанди “Қиссату-л-ғурбати-л-ғарбия”, “Овози пари Ҷабраил”, “Рӯзе бо ҷамоати сӯфиён”, “Ақли сурх” ва ғ. Суҳравардӣ бо таълифи чунин асарҳо тавонистааст, ки афкори ирфонӣ ва таълимоти ҳикмати ишроқро ба таври мармуз ба хонандагон пешкаш гардонад, ба хусус дар рисолаи “Қиссату-л-ғурбати-л-ғарбия”. Ӯ дар оғози ин рисола аз мутолиаи достонҳои «Саломон ва Абсол» ва «Ҳай ибни Яқзон»-и Ибни Сино, дақоиқи маъно ва костагӣ дар онҳо хабар дода, ба таълифи рисолаи худ “Қиссату-л-ғурбати-л-ғарбия” дар пайравии онҳо ишора кардааст. Дар ин рисола қиссаи мусофире баён шудааст, ки ҳамроҳи бародараш Осим аз диёри Мовароуннаҳр ба Ғарб сафар мекунад, то мурғони соҳили дарёи Сабзро сайд кунад. Аммо дар диёри мағриб дар чоҳи торику зулмонӣ ба асорат меафтад. Ӯ танҳо шабонгоҳ иҷозати аз он чоҳ берун шуданро дошту бас. Мусофир гирифтори мушкилот аст, то он вақте, ки Падари пир ба воситаи ҳудҳуд ба ӯ мактубе мефиристад ва мусофирро ба идомаи сафар тарғиб карда, роҳи наҷот аз он чоҳи зулмониро ба ӯ мефаҳмонад. “Агар хоҳи, ки халос ёбӣ дар азми сафар сустӣ макун ва даст дар ресмони мо бизан”. Ҳамин тариқ, мусофир бо роҳнамоии Падар аз он чоҳ берун мешавад ва ба киштӣ нишаста сафарашро идома медиҳад. Ӯ аз амокини сахту душвор убур карда, охируламр чашмаи ҳаёт, моҳиён, мурғони хушхон ва санги бузургеро дида, бо Падари пир мулоқот мекунад ва аз ӯ панду андарзҳое мешунавад. Дар ин қисса Падари пир ду маротиба зуҳур дорад, яке ҳангоми асорати мусофир ва бори дуввум ҳангми мулоқоти рӯ ба рӯ, ки мусофирро чунин тавсия медиҳад: “Туро башорат медиҳам ба ду чиз, яке он ки чун акнун ба зиндон боз гардӣ, мумкин аст, ки дигар бор ба мо боз расӣ ва ба биҳишти мо боз гардӣ. Дуввум он ки ба охир боз гардӣ ва халос ёбӣ ва он шаҳрҳои ғарибро ҷумла раҳо кунӣ”. Ниҳоят, мусофир бо дастури Падари пир моил ба баргашти ватани аввалии худ мешавад. Бояд гуфт, ки ин сафар ва мусофири ба қаламдодаи муаллиф маънавию рамзӣ аст. Масалан Мовароуннаҳр – рамзе аз асли моварои одамӣ (олами боло); Қайравон дар ғарби мамолики исломӣ – рамзе аз мағриб; мағриб – рамзе аз олами моддӣ; машриқ – рамзе аз олами маънавӣ ё нур, ки аз ҳар модда ва торикӣ орӣ буда, хуршеди ақл дар он тулӯъ мекунад; мурғони соҳили дарё – рамзе аз маънавиёт; чоҳ – рамзе аз дунё ё аз ҳаюлои ҷисм аст, ки рӯҳи муҷаррад дар он фурӯ афтода, асири он мешавад; баромадани мусофир ва бародараш Осим аз чоҳ дар шаб – рамзест аз хобҳои содиқона, Осим бародари мусофир, ки баъдан нопадид мешавад – рамзе аз зулумот ва авсофи разила аст, ки мусофир онҳоро аз худ раҳо мекунад. Яъҷуҷу Маъҷуҷ – рамзе аз андешаҳои нопоку фосид ва хотири нафсонист, ки мусофир бо садде аз гудохтаи мис (маърифату ҳикмат) онҳоро зудуда месозад; Падари пир ё Пири машриқӣ, ки аз тобиши нури ӯ замину осмонҳо шикофта мешаванд – рамзе аз руҳулқудс (фаришта) ё аз ақли фаъол ё аз ақли кулл; Нуруланвор – рамзе аз Офаридагори ҷаҳон ва ғ. “Қиссату-л-ғурбати-л-ғарбия” баёнгари ин аст, ки нафс (ё рӯҳ)-и инсон аввалан дар машриқи худ қарор дорад, ки баъдан ба мағриби худ (олами ҳастӣ) меояд ва дар натиҷаи тарки шаҳавот, лаззоти моддӣ ва мухолифат бо ҳавоҳои нафсонӣ фосила гирифта, дар асари тазкия ва таҳзиб дубора шоистагии хуруҷ ба машриқро пайдо мекунад. Рӯҳ пайваста аз мағриб ба машриқ дар ҳоли сайр аст, то ин ки ба машриқи олӣ ва қурби Нуруланвор ноил мешавад. Суҳравардӣ дар ин рисола бо истифода аз тамсил ва маъонии мармуз баён намудааст, ки ҳарчанд нафс (мусофир) аз ваҷҳи ҳақиқии худ дур шавад ба чоҳи зулумот фурӯ меафтад ва аз расидан ба покию нуронияти хеш боз мемонад. Фариштаи ваҳй ё ақли фаъол масири бозгаштро ба мусофир нишон медиҳад, то ӯ роҳи худро идома дода, ҳамаи ҳиҷобҳо (монеаҳо)-ро бартараф созад ва аз ғурбати ғарбӣ ва чоҳи зулмонӣ наҷот ёбад. Ба таъбири дигар, рӯҳ дар чоҳи ҳаюлоии ҷисми худ зиндонӣ шудааст ва бояд бо тай кардани мароҳили мухталиф аз колбади ҷисми худ ва аз ғурбати ғарбӣ раҳоӣ ёфта, ба манзили аслии худ боло равад. Чи гунае, ки ба назар мерасад Суҳравардӣ тавонистааст атвори вуҷуди инсон, мароҳил ва таҳаввулоти ҳастии одамиро дар шакли тамсил изҳор намудааст. Тазкия ва таҳзибе, ки барои мусофири “Қиссату-л-ғурбати-л-ғарбия” дар натиҷаи убур аз мароҳили сангин муяссар мешавад, аксар дар қолаби тамсилоти қиссаҳои қуръонӣ баён шудааст. Монанди нишон додани достони Сулаймон (а), Ҳуд (а), қавми Од ва Самуд, Мўсо (а), Водии намл (мурчагон), кӯҳи Тӯр, Водии Айман, Нӯҳ (а) ва киштии ӯ, ҷӯшидани об аз таннур, Зулқарнайн, Яъҷуҷу Маъҷуҷ ва ғ., ки ҳар кадом дорои таъвилот буда, дар натиҷаи диққати назар ва тафаккури амиқ ба хонанда равшан мегардад. Сайри мусофир дар ин асар 4 марҳиларо дарбар гирифтааст:

1. Сайр аз Мовароуннаҳр ба диёри мағриб ва ба асорат афтодан дар чоҳи Қайравон, ки фуруд омадани Одам (а) - ро аз биҳишт ва ба ҷаҳони зулмонӣ андармон шудани ӯро ба ёд меорад;

2. Саъйу кўшиши мусофир ҷиҳати халосӣ аз ҷоҳи зулмонӣ ва идомаи сайр ба самти нур (кӯҳи Тур) ба хотири берун шудан аз торикии бадан;

3. Аз кӯҳи Тур гузаштан, шунидани садоҳои аҷиб, дидори Падар ва шунидани суханони Ў;

4. Бозгашти мусофир ба мағриб, ҷиҳати омодагӣ ба бозгашти абадӣ, яъне ба биҳишт.

“Қиссату-л-ғурбати-л-ғарбия” ҳамчун василаи таълимоти фалсафаи ҳикмати ишроқӣ ба хонанда мефаҳмонад, ки ин таълимот орифро аз ғурбати ғарбии худ огоҳ сохта, ба машриқи анвори аслӣ ҳидоят мекунад.

Чуноне, ки дар боло қайд кардем мафҳуми “ғурбати рӯҳ” дар дунё, бозгашт ба асл ва манзилгоҳи аввалӣ дар қолаби тамсил ва рамзӣ аз тарафи орифону мутафаккирон бо шаклу суратҳои гуногун баён гардидааст, зеро манбаи асосии ин мавзӯъ Қуръони карим (аз ҷумла дар сураи “Бақара”, оятҳои 35-39) аст. Суҳравардӣ низ, зимни тамсил ва таъвилоти қуръонӣ нишон додааст, ки инсон метавонад дар натиҷаи парҳезкорӣ, порсоӣ, тазкияи нафс, анҷоми аъмоли нек ва дурӣ аз афъоли бад, ҳувияти аслии худро, ки покию нуроният аст, пайдо кунад ва сазовори мақоми олӣ гардад.

Сироҷидин Пирзода,

номзади илми педагогӣ