ШУД МУНАВВАР АЗ ҚУДУМИ ДӮСТОН КОШОНААМ...

Нашр шуд korbar - вт, 06/18/2019 - 14:09

Ҳар як миллат дар саҳифаи мавҷудияти худ дар тӯли таърих бо урфу одат ва анъанаҳои хоси худ шинохта мешавад.

Аз зумраи миллатҳое, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ аз худ нақши боризе гузошта, бо урфу одат ва анъанаҳои некашон шинохтаву эътироф гардидаанд, тоҷикон мебошанд. Яке аз одатҳои хуб неки тоҷикона - ин меҳмондорӣ ва меҳмоннавозӣ аст. Меҳмононро азизу муътабар доштан ва иззату эҳтироми онро ба ҷо овардан на кори ҳар кас аст ва на ҳар кас ҳам аз уҳдаи ба ҷо овардани ҳаққи меҳмон мебарояд.

Мардуми меҳмондӯсти тоҷик бо сарварии Ҷаноби олӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои 14-15 июни соли ҷорӣ мизбон ва меҳмондори роҳбарони 27 давлати қораи Осиё буданд. Дар он рӯзҳо Тоҷикистони азиз аз 27 давлати осиёӣ роҳбарон ва шахсиятҳои воломақомро дар пойтахти кишвари худ шаҳри Душанбе қабул ва мизбони ҳамоиши бузурге бо номи "Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё"-ро ба ӯҳда доштанд. Бинобар маълумотҳои расонаҳои хабарӣ фақат журналистони дар ин ҳамоиши иштироккунанда беш аз 600 нафар буданд.  Албатта аз назари ҷомеашиносӣ ва вобаста ба мавзӯи ҳамоиш, ки киҳо омаданду чиҳо гуфтанду ба чи чиз аз назари манфиатҳои милливу давлатдорӣ муваффақ шуданд, ин паҳлуи дигари масъала аст. Вале онҳое, ки омаданд аз ин сарзамини биҳиштосо чӣ таассуроти хотирмоне дар замири худ боқӣ гузоштаанд?

Шаҳри Душанбе, ки шабоҳати шаҳри гулҳоро гирифта, қасри боҳашамати  "Наврӯз", ки дарбаргирандаи санъати баланди меъмории шарқиву ғарбиро дар худ инъикос кардааст ва бинобар гуфтаи хабарнигори шабакаи "Россия - 24" калонтарин чойхонаи дунё ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин доманаи нотакрори дараи Варзоб бо ҳама зебоиҳояш дар мадди назари воситаҳои ахбори ҷаҳонӣ буд. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки қабулу эҳтиром ва дар сатҳи баланд меҳмондориву меҳмоннавозие, ки дар ин рӯзҳо аз ҷониби миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваст, қалам аз васфи он оҷиз ва забонҳо аз баёни васфи он кӯтоҳӣ карданд ва бори дигар ба мардуми олам нишон доданд, ки тоҷикон миллати мутамаддин буданд, ҳастанд ва мемонанд.

Бо дар сатҳи баланд гузаронидани ин ҳамоиш бори дигар Ҷаноби олӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ба оламиён муаррифӣ кунанд, ки тоҷикон миллати мутамаддин буда, дар оянда низ метавонанд давлатдории дурахшоне дошта бошанд.

 Азалшоҳ Шарифзода,

сархатиби шаҳри Ҳисор