САРОҒОЗИ РУШД БОВАРИЮ ЭЪТИМОД АСТ

Нашр шуд korbar - вт, 06/18/2019 - 13:37

Ҳамду сано бар Худованди бахшояндаи меҳрубон ва дуруду салом бар Расули гиромӣ (с) ва хонадону ёронаш бод!

Ҷамъомади муҳимме, ки дар Тоҷикистон бо ширкати сарону намояндагони 27 кишвари дунё, инчунин даҳҳо созмонҳои байналмилалии нозир ва мушоҳидагар баргузор гардид, бемуҳобо, обрӯ ва манзалати кишвари моро дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле боло бурд.

Бо ташкил ва дар сатҳи олӣ баргузор намудани Ҳамоиши сарони давлатҳои  аъзои машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё Тоҷикистони азиз исбот кард, ки бузургиву шукӯҳу шаҳомати дилхоҳ мамлакат на аз ҳаҷму ҳудуди он, на аз он ки дар кадом қитъаи олам қарор гирифтааст, балки аз қобилияти ба ҳам овардани ақлҳо, аз маҳорати дуруст муайян кардани роҳу усулҳои пешрафт, пешниҳод кардани ҳадафҳои сулҳу осоиш ва аз миён бурдани ихтилофоти миёни кишварҳо вобастагӣ дорад.

Мо ба хубӣ мушоҳида кардем, ки чӣ гуна сарони бархе кишварҳои муқтадир аз ҳунар ва имконоти Тоҷикистон дар гузаронидани чунин ҷамъомадҳои бузург ба ваҷд омада, изҳори таҳсин мекарданд. Ниятҳои неки Тоҷикистон ва раҳбари муаззами он – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи асосии ин вохӯрӣ ва дар тариқи меҳмоннавозии роҳбарону намояндагони меҳмон дар амал татбиқ гардид: аксарияти онҳое, ки бори аввал ба ин кишвари биҳиштосо омаданд, аз фарҳангу тамаддун ва дарунмояи аслии андешаи миллии тоҷикон, ки сулҳу ваҳдат аст, огоҳ шуданд ва хулоса карданд, ки минбаъд бо Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Аз ин нуқтаи назар, ҷамъомади панҷуми давлатҳои  аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё дар муаррифӣ  ва  баланд гардидани обрӯю эътибор ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ  такони ҷиддӣ бахшид.

Бояд ҳамагон бо хушнудӣ ва ифтихор аз ин давлати бузургамон иқрор кунем, ки  барои мардуми тоҷик ин ҷаласаи хеле шукӯҳманд мояи ифтихор ва шарафи бузург  мебошад. Дар ин ҷаласа дар тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ,   ҳамзамон  масъалаҳои   муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд, аз қабили мубориза бо терроризму ифротфгароӣ, қочоқи маводи мухаддир,  ҷинояткории фаромиллӣ  ва дигар масъалаҳои муҳим  матраҳ гардиданд, ки барои ҳама давлатҳои Осиё ва умуман ҷаҳон, хеле муҳим ба шумор мераванд.

Мо ба ин ақида ҳастем, ки натиҷаҳо ва аҳаммияти ин ҷаласаи муҳташам барои ҳар як тоҷикистонӣ бояд ҳисси масъулият ва ифтихорро аз Тоҷикистон ва раҳбари муаззами он тақвият диҳад, зеро дар замони муосир муҳимтарин чизе, ки мамлакатҳо ва ҳалқҳоро ба ҳам меорад ва боиси пешрафти умум мешавад, ин ба вуҷуд овардани боварию эътимод миёни давлатҳо мебошад. Худованд дар ин маврид мефармояд:

«Ба дурустӣ, Худо ҳолатеро, ки ба қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо [худ] он чиро, ки дар замирашон аст, тағйир диҳанд» (Сураи Раъд, ояти 11).

Чӣ метавон гуфт, ки сабаби сар задани нофаҳмиҳо ва кам гардидани ҳамкориҳо миёни аксар давлатҳо маҳз набудани эътимоду боварист. Ман инро аз сафарҳои зиёдам дар кишварҳои хориҷа борҳо эҳсос кардаам. Иттилооти нодуруст ва аксар афкори дурӯғине, ки тавассути бадхоҳони мамлакати мо аз ҷониби чанд гурезаву фирорӣ ва намояндагони дар ватан бадномшудаи ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ паҳн карда мешавад, мутаассифона, бенатиҷа намемонанд. Баъзе созмонҳои байналмилалӣ ҳатто вазъро дуруст аз дарун наомӯхта, бо ин нафарони ватанбезор ҳамовоз мешаванд, ки ин кор садди эътимоду боварӣ мегардад.

Аммо чӣ тавре ки мегӯянд, зарри холис дар ботлоқ ҳам чун зарри холис боқӣ мемонад. Мардуми мо бузург аст, масалан, дар мақоле халқ мегӯяд: офтобро бо доман пӯшонида намешавад. Ин ба чунин маънист, ки ҳақиқату асл ҳеҷ гоҳ пинҳон нахоҳад монд, овозаву буҳтон ҳатман ҷойи худро ба воқеияту ҳақиқат хоҳад дод.

Мисоли равшани ин андеша ҳамин аст, ки агар ба Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ бовару эътимод намебуд, ин ҳамоиш бо иштироки 27 раҳбару намояндагони мамлакатҳои олам дар ватани мо баргузор намешуд. Дар кори байналхалқӣ ягон иқдом бе омӯзиши пешакӣ ва маълумоти дақиқу аниқ ба роҳ монда намешавад. Барои аксар кишварҳои дунё комилан яқин шуд, ки Тоҷикистон бо азму иродаи бузурги халқи тоҷик ва ташаббусу ибтикороти бесобиқаи Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ оқибатҳои низои дохилиро бартараф карда, рӯ ба ҷониби пешрафти устувор ниҳод.

Дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари Тоҷикистон дар баробари ҳалли масъалаҳои дохилидавлатӣ, инчунин проблемаҳои глобалии сайёра, ташкили ҳамкориҳои судманд миёни давлатҳои ҷаҳон, пешниҳоди ҷолиб дар масъали иқлим ва муҳити зист қарор гирифт. Ном ва ибтикороти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи фаъолияти роҳбари содиқ ба арзишҳои башарӣ, ба фарҳанги волои муомила дар сатҳи ҷаҳонӣ вирди забони ҷаҳониён шуд. Магар аз ин дида бештар ифтихороте барои мардуми сарбаланди тоҷик ҳаст?

Магар омадан ва аз фарҳанги асили тоҷикон огоҳ шудани сарону намояндагони кишварҳое, аз қабили Озарбойҷону Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Урдун, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Чин, Ҷумҳурии Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Федератсияи Россия, Таиланд, Туркия, Шри-Ланка, роҳбарону намояндагони давлатҳои нозир — Ҷумҳурии Индонезия, Ҷумҳурии Филиппин, Ҷумҳурии Беларус, Украина, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Япония, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналамилалии нозир ва шарик — Созмони Милали Муттаҳид, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи парламентии кишварҳои туркзабон, Созмони ҳамкории Шанхай ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои васеъ ва густарда миёни Тоҷикистону ин кишварҳо ва созмонҳо, ворид гардидани сармояи хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ ва аз ҳама муҳим тақвият ёфтани боварию эътимод натиҷаи андак аст? Албатта, не. Беҳтарин ва муҳимтарин натиҷа ин аст, ки оянда роҳи Тоҷикистон барои торафт амиқ рафтан дар муомилоти байналмилалӣ ва ҳалли масоили иқтисодӣ ҳамвор хоҳад шуд.  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш воқеан фарҳанги волои инсондӯстона ва меҳмоннавозии мардуми тоҷикро нишон доданд. Ин ҳамоиш боиси сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ буд ва бори дигар ба ҷаҳониён нишон дод, ки миллати тоҷик дар саргаҳи фарҳанги башарӣ ва инсондӯстӣ қарор дошта, тамаддуни беназире дорад.

Саидмукаррами АБДУҚОДИРЗОДА,

Раиси Маркази исломии

Ҷумҳурии Тоҷикистон