БА САРФА САРФ КУН НАҚДЕ, КИ ДОРӢ...

Нашр шуд korbar - вс, 01/22/2023 - 16:07

“Бо танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мардуми кишварамон зиндагии хешро осуда ва пурсамар хоҳад кард”. Эмомалӣ Раҳмон.

Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар ташаккул ва инкишофи расму ойин ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба вуҷуд омаданд. Албатта расму ойин ва урфу одат монанди дигар ҳаводиси замон вобаста ба шароити зисту зиндагонии мардум тағйир ва инкишоф меёбанд.

Вобаста ба ҳар давру замон, ҷашну маросимҳои нав ташаккул ва инкишоф ёфта, урфу одат ва расму оинҳои зарарноки замони гузашта, ки ба пешрафти ҷомеа ва иқтисодиёту маданият ва ба беҳбудии рӯзгори одамон монеъ мешаванд, оҳиста – оҳиста аз байн мераванд ва расму оинҳои нав торафт устувор мегарданд. Зеро ин тақозои замон аст.

Дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ, чуноне ки ҳамаи мо огоҳ ҳастем, маъракаҳои суру мотам ба як хароҷотҳои беҷо ва беҳуда табдил ёфта буд. Мардум агарчӣ сармояе надошта бошанд ҳам, аз рӯи орият бо ҳамдигар таассуб карда, бо ҳар роҳ ҷашну маросими нозарурро барпо мекарданд, ки ин боиси қашшоқию муфлисии он хонадон мегашт. Исрофкорӣ ва хароҷотҳои беасосу зиёдатӣ сабаби вайроншавии баъзе оилаҳо гардида, ба пастравии вазъи иҷтимоӣ дар рӯзгор оварда мерасонид.

Хушбахтона, бо ҷаҳду талошҳо, ҳиммату ғамхории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои мардуми кишвар, назарсанҷию таҳлил ва омӯзиши амиқ, аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 июни соли 2007 санади муҳими таърихӣ - Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд. Пешвои миллат оид ба аҳамияти қонуни мазкур чунин изҳор намудаанд: “То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем”.

Қонуни мазкур ҳамчун нахустин қонуни миллии кишвар ҷиҳати ҳимояи пешравиҳо дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон мусоидат намуд.Он баҳри паст кардани барномаи сатҳи камбизоати дар мамлакат имкониятҳои зиёде фароҳам овард.Маврид ба ёдоварист, ки Қонун барои кулли мардуми кишвар хушҳолӣ, хушбахтӣ ва пирӯзӣ оварда, ба рӯзгори ҳар нафар файзу баракат ва саодатманди ато намуд.

Имрӯз, дар ҷомеа гурӯҳҳое ҳастанд, ки рољеъ ба қонуни мазкур андешаҳои беасос, хушку холи ва бепоя баён мекунанд, гӯё ин ин қонун озодии шаҳрвандонро маҳдуд карда бошад. Ин зумра ашхоси ноогоҳ бехабар аз онанд, ки дар осори тамоми мутафаккирону донишмандон, инчунин дар китобҳои муқаддаси диниву мазҳабии мо исрофкорӣ мазаммат ва сарзаниш шудааст.То ҷое, ки дар сарчашмаҳои динӣ ва осори ниёгонамон исрофкунандагонро бародарони шайтон ҳисобидаанд.Дар дини мубини ислом низ исрофкорӣ амали номатлуб ва носавоб ҳисобида шудааст.Дигар ин ки исрофкорӣ бо носипосию ношукрӣ баробар аст.Шахси исрофкор ҳатман ба иқтисоди худ зарба мезанад ва оқибат муфлису ниёзманд мешавад. Ва ин иддае, ки дорои фаҳмиши дуруст нестанду андешаи хом доранд сазои маломат ҳастанд.Амирхусрави Деҳлавӣ

Дар иртибот ба чунин одамон фармудааст:

Ба сарфа сарф кун нақде, ки дорӣ,

Ки имсокат беҳ аз исрофкорӣ.

Бояд ёдовар шуд, ки қонун зиндагии моро ба низом овард ва қомати мардуми нодорро рост кард.Одамонро аз ҳар гуна хароҷотҳои миёншикан, ки боиси муфлисшавии онҳо мегардид раҳо дод. Ин ба шаҳрвандон имконият фароҳам овард, ки шароити моддию маишии рӯзгори худро беҳтар намуда, ба тарбияи фарзандон оиди омӯхтани илму дониш аҳамияти бештар зоҳир намоянд.

Аз ин нуқтаи назар, риояи Конуни танзим яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванди Тољикистони соҳибистиқлол мебошад.

Садуллоев Аҳмадҷон, мутахассиси пешбари

шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва

диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон