ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД!

Нашр шуд korbar - вт, 05/07/2019 - 13:34

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳамасола иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавриди ғамхорӣ қарор мегиранд.

Имсол 74-солгарди ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил мегардад. Аз ин рӯ, ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро бо ин иди фархунда табрик ва муборакбод гуфта, хоҳони онем, ки ҳамеша ватанамон тинҷу обод бошад, ва фарзандонамон дар зери осмони беғубор ва зиндагии шоиста умр ба сар баранд.

Ин ҷанги хонумонсӯз ҷони миллионҳо нафарро рабуда, тамоми давлатҳои аврупоро харобу валангор сохт. Миллионҳо фарзандони шоистаи тоҷик ҳам ба мудофиаи Ватан бархоста, синаҳои худро дар муқобили тири душман сипар сохтанд, зеро душман ба Ватан таҳдид мекард.

         Дар арафаи Рӯзи ғалаба ба ҳамаи онҳое, ки ватани азизро аз душман дифоъ карданд, саломатӣ ва умри дароз хоҳонем. Номи пуршарафи қаҳрамонони миллат, родмардони шуҷои мо, ки бароямон чунин ватани азизу зеборо ба мерос гузоштанд, ҳамеша дар лавҳи хотироти миллат боқист.

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист,   

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Ташаббусҳои ғамхоронаи Пешвои миллат барои мардуми саховатманд бояд намунаи ибрат бошад ва мо бояд натанҳо дар арафаи Иди Ғалаба, балки ҳамеша нисбати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пиронсолону маъюбон ғамхор бошем ва дасти кумак дароз кунем.

Орзумандем, ки сафи накӯкорон зиёд мегардад ва бузургони худро фаромӯш намекунанд ва ҳамеша ба муҳтоҷон дасти ёрӣ дароз  менамоянд.

Ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон хушҳолӣ ва бурдбориҳо, комёбиҳо орзу намуда, осмони беғуборро таманно дорем ва бигзор амну амонии мулкамон, сулҳу суботи мардуми кишварамон ва хонаободии ҳар сокини Ватани маҳбубамон имрӯзу фардо поянда гардад.

Зарнигор Раҳимова,

сармутахассиси Кумита