Ҳасад пеш аз ҳама соҳиби худро нобуд месозад

Нашр шуд korbar - вт, 01/31/2023 - 16:28

Ҳасад ё ҳасодат одати бадест, ки дар луғат ба маънои орзӯи аз байн рафтани неъматҳо ва пешравиҳои дигарон аст. Шахси ҳасуд касест, ки дар дарунаш як ҳиссе нисбат ба атрофиён дорад, пешравиҳои онҳоро намехоҳад ва пайваста дар орзӯи он аст, ки инсонҳо шикаст бихуранд ва агар тавонои дошта бошад, монеи пешравиҳои атрофиён мешавад.

Ҳасад як бемории ахлоқие аст, ки саломатии рӯҳ ва ҷисми инсонро ба хатар андохта, боис мегардад, ки дар тамоми корҳои шахсию иҷтимоиаш инсон ошуфтагиро эҳсос кунад. Он шахсе, ки ба каси дигар ё чизе ҳасад меварзад, ҳасуд ном дорад. Ҳасуд пеш аз ҳама худро озор медиҳад ва боиси нобудӣ ва ҳалокати худаш мегардад. Аммо аз он ҷиҳат, ки ҳасуд бо инсонҳои дигар робита дорад, ҳасади ӯ ба шахсони дигар низ зарар меорад. Ҳасад хурдан баъзе чизҳои бади пинҳоне дорад, ки худи инсон онҳоро намедонад. Он дар қолабҳои гуногун, гуфтор, рафтор ва ҳатто пиндор ба вуҷуд меояд.

Бисёре аз ҷиноятҳо ва нобасомониҳое, ки дар тӯли таърих аз инсоният сар задааст, аз ҳасад сарчашма гирифтааст. Бояд донист, ки нахустин нафаре, ки ҳасад варзид, Қобил буд ва ӯ ба бародараш ҳасад бурд. Он ҳам ба хотири он ки Худованд қурбонии Ҳобилро пазируфт, вале қурбонии Қобилро напазируфт. Ва ин мавзӯъ барои Қобил ангезае барои гуштани бародараш шуд. Худованд дар ояти 27-уми сураи Моида достони ҳасодати Қобил ба Ҳобилро чунин овардааст: “Ва достони ростини ду писари Одамро барояшон бихон, он гоҳ, ки қурбоние карданд.Аз якеашон пазируфта шуд ва аз дигаре пазируфта нашуд. Гуфт:Туро мекушам.Гуфт:Худо қурбонии парҳезгоронро мепазирад”.Дар натиҷаи ин Қобил бародари худ Ҳобилро мекушад. Он чи сабаби қатл будааст, ҳамин ҳасад будааст. Ин моҷаро нишон медиҳад, ки нахустин сарчашмаи ихтилофот ва куштор дар ҷаҳони инсоният масъалаи ҳасад будааст. Пас, аз ҳасад эҳтиёт бояд кард, зеро ҳасад вақте дар дили инсоният реша медавонад, инсон аз доираи худ берун шуда, ҳатто ба наздиктарин шахси худ раҳм намекунад.

Дар Қуръон намунаҳое аз ин қабил зикр шудааст, монанди ҳасодати бародарони Юсуф ба Юусуф, ки бисёр достонҳои омӯзандаанд. Шумо хуб огоҳ ҳастед, ки бародарон аз ҳасодат ва бадбинӣ бародари худро дар Чоҳ андохтанд, аммо Юсуф, ки ҳасуд набуд, ба дараҷаҳои баланд расид. Пас, ба ҷои ҳасад варзидан, камбудиҳои худро ислоҳ намуда, барои пешрафти кори худ талош варзем. Шахси ҳасуд аз нигоҳи ҷисмӣ ҳам дар дузах аст ва дар охират ҳам бӯи биҳиштро нахоҳад дид.

Дар адабиёти бузурги гузаштаву ҳозираи тоҷик, ки саропо панду ҳикмат аст, ҳасад як ҳолат ва амали бад, муаррифӣ шуда, шахси ҳасуд як образи бад муаррифӣ шудааст. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар мавриди ҳасодат ва ҳасуд чунин мегӯяд:

Ҳар касе к-ӯ аз ҳасад бинӣ кунад,

Хештан бе гӯшу бе бинӣ кунад.

Мавлонои бузург ҳасад ва шахси ҳасудро чихел хуб ба хонанда шинос намудааст. Дар ҳақиқат шахси ҳасуд пайваста дар фикри бадӣ ва шикасти дигарон аст. Аммо ҳасуд ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасад, ба ҳамин маъно Саъдӣ Шерозӣ дар ҳикояи панҷуми боби аввали “Гулистон” чунин нақл мекунад:

Сарҳангзодае дар сарои Ағламаш дидам, ки ақлу киёсат ва фаҳму фаросати зоиду-л-васф (яъне, дар васф намеғунҷад), ҳам аз аҳди хурдӣ осори бузургӣ дар носияи ӯ пайдо:

Болои сараш зи ҳӯшмандӣ,

Метофт ситора баландӣ.

Филҷумла мақбули назари султон омад, ки ҷамоли сурату маънӣ дошт ва хирадмандон гуфтаанд:

Тавонгарӣ ба ҳунар аст на ба мол ва бузургӣ ба ақл аст на ба сол. Абнои ҷинси ӯ (нафароне, ки ҳампешааш будаанд) бар мансаби ӯ ҳасад бурданд ва ба хиёнате муттаҳам карданд ва дар куштани ӯ саъйи бефоида намуданд. Душман чи занад, чу меҳрубон бошад дӯст?

Малик пурсид, ки муҷиби хасми инон дар ҳаққи ту чист? Гуфт: Дар сояи давлати худовандӣ (дома мулкуҳу) ҳамагонро розӣ кардам, магар ҳасудро, ки розӣ намешавад, илло (магар) ба заволи давлати ман:

Шӯрбахтон ба орзӯ хоҳанд,

Муқбилонро заволи неъмату чоҳ.

Гар набинад ба рӯз, шаби тирачашм,

Чашмаи офтобро чи гуноҳ?

Рост хоҳӣ, ҳазор чашми чунон,

Кӯр беҳтар, ки офтоб сиёҳ.

Инсон бояд нафароне, ки ба онҳо ҳасад меварзанд, донад. Пас нишонаҳои зеринро агар дар атрофиёнатон пайдо кардед, бидонед, ки ӯ ба Шумо ҳасад меварзад:

-Шахси ҳасуд бешармона аз Шумо интиқод мекунад ва ин интиқод рӯҳияи бисёр манфӣ ба шумо медиҳад.

-Ҳасуд таҳаммули хӯшҳолии шуморо надорад ва аз нороҳатии ту хушҳол мешавад.

-Гоҳе мехоҳад ба Шумо осеб расонад.

-Ҳангоме ки муваффақ мешавед, нороҳат мешавад ва ин нороҳатӣ, агар пай баред, ошкор мешавад.

-Дар пушти саратон Шуморо ғайбат ва нисбататон бадгӯӣ мекунад.

Бояд ёдовар шуд, ки бояд ба ҷои ҳасад хурдан аз пешравии дигарон хӯшҳол гашт ва орзӯ кард, ки ба ҳамин дараҷаҳо расад. Мисли ин ки як нафар як мансаби хуби сердаромаде дорад, мо ҳам бояд ҳавас кунем, ки мисли ӯ чунин сарватманд шавем, аммо на ин ки ҷои ӯро бигирем ва ё барои шикастани он талош варзем. Ин ҳолатро дар истилоҳ ғибта меноманд. Ғибта дар луғаб ба маънои фаррохӣ ва хурсандӣ меояд. Дар истилоҳ бошад маънои “ҳаваси неъмате, ки дигаре дорад, ба шарти он ки неъмат аз ӯ гирифта нашавад”. Дар мавриди ҳасад ва ғибта бузурги дини мо суханҳои зиёде гуфтаанд. Ҳазрати Алӣ чунин фармудаанд: “Решаи тамоми бадиҳо ҳасодат аст. Албатта як ҳолате ҳам наздик ба ҳасодат вуҷуд дорад, ки писандида ва мояи пешрафт аст ва он ҳолат ғибта аст”. Дар ин ҷо чанд тафовутҳоеро байни ғибта ва ҳасад метавонем мушоҳида кард:

-Ғибта рӯҳияе аст, ки шахс бо мушоҳидаи муваффақият ва камоли дигарон кӯшиш мекунад, худаш ҳам мисли онро дошта бошад. Ҳамин хоҳиш боис мегардад, ки инсон барои пешрафти худ ҳаракат кунад. Ва ин як фазилати ахлоқӣ ба ҳисоб меравад. Бар асоси ривоятҳо чунин сифат, яке аз вижагиҳои инсонҳои муъмин аст. Муъминон ғибта мехуранд, аммо нисбат ба дигарон ҳасодат намеварзанд. Аммо шахси дуруя (мунофиқ) хибта намехурад, баръакс ҳасад меварзад.

-Ҳасад рӯҳияи хорӣ ва худкамбинӣ аст, ки фарди ҳасуд дар худ мебинад ва орзӯ мекунад, ки фарде, ки дорои неъмат аст, аз он неъмат маҳрум шавад. Бо таваҷҷӯҳ ба маъноҳое, ки аз ғибта ва ҳасад дар боло зикр кардем, фарқияти ин ду равшан аст. Ғибта омили таҳаррук ва пешравӣ аст ва ҳасад боиси қафомондагӣ ва бемории рӯҳӣ. Аз ин рӯ, ғибта ахлоқи писандида ва ҳасад чизи бад буда, гуноҳ ҳисоб мешавад.

Бояд зикр намуд, ки ҳасад дар даруни ҳамаи инсонҳо вуҷуд дорад. Дар ин ҳолат нафароне вуҷуд доранд, ки метавонанд ин ҳисро ба ғибта табдил диҳанд. Аммо баъзе дигар ҳасади худро идора карда наметавонанд. Дар ҳоле, ки наметавонед ҳасади худро аз байн бибаред, корҳои зеринро анҷом диҳед:

-Зеҳни худро аз боварҳои нодуруст пок созед.

-Худатонро идора карда тавонед ва андешаи бадро дар мавриди дигарон дар фикратон ҷой надиҳед.

-Бовари ба худро зиёд намоед.

-Худро бо дигарон муқоисаи нанамоед. Агар муқиса ҳам кардед, муқоисаи мусбӣ дошта бошед.

Дар умум, бояд ёдовар шуд, ки ҳасад яке аз сабабҳои нобудкунандаи инсон буда, шахси ҳасуд метавонад ҳар замоне ба ҳар амали нангин даст занад. Аз ин рӯ, кӯшиш бояд кард, ки ҳасуд набуд, пешравиҳои дигаронро хуш пазируфт ва талош кард, ки дар кору зиндагии худ ҳам пешравӣ шавад. Ба нафарони таҷрибадор ҳасад варзидан хуб нест, аз онҳо таҷрибаашонро омӯхта, комёб бояд шуд. Бузурге чунин гуфтааст: “Офарин ба ҳасад, чӣ адолатпеша аст, пеш аз ҳама соҳиби худро мекӯшад”.

Ҳофиз афтодагӣ аз даст мадеҳ, з-он ки ҳасуд,

Арзу молу дилу дин дар сари мағрурӣ кард.

Рамазониён А.Б.