ЧАНДЕ ДАР БОБИ ИНҶИЛ

Нашр шуд korbar - пт, 05/24/2019 - 09:15

Инҷил  (إنجيل – шакли муарраби калимаи юнонии εὐαγγέλιον [Евангелиеон]–мужда, хушхабар, башорат),дар масеҳият номи умумии чор китоби аввали АҳдиҶадид, мансуб ба Матто (Матвей), Луқо (Лука), Марқус (Марк) ваЮҳанно (Иоанн), ки фарогири шарҳҳои мухтасаре дар бораи таваллуд, зиндагонӣ, таълимот ва муъҷизаҳои Исои Масеҳ мебошанд. Ин Инҷилҳои чаҳоргонааз ҷонибикалисоқонунӣэътироф шуда,наздиҳамаимасеҳиёниҷаҳонмуътабаранд; инҷилҳои дигаре, ки шумори онҳобешазсададад аст, ғайриқонунӣ(апокрифӣ) ва хориҷазкитобҳоиосмонӣдониста шудаанд.Инҷили Матто аввалин Инҷил ванахустин китоби АҳдиҶадид ба шумор рафта, шомили 28 боб аст. Ба қавле, Матто(вафот 79 м., Ҳабаша)Инҷилро, бархилофи дигарон, на ба юнонӣ, балки ба забони оромӣ навиштааст, аммо нусхаи оромии он дар даст нест. Инҷили Марқус дуввумин ва кӯтоҳтарин Инҷил, шомили 16 боб буда, дар Антокияи Шом навишта шудааст. Инҷили Луқа севумин Инҷил ва бахши аввал аз китоби дубахшӣ аст, ки «Луқо-Аъмол» (Инҷили Луқова «Аъмоли расулон») номида шуда, ҳарду бахшро яктан навишта аст.Ин Инҷил шомили 24 боб буда,аз зуҳури Яҳёи таъмиддиҳанда то растохези Исо аст. Ин се Инҷил байни солҳои 6075 м. навишта шудаанд. Инҷили Юҳанно чаҳорумин Инҷил дар маҷмӯаи АҳдиҶадидаст. Он шомили 21 боб ва воқеаҳоимуҳиммест, кидарсеИнҷили аввал зикр нагардидаанд.Матни он нишон медиҳад, кинависандабофарҳангвахусусиятҳоииқлимииФаластинкомиланошнобуда, матнҳоикуҳаниоромӣвадигар ИНҶИЛ-ҳородардаст доштааст. Ин Инҷил дар охирҳоиасри1 ё аввалҳоиасри 2 навишта шудааст. БаррасиҳоитатбиқииИнҷилҳоичаҳоргонаиртиботимиёни сеИнҷили нахуст ва тафовути ошкорои онҳоро бо Инҷили Юҳаннособит кардаанд. Аз ин рӯ, ИнҷилҳоиМатто, МарқусваЛуқоро Инҷилҳоиҳамназаргуфтаанд. Соли 325 нахустин Шӯроиҷаҳониикалисо (Собори Никея) қарорқабулкард, ки ҳамаиИнҷилҳо, баҷузчорИнҷили расман эътирофшуда, нобуд карда шаванд. Фармон (эдикт)-и махсусе низ интишор шуд, ки барои нигаҳдоштиИнҷилҳоиғайрирасмӣҷазоиқатлпешбинӣмекард.

ТибқимаълумотиБерунӣ («Осору-л-боқия»), назди асҳобиМарқиюнва Ибни Дайсон ҳар кадом Инҷилест, ки бо инҷилҳоичаҳоргона мухолифат дорад. ПайравониМонироҷудогонаИнҷилест, кибо он чинасорогуфтаанд, куллан мухолифаст. Онҳочунинмепиндоранд, киИнҷилисаҳеҳҳаминастубас ва он чӣ, киМасеҳовардаву баон амалкарда,мувофиқвамутобиқбомазмунҳоиинИнҷиласт;ба ғайразонҳарИнҷилидигареботилбуда,пайравониМасеҳонроба ӯтуҳматзадаанд.Инҷили Монӣаз 22 боб иборат буда, мутобиқиҳарфҳоиабҷадтартибдода шудааст. Ба иддиои Монӣ, номи Форақлит, киМасеҳаз он мужда медиҳад, худи ӯст ва ӯхотимаи пайғомбарон аст. БерунӣҳамчуниназнусхаидигариИнҷилхабар медиҳад, ки «Инҷили ҳафтод» ном дошта, ба Балолис мансуб аст. Дар садри он навишта шудааст, киин нусхаро Салом писари Абдуллоҳи Саломаз забониСалмони Порсӣнигоштааст. «Ваҳаркас, ки дар он Инҷилназаркунад, бар ӯпӯшиданахоҳадмонд, киинИнҷили сохтагӣаст. ВанасоровуғайринасороинИнҷилроинкормекунанд» («Осору-л-боқия», саҳ. 39).

Яке аз аноҷилиғайрирасмӣ (апокрифӣ) Инҷили мансуб ба Барнобо/Варнава (вафот 61м.) аст. ҚиддисЮсуфиБарнобоазрасулонвамубаллиғонимасеҳӣ, азасҳобиПаулусваМарқусирасулбуда, номашдар«Аъмолирасулон»-иАҳдиҶадидомадааст. МавридҳоиихтилофиИнҷили Барнобо бо инљилњоидигар: 1. Исоулуҳиятва писари Худо будани худро инкор кардааст. 2. Писари Иброҳим, киӯнияти қурбонӣкарданашродошт, Исмоилбуд, наИсҳоқ. 3. МасеҳоёМасеҳе, кидаринтизориӯҳастанд, ЯшуъёИсонест, балкиҳамонАҳмадиҚуръонёМуҳаммад (с) аст, кидардигаринљилњо «Форақлит» (Тасаллидиҳанда) зикршудааст. 4. Исобадоровехтанашуда, балки касеро, ки ба дор овехтанд, ЯҳудоиЭсхариатӣ – хоине буд, ки ӯробарумиённишондод. Масеҳиёнмегӯянд, киинИнҷилтавассути як нафар мусулмон навишта шудааст. Сарфи назар аз ин,Инҷили Барноборо нашриёти Oxford University Press соли 1907 зери унвони «ИнҷилиҳақиқӣдарбораиИсо, мусаммо ба Масеҳ, паёмбари наве, ки Худованд ба сӯиҷаҳон фиристодааст, ба ривояти Барнобо –ҳаворииӯ» чоп кард. Минбаъд Инҷили Барнобо ба забонҳоиарабӣ (1908), урду, форсӣ, индонезӣ ва русӣ (2005, 2007)низ тарҷумава нашр шуд. ЯкнусхагӣазнашрианглисииИНҶИЛ-и Барнобо дар осорхонаи Британия ва Китобхонаи Конгресси Иёлоти Муттањидаи Амрико  маҳфузаст.

Инҷил дар ислом яке аз чаҳоркитобимуқаддасбуда, аз сӯиХудовандба Исо фурӯфиристодашудааст. Дар ҚуръоназИнҷил ба унвони китоби осмонӣсуханрафта(сураи “Оли Имрон”, оёти 3;48 сураи “Моида” ояти 46, 110; сураи “Њадид” ояти 27), пазириши он аз сӯи мусулмонон аз шартҳои имон донисташудааст ( сураи “Баќара” ояти 4; сураи “Нисо” ояти 60, 162). Аз ин рӯ, Инҷил назди мусулмонон ҳурматихос дорад. Аз сӯи дигар, инэътиқодназдимусулмононмусалламаст, киматниИнҷил то замони мо дар шакли нахустинаш нарасида, дар тӯлитаърихматолибионротаҳрифкардаандвавобастабаталаботизамонтағйирдодаанд. Дар ибтидои ислом ақидаероиҷбудааст, кибархеаз рӯҳониёниҳақиқатҷӯимасеҳӣнусхаҳоеазИнҷили асил дар даст доштаанд ва манзури оёти қуръонӣҳамин Инҷили ростин будааст. Дар манобеи тафсирӣваэътиқодииисломӣбовар ба бақоиИнҷили ростин то аҳдипаёмбар (с) ба унвони пояе барои тафсири оёти марбут ба он матраҳгаштааст. Дар Қуръонборҳоба мазмунҳоиИнҷилишора рафтааст (масалан, сураи “Аъроф” ояти 157; сураи “Тавба” ояти 111; сураи “Фатњ” ояти 29). Муфассирони Қуръонзимнитафсирибахшеазояти сураи “Сафф” ояти 6, ки дар он Исо худро «муждадиҳандаба пайғомбаре, ки баъдазманбиёядваномиӯАҳмадбошад»мехонад, гуфтаанд, ки дар нусхаҳоиИнҷил ба забони ибронӣИсобаАҳмадбашоратдодабудвавақтеИнҷилро ба юнонӣтарҷумакарданд, АҳмадПериклитос («бисёрситуда») тарҷумашуд. СипасвақтеИнҷил аз юнонӣба арабӣтарҷумашуд, Периклитосба Форақлит муарраб гардид. Дар Инҷили Юҳанно (14:16) инлафзбатоҷикӣ«Пуштибон»тарҷумашудааст.

Бархе аз пажӯҳишгарониғайриисломӣдарбаррасиҳоитатбиқиихудкӯшидаанд, тобоёфтаниҳамсониҳоемиёниҚуръонваинљилњои чаҳоргона бархе аз мазмунҳоиҚуръонробозтобе аз мазмунҳоионҳошуморанд. Дар ин муқоисаҳомавзӯъҳое чун аҳволиМарям, таваллуди Исо ва муъҷизаҳоиӯ, достониЯҳёмавридитаваҷҷуҳимахсусқароргирифтаанд. Инљилњоирасмии мавҷудфарогири мавзӯъҳоечунтаслис ва таслибмебошанд, ки Қуръон онҳоросароҳатанботил хондааст.Ин амр мусулмононро нисбат ба мазмунҳоиэътиқодииинљилњои мазкур бадгумон кардааст. Сарфи назар аз ин, мусулмонон мазмунҳоиахлоқииИнҷилро ба хушӣпазируфтанд ва дар бисёр манобеи исломӣ(осори ҳадисӣ, адабӣваахлоқӣ) андарзҳоиаз Инҷил нақлшуда ба назар мерасанд.Дар Қуръон (сураи “Моида” оёти 47, 66) масеҳиёнбаимонваамал кардан ба Инҷил хонда шудаанд. Тибқитаълимотиисломӣбаъди биъсати Пайѓамбар (с) Инҷилмансух шуд, вале ба насоро амал кардан ба ҳамон аҳкомиинкитобравост, киҚуръононҳоромансухнакардааст.

Инҷил дар адабиёти форс-тоҷик ба сурати «Ангалюн» низ корбурд шудааст:

Сад ҳазоронмардитарсосӯиӯ

Андак-андак ҷамъшуддаркӯиӯ.

Ӯ баён мекард бо эшон ба роз

Сирри Ангалюну зуннору намоз.

«Маснавии маънавӣ»

Ад.: БерунӣА. Осор-ул-боқия. Д., 1990;Ислам: Энциклопедический словарь. М., 1991; Инҷил. АҳдиҶадид. Стокголм, 1997; Али-заде. Исламский энциклопедический словарь. М., 2007;Евангелие от Варнавы / Пер. с англ. Д. Арибжановой. М., 2007; Ньюби Г. Краткая энциклопедия ислама / Пер. с англ. М., 2007.دائرة المعارف بزرگ اسلامی. جلد 10. تهران، 1380 ش.؛ قدیانی عباس. تاریخ ادیان و مذاهب در ایران. تهران، 1381 ش.؛ ديوبندي محمد شفيع عثماني. تفسير معارف القرآن. جلد 14. تهران، 1389 ش.؛ انجیل برنابا / مترجم سعید کریم پور. تهران، 1395 ش.

 

  1. Нусхаи Инҷил ба забони русӣ, асри XVII.
  2. ҚадимитариннусхаихаттииИнҷилбазабонисурёнииқадим (ошурӣ).

Саидбеги Маҳмадуллоҳ,

номзади илми фалсафа