
Давлатдорӣ дар ҳаёти мардуми Шарқ, хусусан дар таърихи мардуми тоҷик, таҷрибаи бисёрҳазорсола дошта, дар ин сарзамин шаклҳои гуногуни низоми давлатдорӣ бунёд ёфта, таҳаввул кардаанд. Ҳар як низоми сиёсӣ вобаста ба вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маърифати сиёсӣ ташаккул меёфт ва дар натиҷаи низоъҳои сиёсӣ аз байн мерафт. Аз ин рӯ, аз тарзи давлатдории асримиёнагӣ наметавон меъёрҳои давлатдории муосирро талаб кард, зеро бо пешрафти ҷомеа унсурҳои давлатдорӣ низ тағйир меёбд. Вале ҳамин низомҳои пешин барои давлатдории муосири миллатҳои гуногун замина омода намуданд. Масалан, давлатдории тоисломии мардуми тоҷик таърихи зиёда аз панҷҳазорсола дошта, давраҳои империявӣ ва таназзулу суқутро аз сар гузаронидааст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ дар ин бора ишора кардаанд: “Фаромӯш набояд кард, ки тоҷикон таърихи исботшудаи беш аз панҷҳазорсола дошта, ҳанӯз пеш аз зуҳури ислом соҳиби фарҳанги асил ва анъанаҳои қадимаи давлатдорӣ буданд”.
Аммо, бо густариши ислом ба минтақаҳои форсизабон низоми давлатдорӣ низ тағйир ёфта, шаклҳои нави давлатдорӣ дар заминаи таҷрибаи аввалини давлатдории мусулмонон бо риояи қонуну қоидаҳои шариат зуҳур карданд. Низоми давлатдории исломӣ дар ибтидо намунаи давлати теократӣ буд, вале он дер давом накард. Таъсис ёфтани “чунин давлатро бевосита ба фаъолияти Пайғамбари ислом (с) марбут медонанд” (Хашимбеков Х. Ислам и политика: взаимодействие политики и ислама в старанах Ближнего и Среднего Востока, на Кавказе и в Средней Азии. М., 2001, стр. 207). Дар як ҳадиси Пайғамбар (с) омадааст: “Баъди ман дар уммати ман 30 сол хилофат ва баъд амирӣ (яъне низоми ғйри теокартӣ) рӯи кор меояд”(Абу Дауд, «Сунна», стр. 9, хадиси 4648, 4647; Тирмизӣ, «Фитан», стр. 48, ҳадиси 2227). Яъне низоми давлатдории бо ном «Хилофат» аз давлатдории теократии даврони Пайғамбар (с) куллан фарқ дошт.
Ба андешаи таърихнигори мисрӣ Абдулваҳҳоб Наҷчор ин раванд, яъне аз арсаи сиёсӣ берун шудани низоми динӣ ва дунявикунонии он дар аҳди хулафои рошиддин, аз ҷумла дар замони халифа Умар оғоз гардида, роҳбари давлат унвони амирулмуъмининро гирифт. Воқеан аз замони хилофати Уммавиён давлатдории араб тағйир ёфт. Ин низоми давлатдорӣ шакли интихобӣ ва байъати халифаро, ки дар даврони хулафои рошидин ҷой дошт, бекор карда, усули давлатдории меросиро ба ҳукми қонун даровард. Баъд аз суқути он давлатдории дигари арабӣ бо номи Аббосиён оғоз гардид. Ва машрӯияти динӣ касб кардани давлатдорӣ имконият намедод, ки қавмҳои дигар даъвои ҳокимияти сиёсӣ дар ислом кунанд. Азбаски таҷрибаи давлатдории арабӣ бо ислом бо ҳам омехта буданд, ҳар кадоме аз низомҳои давлатдорӣ вобаста ба манфитаҳои худ муносибати худро бо мардуми мусулмони ғайриараб роҳандозӣ мекарданд.
Аммо дар кишварҳои Осиёи Миёна ва шимоли Африқо “низоми давлатдории ҳар қавму миллатҳои мусулмоншуда дар заминаи анъанаҳои давлатдории тоисломӣ ташаккул меёфт”. Маҳдуд гардидани ҳуқуқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии миллату қавмҳои мусулмони ғайриараб аз ҷониби араб “барои пайдоиши давлатҳои миллӣ ва ҳаракату мактабҳои зиддиарабӣ замина гузошт” (Овсиенко Ф.Г. Плитизация конфессий и клерикализации политики: тенденции развития и риски // Религоведение, 2002№ 2. С.23-31).
Аз ҷумла, давлатдории миллии мардуми форсу тоҷик низ хусусиятҳои хоси худро касб карда, аз низоми давлатдории араб куллан фарқ мекард. Бо ривоҷ ёфтани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ шакли давлатдорӣ низ такмил ёфта, унсурҳои нави низоми сиёсӣ дар миёни мусулмонон паҳн шудан гирифт.
Дар асрҳои XIX-XX баъд аз шикасти сохти мустамликадорӣ дар кишварҳои мусулмонӣ шаклҳои нави давлатдории шоҳигарӣ (монархия) дар Арабистони Саудӣ, низоми ҷумҳуриявии исломӣ дар Покистон, Эрон ва дунявӣ дар Туркия, Малайзия ва кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ инкишоф ёфтанд. Истиқлолияти миллӣ дар кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон барои эҳё ва рушди арзишҳои динӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ имконияти зиёд фароҳам овард. Масъалаи эҳёи арзишҳои миллӣ ва динӣ ҳамчун омилҳои муҳими заминаи маънавии давлатдории миллӣ хусусиятҳои нав касб кард. Вале таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ ва хусусан мақоми онҳо дар ташкил намудани давлати соҳибихтиёри миллӣ дар он давра ба мавзӯи баҳси тӯлонии миёни доираҳои зеҳнӣ, динӣ, ва сиёсӣ табдил ёфта, гурӯҳҳои муайян халои идеологиро барои тарғиб ва таҳмили андешаҳои ғаразноки сиёсии худ истифода намуданд, ки дар ниҳоят ба муноқишаҳои дохилӣ оварда расонд. Тавре таҷрибаи таърихӣ собит месозад, дар давраи бӯҳрони идеологӣ дар ҷомеа қувваҳои муташаккили сиёсие пайдо мешаванд, ки идеяи онҳо ба оммаи мардум наздик аст ва он метавонад ҳам андешаи миллӣ ва ҳам андешаи динӣ бошад. Дар кишварҳои пасошӯравӣ ва қишрҳои мухталифи онҳо захираи зиёди ҳарду омилҳои номбурда ниҳон буданд. Ҳар кадом қувваи сиёсӣ бо даъвои иштироки фаъол кардан дар низоми давлатсозиро дошт, вале тафовути мавқеъ ва дидгоҳҳо бархӯрди онҳоро ногузир гардонид. Ҳарчанд то ин лаҳза бунёди фарҳанги умумишӯравӣ бар фарҳанги миллию динӣ бартарӣ дошт, вале инҳоро аз байн бурда натавонист. Илова бар ин, маҳз дар шароити шӯравӣ як табақаи зиёиёни миллӣ ташаккул ёфт, ки бо ҳар усул фарҳанги миллиро ҳифз ва барои рушди он мусоидат мекард.
Аз ин рӯ, баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ислом на танҳо дар заминаи решаҳои таърихии худ дар минтақа аз нав эҳё шуд, балки дар зери таъсири омилҳои дохилию берунӣ ғояҳои ифротгароии диниро низ аз ҷаҳони ислом ҷазб кард. Аслан низоми давлатдории кишварҳои мусулмонӣ баъди раҳоӣ аз мустамликаи ғарбӣ барои пайдо шудани ҳаракатҳои динӣ-сиёсӣ ва истифодаи онҳо дар бозиҳаи сиёсӣ мусоидат кард ва ворид намудани ислом ба сиёсат дар ин кишварҳо як амали муқаррарӣ маҳсуб гардида буд. Вале низоми давлатдории кишварҳои Осиёи Миёна дар асоси қонунгузории давлати Шӯравӣ, ки низоми дунявии зиддидинӣ дошт, ворид шудани исломро дар сиёсат ва умури давлатдорӣ ҳамаҷониба пешгирӣ мекард. Аз ин рӯ, баъди истиқлолияти миллӣ ин омил ба интихоби низоми давлатдории дунявӣ дар кишварҳои собиқ шӯравӣ мусоидат кард. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчанд ба ин раванд гурӯҳҳои сиёсӣ муқобилият нишон доданд, вале миллати тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист тавассути ба роҳ мондани муколамаи тарафҳои дунявию динӣ ва ба созиш овардани онҳо, низоми сиёсии дунявиро ҳифз намояд ва бартарии худшиносии миллӣ бар худшиносии диниро амалӣ намояд.
Ҳарчанд гурӯҳҳои ифротии сиёсӣ-динӣ бо низоми дунявият ихтилоф доранд ва онро барои фарҳанги исломӣ бегона меҳисобанд, бояд гуфт, ки давлати дунявӣ усули эътирофшудаи модели давлатдории муосир аст. Падидаи дигари номатлубе дар ҷаҳони ислом қувват гирифта истодааст ва он бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани низоми давлатдории демократӣ мебошад. Ин амал аз ҷониби баъзе рӯҳониён дастгирӣ ёфта, гоҳо ҳукми шаръӣ дар бораи машрӯияти ин амалҳо содир шуда истодааст, ки намунаи равшани он фатвои баъзе уламои исломӣ дар бораи барҳам задани низоми расмии давлатҳои Миср ва Сурия ва дар шабакаи иртиҷоии “Висоли ҳақ” паҳн гардидани ин қабил ҳукмҳои бепоя дар бораи давлатҳои Осиёи Миёна мебошад.
Ҳоло дар кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи мақом ва нақши ислом дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардум мавзӯи баҳси қишрҳои гуногуни ҷомеа шудааст. Зеро ислом дар ин кишварҳо ба ғайр аз арзиши фарҳангӣ-маънавиро доро будан имрӯз дар зери таъсири ҷаҳони ислом хусусияти сиёсӣ низ касб карда, ба масъалаи амнияти миллӣ бевосита таъсир расонида истодааст. Давлатҳои миллиро зарур аст, ки нақши динро дар ташаккули фарҳанги миллӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ муайян созанд. Албатта, муносибати шаҳрвандон ба дин дар ҷомеа ба сатҳи тараққиёти ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва рушди институтҳои шаҳрвандии он вобаста аст. Ислом ҳамчун мактаби ахлоқӣ-маънавӣ дар қатори арзишҳои дигари фарҳангӣ дар рушд ва таҳкими давлати миллӣ метавонад нақши бориз дошта бошад. Дар аксари ҷомеаҳои мусулмонӣ чунин андеша маъмул аст, ки «сиёсикунонии ислом ягона омили истодагарӣ дар муқобили раванди ҷаҳонишавӣ ва таҷовузи фарҳанги бегона аст» (Султонгалиев И. Тенденция политизация ислам в странах Центральной Азии, Астана. 2004).
Бояд таъкид кард, ки яке аз омилҳои асосии нигаҳдории мувозинати сиёсӣ дар минтақа маҳз низоми сиёсии дунявият буда метавонад. Пазируфта нашудани дин ба сифати идеологияи давлатӣ баробарҳуқуқии пайравони ҳамаи дину мазоҳибро дар назди қонун таъмин мекунад ва барои мавҷудияти бисёрақидатӣ дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамзамон ифодагари озодии дин ҳам мебошад. Зеро дар асоси ин принсип баробарии ҳамаи динҳо дар назди қонун эътироф мегардад.
Дар асл дунявият алайҳи дин нест, балки озодсозии дин аз олудагиҳое аст, ки ба дин таҳмил шуданд ва замонате барои имон дар шакли амиқ ва саҳеҳ аст, зеро имони саҳеҳ аз интихоби озодӣ ҳосил мешавад. Дахолати давлат ба дин ва диндорӣ ин ихтиёрро салб мекунад ва дине, ки дар шакли иҷборӣ ҳосил мешавад, ҳаргиз дин ва имони ҳақиқӣ нест. Дар назария ва таҷрибаи дунявият тафовутҳое миёни Ғарб ва Шарқ вуҷуд доранд. Аз ин рӯ, давлатдории дунявии кишварро нусхаи дунявияти кишварҳои Ғарб ҳисобидан хато аст. Азбаски таърихи давлатдории миллатҳо ва фарҳанги сиёсии мусулмонон аз ҳамдигар тафовут доранд, ҷорӣ намудани як шакли давлатдорӣ дар ҳамаи кишварҳо низ ғайриимкон аст. Мутаассифона, баъзе аз сиёсатмадорони исломӣ ҳамин далели таърихиро нодида гирифта, таърихи миллати тоҷикро аз нигоҳи ҳамин меъёрҳо нодуруст баррасӣ менамоянд.
Давлатдории миллии тоҷикон қабл аз ислом нисбат ба давраи исломӣ дида, хеле фарохтар буда, дар он баъзе унсурҳои дунявият зуҳур карда буд. Бе сабаб нест, ки сулолаи асотирии Пешдодиёнро нахустин танзимкунандаи қонунҳо медонанд. Ҳанӯз дар Вандидоди Авасто вазифа ва салоҳияти шоҳ ин сарварӣ кардани ҷаҳон, обод намудани кишвар ва хизмат кардан ба раият буда, вазифаи рӯҳонии ӯ бошад, тарбияи ахлоқӣ ва ба ин тариқ сомонбахшии растагории дунёии мардум мебошад” (Мӯминҷонов Ҳ. Тӯрон-гаҳвораи тамаддуни Ориёӣ. Душанбе, 2004).
Аммо намунаи олии давлатдории таърихии тоҷикон ин давлатдории Сомониён буд. Дар он муносибати давлат ва дин бо назардошти манфиатҳои давлатдории миллӣ ба роҳ монда шуда буд. Вале бунёди давлати Сомониён дар қаламрави хилофати исломӣ сабаби норозигӣ ва рақобати арабҳову туркҳо бо ин давлат шуд. Дар зери таълимоти ислом арабҳо ҳама гуна ҳаракатҳои миллиро ҳамчун таълимоти муқобили дини ислом маҳкум мекарданд. Дар асл мавҷудияти ин давлатҳои миллӣ, Сомониён на ба ислом ҳамчун фарҳанг ва дин, балки дар муқобили қудратталабии араб дар минтақаҳои мусулмоннишин истодагарӣ мекард. Дар айни замон мушкилоти асосии мусулмонон ин як донистани таърихи давлатдории араб (Умавиён, Аббосиён) бо таърихи ислом мебошад. Ҳадди ақалл бо мақсади сабақу ибрат гирифтан варақ задани саҳифаҳои сиёсии таърихи ислом ва таҳлили интиқодии он кори савоб хоҳад буд. Зеро, ягон таърих, “ҳатто таърихи сиёсии уммати исломӣ дар назди илм ва дин муқаддас нест ва зимнан аз назари худи сиёсат ва дин низ он масун ва маҳфуз аз хато намебошад” (Давлатов М. Дар он сӯи адён. «Чашмандоз», №2 соли 2001).
Ислом таблиғи принсипҳои озодиро дар ҷомеае, ки дар шароити карахтии идеологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ - сиёсӣ қарор дошт, оғоз кард. Дар Қуръон муҳимтарин масъалаҳои ҳаётӣ- озодии эътиқод, тафаккур, андеша, иҷборӣ набудани пайравӣ аз дин, донистани он чизҳоеро, ки дар осмон ва замин аст, муҷаддадан таъкид намуда, ҳар гуна истибдоди сиёсӣ-диниро наҳй мекунад ва дахолати мардумро дар таъйини сарнавишти худ лозим медонад. Дар Қуръон инсон ҳамчун халифа ва ҷонишини Худо ёд шуда, нисбат ба махлуқоти дигари офаридашуда дар амал озод аст: “Мо роҳро ба ӯ нишон додем, хоҳ шокир бошад ва ё носипос” (Тафсири Қуръон. Қоҳира, саҳ.2004). Тибқи ин оят, инсон мавҷуде аст, ки дар интихоби роҳи худ соҳибихтиёр аст. Аз ин назар инсон ягона махлуқест, ки метавонад сарнавишти худро тағйир диҳад. Зеро Худованд дар Қуръон таъкид мекунад: «Худованд сарнавишти ҳеҷ қавмро тағйир намедиҳад, магар он чӣ дар нафси онон аст, тағйир надиҳанд» (Тафсири Қуръон. Қоҳира, саҳ. 2004). Аз ин оят бармеояд, ки инсонҳо бояд монеи пешрафти худро аз ботини худ берун кунанд ва иродаи тағйир дар сарнавишти худ кунанд ва пас Худованд низ дар сарнавишти онҳо тағйири лозимаро анҷом медиҳад. Инсон ба тавре офарида шудааст, ки чунин қобилиятро дорад. Рисолати пайғамбарон хамин буд, ки инсониятро аз ҷабру ҷаҳолат раҳо кунанд, то онҳо аз неъматҳои озодӣ баҳраманд шаванд ва мавҷудоти оламро мусаххар созанд.
Дар шароити кунунӣ принсипҳои асосии дунявият озодии виҷдон, озодии фардӣ ва озодии ҷаҳонбинии ӯ мебошанд. Озодии эътиқод яке аз унсурҳои муҳими озодии виҷдон мебошад. Бинобар ин, озодии эътиқод ин ҳуқуқи озодона пайравӣ намудан аз ин ё он дин ё тамоман пайравӣ накардан аз ягон дин, озодона ва ихтиёрӣ тағйир намудани дин ва таблиғ кардани андешаҳои динӣ аст. Муқаррар намудани маҳдудиятҳо ва ё таҳқир барои пайравӣ аз дин манъ аст. Дар фарҳанги миллии мардуми тоҷик бошад анъанаҳои дунявият, ба мисли озодандешӣ, таҳаммулпазирӣ, инсондӯстӣ ва озодии эътиқод ҳанӯз қабл аз ислом ҷой доштанд ва баръакс, дар даврони равнақи ислом баъзе унсурҳои он ҳамчун андешаҳои зиддидинӣ аз байн бурда шуданд.
Бо ҳамин далел, метавон тасдиқ кард, ки ислом афрод ва ҷомеаро дар танзими муносибатҳо ва масоили иҷтимоию сиёсӣ соҳибихтиёр медонад. Аз ин рӯ, низоми сиёсӣ дар ислом иҷборӣ нест ва баръакс иҷозат медиҳад, ки муносибати миёни ҳамдигар манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои динию қавмӣ, ҳамчунин ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ риоя ва ҳифз шаванд. Дар таҷрибаи инсоният чунин сохтори муносиб давлатдории дунявист. Аз ин нуқтаи назар, дунявият дар асли худ арзиши умумибашарӣ буда, маҳсули тафаккури инсоният аст ва мансубияти хоси ин ё он қавму миллат нест ва қавмҳои зиёде шаклҳои онро мувофиқи хусусиятҳои миллӣ-фарҳангии худ дар амал татбиқ кардаанд. Албатта, дар замони муосир дунявият дар шакли комили худ дар Ғарб ташаккул ёфта, ба минтақаҳои дигар низ интиқол ёфт. Дар кишварҳои ғарбӣ дар тӯли 200 соли охир ба масоили сиёсӣ ва ҳуқуқӣ диққати бештар зоҳир гардида, ба мавзуъҳои ахлоқӣ ва ҷаҳонбинии амалӣ аҳамияти ҷиддӣ намедоданд. Аммо дар кишварҳои мусулмонӣ зарурати коркарди ҷанбаҳои ахлоқӣ, идеологӣ ва хусусиятҳои ҷаҳонбинии дунявият ниёзи бештар аст.
Бояд гуфт, ки дар раванди чаҳонишавӣ масъалаи озодии виҷдон хусусияти сиёсӣ ва идеологӣ низ касб карда истодааст ва татбиқи он ба сатҳи шуури миллӣ-динӣ дар ҷомеа, вазъи тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ вобаста буда, нодида гирифтани ин омилҳо ва тақлиди кӯркӯрона ба дунявияти ғарбӣ метавонад дар роҳи ҳамзистии дину давлати дунявӣ мушкилоти навро ба бор оварад. Зеро дар Ғарби насронӣ калисо на фақат муносибатро дар дохили иттиҳодияҳои динӣ танзим мекунад, балки ҳамчун намояндаи иттиҳодияҳои динӣ бо ташкилоти дунявӣ ва давлатӣ ҳамкорӣ дорад.
Имрӯз маҳз бо сабабҳои сиёсӣ андешаи «исломи ноб» шиори идеологӣ гаштааст. Акнун ин масъала бо асосҳои шаръии фирқавӣ ва мазҳабии худ нисбат ба худи мусулмонҳо татбиқ карда мешавад. Пайравони фирқаву мазҳабҳои ба ҳам мухолифи исломӣ ҳар кадом хусусиятҳои имондории худро сиёсисозӣ намуда, онро “меъёри ҳақиқати динӣ қарор медиҳанд ва бо шиори «исломи ноб» исломи тарафи муқобилро таҳрифшуда, ботил ва муданнас (нопок) мешуморанд (Тафсири Қуръон. Қоҳира 2004).
Далели равшани тарғиби озодӣ дар Қуръон ин дастур ба тафаккур, тааққул ва истифодаи шуур дар амал мебошад. Оё метавон аз озодии андешаҳое, ки баъзе пайравони ҷараёнҳои ифротгарои динӣ таблиғ мекунанд, пайравӣ кард, дар ҳоле ки онҳо усули ақлии шинохтани озодиро инкор мекунанд ва андешаи ифротии худро ҳақиқати дин ба қалам медиҳанд. Бе сабаб нест, ки дар дин озодии мутлақ танҳо хоси Худованд аст. Аз ин рӯ, шарт ва маҳдудиятеро, ки дар Қуръон ва дигар манобеи исломӣ барои боздоштани мусулмонон аз ҳар гуна ғаразҳои шахсӣ, худбинӣ, тақлид, лаззатпарастӣ ва ҷаҳолат омадаанд, бояд меъёрҳои асосии ҳаёти мусулмонон қарор гиранд. Дар айни ҳол масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсонӣ ва шаҳрвандию динӣ дар доираи қонунгузории давлатҳо танзим мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ принсипи асосии муносибати давлат ба дин дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Дар он дунявият ҳамчун сифати сохти давлатӣ бо назардошти ба вуҷуд овардани шароиту имконият ба рушди арзишҳои миллию динӣ ба расмият дароварда шуда, он тағйирнопазир мебошад. Муҳимтарин ҷанбаи дунявият дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дунявият ба сифати идеологияи расмӣ пазируфта нашудааст. Моҳияти дунявият дар моддаҳои 1, 5, 8, 26, 28, 30 ва 100-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи мукаммали худро ёфтааст. Он ҳамчун арзиши ғайридинӣ принсипи гуногунақидавиро барқарор намуда, имкон медиҳад, ки ҳеҷ кадом ақида ба ҳайси идеологияи давлатӣ ё умумиҳатмӣ пазируфта нашавад, ки ин принсипу шарти асосии ҳамзистии дину давлати дунявӣ мебошад.
Дар ҳар як давлат озодии фард ё шаҳрванд дар он ҷо маҳдуд мешавад, ки ҳифзи ҳуқуқи шаҳрванди дигар аз он ҷо оғоз мешавад. Ҳама гуна озодӣ ҳудуд дорад ва ин ҳудуд маҳдудияти он фард аст ба манфиати дигарон ва ба манфиати кулли ҷомеа. Бинобар ин, озодии виҷдон, эътиқод ва диндорӣ ҳам аз ин маҳдудият берун нестанд. Мафҳуми озодии виҷдон ва эътиқод, таҳаммулпазирӣ, ҳифзи арзишҳои ахлоқӣ- маънавӣ, танзими анъанаву маросим, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак муфассал дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», пурра дарҷ ёфтаанд ва зикри нуқтаҳои муҳими онро зарур мешуморем:
– тибқи муқаррароти қонун ҳеҷ кас ӯҳдадор нест, ки дар бораи мансубияти диниаш ахбор диҳад ва ҳеҷ кас ё ниҳоде низ ҳуқуқ надорад аз шаҳрванд чунин маълумотро талаб кунад;
– ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки дар адои маросими динӣ касеро маҷбур созад;
– барои иштирок дар адои маросими динӣ ягон муҳдудият нест;
– қонунгузорӣ имконият медиҳад, ки мардуми дорои ақидаи динии муштарак иттиҳодияи динӣ таъсис диҳанд,маводи мазмуни динидоштаро ба табъ расонида фурӯшанд ва маводи зарурии аудиоӣ ва видеоиро харидорӣ намоянд.
Ҳамин тариқ, низоми дунявии давлатдорӣ имконият медиҳад, ки инсон ҳуқуқу озодиҳои худ, аз ҷумла озодии диниашро ҳифз намояд, дин ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ рушду нумуъ карда, дар тарбияи ахлоқии инсон саҳм гирад, нақши маънавии дин дар ҷомеа баланд гардад ва аз ҳамин роҳ дар ҳаёти ҷамъиятӣ - сиёсии ҷомеа мақоми сазовореро дошта бошад.
Маҳрамбек Маҳрамбеков,
котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон