
Мусаллам аст, ки ҳар як давлату миллат соҳиби Артиши миллии худ мебошад ва мавҷудияти қувваҳои мусаллаҳ барои ҳифзи марзу буми ҳар як кишвари соҳибистиқлол аз ҳаргуна хавфу хатар хеле муҳиму зарурист. Зеро ҳеҷ як кишваре бе вуҷуди артиш аз уҳдаи ҳифзи марзу бум ва сарзамини муқаддаси аҷдодӣ баромада наметавонад. Ин аст, ки ҳатто дар даврони дури таърихӣ давлатдорон барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи марзҳояшон урду ва лашкарҳои қавиву устувореро созмон медоданд. Дар масъалаи мазкур агар ба таърих рӯ биоварем, сарчашмаҳо тасдиқ месозанд, ки давлати Ҳахоманишҳо ва баъдтар Суғду Бохтар, Хоразму Ашкониён низ дорои лашкарҳои пуриқтидор ва сипоҳони далеру ҷасур буданд.
Санадҳои таърихӣ собит намудаанд, ки Искандари Мақдунӣ лашкари бонизому соҳибзафари худро дар асоси низому оини ҳарбии лашкари қавии аҷдодони мо Куруши Кабир ва Дорои I бунёд гузошааст. Сулолаи Сомониён дар ибтидои ба сари қудрат омадан артиши миллии хешро бо дастуру оинномаҳои низомӣ созмон доданд. Лашкари давлати Сомониён дар пояи низому тартиботи қавӣ, одобу ахлоқи баланд ва оинҳои волои ҷавонмардӣ шоиставу сазовори шоҳи хирадманду адолатпешаи худ асос ёфта буд. Номи Исмоили Сомонӣ дар саҳифаи таърих чун шоҳи одилу хирадманд ва лашкаркаши тавонову соҳибтадбир бо ҳуруфи заррин ҷовидонӣ шудааст. Корнамоиҳои ҷангии ӯ дар ҳама давру замон бо далериву шуҷоат, ҷавонмардию ҷасорат, ҳақиқатпарастию хайрхоҳӣ, адолату раиятпарварӣ ва ба ин монанд ахлоқу фазилатҳои ҳамида намунаи ибрати ҷаҳониён мебошад. Аз ин рӯ, Исмоили Сомонӣ барои Бухоро девори шарафу ифтихор, нангу ор, худшиносию эҳсоси баланди миллӣ, ҳомии ҳувияту ҳама сунатҳо ва муқаддасоти миллати тоҷик буд.
Номҳои зиёде аз шумори гурдони ҷасуру диловар, ки марзу бум ва ҳама муқаддасоти сарзамини бостонии моро аз таҳоҷуму таҷовузи аҷнабиён дифову ҳифз кардаанд, зиннатбахши таърихи пурифтихори миллати куҳанбунёди мо гаштаанд. Дар адабиёти бою оламгири мо, бахусус дар“Шоҳнома”–и безаволи Фирдавсӣ вожаи “гурд” ба маънии паҳлавон, баҳодур, далеру шуҷоъ, боақлу бохирад, бебоку қаҳрамон, ватанпарвару инсондӯст ва намунаи ибрати ҷавонмардон омадааст. Ибораҳои “гурдони сафшикан”, “гурдони шерафкан”, “гурдони номовар”, “гурдони пилтан”, “гурди шерҷигар” ва амсоли ин зиннатбахши каломи шоирони классики мо гаштааст, ки дар қиссаву ривоятҳои хеш аз қаҳрамонию диловарӣ, садоқату сарсупурдагии гурдон ба халқу меҳан ва шоҳону саркардагони кишвару лашкари он қисса кардаанд. Аз ҷумла Фирдавсии бузургвор фармудааст:
Ҳаме зӯри гурдӣ ба ҷой оваред,
Ҷаҳонро зи мардӣ ба пой оваред.
Ба ин маънӣ гурдон сарбозону афсарони намунавию баргузидае мебошанд, ки ба ватани хеш, ба сарвари кишвари худ ва фармондеҳони олирутбаи низомӣ содиқонаву ҷавонмардона хидмат мекунанд.
Шояд мафҳуми “гурд” баъдан дар Аврупо, дар забони итолиёӣ бо пайдо шудани вожаи “гвардия” асосу сабаб гардида бошад. Дар ибтидо мафҳуми “гвардия” муҳофизону посбонони шахсии сарвари давлат ва роҳбарияти олирутбаи ҳарбии онро ифода менамуд. Баъдан қисму воҳидҳои беҳтарину яккачин ва дорои имтиёзҳои хосса бударо “гвардия” номгузорӣ мекарданд.
Аз сарчашмаҳои илмӣ пайдо намудем, ки мафҳуми гвардия дар Италия аз асри XII пайдо гардида, дар Руссия бошад, асосгузори аввалин гвардия Пётри I будааст.
Дар Руссия болшевикон дар нахустин рӯзҳои инқилоби феврали буржуазӣ-демократӣ аз ҳисоби отрядҳои мусаллаҳи коргарон Гвардияи Сурх таъсис дода буданд, ки он соли 1918 ба ташкилёбии «Армияи сурх»-и давлати ҷавони шӯроҳо асос гузошт. Мафҳуми гвардия дар собиқ Артиши шӯравӣ унвони фахрие гардид, ки қисму воҳидҳо ва киштиҳои ҳарбии дар муҳорибаҳо қаҳрамонӣ нишон дода, ба он мушарраф мегаштанд.
Баробари соҳибистиқлол гардидани давлати тоҷикон дар кишвари тозаистиқлоли мо низ зарурати ташкил намудани Артиши миллӣ ба миён омад, зеро акнун ҳимояи марзу бум, шарафу номус ва музаффариятҳои Тоҷикистони соҳибихтиёр ба дасти фарзандони бонангу номусаш афтода буд. Пас аз ташкилёбии Артиши миллӣ сохторҳои дигари низомии кишвар мураттаб гардиданд. Хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ аз уҳдаи вазифаҳои душвор, вале пурифтихор сарбаландона баромада, то имрӯз ба Ватан хизмат карда истодаанд.
Яке аз заруриёт ва муҳимоти арзишманд ба шумор рафтани Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои худ қайд намудаанд:
«Имрӯз бо ифтихор изҳор менамоям, ки хизматчиёни ҳарбии қувваҳои мусаллаҳ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат, миллат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ баромаданд. Мақсади асосӣ аз таъсис додани артиши миллӣ ташкили неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии кишвар қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд. Ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбии мамлакат анъанаҳои хуби қувваҳои мусаллаҳро идома бахшида, минбаъд низ ҳифзи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи қалқи хешро бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандустӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ ҳимояи амнияту оромии мамлакати маҳбубамонро сарбаландона иҷро менамоянд».
Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолият ба шумор рафта, бо иқдом ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми феврали соли 1993 ташкил гардидааст. Қувваҳои мусаллаҳи кишвари мо дар он рӯзҳои сахту сангине ташкил гардид, ки ватан дар ҳалқаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт ва вазъияти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа дар он айём хеле нигаронкунанда эҳсос мешуд.
Дар он айём мушкилии ҷиддие, ки дар ташкилёбии артиш ба назар мерасид, ин камбуди яроқу аслиҳа ва дигар техникаву лавозимоти ҳарбӣ ба шумор мерафт. Коршиносону шоҳидони ҳамон даврон борҳо навиштаанд, ки дар натиҷаи пошхӯрии кишвари абарқудрати Шӯравӣ то ба мо аз лавозимоти зарурии ҳарбӣ андаке ба мерос монда буду халос.
Артиши навташкилшуда ва ба тасвир ҳанӯз ҷавони Тоҷикистон дар он рӯзҳои ногувор ва хеле хатарзо бо дигар ниҳодҳои қудратии кишвар якҷо шуда, барои барқарорсозии сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои силоҳбадасту ҷиноятпеша саъю кӯшиши зиёде намудаанд.
Бо вуҷуди таърихи начандон тулонӣ ва захираи ками лавозимоти зарурӣ ҷавонписарону родмардони миллат дар ҳифз ва ҳимояи кишвари навташкилёфтаи соҳибистиқлоламон ҳар кадом ба монанди ҷавшани қавию устувор ва кӯҳҳои сарбаланду рахнанопазир ин хок ва ин марзу бумро ҷонфидоёна ҳимоят карданд ва нагузоштанд, то дасти вайронгари бадхоҳе ё аҷнабие ба қасди ин миллат ва ин диёр амалҳои ношоистаеро пиёда созанд.
Имрӯз низ Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як неруи қудратманди низомӣ табдил ёфта, баҳри ҳифзи кишвар хизмати содиқона ба ҷо меоранд. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ албатта боиси сарфарозӣ ва сарбаландии ҳар як нафар ҷавонмард аст. Ҳар ҷавони соҳибхирад ҳанӯз аз айёми хурдсолӣ орзуи зудтар ба воя расидан ва ба аскарӣ рафтанро менамояд. Тӯли солҳои зиёд барои ҷавонони ҳушманди ватан доштани дафтарчаи ҳарбӣ мояи ифтихор ва сарбаландӣ маҳсуб меёбад. Хушбахтона, имрӯз низ барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст. Ҷавонони ватандӯсту худшиноси мо имрӯз мехоханд бо ифтихори баланд ва сарфарозӣ хизмати Модар-Ватанро ба анҷом расонанд. Чунки хизмат ба Ватанро яке аз қарзҳои фарзандӣ медонанд.
Ҳамасола ҳангоми даъвати наваскарон ба мушоҳида мерасад, ки шумораи зиёди ҷавонон ихтиёран ба хизмати аскарӣ мераванд ва волидони эшон низ зимни сафарбар гаштани онҳо аз нангу номуси ватандории фарзандашон ҳарф зада, бо ҳисси баланди худшиносӣ ва хушҳолӣ фарзанди худро барои дифои марзу бум ва ба ҷо овардани қарзи фарзандӣ роҳнамун месозанд. Чунки имрӯз амнияти маънавию ҷисмонии сарбозон дар ҳама қисмҳои ҳарбии кишвар ба таври бояду шояд ба роҳ монда шуда, тамоми шароитҳои мусоиди хизмат таъмин гардидааст. Айни замон ҷараёни сафарбаршавии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба чанд соли пеш сифатан хеле беҳтар гаштааст. Зеро шароити имрӯзаи хизматчиёни ҳарбӣ дар нисбати чанд соли пешин мувофиқи талабот ба роҳ монда шудааст. Сафи ҷавононе, ки мехоҳанд ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ ҳозир шаванд, сол то сол зиёд гардида истодааст, чунки аз тарафи роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои он ҷавононе, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд боз имкониятҳои бештар, ба монанди омӯзиши курсҳои ронандагии ройгон, ташкил карда шудааст. Аз ин иқдоми пешгирифта ҷавонон метавонанд соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ низ гарданд.
Ин тадбирҳо дар бахши тайёрии мутахассисони ҳарбӣ ва такмили таҷрибаи афсарон минбаъд низ идома меёбад. Мустаҳкам намудани рӯҳияи низомии сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандустӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан, ифтихори миллӣ яке аз самтҳои асосӣ ва муҳими корҳои тарбиявӣ дар артиш маҳсуб меёбад.
Таърихи каҳрамонию шуҷоат, далерию матонати аҷдодон ва гузаштагони ватандӯсти мо барои ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд дарси ибрату мактаби матонат бошад. Ташаккули хусусияти миллӣ доштани артиш, муносибати хайрхоҳонаи мардум ба хизмати ҳарбӣ ва эҳтироми мардуми Тоҷикистон ба заҳмати ҳарбиён таъсири нек мерасонад.
Таъсисиёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23- юми феврал, ҳамчун рӯзи ҷашнгирии ин неруи пурқудрату боифтихор масъулият ва муҳаббати ватанпарастона ва қарзи фарзандии ҷавононро дар назди мардуми кишвар дучанд мегардонад ва дар навбати худ Ватан низ ба насли ҷавони имрӯза эътимоди қавитаре пайдо намудааст. Ҷавонони кишварамон акнун дар ҳама гуна ҳолат ва дар дилхоҳ минтақаи мамлакатамон бо баҳои ҷону қалб ҳомии марзу бум гашта, барои оромӣ ва субот, инчунин орӣ аз хатару таҳдидҳои хатаровар қарор доштани ватан қалбу тани хеш ва дасту бозӯи худро сипар месозанд. Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки ҷавонони диёри мо қодиранд мушкилтарин озмоишҳои қисматро дар роҳи ҳифзу ҳимояи хоки аҷдодони худ ва устувории пояҳои давлати тозаистиқлол аз сар гузаронанд ва барои дигарон намунаи ибрат бошанд.
Аз ин рӯ, бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ҷашн гирифтани Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар тамоми ҳамдиёрону родмардони Ватан як неруи тоза бахшида, метавонад эътимод ва боварии мардумро бар он бештар гардонад, ки ҳама дам ва ҳама умр ин диёри нозанин ва ин хоки зархези аҷдодӣ таҳти ҳифзу ҳимояи номбардорони Ватан қарор гирифта буд ва хоҳад дошт.
Мустафо Рустамзода,
корманди идораи маҷаллаи "Дин ва ҷомеа"