
Мувофиқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг шоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст.Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта ба он саҷда мекарданд.
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст. Унсурӣ
Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000-то 5000 пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Сада то садаи XII ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он — гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад.
Ҳаким Фирдавсӣ оғози ин ҷашнро ба Ҳушанг, писари Сиёмак нисбат медиҳад.
Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Дар Тоҷикистон аз рӯи тақвими мардуми форсизабон рӯзи ҷашни Сада дар баъзе аз деҳот ҷашн гирифта мешавад.
Гирдоваранда: Абдуллоҳи Қодирӣ
шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир
Акс: Дидор Саъдуллоев