ИШКОШИМ - МАКОНИ ЧАШМАҲОИ ШИФОБАХШ

Нашр шуд korbar - пн, 07/01/2019 - 09:46

Аз бисёр нафарон шунида будам, ки дар ноҳияи Ишкошими вилояти мухтори Бадахшони кӯҳӣ чашмае бо номи «Авҷ» вуҷуд дорад, ки ба бемориҳои зиёде, аз ҷумла чашм, даво мебахшад. Афроди ҳолдон ва  таҷрибадор  қисса мекарданд, ки  шахсони  нури чашмонашон заифгашта ё бо гузашти солҳо хирашуда, ки ба хотири сатҳи бинишашон хубтар шудан аз айнак истифода мебурданд, ҳангоми ба ин чашма барои табобат меомаданд, ҳолати  чашмонашон хеле беҳтар гашта, аз истифодаи айнак даст кашидаанд. Банда низ хостам аз чашмаи овозадори «Авҷ» дидан намоям ва  қудрату тавоноии муъҷизаофари ин чашмаро дар худ бисанҷаму ҳамзамон сиҳатии дидагонамро барќарор намоям.

     Аммо қабл аз сафар ба ќароре омадам, ки сараввал оид ба таърих ва пайдоиши обҳои шифобахши диёрамон, хусусан Бадахшон маълумоти даќиќ ва илмӣ бо худ дошта бошам. Бо ин мақсад сарчашмаҳои илмиву таърихиро низ варақ задам…

     Таҳқиқи обҳои шифобахши Тоҷикистон таърихи дерина дорад. Соли 518 сайёҳони чинӣ Хой Сэн ва Сун Юн, баъдтар Хюэн Сен (соли 664) аз Помир дидан карда, дар бораи обҳои шифобахши он маълумот додаанд. Соли 1272 Марко Поло ва соли 1602 Петер Бенедикт Гоес ба Помир омада, дар баробари олами ҳайвоноту наботот, макони обҳои шифобахш будани ин сарзаминро қайд кардаанд. Дар тадқиқоти обҳои шифобахши  қаламрави Тоҷикистон Б.А. Федченко, Н.И. Берёзкин, Е.Г. Андреев, К.П. Арихбаев, М.В. Лавров, Г.И. Жуков, Е.Т. Исоева, П.Т. Зоиров, И.О. Ќосимов ва дигар олимон низ саҳми назаррас гузоштаанд.

     Дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 200 чашмаҳои шифобахши обашон сард ва гарм мавҷуданд. Аз ин сабаб ташкилу тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ  ва барќарор намудани иншооти санаторию курортӣ дар ҷумҳурии мо пеш аз ҳама аҳамияти иқтисодӣ, тиббӣ ва иҷтимоӣ дорад. Машҳуртарин чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон - Хоҷа Оби Гарм, Явроз, Оби Гарм, Шоҳамбарӣ, Гармчашма, Ҳавотоғ, Зумрад, чашмаи Биби Фотимаи Заҳро, Авҷ, Ямчун ва Зонг мебошанд, ки барои барқароркуни саломатии инсон манфиати зиёд доранд.

     Абӯалӣ ибни Сино дар «Ал-Қонун» оид ба аҳамияти гармоба кардан ва баёни гармобаҳо мегӯяд: «Ҳар кас, ки фарбеҳӣ бихоҳад, бояд баъд аз таом гармоба биравад… Агар касе ҳалшавию лоғар шудан бихоҳад, бояд бо шиками гурусна гармоба кунад ва андар он бисёр бимонад… Бояд аз якбора берун шудан аз гармоба ва баъди он сарро бараҳна ва танро андар маърази сардӣ гузоштан эҳтиёт шуд, балки агар айёми зимистон бошад, бояд ҳангоми беруноӣ аз гармоба бо ҷомаҳои гарм худро бипечид. Касоне, ки ба ҳоли табанд ва ё касоне, ки ба гусастагии пайвастагӣ ва омос гирифторанд, бояд аз гармоба парҳез кунанд».

     Солҳои зиёд орзу доштам, ки манзараҳои зебои Тоҷикистони биҳиштосоро аз наздик бубинам ва аввалин маротиба соли 2016 ҳангоми ба рухсатии меҳнатӣ баромадан барои табобати чашмонам ба ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон азми сафар намудам. Аз дидани кӯҳҳои баланди осмонбӯс ҳаловат бурда, аз чашмаҳои шифобахши он нӯши ҷон кардам. Боду ҳавояш бениҳоят тоза буду табиаташ як гӯшаи биҳиштро мемонд. Чунин эҳсос мекардам, ки гӯё дар як гӯшаи биҳиштии табиати афсункор ќарор доштам. Дар  вилояти Бадахшон сафарам хеле хотирмон сурат гирифт. Дили ҳар як бинандаро табиати афсункори ин диёри шуҳратёри кишварамон ба худ мафтун месохт. Дар сарзамини кӯҳсори Бадахшон пешравиҳои зиёде ба чашм мерасад, ҳангоми сафар мушоҳида намудам, ки мардуми заҳматкаши ин ќисмати кӯҳистон дар тозагиву ободонӣ ва сарсабзу гулзорнамоии макони зисташон хеле заҳматҳо ба харҷ додаанд.

      Дар давоми се соле, ки ба Бадахшон сафар менамоям, аз тарзи замонавӣ таъмир гаштани роҳҳои мошингард ва пулҳои устувори бошаҳомат таассуроти зиёде бардоштаам. Роҳҳо аз маркази кишварамон то Дарвоз мувофиќ ба меъёрҳои байналмилалӣ таъмир ва азнавсозӣ шуда, тамоми мусофирон ва наќлиёти гуногунро бемонеа ба манзили умед мерасонанд. Аз баромади ноҳияи Дарвоз то шаҳри Хоруѓ бошад, роҳҳо дар ҳоли таъмир шудан ќарор доранд. Албатта ҳамагон эътимод доранд, ки дар ояндаи наздиктарин корҳои ободсозии ҷодаҳо то шаҳри Хоруѓ низ ба зудӣ анҷом ёфта, рафтуомади шаҳрвандонро хеле осон мегардонад.

     Ќаблан дар бораи аз чашмаи овозадори «Авҷ» ба воситаи радио шунида будам, ки ҷавонеро дидагонаш хиратар гашта, атрофро тира медид ва баъд аз гирифтани табобат дар чашмаи «Авҷ» ќувваи босирааш дубора барќарор гашта, мушкилии чашмонаш бартараф шудааст. Зимни  сафари аввалаам бо зане низ ҳамсуҳбат шудам, ӯ ќисса намуда буд, ки ќаблан табибон шифо ёфтани чашмонашро тавассути гузаронидани амали ҷарроҳӣ тавсия дода буданд, аммо баъди табобат гирифтан аз чашмаи «Авҷ» аллакай чашмонаш шифо ёфта истодаанд ва акнун беҳтар мебинад. Аз ин шуниданҳо дар ќалбам як эҳсоси хушҳолӣ ва нишот ҷойгузин гашта буд. Шуълаи умед дар хонаи ќалбам фурӯзон шуда, эътимодам  комилтар мегашт ва мехостам ҳар чи зудтар аз оби ин чашмаи муъҷизаноку афсонавӣ истифода  намоям, то ба дидагонам шифо бубахшад.

     Аввалин маротибае, ки дар чашмаи «Авҷ» муолиҷа мегирифтам, аз сабаби мавҷуд набудани шароити мусоид бештари табобатгирандагон дар меҳмонхонаи «Гармчашма» ҷой гарифта истироҳат мекарданд ва муолиҷаи худро дар «Авҷ» сипарӣ менамуданд. Ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон зиёд мехостам, ки шароити будубоши шаҳрвандон дар ин чашмаи нодири овозаву шуҳраташ аз замонҳои дури таърихӣ сар шуда ва  дар замони мо ба мамолики хориҷи олам доман паҳн шуда, хуб ва замонавӣ бошад. То кулли сайёҳони аз дуру наздик меомада ва корафтодагону беморон бе мушкилӣ дар дохили ҳамин табобатгоҳ муҳлати муолиҷаи худро паси сар намоянд.

     Тӯли якчанд рӯзи табобат мушоҳида намудам, ки  сарфи назар аз он, ки муолиҷагирандаҳо ва корафтодагону мусофирон ба кадом як гӯшаи дигари Бадахшони афсонавӣ сафар  накунанд, ҳатман омада аз оби шифобахши «Авҷ» бо худ савѓо мебурданд.  Оби чашмаи «Авҷ» аз дигар чашмаҳо бо он фарќ мекунад, ки он гарми сӯзон  нест. Ин чашма хусусияти зиёди табобатӣ дошта, на танҳо барои табобати бемориҳои чашм, балки барои муолиҷаи дигар бемориҳо низ аз ҷониби коршиносон тавсия дода мешавад.

     Чун фосилаи дури роҳро паси сар намуда, ба ин мавзеи дилрабову афсонавии диёрамон сафар карда будам, мехостам аз тамоми чашмаҳои мавзеъҳои дидании он баҳра бардорам ва ба Душанбе бо худ таассуроти зиёду аҷибе бубарам. Ният кардам, ки ба чашмаи «Бибифотимаи Заҳро» низ равам ва онро ҳам тамошо намоям. Баъд аз ду рӯзи муолиҷа гирифтанам дар «Авҷ» аз шаҳри Душанбе се нафар зан барои табобат гирифтан ба чашма  омаданд. Мушоҳида кардам, ки онҳо барои рафтан ба чашмаи «Бибифотимаи Заҳро» наќшае тарҳрезӣ намудаанд. Аз эшон хоҳиш кардам, то маро ҳамроҳи хеш бибаранд, ҳадафи хешро барояшон баён намудам. Субҳгоҳон бо ин занҳои таҷрибадор  роҳҳои пурпечутоб ва баландиҳои ба хуршед наздикро паси сар карда, ба чашмаи «Бибифотимаи Заҳро» низ расидем.

     Ќайд кардан бамаврид аст, ки чашмаи номбурда  дар баландие байни ду кӯҳ воќеъ гашта, як манзараи дилфиреберо доро мебошад. Маќоли миёни мардум маъмули: «Шунидан кай бувад монанди дидан», ба хотирам расид ва аз ба ин ҷо омаданам хело хурсанду ќаноатманд гашта будам. Чашмаи «Бибифотимаи Заҳро» низ  хусусияти зиёди табобатӣ дошта, барои бисёр бемориҳо давои хубе мебошад. Хусусан барои  табобати бемориҳои узвҳои ҳозима, ҷигар, талхароҳа, буѓумҳо, устухон, мушакҳо ва амрози занона муфид аст.     

     Дар сафари аввалам ба Бадахшон аз  «Гармчашма»-и шӯҳратёр  низ дидан намуда будам. Чун ин офаридаи Худованд  ва ин муъҷизаи нотакрори табиати диёрамонро борҳо тавассути оинаи нилгун тамошо карда будам, орзу доштам то онро рӯзе аз наздик бубинам.  Аз ин рӯ, дар сафари аввалаам аз «Гармчашма» дидан намудам. Оби ҷӯшони «Гармчашма» аз ќаъри замин фаввора зада мебарояд ва ҳарорати гармии он ба ҷисму рӯҳи инсон неру ва тавони ќавӣ илова менамояд.

     Ин чашмаи овозадор  хусусияти зиёди табобатӣ дошта, хусусан ба бемориҳои пӯст даво мебахшад. Сафари баъдии банда ба ин сарзамини афсонавӣ ба соле рост омад, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида буд.  Бинобар ин, онро фоли нек пиндошта,  хулоса намудам, ки воќеан ҳам мо мардуми сарбаланди тоҷик бояд ҳамеша шукргузорӣ аз  неъматҳои атонамудаи табиати афсункор  ва кӯшишу талошҳои Сарвари давлатамон дар роҳи фароҳамсозии тамоми шароитҳои  мусоид барои зиндагии шоиста, аз ҷумла, озодона сафар намудан,  муолиҷа гирифтан  ва дигар неъматҳои насибгардида намоем.

     Лозим ба ёдоварист, ки соли 2019 - 2021-ро Пешвои муаззами миллатамон дар Паёми навбатии худ «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудаанд. Аз ин лиҳоз, ҳар як нафари мо муваззаф ҳастем, ки барои  амалан ҷорӣ гардидани ин азми Пешвои миллатамон дар ободониву рушди диёр саҳми чашмрас гузорем. Кӯшиш намоем, ки болои он ҳама ҳадяву офаридаҳои табиат  боз маҳсули заҳмату меҳнати худро зам намуда, ҳар гӯшаи зебои диёрамонро ба бӯстону гулистон табдил диҳем ва тамоми осоишгоҳу табобатгоҳҳои мамлакатамонро аз кулли шароитҳои муосиру замонивӣ таъмин созем. Самаранок истифода бурдани чашмаҳои шифобахш метавонад ҳам ба солимии ҷомеа мусоидат намояд ва ҳам яке аз соҳаҳои сердаромади ҷумҳурӣ гардад. Барои амалӣ сохтани туризми табобатӣ омода кардани шароит, тарбияи мутахассисон ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ мувофиқи матлаб буда, ин амал метавонад  шумораи ҳарсолаи сайёҳону табобатгирандагони табобатгоҳҳо ва осоишгоҳҳои диёрамонро, ки бештари онҳо бо обҳои шифобахши  фоидаовар таъмин ҳастанд,  хеле зиёд намуда, аз ин ҳисоб манфиати назаррасе ба иќтисодиёти мамлакат  ворид гардад.

Зайнура Ҳалимова,

муҳаррири маҷаллаи «Дин ва ҷомеа»