
Тоҷикон дар рушди илми башарӣ нақши муҳим дошта, на танҳо дар интиқоли тамаддуни қадимаи юнониву ҳиндиву мисрӣ ба Аврупои имрӯза саҳми асосиро гузоштаанд, балки худашон низ дар равнақи улуми мавҷуда ва ба миён омадану рушди илмҳои нав нақши калидӣ доранд. Вале ҷанбаи кайҳоншиносии таҳқиқоти мутафаккирони гузаштаи мо хеле кам таҳқиқ шудааст ва ниёз ба пажӯҳиши густурдаи осори онҳо ва нақши онҳо дар рушди илми баъдӣ вуҷуд дорад. Бо вуҷуди он то имрӯз таҳқиқоти арзишманде дар шинохти осори нуҷумии бузургоне мисли Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Насируддини Тӯсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва дигарон сурат гирифтааст, ки шинос шудан бо онҳо аз манфиат холӣ нест.
Аҳмади Фарғонӣ яке аз олимони барҷастаест, ки новобаста ба чеҳраи муҳим ва муваффақи илми асримиёнагӣ буданаш ва дастовардҳои беназир доштанаш камтар мавриди пажӯҳиши муҳаққиқони ватанӣ қарор гирифтааст ва барои хонандаи тоҷик чандон шинос нест. Ӯ дар Шарқ бо лақаби Ҳосиб ва дар Ғарб бо номи Алфраганус машҳур аст.
Номи пуррааш Абулаббос Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Касири Фарғонӣ аст. Соли таваллудаш аниқ нест, вале дар такя ба маълумоти муаррихон тахмин кардан мумкин аст, ки ӯ тақрибан солҳои 784‒789 дар Фарғона, яке аз шаҳрҳои бузург ва пешрафтаи Осиёи Миёна ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро доир ба риёзӣ ва нуҷум дар мадрасаҳои Фарғона фаро мегирад. Тақрибан солҳои 810‒819 дар дарбори Маъмун дар шаҳри Марв фаъолият кардааст. Дар ин солҳо Маъмун писари Ҳорунаррашид аз ҳамсари тоҷикаш, ҳокими Марв ва дар атрофи худ олимону мунаҷҷимони зиёдеро ҷамъ оварда буд. Мунаҷҷим Абулаббос Ал‒Фазл ибни Саҳли Сарахсӣ вазифаи вазириро иҷро мекард ва маҳз бо кӯшиши ӯ олимони зиёде дар хидмати Маъмун қарор доштанд. Дар хидмати Сарахсӣ мунаҷҷими дигар Бизист пури Фурӯзон қарор дошт, ки пайрави дини зардуштӣ буд ва баъдан бо даъвати Маъмун ба ислом рӯ оварда соҳиби номи Яҳё ибни Абӯмансур мегардад. Баъди халифа эълон гардидани Маъмун ва бозгашташ ба Бағдод олимони дар Марв буда низ бо ҳамроҳии ӯ сафар мекунанд ва дар рушди маркази илмии онҷо – Байтулҳикма нақши намоён мегузоранд.
Байтулҳикма маркази бузурги илмӣ, фарҳангӣ ва таълимии аҳди салтанати хилофати Аббосиён дар Бағдод буд, ки дар рушди он олимону бузургони эронӣ саҳми асосиро гузоштаанд. Аз ҷумла хонадони Бармакиён дар таъсис ва фаъолияти минбаъдаи он нақши муассир доштанд. Байтулҳикма ба ҷуз китобхонаи ғанӣ, расадхона ва маркази таълифу тарҷума, шӯъбаи тадрису таълим ва баҳсу мунозира ҳам дошт. Ҳамчунин дар он котибону саҳҳофон ва наққошон низ фаъолият доштанд. Маркази таълифу тарҷумаи Байтулҳикма китобҳои зиёдеро аз юнонӣ, ҳиндӣ, эронӣ, сурёнӣ, портӣ, санскрит ва забонҳои дигар ҷамъ оварда, ба забони арабӣ тарҷума кардааст. Дар Байтулҳикма донишмандони олимақом ва тарҷумонҳои шинохтаи он давр хидмат мекарданд, ки тариқи мисол метавон аз Саҳл ибни Ҳоруни Форсӣ – нахустин мудир ва раиси Байтулҳикма, Саид ибни Ҳорун бародари Саҳл Абусаҳл Фазл ибни Навбахти Форсӣ – хозину-л-китоб (китобдор), Яҳё (Юҳанно) ибни Мосавейҳ, Синд ибни Алии Яҳудӣ – раиси расадхона, Юҳаннои Битриқа файласуф – мутарҷими маъруф, Ҳанин ибни Исҳоқ, писараш Исҳоқ ибни Ҳанин ва садҳо донишманди мумтоз ном бурд. Рӯйхатте аз номи муаллифону тарҷумонҳо ва номгӯи китобҳои онҳо дар «ал-Феҳрист»-и ибни Надим зикр шудааст.
Яке аз самтҳои муҳимми таҳқиқоти илмӣ дар Байтулҳикма илми ҳайат ё нуҷум буд, ки ба он олимони бузурги ҳамон давра Хоразмӣ, бародарон Бану Мусо (Муҳаммад, Аҳмад ва Ҳасан – писарони Ибни Шокир), Яҳё ибни Абӯ Мансур, Собит ибни Курра, Аҳмад ибни Абдуллоҳи Марвазӣ, Аббос ибни Саиди Ҷавҳарӣ, Холид ибни Абдулмалики Марврӯдӣ, Алӣ ибни Исои Устурлобӣ ва дигарон машғули таҳқиқот буданд. Аҳмади Фарғонӣ дар қатори ин бузургон дар Байтулҳикма ҷойгоҳи муайян дошт ва ҳамроҳи бародарон Бану Мусо бо супориши Маъмун дарозии умумии буриши қутри Заминро бо роҳи механикӣ дар Саҳрои Санҷар бо устурлоб муайян карда, қутри кураи Заминро ёфтанд, ки он тақрибан 8 ҳазор фарсах баромад. Дар ин бора Абӯрайҳони Берунӣ дар асараш, ки бо номи “Геодезия” машҳур аст, хабар додааст.
Муаррих Ибн Аби Усайба хабар додааст, ки баъди ба шаҳри Сомаро интиқол ёфтани пойтахти Хилофати Аббосиён, бо фармони Халифа Муътасим бародарон Муҳаммад ва Аҳмад Бану Мусо ба сохтани канали Ҷаъфария, ки аз Даҷла оғоз мешуд шуруъ карда, аз Аҳмади Фарғонӣ хостанд, ки ин корро ба дӯш гирад. Вале Аҳмади Фарғонӣ ба иштибоҳ роҳ медиҳад, ки дар натиҷа оби канал на ҳамеша пур буд.
Охирон кори таърихие, ки Аҳмади Фарғонӣ анҷом дод таҷдид кардани асбобе бо номи “Миқёси ҷадид” буд, ки онро имрӯз “нилометр” меноманд. Ин абзор ба принсипи кории зарфҳои пайваст асос ёфта, барои пешгӯии обхезӣ дар дарёи Нил истифода мешуд ва аҳамияти муҳим дошта, то ҳанӯз дар ҷазираи Рауда дар Қоҳира мавҷуд аст. Нилометр бо фармони дар охири асри 8 ва ибтидои асри 9 бо фармони Сулайсон ибни Абдул Малик сохта шуда, бо фармони Халифа Маъмун соли 817 ва соли 861 бо фармони Халифа Мутаваккил таъмир карда шудааст. Мувофиқи навиштаи муаррихон маҳз Аҳмади Фарғонӣ мутасаддии таъмир дар соли 861 буд. Ин сол охирон сол аст, ки дар бораи фаъолати Фарғонӣ маълумот мавҷуд аст. Гуфта мешавад, ки ӯ дар ин сол аз дунё гузашт ва ҳатто маълумоте мавҷуд аст, ки Фарғониро қатл кардаанд.
Аҳмади Фарғонӣ дар самтҳои астрономия, риёзӣ, ҷуғрофия ва дигар илмҳо осори арзишманд гузоштааст, ки чандеи онҳоро номбар мекунем:
“Китоб фи усули илм ан-нуҷум”, ки бо номи “Китобу-л-ҳаракати-с-самовия ва ҷавомеъи-н-нуҷум” (“Китоби ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ ва маҷмӯи ситораҳо”) низ машҳур аст, осори асосӣ ва муҳимми астрономии Фарғона буда, нусхаҳои дастхатти он дар китобхонаҳои Санкт-Петербург, Москва, Амстердам, Лейден, Қоҳира, Оксфард ва ғ. маҳфуз аст. Ин китоб аз 30 фасл иборат буда, фасли аввали он ба гоҳшуморӣ (хронология) бахшида шудааст. Дар ин фасл дар бораи тақвимҳои шамсиву қамарӣ маълумот дода шудааст. Фаслҳои 2–5-и ин китоб ба усулҳои асосии астрономия бахшида шуда, дар бораи ҳаракати осмон ҳамчун кура, курашаклии Замин ва мавқеи он дар коинот, ҳаракати сайёраҳо дар пасманзари бурҷҳои дувоздаҳгона маълумот дода шудааст. Фаслҳои 6-9 ҷуғрофияро дар бар мегирад ва дар онҳо доир ба андозаҳои Замин, тақсимоти иқлимҳо ва мавқеи шаҳру минтақаҳои зиёде маълумот дода шудааст. Фаслҳои 10–19 низ ба масоили гуногуни астрономӣ бахшида шудаанд. Фаслҳои 20–22 дар бораи ситораҳо ва масофа то сайёраҳо аст. Дар умум фаслҳои зиёди ин асар бо асари “Алмаҷистӣ”-и Батламиюс мутобиқат мекунад, вале ба таври мӯҷаз ва ҷолиб навишта шудани он боиси машҳур ва писандида гардидани ин китоб гаштааст. Осори астрономии Насируддини Тӯсӣ, Қутбдиддини Шерозӣ, Қозизодаи Румӣ ва Алии Қӯшчӣ дар пайравии аз осор ва усули нигориши Фарғонӣ навишта шудаанд. Ин асар ҳанӯз дар асри 12 ба забони лотинӣ тарҷума шуда буд ва то замони ба нашр расидани китоби астрономи олмонӣ Региомонтан китоби асосии астрономони олам ба ҳисоб мерафт.
Нусхаҳои асари “Китобу-л-комил фи-л-устурлоб” (“Китоби комил дар бораи устурлоб”) дар китобхонаҳои Берлин, Қоҳира, Машҳад, Лондон, Теҳрон ва дигар шаҳрҳо қарор дошта, аз муқаддима ва 7 боб иборат аст. Дар муқаддимаи он шарҳ дода шудааст, ки ин китоб ба хотири фаҳмонидани тарзи истифода ва исботи дурустии амалҳо бо устурлоб навишта шудааст, зеро то он замон асаре дар бораи тарзи истфодаи устурлоб мавҷуд набуд. Дар ин китоб Фарғонӣ қимати кунҷи байни эклиптика ва экватори осмонро, ки худаш чен карда буд овардааст, ки он ба 23°33´ баробар аст.
Рисолаи дигари Фарғонӣ дар бораи устурлоб “Китоби-л-амал би-л-устурлоб” аст, ки дастхатти ог дар китобхонаи шаҳри Рамури Ҳинд нигоҳдорӣ мешавад.
“Рисола фӣ маърифати-л-авқоти-л-лати якуну-л-қамару фӣ фавқи-л-арзи ав таҳтаҳо” (“Рисола дар бораи донистани вақтҳое, ки Моҳ дар болои Замин ё зери он воқеъ мегардад”) дар Китобхонаи миллии Қоҳира нигоҳдорӣ мешавад.
“Ҳисобу-л-ақолими-с-сабъа” (“Ҳисоби ҳафт иқлим”) дар Китобхонаи давлатии шаҳри Готаи Олмон нигоҳдорӣ мешавад ва Абӯрайҳони Берунӣ аз он дар асараш “Геодезия” истифода кардааст.
Ба таври илмӣ асоснок кардани курашаклии Замин ва ба роҳи риёзӣ исбот кардани рӯзи дарозтарин ва кӯтоҳтарини сол (22 июн ва 23 деакбр) аз кашфиёти муҳимми дигари Фарғонӣ мебошад.
Ҳамчунин Фарғонӣ дар бораи доғҳои сатҳи Офтоб маълумот дода, ҳодисаи гирифти отоб дар соли 832-ро пешгӯӣ кардааст.
Ба хотири Фарғонӣ соли 1935 аз тарафи Иттиҳоди байналмиллалии астрономон танӯрае дар сатҳи Моҳ номгузорӣ шудааст. Соли 1998 бо ибтикори ЮНЕСКО 1200 солагии ӯ таҷлил карда шуд.
Осори Аҳмади Фарғонӣ ба эҷодиёти олимони минбаъдаи ҳам Шарқ ва ҳам Ғарб таъсири амиқ гузошта тақрибан 700 сол ҳамчун энсиклопедия ва дастури илмӣ истифода мешуданд. Ҳатто Христофор Колумб дар сафарҳояш аз ҳисобу китоби Фарғонӣ истифода мекард ва Данте дар китобҳояш аз Фарғонӣ ёд мекунад.
Ризои Баҳромзод
Ходими илмии Институти физикаю
техникаи ба номи С. Умарови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон