ҶАШНИ САДА ВА МАВҚЕИ ШАРИАТ НИСБАТ БА ОН

Нашр шуд korbar - чт, 01/26/2023 - 15:26

Сада чун Наврӯзу Меҳргон иди қадимаи мардуми форсизабон буда, дар даврони куҳан хеле пуршукӯҳ, бо оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешуд. Дар осори илмию фарҳангии абармардони форсу тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Байҳақӣ ва дигарон оид ба он маълумоти ҷолибу рангин ва муфассал мавҷуданд.

         Абулқосим Фирдавсӣ таърихи пайдоишу ҷашн гирифтани Садаро ба давраи ҳукмронии подшоҳи Эронзамин Ҳушанги афсонавӣ нисбат додааст.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, ҷашни Сада ба 31 январи солшумории мелодӣ рост меояд, ки исботи чунин фикр навиштаҳои Манучеҳрии Домғонӣ мебошад: «Ҷашни Сада ба даҳаи Баҳманмоҳ, яъне 50 шабу 50 рӯз то оғози ҷашни Наврӯз баргузор мегардад».

Ҳамин тавр, ин маросим ҳар сол дар ҳамин рӯз ҷашн гирифта мешуд, ки баъдтар ба анъана табдил ёфт ва ҷашни Сада ном гирифт.

Ҷашни Сада ҷашни қадимаи мардумӣ буда, ба масоили эътиқодӣ алоқаманд нест. Яъне таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам (рҳ) ҷашн гирифтани чунин ҷашнвораҳоро манъ накардааст, зеро сароҳатан дар Қуръон ва суннат манъи чунин ҷашнвораҳо аз ҷониби шаръ ворид нашудааст.

Дар «Ғиёс-ул-луғот» омадааст: «Сада дар забони форсӣ номи ҷашнест аз ҷашнҳои муғон, ки ба рӯзи даҳуми моҳи баҳман рост меояд». Дар китоби дигаре бар иловаи гуфтаҳои боло ишора шудааст, ки азбаски аз даҳуми моҳи баҳман то Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз аст, ин рӯзро Сада ном ниҳодаанд. Зеро ба гуфтаи Абӯрайҳони Берунӣ форсиёни қадим шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд.

Бояд донист, ки анъанаҳо, расму русум аз насл ба насл мегузаранд ва пасомадагон мероси гузаштагони худро пос медоранд. Ҳаргиз суннатҳои иди Сада низ аз дили мардум зудуда нагашта буд ва онро дар маҳалҳо вобаста ба шароиту вазъи ҳол ҷашн мегирифтанд.

Таҷлили пуршукуҳи ҷашнҳои аҷдодӣ навидест, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст додааст. Рӯй овардан ба гузаштаи пурғановати ниёгон ва сабақбардорӣ аз дурдонаҳои бебаҳои фарҳангии гузаштагон барои имрӯзиёну ояндагон амали хайр аст.

Ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Садаро гузаштагон «Ҷашнҳои сегона» номидаанд. Сада омодагӣ ба киштукори баҳорист. Дар ин ҳангом корҳои гуногуни кишоварзӣ: яхобмонии боғу токзорҳо, обшӯйкунии хокҳои шӯр, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, дарахтбурию шаклдарорӣ, нармкунии атрофи дарахтон, шиббакунии барф дар гирду атрофи дарахтон ба хотири захираи намӣ, таъмиру омода намудани техникаи кишоварзӣ ба мавсим, мубориза бар зиддди касалию ҳашарот сурат мегиранд. Хулоса, дар Сада деҳқон ба такопӯ даромада, ба баҳор омодагӣ мебинад.

Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ рӯз аз рӯз арзишҳои фарҳанги миллӣ дубора зинда ва таҷлил шуда истодаанд, ки ин метавонад дар таҳкими пояҳои худшиносии миллӣ таъсири амиқе гузорад. Новобаста аз ин, баъзе гурӯҳҳои манфиатхоҳ талош мекунанд, ки ба хотири камарзиш нишон додани унсурҳои фарҳанги миллӣ дар мисоли ҷашни Сада онро “бар хилофи шариати исломӣ” арзёбӣ намоянд. Аммо воқеият ин аст, ки таҷлили ҷашни аҷдодии Сада низ аз рукни худшиносии миллӣ ва огоҳӣ аз таърихи гузашта буда, њељ робитае бо ягон дини осмонї надорад ва ба талаботи дини Ислом низ њељ гуна мухолифат намекунад.

Маҳмуд Сангалиев,

сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломӣ