МАФҲУМИ ҲАҶ ВА ВАЗИФАИ ҲОҶӢ АЗ НИГОҲИ НОСИРИ ХУСРАВИ ҚУБОДИЁНӢ

Нашр шуд korbar - вт, 07/09/2019 - 11:23

Бо инсоф амал кардан, адлро риоя намудан ва ба ҳар гуна кору амал аз рӯи виҷдон, на бо тақлиди кӯркӯрона муносибат кардан дар айни замон муносибати оқилона бо рукнҳои ислом аст.

 Эмомалӣ Раҳмон

Дар таърихи 12-уми моҳи майи соли гузашта вохӯрии навбатии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар баргузор гардид. Дар баробари зикри масоили барои рушд ва амнияти миллӣ зарур, Пешвои миллат ҳамчунон аз арафаи моҳи шарифи Рамазон ва маносики Ҳаҷ ёдовар шуданд. Хеле ҷолиб аст, ки Президенти муҳтарам онҳоеро, ки нияти тавофи хонаи Худоро доранд, бар он даъват намудаанд, то нахуст аз аъмоли нек ва дастгирии як ё ду бенаво андешанд ва баъд аз он андешаи сафар кунанд. Пешвои миллат ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ривояти машҳуреро аз ҳаёти орифи шаҳир Боязиди Бастомӣ оварданд, ки бо вуҷуди дарки маърифат сухани як бенавое ӯро панди бештаре дар масоили дарки худ ва дарки Худо дод. Сухани марди саҳро ба мазмуни он, ки Худо ду хона дорад: яке он, ки инсонҳо барояш сохтанд ва дигаре, ки худ Худо онро сохта, яъне дили инсон. Аз бозе, ки хона барои Худо сохта шудааст, Худо нафасе ҳам вориди он нагардидааст, вале аз бозе инсон тавлид шуда, Худо дар дили вай сукунат дорад, Боязидро ба ҳуш овард ва ӯ ҳафт маротиба гирди он мард гашт, садақаашро ба ӯ бахшид ва ба хона баргашт. Пешво намунаи ашъори пандомезеро низ дар ин масъала аз Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ва Мавлонои Балхӣ овардаанд, то бори дигар асли Ҳаҷ ва тавофро таъкид кунад. Бар мабнои ин таъкид мазмунеро аз як қасидаи Носири Хусрави Қубодиёнӣ (1004-1088) нақл мекунем, ки борҳо мавриди таваҷҷуҳи аҳли маърифат қарор гирифта буд ва имрӯз ба он ниёзи зиёдтар боқӣ мемонад.

Қасида аз 33 байт иборат буда, бо хабари солиму сиҳат омадани ҳоҷиён аз зиёрати Маккаи Мукаррама, тавофу лаббайкаи онҳо, анљом додани маносики ҳаљљи онҳо ағоз мегардад:

 

Ҳоҷиён омаданд бо таъзим,

Шокир аз раҳмати Худои Раҳим.

Омада сӯи Макка аз Арафот,

Зада лаббайки умра аз танъим.

Ҷаста аз меҳнату балои Ҳиҷоз.

Раста аз дӯзаху азоби алим.

Ёфта ҳаҷҷу карда умра тамом,

Бозгашта ба сӯи хона салим.    

 

Ҳаким Носир, пас аз чунин як муқаддимаи ахбормонанд, аз хусуси ба истиқболи эшон баромаданаш ва дар миёни онҳо доштани яке аз мухлисону дӯстони худ суҳбат меорояд. Дӯсташро истиқбол ва изҳори шодӣ аз дидору ҳаҷҷи ӯ карда, ба чунин як пурсише мепардозад, ки дар он моҳияти ҳаҷ кардан ва расолати ҳоҷӣ муаррифӣ мегардад.

Ӯ аз дӯсташ мепурсад, чун нияти ҳаљ  намудӣ, оё ҳамаи он чизе, ки ризои Ҳақ субҳонаҳу нест, бар худ ҳаром фармудӣ?

Бозгӯ, то чӣ гуна доштаӣ

Ҳурмати он бузургвор Ҳарим?

Чун ҳамехостӣ гирифт эҳром,

Чӣ ният кардӣ андар он таҳрим?

Ҷумла бар худ ҳаром карда будӣ,

Ҳарчи мо дуни Кирдигори қадим?

 

Хеле ҷолиб аст, ки Носири Хусрав ҳамаи он аркони ҳаҷро нигоҳ доштан ва онҳоро бо тамоми асли ботинаш дарёфтан Ҳурмати он Ҳарими бузургвор” маънидод мекунад.

Ҷавоби дӯсташ ба ин саволҳо “не” буд ва Носир ба пурсишҳои хеш идома медиҳад, ки ҳар саволаш ба ҳар рукни маносик муттаалиқ буд. Масалан, мепурасад: Оё лаббайказаният аз сари сидқ, илм ва таъзими воқеӣ буд ва нидои Ҳақ таоло шунида, чун Мўсои калимуллоҳ ҷавоби боз додӣ? Оё ҳангоми истоданат дар Арафот ба покӣ устувор будӣ ва аз хеш мункир шудӣ ва насими маърифати Ҳақ бар димоғу бар дилат вазид? Оё вақти дар Ҳарами Каъба рафтанат ба монанди аҳли Каҳфу Рақим аз тамоми шаку шубҳаву шарру шӯри нафс ва аз фироқу аз азоби ҷаҳаннам эмин будӣ? Ҷавоби тамоми ин саволҳо ҳамоно “не” буд.  

Гуфт : “Не!”

– Гуфтамаш: “Задӣ лаббайк

Аз сари илму аз сари таъзим?

Мешунидӣ нидои Ҳаққу ҷавоб,

Боздодӣ, чунон ки дод Калим?

Гуфт: “Не!”

 

– Гуфтамаш: “Чу дар Арафот

Истодию ёфтӣ тақдим,

Орифи Ҳақ шудию мункири хеш,

Ба ту аз маърифат расид насим?”

Гуфт: “Не!”

 

– Гуфтамаш: “Чу мерафтӣ

Дар Ҳарам ҳамчу аҳли Каҳфу Рақим.

Эмин аз шарри нафси худ будӣ,

В-аз ғами фурқату азоби ҷаҳим?

Гуфт : “Не!”

Ҳаким Носири Хусрав чун ҷавоби радди дӯсташро шунид, боз ҳам мехоҳад ҳолати ӯро дар ҳар як рукни маносики ҳаҷ даққиқ намояд. Ин мусоҳиба ва пурсишу посухи шоир бо дӯсташ албатта, хусусияти рамзӣ дорад ва Ҳаким мехоҳад барои нафарони дар ҳар давр нияти ҳаҷдошта мафҳум ва мазмуни ҳақиқии онро кушояд. Аз ин рӯ, барои ҳақиқатнигоре чун Ҳаким Носири Хусрав зарур буд, то ҳамаи унсурҳо ва ҳолатҳои марбут ба ин маросимро аз андеша ба қалам ва аз қалам ба қоғаз биёрад.  

Шоир мепурсад, ки оё дӯсташ ба ҳангоми андохтани санг ба шайтони рондашуда амалҳои зишт ва хислатҳои бади худро аз хеш дур сохт ва забҳи зоҳир, ки забҳи гӯсфанда аст, куштани нафси дунашро сабаб шуду қурбаташро ба Ҳақ муяссар сохт ва амсоли ин суолҳои дигарро барои нишон додани мафҳуми аслии маносик рӯи кор меоварад:

 

– Гуфтамаш: “Чу санги ҷимор

Ҳаме андохтӣ ба деви раҷим,

Аз худ андохтӣ бурун яксар

Ҳама одоту  феълҳои замим?

Гуфт: “Не!”

 

– Гуфтамаш: “Чу мекуштӣ

Гӯсфанд аз паи ясиру ятим,

Қурби худ дидӣ аввалу кардӣ

Қатлу қурбон нафси дуни лаим?

Гуфт: “Не!”

 

– Гуфтамаш: “Чу гаштӣ ту

Мутталеъ бар мақоми Иброҳим,

Кардӣ аз сидқу эътиқоду яқин

Хешии хешро ба Ҳақ таслим?”

Гуфт: “Не!”

 

– Гуфтамаш: “Ба вақти тавоф

Ки давидӣ ба ҳарвала чу залим,

Аз тавофи ҳама малоикиён,

Ёд кардӣ ба гирди Арши Азим?”

Гуфт: “Не!”

 

– Гуфтамаш: “Чу кардӣ саъй

Аз Сафо сўи Марва бар тақсим,

Дидӣ андар сафои худ кавнайн?

Шуд дилат фориғ аз ҷаҳиму наим?”

Гуфт: “Не!”

 

Ва пурсанда ба ин суол мерасад:  

 

– Гуфтамаш: “Чу гаштӣ боз

Монда аз ҳаҷри Каъба бар дил рим,

Кардӣ он ҷо ба гӯр мар-худро,

Ҳамчуноне кунун, ки гашта рамим?”

 

Шарми посухдиҳанда аз “не” гуфтанаш меояд ва ӯ ба таври софдилона иқрор мекунад:

Гуфт: “Аз ин  боб ҳарчи гуфтї ту,

Ман надонистаам саҳеҳу сақим”.

Ва Ҳаким ҳам ба дӯсташ ҳақиқатро изҳор мекунад, агарчи он хеле талх буд:

Гуфтам: “Эй дўст, пас накардӣ  ҳаҷ,

Нашудӣ дар мақоми маҳв муқим.

Рафтаӣ Макка дида, омада боз,

Меҳнати бодия харида ба сим.

Гар ту хоҳӣ, ки ҳаҷ кунӣ пас аз ин,

Инчунин кун, ки кардамат таълим”.

Ҳаҷҷе, ки дўсти Носир адо кард, на ҳаҷ, балки “харидани меҳнати бодия ба сим” буд, ба сухане саҳеҳтар, ба бод додани молу сарвати ҷамъкарда ва харидани заҳмати чӯлу биёбон буд. Ҳаҷ кардан бояд инсонро ба Ҳақ наздик созад, ӯро маҳви маърифати ҳастї намояд. Ҳаҷ бояд ҳоҷиро олитарин намунаи хилқат созад. Бидуни чунин ҳадаф ниятҳои дигари ба хонаи Худо рафтани мо ҳеҷ маъное надоранд.

Варқа ОХОННИЁЗОВ,

доктори илмҳои филология