ЗАНОН – ИДОМАДИҲАНДАГОНИ НАСЛИ ИНСОНИЯТ ВА МУХОЛИФИ ТЕРРОРИЗМ

Нашр шуд korbar - пт, 05/24/2019 - 10:04

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳояшон, ки 22 декабри соли 2017 ба мақоми олии қонунгузор ироа гардида буд,   суханронӣ намуда,  аз таҳдиди зуҳуроти манфии терроризм ба ҳаёти осоиштаи мардум ёдрас шуданд. Пешвои миллат тағйирпазирии ин зуҳуроти манфиро вобаста ба шароит ва тағйирёбии манфиатҳо махсус таъкид намуданд.

«Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашадӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

 28 январи соли 2016,  маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»,   маводеро таҳти унвони: « ЭЙ ОН, КИ КУШТА ШУД МОДАР ЗИ ДАСТИ ТУ» ба нашр расонидааст, ки дар сархати он чунин оварда шудааст:

«Арабписаре аз ҷангиёни гурӯҳи ба ном «давлати исломӣ» модари хешроки барои иштирок дар ҷангҳои харобиовар садди роҳаш шудба майдон, назди издиҳоми мардум кашида, бераҳмона ба қатл расонд».

Муаллиф нисбат ба рафтори ин ҷавон чунин ҳарфҳоро дар мақолаи ба табъ расонидаи худ ҷоиз дониста буд: «Аслан ту аз бани одам  нестӣаммо чӣ илоҷ, ки он Зоти пок ба ту сурати одамӣ дода.   Ба ҳарфе  намеарзӣаммо кирдори ноҷавонмардонаат маҷбурам сохт,  то аз қалам алам гирамҲоло марги ҷонсӯзи Фархундаи афғон аз ёдҳо назудуда  боз хабари қатли  мармузи модар аз дасти ту дар  олам ғулғулаю  ғурунбаи мудҳиш барафкандФархундаро ҳам  «бародарони»  ҷоҳили ту сангброн карданду куштанду сӯзонданду  ба обаш андохтанд.  Аммо кирдори разилонаи ту  сахттарин хабарест, ки теша бар решаи ҷон мезанад. Пеши назари ман на туи бераҳму шафқат, балки сурати  модари зору гирёне ҷилвагар аст, ки бори охир  ба писари ҷоҳилу бадкешаш  ба чашмони моломоли яъсу навмедӣ ва раҳму шафқат менигарад.

Бале, яқин аст, ки террористу ифротгаро на ватан дораду на модар ва на эҳсоси қалбу нури басар. Агар медошт, он ҷавони дар боло номбурдашудаи араб модари худро ба қатл намерасонд. Ва амали даҳшатнокеро, ки қалби кӯҳро мешикофад,  содир намекард.   

Устоди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон-Умед Шарипов, низ дар мақолаи худ «Терроризм – доғе дар ҷабини башар» (дар маҷаллаи «Дин ва ҷомеа») террористу  экстремистонро ба манқуртон  ташбеҳ дода, чунин овардааст:

«Агар бигӯем, ки экстремистон хислати манқуртиро ба хотир меоранд, хато нахоҳем кард. Нависандаи машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ Чингиз Айтматов, дар асари худ «Манқурт» мафҳум ва хислати манқуртонаро бисёр возеҳ ва рӯшан тавзеҳ додааст»:

“Асирафтодагони барои ғуломӣ пешниҳодшавандаро аввал мӯи сар метарошиданд ва баъд дар сарашон як порча аз пӯсти уштурро зич мепечониданд. Пасон  дасту пойи онҳоро баста,  ба гарданашон чӯбтахтае меовехтанд, то ки сарашон ба замин нарасад ва бо ҳамин тарз муддати чанд рӯз ононро дар биёбони сӯзон, зери офтоби тобистонӣ мегузоштанд. Таҳти таъсири офтоби тоқатфарсо пӯсти уштур сарро фишор медод ва мӯйҳои дарозшаванда баргашта дохили пӯст даромада, афзоиш ёфтан мегирифтанд. Баъд аз гузашти чанд муддат, шахси асирафтода ё мефавтид ё аз гузаштаи худ куллан фаромӯш карда, барои хоҷаи хеш ғуломи идеалӣ - аз иродаи шахсӣ маҳрум ва ба таври беҳудуд ба хоҷа итоаткор мешуд”. Ҷавонеро бо номи Жоламон ба асорат гирифта, манқурт сохта буданд. Модараш Наймон-она муддати тӯлонӣ писари худро ҷустуҷӯ дошт, вақте ӯро пайдо намуд, номбурда модарашро нашинохт ва бо супориши хоҷагони худ ӯро  бераҳмона ба қатл расонд…

Санад ва ҳуҷҷатҳои таърихӣ гувоҳӣ бар он медиҳанд, ки бештари занону модарон ва духтарони бегуноҳ борҳо қурбонии дасти хунолуди терроризм гаштаанд. Ифротгароёни беандеша ва дур аз аъмоли ҳамидаи инсонӣ мисли алангаи пурхурӯши оташ ҳамаро, ки дучорашон меоянд, ба коми  нестӣ мерасонанд, ҳамаро яксара, ҳатто занон, модарон ва кӯдаконро.  

 Дар ҷаҳони муосир усулҳои нави террор бо сӯиистифода аз террористони мардон ва бадбахтона занон низ домани васеъ паҳн карда истодааст. Террористони худкуш бо фаъолияти тахрибкорона қариб ки  дар тамоми ҷаҳон паҳн гардида, мавқеи худро ҳамчун силоҳ муайян кардаанд.

Аммо кайд намудан бамаврид аст, ки имрӯз тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сартосари олам бар зидди терроризму экстремизм муборизаи шадид ва беамон бурда истодаанд. Дар ин роҳ талошу муборизаҳои занон ва модарони тамоми олам истисно буда наметавонад. Мо модарони тоҷик бояд ҳамеша бо ин гуна падидаҳои номатлуб, ки бо хатари даҳшатафкани худ  ҷаҳонро таҳдид менамояд, пайваста муборизаи шадиду беамон дошта бошем, то ки дасти қаттол ва тахрибсози ин ҷараёни манфур то ба домони фарзандҳои мо низ нарасад.

Боиси хотирнишон сохтан аст, ки аз дасти терористони вуҳушниҳод ҳар рӯз писарон ва шавҳарони бегуноҳи модарони рӯи олам несту нобуд карда мешавад. Бинобар ин, мо модарони тоҷик низ бояд нисбати ин мушкилоти аср фориғболу бетараф набошем. Бояд мубориза ва талошҳои модарон ва занони дигар кишварҳои оламро имрӯз ёдрас  намуда, дар масъалаи зикршгашта мавқеи хешро муайян созем: 

Ҳимоятгари ҳуқуқи инсон, духтараки покистонӣ ва ҷавонтарин ҷоизадори МУКОФОТ-и Нобелии ҷаҳон, Малола Юсуфзай сафири  ҷаҳон дар таърихи Созмони Милали Муттаҳид гашт. Малола Юсуфзайро котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид  Антониу Гуттереш дар рафти ҷаласаи ботантана   қаҳрамон ва фидокору соҳиби қалби бузург номид.  Малола  дар яке аз мусоҳибаҳои худ гуфта буд:

 «Террористону экстремистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ доданд, то ки маро аз роҳи интихобнамудаам боздоранд. Онҳо кӯшиш карданд, ки ба қатлам бирасонанд, аммо  натавонистанд ». Юсуфзай  ҳанӯз соли 2009, ҳангоми 11 солагии худ, дар барномаҳои агентии «Би-би-сӣ» гузориш медод ва   бо зиракиву ҳушёрӣ ва озодандешиаш шуҳратманд гашта буд.  Дар он замон  ӯ гузориш медод, ки толибон намегузоранд, ки духтарон дар мактаб таҳсил намоянд.

Октябри соли 2012  ҷангҷӯёни «Теҳрик-и-Толибон» ба косахонаи сари ин духтарак тир холӣ намуда, ӯро захмӣ карданд. Барои барқарор намудани сиҳатии ин духтари шуҷоатманд духтурон хеле талош варзида, ахиран ҷони ӯро наҷот доданд. Ҳукумат ба Малола  кӯмак кард, то ӯ бо аҳли хонаводааш, ба Лондон- барои идомаи табобат кӯч бандад.  Ҷанговарони толиб бошанд гуфтанд, ки агар Юсуфзай боз ба ватани худ баргардад, ӯро ҳатман хоҳанд нобуд кард.

Моҳи октябри соли 2014, Малола ҳамчун мубориз бар зидди хушунати кӯдакону ҷавонон ва ҳуқуқи тамоми кӯдакон барои гирифтани маълумот, соҳиби  мукофоти Нобел гашт.  

Чунон, ки болотар зикр намудем, модарону занони тамоми ҷаҳон ҳамарӯза дар шаклҳои гуногун бо терроризм мубориза бурда истодаанд, чунончӣ: Нашрияи «Московский Комсомолец» менависад, ки: «Онҳо аксияи «Рӯймоли ҷаҳон»-ро ташкил намуданд».

 Гуфта мешавад, ки  фаъолони ин иқдом тамоми ҷомеаи ҷаҳониро барои мубориза бар зидди терроризм, ҷанг, зӯроварӣ ва хунрезӣ дар тамоми ҷаҳон даъват менамоянд. Аз рӯи андешаи ташкилкунандагони ин иқдом ҳар як зани хоҳишманд метавонад рӯймоли худро равон кунад, баъди чанд муддат тамоми рӯймолҳоро бо ҳамдигар васл менамоянд ва ин рӯймол «Рӯймоли сулҳ» ном мегирад, ки он як навъи эътироз бар зидди амалҳои номатлуби террористӣ ва экстремистӣ маҳсуб меёбад.

Яке аз занҳои фаъоли ин иқдом мегӯяд: «Ман ҳамчун зан-модар тамоми аҳли ҷомеаро бар зидди ҷангу терроризм, зӯроварӣ ва хунрезӣ дар тамоми олам даъват менамоям! Бас аст, хомӯш нишастан ва аз дур тамошо кардан. ки чи гуна хуни фарзандон ва кӯдакони бегуноҳ мерезад. Ман ба тамоми занону модарони олам муроҷиат карда мегӯям, ки агар бархе аз мардҳо ақлу ҳуши худро аз даст дода бошанд, мо идомадиҳандаи насли инсон дар дунё хастем ва бояд нагузорем, ки ин насл беҳуда қурбон нашавад. Ман намефаҳмам, ки мо чиро миёни худ тақсим накарда мондаем, дар ҳоле, ки ҳама инсонем ва Худои мо яктост. Модарон ва хоҳарони азиз, биёед тамоми аҳли оламро ба муҳаббат, сулҳ ва дӯстӣ даъват намоем. Бо ин рӯймоли ба ҳам бастаи худ ҳамаро ба тифоқ будан ва дӯстиву бародарӣ даъват намоем».  

         Ҳаракати дигари занҳо бо номи «Мо умедем» дар Курдистони Сурия ба фаъолият шуруъ намудааст, ки ҳуҷумҳои пайдарпайи террористонаи ба ном «Давлати исломӣ» онҳоро маҷбур сохтааст, то хонаву дари худро гузошта, дар баробари мардон мубориза баранд. Ин занҳо гуруҳи  худихтиёронро ташкил намуданд, ки шиори гуруҳ «Мо он касоне ҳастем, ки моро куштан имконпазир нест, мо умедем». Сабаби ташкил ёфтани чунин гуруҳ ҳуҷуми навбатии террористон дар минтақаи шимолу ҷанубии Ироқ, дар сарҳади  Сурия, соли 2014, ки бештари занҳои бегуноҳ ба хушунат рубарӯ  гашта кушта шуданд, ташкил карда шуд. Ин ҷинояти мудҳиш занону модарони таҳҷоиро водор сохт, то дар даст аслиҳа гирифта, бар зидди террористон мубориза баранд. Қайд карда мешавад, ки дар баробари  аз болои гурӯҳҳои террористии ДИИШ ғолиб омадан, ин отряди занон мақсад гузоштаанд, ки ба хотири бунёди ҷомеаи озод ва  демократӣ, ки дар он занон дар баробари мардон барои ҳифзи марзу буми ватан талош меварзанд, мубориза баранд.

         Лоиқ ба зикр аст, ки мубориза ва талоши занҳои фаъоли дунё бар зидди тероризму ифротгароӣ дар сартосари олам ҳамарӯза ба қайд гирифта мешавад. Гуфтан ҷоиз аст, ки бо ҳама гуна амали терористӣ ва тахрибкорона пеш аз ҳама занҳо зид ҳастанд ва террористону ифротгароёнро шадидан маҳкум мекунанд. Агар мо ба матбуоти даврии кишвар ва ёки шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ биорем, ба андешаҳои зиддитеррористонаи занҳои фаъол шоҳид мегардем, ки ҳар кадом шадидан амалҳои террористонаи бадхоҳони инсониятро маҳкум менамоянд. Хусусан ҳодисаи нангину гӯшношуниди куштори бераҳмонаи сайёҳони хориҷӣ, ки 29-уми июни соли равон дар ҳудуди   ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайваст, ба ин гуфтаҳо далел шуда метавонад. Дар пайи ин ҳодисаи нангин чор сайёҳи бегуноҳ ба таври ваҳшиёна кушта ва чанди дигар захмӣ карда шуданд, ки ин воқеа занҳои фаъоли ҷомеаи моро бетараф гузошта натавонист.  Чунки занон қабл аз ҳама модар ҳастанд ва ҳеҷ модаре намехоҳад, ки дасти харобкори ифротгаро  ёки қотиле то ба домони фарзанди ӯ бирасад. Модарони тоҷик ҳанӯз аз овони туфулият фарзандон ва махсусан писарони худро дар руҳияи парастидани сулҳу осоиштагӣ, хидмати содиқона ба Ватани азиз ва арҷгузорӣ нисбати  расму ойинҳои аҷдодӣ тарбият менамоянд. 

         Яке аз вазифаҳои муҳими модарони тоҷик, ин ба роҳ мондани тарбияи дурусти фарзандон маҳсуб меёбад. Имрӯз мо занону модарон муваззаф ҳастем, ки дар баробари пеш бурдани корҳои ҷамъиятӣ,  давлатӣ ва  ғайра,  тарбияи фарзандонро дар мақоми аввал  қарор бидиҳем, чунки ояндаи Тоҷикистон маҳз аз ақлу заковат ва хиради фарзандони баруманди  миллати тоҷик вобастагӣ дорад.

Шоир низ бар тасдиқи ҳамин гуфтаҳо фармудааст:

Дар дафтари муаллиму омӯзгор нест,

Он тарбият, ки зодаи домони модар аст,

Рафтори модар аз пайи сармашқи кӯдакон,

Беҳтар зи ҳар китоб ва ҳар гуна дафтар аст.

Моҳсафар Яҳёзод,

муовини сармуҳаррири маҷаллаи

«Дин ва ҷомеа»