Рӯза рукни чаҳорумин аркони панҷгонаи дини ислом ба шумор рафта (пас аз калимаи шаҳодат, намоз ва закот) рӯза доштан ба мусулмонон соли дуюми ҳиҷрӣ фарз гардида аст.
Рӯза дар поксозии бадани инсон нақши закотро дар мол анҷом медиҳад. Пайғамбари акрам (с), ки худ нуҳ сол рӯзаи моҳи мубораки Рамазонро гирифта буд, фармудааст: «Ҳар чизе закоте дорад ва закоти бадан рӯза аст». Расули акрам (с) рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, мефармояд: «Шахсе, ки Рамазонро аз рӯи имон ва ихлос рӯза бидорад, гуноҳҳои гузаштаи ӯ омурзида мешаванд» («Саҳеҳ»-и Бухорӣ).
Ба ривояти Имом Бухорӣ Худованди таоло фармудаанд:
ولفظ رواية البخاري قال الله: كل عمل ابن آدم له إلا الصيام فإنه لي وأنا أجزي به
«Тамоми аъмоли фарзанди Одам моли ӯст, ба ҷуз рӯза ва он моли Ман аст ва мукофоташ назди ман аст.
Бо раҳнамоии Расули акрам (с) заминаҳои иҷтимоии ибодат, аз ҷумла рӯза, дар паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва афрод фароҳам хоҳад омад. Рӯза инсонро чун шахси уҳдадору масъулиятшинос, хештандору ба имон ва василаи беҳтарини тарбия ва тағзия(ғизо додан)-и ҷисму ҷон, тақвияи шуури динию мазҳабӣ, шукуфоии неру ва истеъдодҳои ботинӣ, дарку андешаронӣ дар неъматҳои худовандӣ мегардонад.
Рӯза дорои ҳикматҳои зиёдест, он танҳо як навъи гуруснанишинӣ, риёзати бадан, худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан ва ҳамбистарӣ ё сер кардани гуруснагон нест, балки худдорӣ аз тамоми рафтору кирдори бад, соҳиби ахлоқи ҳамида будан, некӯгардонии хулқу атвор мебошад. Худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан ва ҳамбистарӣ танҳо ҷанбаи зоҳирии рӯза аст ва Худованд ҳеҷ ниёзе ҳам ба он надорад. Рӯза ғизои маънавии рӯҳ мебошад, мисли он ки хӯрок ба тан қувват мебахшад, рӯза ҳам ба рӯҳ неру мебахшад.
Рӯзадор ба монанди намозгузор дар ҳолати ибодат қарор дорад, танҳо фарқ дар он аст, ки агар дар намоз сухани дунёӣ гуфтан ва ҳаракати зиёдатӣ кардан раво набошад, шахси рӯзадор сухан мегӯяду ҳаракат мекунад, вале бояд аз тамоми аъмоли зишту ҷоҳилона, рафтори ношоиста, гуфтори беҳуда, алфози зишту носазо худдорӣ карда, аз хусумат, дурӯғу туҳмату ғайбати дигарон ва амсоли ин канораҷуӣ намояд.
Аз бузургтарин фоидаҳои руҳии рӯза ин аст, ки он боиси хушнудии Худованд ва мағфирати гуноҳону дурӣ ҷустан аз маъсият мебошад. Дар ҳадиси шарифи набавӣ омадааст: “Ҳар шахси рӯзадоре, ки каломи беҳуда ва кори беҳударо тарк накунад, Худованд ниёзе ба гурусна будану ташна будани ӯ надорад” (“Саҳеҳ”-и Бухорӣ).
Худои таоло дар Қуръони карим зимни хитоб ба аҳли имон мефармояд: «Ё айюҳа-л-лазина оману кутиба ъалайкуму-с-сиёма камо кутиба ъала-л-лазина мин қабликум лаъаллакум таттақун» (Эй касоне, ки имон овардед, бар шумо рӯза доштан лозим карда шуд, чунон ки бар касоне лозим карда шуд, ки пеш аз шумо буданд, то бошад ки парҳезгорӣ кунед!) (сураи «Бақара», ояти 183).
Аз ин оят ба таври ошкору возеҳ аён мегардад, ки рӯза ибодати қадимӣ ва бар пайравони динҳои пешин низ фарз гашта будааст.
Уламо адои закотро дар моҳи шарифи Рамазон мустаҳаб донистаанд, ба ҷиҳати қавли Усмон ибни Аффон (раз): “Агар моҳи Рамазон даромад, ин моҳи адои закоти шумост” (Изо дахала рамазон ҳозо шаҳру закотикум...).
Рамазон мактаби ҷавонмардӣ ва бахшиш, мавсими садақаву хайрот аст. Расули акрам дар саховатмандӣ, ҷавонмардӣ ва ғамхориву дилсӯзӣ ба ниёзмандон намунаи ибрат буд. Дар моҳи мубораки Рамазон аз дигар моҳҳо бештар некӣ мекард, ба бахшишу эҳсон мепардохт, сахитару бахшандатар буд. Пайғамбари гиромӣ (с) фармудааст: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад» («Саҳеҳ»-и Бухорӣ).
Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа аз он иборат аст, ки арзишҳои олии фарҳангии милливу диниамон - некиву накӯкорӣ, адлу инсоф, хайру саховат ва дастгирии ятимону дармондагонро дар байни мардуми шарифи Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоем.
Худованди азза ва ҷал дар Қуръони карим ваъда додааст: « ...Ва он чи аз мол харҷ кардед, (нафъ) барои (зоти) шумо аст. Ва лоиқ нест, ки ҷуз барои талаби рӯи Худо (хушнудии Худо) харҷ кунед. Ва он чи аз мол харҷ кардед, ба тамом ба (сӯи) шумо расонида шавад; ва шумо ситам карда нахоҳед шуд» (сураи “Бақара”, ояти 272).
Ҷои дигар Қуръон хабар додааст: «Ҳар ки некие оварад, ӯро даҳчанд (подош) аст...» (сураи «Анъом», ояти 160).
Даҳ баробар дараҷаи поёни подоши як некӣ ва ҳасана мебошад ва он то ҳафтсад баробар ва болотар аз он афзоиш меёбад. Расули Худо (с) мефармояд: «Тамоми амали фарзанди Одам (дар назди Худо) афзоиш дода мешавад. Некӣ аз даҳ то ҳафтсад баробар ва то он ҷое, ки Худо бихоҳад, афзоиш меёбад» («Саҳеҳ»-и Муслим, 2707).
Қуръон дар мавриди афзоиши аҷру подоши аъмоли хайр ва инфоқоти ҷавонмардонаи шахси накукор дар назди Худо чунин тамсил задааст:
«Масали касоне, ки амволи худро дар роҳи Худо харҷ мекунанд, монанди масали як дона аст, ки ҳафт хӯшаро бирӯёнад, дар ҳар хӯша сад дона аст. Ва Худо ба ҳар ки хоҳад, дучанд медиҳад; ва Худо Фарохнеъмати Доно аст» (сураи «Бақара», ояти 261).
Худованд инфоқу ҷавонмардӣ дар роҳи Худоро қарз додан ба Ӯ таоло донистааст. Ба ин маъно, ки ҳар чизеро, ки банда дар роҳи Худо сарф менамояд, подош ва ивази он ба сурати қарзе дар назди Худованд маҳфуз нигоҳ дошта мешавад, балки онро чандин баробар барояш афзоиш медиҳад: «Кист, он ки Худоро нек вом (қарз) диҳад; пас Худо онро барои ӯ дучанд, ба маротиб бисёр месозад» (сураи «Бақара», ояти 245).
Вале, инсон набояд дар пайи садақот, некиҳо ва хайру ҷавонмардии худ миннату озор ва риёкорӣ намуда, баъзан садақагирандаро дар хонаи хеш ғуломвор кор фармояд:
«Барои онон, ки амволи худро дар роҳи Худо харҷ мекунанд, сипас, аз пайи он харҷ кардан миннат (ниҳодан) ва озор(расонидан)-ро (дар миён) намеоранд, назди Парвардигорашон муздашон ҳаст…» (сураи «Бақара», ояти 262).
Пайғамбари Худо (с) фармуданд: «Бар ҳар мусулмоне садақа додан лозим аст». Пурсиданд: «Эй Пайғамбари Худо (с) касе, ки чизе надорад, чӣ кунад?» Фармуданд: «Кори некеро анҷом бидиҳад ва барои худ ва дигарон манфиат бирасонад». Гуфтанд: «Агар натавонист?» Фармуданд: «Ба ҳоҷатманде, ки аз вай кумак мехоҳад, ҳамкорӣ намояд». Гуфтанд: «Агар натавонист?» Фармуданд: «Кори некеро (ки метавонад) анҷом бидиҳад ва аз кори бад худдорӣ намояд ва ҳамин чиз барояш садақа маҳсуб мегардад».
Инчунин Расули Худо (с) фармудаанд:
1.«Ҳамон кас ба ман имон наовардааст (яъне, имони комил наовардааст ва аз ҷумлаи накукорон нест), ки бо шиками сер мехобаду ҳамсояаш гурусна аст ва ӯ аз гуруснагии вай хабар дорад (ё аз ҳоли вай хабар намегирад ва парвое ҳам надорад)».
2. Худро аз оташи дӯзах наҷот диҳед, агарчи бо садақа додани порае аз хурмо. Ва агар ҳатто порае аз хурморо наёфтед, пас бо сухани неку худро наҷот диҳед!
Рӯзҳову шабҳои Рамазон қадру манзалати бузург доранд. Яке аз фазилатҳои ин моҳ он аст, ки савоби амалҳо дар ин шабу рӯз дучанд мегарданд ва гуноҳу хатоҳо бо анҷом додани амали нек, ки сабаби наздик шудан ба Худост, бахшида мешаванд. Тамоми лаҳзаҳои ин моҳ муборак аст, аммо дар ин моҳ шабе вуҷуд дорад, ки онро «қалби моҳи Рамазон» хондаанд ва он «Шаби Қадр» аст. Дар ин шаб Қуръон ба Расули акрам (с) нозил шудааст. Ҳар амали хуб ва тоату ибодате, ки дар ин шаб анҷом дода мешавад, бо амал ва ибодати ҳазор моҳ, яъне як умри одамӣ (беш аз 83 сол) баробар аст.
Қобили тазаккур аст, ки дуои рӯзадор ҳамеша мавриди иҷобат қарор дорад. Аз одоби рӯза дуо аст вақти ифтор, зеро бо ривояти Абудовуд аз Пайғамбар (с) омадааст: “Дуои рӯзадор рад нахоҳад шуд”.
Аз ҷумлаи одоби рӯзадорӣ риояи амри Худои таолост омматан ва дар мавриди рӯза хоссатан. Пас, бидуни иҷозаи шариат хурдани рӯза раво набошад. Тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, ба нафарони зерин хӯрдани рӯза иҷозат дода шудааст:
1) Мариз ба ҷиҳати қавли Худои таоло;
2) Мусофир ба ҷиҳати ояти карима;
3) Зани ҳомила ва ширдеҳ ба ҷиҳати қавли Расули акрам(с): “Ба дурустӣ, ки Худованд хӯрдани рӯзаро ба мусофир, зани ҳомила ё ширдеҳ иҷозат додааст”(إن الله وضع عن المسافر الصوم وشطر الصلاة، وعن الحامل أو المرضع الصوم )
4) Касоне ки ба заъфи пирӣ тавоноӣ ба дошти рӯза надоранд. Мутобиқ ба таълимоти фиқҳи ҳанафӣ, танҳо ин тоифа бо адои фидя рухсати ифторро доранд. Аммо мариз ва дигар соҳибузрон бидуни фидя ифтор менамоянд.
Шариати исломӣ барои мардумон ба ҷиҳати осонӣ ва сабукӣ омад. Худои таоло дар каломи маҷидаш баён менамояд: “Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад...”(сураи “Бақара”, ояти 185).
Агар рӯзадор рӯзаи худро қасдан, шиканад ба ин тавр ки дар давоми рӯз (аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб, ки “рӯзи шаръӣ” гӯянд) таом хӯрад ё шароб ошомад ё ба зани худ ҳамхоба шавад, бар ӯҳдаи вай каффора лозим меояд. Кафорат пас аз моҳи Рамазон иҷро мегардад ва таъхири он дар давоми умр ҷоиз аст.
Падидаи номатлубе, ки дар диёри мо ҳамасола аз ҷониби аксари тоҷирон ба мушоҳида мерасад, ин боло бурдани нарху навои маводи ғизоӣ, фурӯши маводи ғизоии пастсифат ва фиреби харидорон махсусан дар моҳи Рамазон аст. Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят аст, ки Пайғамбари акрам (с) дар мавриди муомилоти хариду фурӯш фармудааст: «Раҳмати Худо бар касе бод, ки ҳангоми харидуфурӯш ва ҳангоми талаби ҳаққаш осонгир бошад». Ҳамчунин аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: «Касе, ки фиребкорӣ мекунад, аз мо нест». Пас, он тоҷироне, ки ба ин аъмоли зишт даст мезананд, худ рӯзадору адои намози таровиҳ менамоянд, мухолиф бо фармудаҳои Худованду Расулаш (с) амал мекунанд, ҳукмашон маълум аст!
Наҷмиддин САЛИМОВ ,
сармуҳаррири маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”