БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ДАСТОВАРДҲОИ ОН ДАР СОҲАИ ОЗОДИИ ВИҶДОН”

Нашр шуд korbar - вт, 07/02/2019 - 16:19

Имрӯз, 2-юми июл дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии ҷумҳуриявии “Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он дар соҳаи озодии виҷдон” баргузор гардид.

Дар оғози кори конфронс Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, бо ёдоварӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи дин иброз намуд, ки маҳз сиёсати муваффақи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо дин ва арзишҳои динӣ буд, ки имрӯз ҳамаи шароити лозима барои таъмини ҳуқуқҳои эътиқодии мардум таъмин мебошад. Абдуҷаббор Раҳмонзода таъкид намуд, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қишри рӯҳонияти кишвар низ бояд бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ дар роҳи ҳифзи фазои пурсуботи Ватан, гиромидошти арзишҳои миллӣ, бегазанд нигоҳ доштани фазои мазҳабии кишвар талош ба харҷ диҳанд.

Дар идома Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода бо зикри комёбиву камбудиҳо дар соҳа таъкид дошт, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи дин минбаъд низ барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, густариши фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа ва таъмини шароити мусоид барои бароварда сохтани ниёзҳои динии аҳолии кишвар кӯшиш хоҳад намуд.

Ҳамчунин, дар кори конфронси мазкур роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ  иштирок ва дар мавзӯоте чун дунявият ва таҳаммулпазирии динӣ, исломи сиёсӣ ва паёмадҳои он, ҷойгоҳи дин дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, низоми давлати дунявӣ ва танзими муҳити динӣ ҳамчун омили таъмини амнияти миллӣ, ислом ва муносибати он бо арзишҳои миллӣ ва амсоли он суханронӣ намуданд.