
Асари арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Уфуқҳои истиқлол” бори дигар собит сохт, ки асосу ҳастии ҳар давлату миллат истиқлолияти он мебошад.
Фарҳанг ягона унсурест, ки аз ҷониби муаллиф дар радифи дигар аносир ҳамчун омили “давлатсоз” эътироф гардида, ба он баҳои баланд дода шудааст. Аз матлаи сухан дарк мегардад, ки дар роҳи расидан ба Истиқлолияти давлатӣ фарҳанг нақши назаррас дошта, ҳамзамон дар марҳалаҳои даврони Истиқлол яке аз уфуқҳои пурҷило будааст. “Дар замони Истиқлолияти давлатӣ соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии миллат, муттаҳидсозандаи неруҳои ақлонию зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъана, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намуд”, - мефармоянд Пешвои миллат. Фарҳанги сиёсӣ дар таҳкими пояҳои давлат, ваҳдат, суботи сиёсию иҷтимоӣ нақши назаррас дорад. Имрӯз абарқудратҳо мехоҳанд бештар тавассути фарҳанг сиёсати худро ташвиқу тарғиб ва амалӣ намоянд. Кайҳо дарк гардидааст, ки умумӣ гардондани сиёсат ва пурзӯр намудани нуфузи он дар сатҳи байналмилалӣ аз равзанаи фарохи фарҳанг осонтар ба даст меояд. Ҳифзи суботи сиёсию иҷтимоӣ дар ин майдон танҳо тавассути фарҳанги миллӣ метавонад амалӣ гардад. Ин боис гардид, ки Пешвои миллат аз оғози роҳбарӣ арзишҳои фарҳангиро дар мадди аввал гузошта, ҳаргиз фарҳангро аз сиёсат дур насозанд. Ин дар ҳоле ҷараён мегирифт, ки ба таъбири муаллиф: “Ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта барои соҳаи фарҳангу ҳунар давраи басо душвор буд”. Бо вуҷуди нобасомониҳо ва даҳшатҳои он солҳо пояҳои асосии фарҳанги тоҷикон, бо ташаббус ва сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат барқарору устувор гардонда шуда, марҳалаҳои нави тараққӣ дар ин самт оғоз гардиданд.
Муаллиф ҳамчун асосгузор ва ташаббускори бевоситаи равандҳои сиёсию фарҳангии кишвар воқеъбинона самтҳои афзалиятноки давлату миллатро ба баҳсу баррасии доманадор кашидаанд. Бурду бохт, камбудию комёбӣ, таназзулу тараққӣ ва дурнамои ҳар як соҳаро дар алоҳидагӣ ба таҳлил гирифта, махсусан ба фарҳанги миллӣ мақоми хос бахшида, ҳадафҳои олии сиёсати фарҳангиро чунин қаламдод намудаанд: “Сиёсати фарҳангии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба таҳкими рукнҳои маънавии давлатдорӣ, пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи мардум, болоравии ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандории ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ, пояндагии сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии тамоми табақаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва дар маҷмӯъ, барои таҳкими ҳувияти миллӣ нигаронида шудааст”. Сиёсат бе фарҳанг вуҷуд дошта наметавонад ва низоми табиии ҷомеа худ фарҳанги сиёсиро ба вуҷуд меорад. Он ҳамчун оина инъикосгар буда, ҷараёни давлатдорӣ, раванди сиёсии кишвар, рафтору амалкарди зоҳирию ботинии намояндагони ниҳоди сиёсиро инъикос мекунад.
Фарҳанги сиёсӣ бояд сартосарӣ бошад ва ҳама манотиқи кишварро фаро бигирад. Муаллиф ҳамчун сиёсатмадори соҳибфарҳанг моҳияти масъаларо дақиқ дарк намуда, аз хатари маҳдуд мондани доираи фарҳанги сиёсӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.
Мавриди тазаккур аст, ки рушди устувор ва таҳкими суботи сиёсӣ аз ҳадафҳои олии кишвар ва ормони дирӯзу имрӯзи давлату миллати тоҷик маҳсуб мегардад. Барои истеҳком ва тараққӣ ёфтани як давлат суботи сиёсӣ ва дар радифи он рушди устувор кифоя аст. Имрӯз сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон устувор гардида, ба шарофати он рушди босуръати кишвар низ устувориро касб кард. Таъкид бояд кард, ки фарҳанги волои миллати тоҷик, махсусан фарҳанги сиёсии он, омили асосӣ дар ин самт дониста мешавад. Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки Пешвои миллат дар ҳама суханрониҳо, таълифоти қаблӣ ва махсусан дар китоби тозанашри “Уфуқҳои истиқлол”, вобаста ба фарҳанг таъкиди хос карда, онро омили асосии давлатдорӣ ва суботи сиёсию иҷтимоӣ қаламдод намудаанд.
Умуман, ба табъ расидани китоби “Уфуқҳои истиқлол” аз чанд ҷиҳат манфиатовар аст:
1. Афкору андешаҳое, ки дар китоби мазкур дарҷ гардидаанд, заминаи қавии назарӣ ва илмию таърихӣ дошта, марҳилаи давлатдории навини тоҷиконро бо ҳама бурду бохташ мавриди инъикос қарор медиҳад.
2. Усулҳои таҷрибагардидаи ваҳдатофарӣ, сулҳофарӣ, иттиҳоду ягонагӣ, маҳакҳои рушди иқтисодӣ, пешрафти илму маориф, соҳаи фарҳанг, ояндабинии давлат ва ғайра ба шакли мукаммал инъикос гардидаанд, ки мутахассисони тамоми соҳаҳо ҳамчун манбаи боэътимоди омӯзиш метавонанд аз он ба таври васеъ истифода баранд.
3. Роҳандозии омӯзиши васеи китоб дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишкадаву донишгоҳҳо, муассисаҳои илмию пажӯҳишӣ ва мақомоту идораҳо муфид буда, ҷиҳати шинохти воқеии дастовардҳои беназири даврони истиқлол ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Шариф КОМИЛЗОДА,
Қадриддин ИСОЗОДА,
ходимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот