ТАВАҶҶУҲИ МАРДУМИ ОЛАМ БА ТОҶИКИСТОН

Нашр шуд korbar - вт, 06/18/2019 - 14:01

Дар масири давлатдории кишварҳои дунё рӯзҳои таърихӣ дар зеҳни мардум солҳои зиёд мемонад.

Санаи 15 июни соли 2019 аз чунин рӯзҳои фаромӯшношуданӣ аст, ки дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи умумиҷаҳонии "Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё" дар як сатҳи баланд баргузор гардид, ки тамоми мардуми оламро дар ҳайрат гузошт.

Дар давлатҳои Шарқу ғарб чунин ҳамоишҳои байналхалқӣ зиёд ташкил мешавад, аммо ин ҷаласаи бошукӯҳ аз дигар ҷаласаҳо аз чанд ҷиҳат фарқ дошт.

Якум, бо намуди зоҳирӣ, шаҳри Душанбе барои гузаронидани ин нишасти роҳбарони воломақоми давлатҳо бо дараҷаи аъло омода карда шуда буд, ки қабл аз ташрифи меҳмонони олимақом васоити ахбори умуми давлатҳои хориҷ онро ҳамчун намунаи шаҳрдорӣ ва одоби меҳмонқабулкунии тоҷикон  ба оламиён хабар доданд.
Дувум, Қасри боҳашамати "Наврӯз" диққати меҳмонони олиқадр ва мардуми дунёро ба худ ҷалб кард.

Сеюм, дараи Варзоб, меваҳои шаҳдбор ва табиати зебои Тоҷикистон роҳбарони баъзе аз давлатҳоро дар ҳайрат гузошт.

Чаҳорум ва аз ҳама муҳим, ин ақлу заковати худододи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тавонистанд бо ин ҳамоиш Тоҷикистонро ҳамчун як давлати озоду обод, мардумонаш бо саодат нишон диҳанд ва миллати тоҷик дар Осиё як миллати соҳибфарҳанг, меҳмондӯсту меҳмоннавоз буданашро боз як бори дигар муаррифи карданд.
Дар ин сатҳи баланд ташкил карда бо ҳазорон муваффақият гузаронидани ин ҳамоиши умумибашарӣ обрӯи Тоҷикистон, миллати тоҷик ва хусусан обрӯи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мо бо ин дастовардҳо ифтихор мекунем.
ҲОҶӢ  ҲУСАЙН МӮСОЗОДА,

сархатиби масҷиди ҷомеи Марказии ш. Хуҷанд