
Таърих ва миллати тоҷик ҷасорати Сарвари давлати худро дар раванди таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ, бахусус дар ҷараёни баргузории гуфтушунид дар қаламрави Афғонистон, дар мулоқоте, ки 11 декабри соли 1996 баргузор гардид, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Ҷараёни ин мулоқот дар китоби рӯзноманигорони рус Владимир Сухомлинов ва Геннадий Шалаев «Роҳ ба сӯи созиш» чунин шарҳ ёфтааст: «Эҳтимол вохӯрии аз ҳама пуршиддат ва хатарноку бемисл дар Афғонистон 11 декабри соли 1996 баргузор шуд. Вақте Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Эмомалӣ Раҳмонов пешниҳод намуд, ки гуфтушунидро дар рустои Хосдеҳи Афғонистон гузаронанд, гӯё иродаи Президент Эмомалӣ Раҳмоновро месанҷид. Аз рӯи маслиҳати пешакӣ чархболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бояд дар сарҳад пешвоз гирифта, онро мебоист ба қароргоҳи Президенти онвақтаи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ мебурданд. Ва он ҷо бояд сарлашкари машҳури он кишвар Аҳмадшоҳи Масъуд иштирок мекард.
Вале дар сарҳад чархболи Сарвари давлатро касе пешвоз нагирифт. Дастаи посбонони Президент исрор мекарданд, ки ба Душанбе баргарданд. Дар ҳудуди давлати бегона, ки дар он ҷанги шаҳрвандӣ дар авҷ аст, парвоз кардан хатари бузург дорад. Аммо, ин воқеа бар хилофи чашмдошт хеле бомуваффақият анҷом ёфт: умеду боварии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов амалан боҷуръатии ӯро пурра собит гардонд. Эмомалӣ Раҳмонов ва Нурӣ Протокол дар бораи ба танзим даровардани вазъияти ҳарбӣ - сиёсӣ дар минтақаҳои ҷангро имзо карданд. Агар Президент Эмомалӣ Раҳмонов аз сарҳад ба Душанбе бармегашт, маълум набуд, ки дар Тоҷикистон ин ҷанги бемаънӣ кай анҷом меёфт».
Оромиву амнияте, ки аз баракати Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон тасаллут ёфт, барои бунёди сохтмонҳои азим, равнақи самтҳои мухталифи иқтисодиёт, тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷониба бо кишварҳои ҷаҳон пояҳои мустаҳкам гузошт. Сулҳи тоҷикон аз ҷониби сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳони муосир баҳои баланд гирифта, сабақи судманди таърихии онро дар амнияти минтақаҳои мухталиф арзишманд гардонд.
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин сиёсати сулҳофарии Сарвари Тоҷикистонро бо таваҷҷуҳ ба моҳияти фарогиру ояндасози он ба андеша гирифта навиштааст: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ва ин бесабаб нест. Тамоми кӯшишҳои вай аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳу осоиш ҳамоно амиқтар реша меронад ва дар қиёс ба нуқтаҳое, ки вазъияташон муташанниҷ аст, ин комёбӣ ба худ назир надорад. Он чи дар Тоҷикистон ба амал меояд ва рух медиҳад, барои бисёр халқҳо ва мамлакатҳо намунаи ибрат аст».
Фарҳанги сулҳи Эмомалӣ Раҳмон, ки паёми ваҳдати воқеии тоҷикон, паёми ба орзуву ормонҳои худ расидани халқ буд, ба Президенти Тоҷикистон ва давлати тозаистиқлоли он эътироф, эътибор ва эҳтироми ҷаҳонӣ армуғон овард.
Фаъолияти густурдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи иттиҳоди тоҷикон, ки яке аз аслҳои умдаи ҳадафҳои олии ӯ буд, шахсияти ӯро аз маснади Пешвои ормонии миллӣ то ба ҳадди Пешвои миллати тоҷикон оварда расонд, ки воқеан арзанда аст.
Шомаҳмад ШАРИФОВ,
номзади илмҳои таърих, устоди
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон