
Оила ва оиладорӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои зиндагии инсонӣ маҳсуб гашта, пойдорӣ ва мустаҳкамии он асоси хушбахтии аъзоёни он дар ҳаёти шахсӣ ба шумор меравад. Оила намунаи олӣ ва таърихии институти иҷтимоӣ буда, зуҳуроти иҷтимоию ҳуқуқӣ маҳсуб мешавад. Дар қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон таърифи ҳуқуқии оила дода нашудааст, вале дар “Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ” таърифи он чунин оварда шудааст: “Оила иттифоқи озод, ихтиёрона, баробарҳуқуқ ва чун қоида якумраи зану шавҳар аст, ки ба муҳаббату эҳтироми тарафайн бо мақсади ташкили хонавода барои тавлид ва тарбияи фарзандон асос ёфта, бо риояи ҳама шартҳои дар қонун зикршуда ва умумияти маънавӣ ва хоҷагӣ, инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳоро байни аъзои оила ба вуҷуд меорад ва дар ҳимояи давлат қарор дорад”(Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Душанбе, 2009. Саҳ. 368).
Дар Қуръон низ таърифи оила бад ин зайл зикр гардидааст: ”Ва аз нишонаҳои Худо он аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон занон офарид, то бо онҳо ором гиред ва дар миёни шумо дӯстию меҳрубонӣ пайдо кард. Ба дурустӣ дар ин кор барои гурӯҳе, ки андеша мекунанд, нишонаҳое ҳаст” (сураи “Рум”, ояти 21). Зану шавҳар бо муҳаббати ҳамдигар, бо таомулу якдигарфаҳмӣ ба оромиш мерасанд ва Худованд низ ба онҳо назари раҳмат намуда фарзандоне ато мекунад, ки идомадиҳандагони насли башарӣ ва созандагони ҷомеаи рушднамуда гарданд.
Дар ибтидо асоси оиларо никоҳ ташкил медод. Никоҳ шакли таърихии муносибатҳои тағйирёбандаи иҷтимоии байни зану мард буда, ҳаёти ҷинсӣ, ҳуқуқу вазифаҳои заношӯиро муайян менамояд. Дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки тақрибан 97 фоизи аҳолии онро пайравони дини ислом ташкил мекунанд, аз бастани ақди никоҳ дар мақомоти “Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” (САҲШ) ва ҳам аз никоҳи мусулмонӣ истифода мебаранд. Яъне, оилаи навбунёд ҳам аз ҷониби давлат ва ҳам аз тарафи аҳкоми шариати исломӣ зери ҳимоя қарор мегирад, гарчанде дар назди қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Танҳо он ақди никоҳе эътироф карда мешавад, ки дар мақомоти давлатии “Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ба ҷо оварда шудааст.
Дар баробари давлат, ки бо қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии хеш гарави ҳимояи оила мебошад, дини мубини ислом низ ниёзи фитрии инсонро ба инобат гирифта, барпо намудани оила ва бинои хонаводагиро шарти асосии зиндагӣ медонад ва устувории оилаи мустаҳкаму солимро дар пешрафти ҷомеа яке аз рукнҳои асосӣ меҳисобад.
Вале аъзоёни оила дар зиндагӣ баъзан ба мушкилоту воқеоти ғайричашмдоште рӯ ба рӯ мегарданд, ки он мустаҳкамии оиларо халалдор сохта, баъзан боиси вайрон гаштани онҳо мегарданд. Гоҳе муносибатҳои ҳасанаи зану шавҳар бо сабаби рафтори ношоистаи зан ё мард, риоя нагардидани ҳуқуқҳои онҳо аз ҷониби якдигар, беэҳтиромӣ нисбат ба ҳам, фош кардани асрори хонавода, завқу табъи ҷониби дигарро ба эътибор нагирифта, ба майли худ рафтор кардани яке аз сарварони оила дар корҳои хонаводагӣ ва ҳолатҳои дигар сабабгори вайроншавии оилаҳо мегарданд.
Ҳар гоҳ кӯшишу талошҳо бенатиҷа монад ва созиш байни зану шавҳар ҳосиле надиҳад, дар натиҷа он ба ҷудоӣ ва талоқ оварда мерасонад, чораи охирини ҳалли ин масъаларо ислом ташреҳ намудааст. Талоқ дар луғат ба маънии “озод кардан”, “ҷудо кардан”, “бардоштани қайду банд” ва “раҳо кардан” аст ва дар истилоҳи шариат талоқ аз ҳукми шаръие иборат аст, ки қайди никоҳ ва ресмони ақдро бо гуфтани калимаҳои махсус бардошта месозад ва ба ҳаёти заношавҳарӣ дар миёни марду зан хотима мебахшад.
Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон гарчанде барои пешгирии ин мушкилот аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ҳамчунин иттиҳодияҳои динӣ саъю кӯшиши беандоза ба харҷ дода шавад ҳам, шумораи вайрон шудани оилаҳо, махсусан дар миёни навхонадорон, сол ба сол зиёд мегардад, ки ин хеле ташвишовар мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2014 аз 95500 ақди никоҳи ба қайдгирифташуда 9 ҳазори он бекор шудааст, ки он нисбат ба соли 2013-ум 9,5 фоиз зиёд аст. Тибқи маълумоти васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ танҳо дар се моҳаи аввали соли 2018 дар ҷумҳурӣ ҳолати вайрон шудани 3043 оила ба қайд гирифта шудааст. Сабаби бештар бекор гардидани ақди никоҳи ҷавонон, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона мебошад. Дар баъзе оилаҳо туфайли камтаҷрибагии сарварони оила (шавҳарон), нокомилии тарбияи навхонадоршудагон, муноқишаҳои беасоси ҳамсарони ҷавон ва зиёд гӯш кардани тарафайн ба “насиҳатҳои хуб”-и баъзе аз “модарони дилсӯз” оилаҳои ҷавон пош мехӯранд. Вайроншавии оила дар дини мубини ислом амали бад маҳсуб меёбад. Дар робита ба ҳолати аз ҳам ҷудошавии зану мард дар Қуръони карим чунин омадааст: «Ва чӣ гуна онро бозмегиред, ҳол он ки шумо аз якдигар ком ситонадаед; ва занон аз шумо паймони устуворро гирифтанд?!» (сураи “Нисо”, ояти 21). Аз ин рӯ, ҳар коре ки сабаби гусастани ин аҳду паймон гардад, аз назари шариат низ зишт аст. Яъне, аз назари ислом талоқ василаест вақте ҳеҷ роҳи ҳал ва имкони созиш боқӣ намонд. Ислом бо вуҷуди нафрат ба талоқ доштанаш иҷозат додааст, ки он воқеъ гардад. Талоқ амрест макрӯҳ (нописанд) ва мустаҳаб (писандида), на матлуб, балки василаест ногузир. Расули акрам (с) низ дар ин маврид мефармояд: «Абғазу ҳалолин ъиндаллоҳи талоқун» (Зиштарин кори ҳалол дар назди Худованд, талоқ аст). Пайғамбари Худо (с) низ дар ин боб фармудаанд: «Издивоҷ кунед ва талоқ надиҳед, пас ҳар оина арши Худои Раҳмон аз талоқ ба ларза ояд» (ҳадиси шариф). Пайғамбар (с) ин ҳадисро барои он фармуданд то ишора бошад, ки талоқ рухсатест ба хотири заруратӣ ва маҷбурӣ ҳалол гардидааст. Чун замони зиндагии марду зан талх гардид, нафрат, адовату кина ҷойи муҳаббатро гирифт, чорае ҷуз ҷудоӣ нест.
Сабаби дигари пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд. Ин масъала низ барои хушбахтии оилаҳои ҷавон бисёр муҳим аст.
Тибқи моддаи 15-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, инчунин додани машварат доир ба масаълаҳои тиббиву генетикӣ ва масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустии маҳали истиқоматии онҳо ба таври ройгон ва танҳо бо ризоияти шахсони никоҳшаванда анҷом дода мешавад. Вале онҳо аз ин ҳуқуқи муқарррарнамудаи қонун истифода намекунанд. Бояд гуфт, ки масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кули аъзои ҷомеаро тақозо мекунад.
Тавре мебинем, шариати ислом аз ибтидо мухолифи талоқ (вайроншавии оилаҳо) буда, он бо оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ асоснок шудааст. Гарчанде дар ислом талоқ ба унвони охирин роҳи ҳалли мушкилоти хонавода ва зану шавҳар дониста шудааст, танҳо дар сурати барои ҳалли мушкилоти хонаводагӣ пайдо нашудани илоҷи дигаре аз он бояд истифода бурд. Дар сурати мавҷуд будани ягон умеде ва роҳи ҳалле зинҳор набояд ба ин амал даст зад. Зеро бисёр ҷавонони мо чи паёмад доштани талоқро нафаҳмида, аз рӯи ҷаҳлу нодонӣ онро истифода мебаранду зуд аз карда пушаймон мешаванд, вале ин пушаймониашон суде надорад.
Дини мубини ислом барои ноил гардидан ба ҳадафҳо, ҳикматҳои бинои хонавода, идомаи зиндагонии хуби занушавҳарӣ ва таҳкими пояҳои ҳаёти оилавӣ аз марду зан хостааст, ки ба ҳуқуқҳо ва масъулиятҳои дуҷонибаи якдигар ва робитаҳои неки ҳамсарӣ аз худ пойбандӣ нишон диҳанд ва дар баробари кӯтоҳиҳои якдигар ва норасоиҳои зиндагӣ бурдборӣ ва таҳаммулпазирӣ намоянд. Дар ин мавзӯъ дар Қуръони карим омадааст: «…Ва бо занон ба ваҷҳи писандида зиндагонӣ кунед, зеро агар онҳоро нописанд кунед, пас, шояд шумо чизеро написандед, ки Худо дар он хайри бисёрро пайдо кунад» (сураи «Нисо», ояти 19).
Дар оилаҳои хуб фарзандони бомаърифати хуб ба воя мерасанд ва ояндаи давлату миллат аз ин гуна фарзандон вобастагии зиче дорад. Агар волидон барои дар роҳи илму дониш роҳнамун намудани фарзандони хеш кӯшиш намоянд, дар ҷомеа оилаи солиму бофарҳанг ба вуҷуд меояд. Буҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доим таъкид менамоянд, ки пешрафту тараққиёти ояндаи кишвар, боигарии давлат аз кадрҳои баландихтисос вобастагии зиёде дорад. Аз ин рӯ, ҳар як падару модарро зарур аст, ки фикри ояндаи фарзандро андешида, онҳоро аз беҳудагардиҳо манъ карда, дар рӯҳияи ватандустию ватанпарастӣ ва инсондӯстӣ тарбият намоянд. Муҳимтарин роҳ барои муваффақ шудан дар тарбияи кӯдак ин риояи амали сегона: муҳаббат, интизом ва ҷиддият мебошад. Се амал аз оилаи солим сарчашма мегирад. Оила макони муқаддасест, ки кӯдак дар он ба воя мерасад. Одоб, ахлоқ ва муоширати иҷтимоӣ низ аз ин ҷо сарчашма гирифта инкишоф меёбад. Дар ин хусус донишманду тарбиятгари бузурги рус Сухамлинский В.Н. чунин навиштааст: «Кӯдак дарки олами инсониро аз модар ва аз рафтори модар ба кӯдак, аз муносибати падар ба модари кӯдак сар мекунад».
Мутаасифона, нуқтаи дигаре, ки ҳоло дар хонаводаҳо дар тарбияи фарзанд фаромӯш шудааст, ин мутолиаи китоб дар муҳити оила мебошад. Вақте волидайн дар назди фарзанд китоб мутолиа мекунанд ё китобро ҳамчун ганҷи маонӣ ҳифз менамоянд, албатта ин ба тарбияи фарзандон таъсири мусбӣ мерасонад. Агар волидайн порае аз қисса ё ҳикоя, шеъри хондаашонро ба фарзандони хеш нақл кунанд, бо фарзандон роҷеъ ба муҳтавои китоб саволу ҷавоб намоянд, шавқи китобхониро дар онҳо бедор месозанд. Устод Садриддин Айнӣ бисёр бомаврид қайд намудаанд: «Хушбахт он касест, ки дар хонадони ӯ касе бе илму бе тарбият набошад».
Бо назардошти тараққиёт ва пешравии ҷамъият, тарбияи насли наврас низ ба худ таваҷҷӯҳи бештареро талаб мекунад. Зеро, мушоҳидаҳо ва омӯзишҳои педагогию психологии солҳои охир нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди дар зарфи 28 соли даврони истиқлолият дар бунёди оилаи устувори тоҷик ба муваффақиятҳо ноил шудан, мушкилоти мувофиқ ба замони нав ба вуҷуд омадаанд, ки ба раванди таълиму тарбияи фарзандон таъсири манфӣ мерасонанд. Ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон, нашъамандӣ, сироятшавӣ аз бемориҳои ВИЧ СПИД, муҳоҷират, таъсири тамаддунҳои хориҷӣ, таассуби динӣ ва ғайра, аз ҷумлаи чунин мушкилот мебошанд.
Ҳаёти солими миллат аз фазои солими оила маншаъ мегирад. Оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа нақши меҳварӣ дар густариши онро дорад. То кадом ҳад вазъи ияҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқии оилаҳо дар сатҳи баланд бошад, ба ҳамон андоза он ба рушд ва пешрафти давлату миллат мусоидат менамояд. Худи таҳкиму таъмини саодату хушбахтии оила як шеваи бархӯрди инсонгароёна ва яке аз рукнҳои асосии низоми давлатдорӣ мебошад.
Муссалам аст, ки ҷомеаи солим аз оила ва насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин, аз тарафи Сарвари давлат соли 2015 дар кишвар «Соли оила» эълон гардида буд, ки аз муҳимтарин иқдомҳои сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти солимии генофонди миллат маҳсуб меёбад. Оила ва ҷомеаро дар сатҳи давлатӣ ташаккул додан, маънои миллатсозист.
Набояд фаромӯш намуд, ки дар оила арҷгузорӣ аз расму маросими миллӣ ва давлатӣ ин пос доштани фарҳанги миллат аст. Маросимҳои давалатию миллӣ унсури фарҳанги миллатро эҳё месозанд. Миллатҳои аврупоӣ бо эҷод ё омехта кардани маросим ё рӯзҳое, ки моҳияти таърихӣ ва илмӣ доранд, ғановати фарҳангии худро такмил ва ғанӣ гардонидаанд.
Фарҳангро низ бояд такмил дод ва ғанӣ гардонд. Дар навбати хеш фарҳанг иборат аст аз барномаҳои хоси оилавӣ, ҷашнҳои миллӣ, идҳои динӣ, муошират бо дӯстон ва талош барои илмомӯзӣ аз синни кӯдакӣ то ба камолот расидан. Ин ҷо анъанаи фарҳангӣ ва тарбияи миллие, ки гузаштагони мо доштанд, ба мо кӯмак мерасонад. Дар кӯдакон эҳтироми волидайн, огоҳмандии фарзанд аз дину оин, маросим ва омӯзиши таърихи гузаштаю ҳозираро ривоҷу равнақ додан аз манфиат холӣ нест.
Зикр намудан ба маврид аст, ки дар баъзе минтақаҳои кишвар оиларо бар пояи суннати авлодӣ байни хешу табор барпо мекунанд. Кам иттифоқ меафтад, ки ҷавонон аз рӯи муҳаббат хонадор шаванд. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки ҷавонон ҳамдигарро ба истилоҳ хуш мекунанд ва оиладор мешаванд, вале дере нагузашта, аз ҳам ҷудо мегарданд. Мутаассифона, баъзе ҷавонон бидуни омодагӣ хонадор мешаванд. Дар асоси баҳамоии марду зан оилаҳо пайдо шуда, фарзандон ба дунё меоянд. Одами солим оилаи солим, ҷамъияти солим давлати солимро пойдевор аст. Мутаассифона, бинобар маълумоти оморӣ дар Тоҷикистон ҳоло зиёда аз 20 ҳазор кӯдаки аз ҷиҳати ҷисмонӣ ё рӯҳӣ нуқсдошта мавҷуд аст, ки таълиму тарбияи 16 ҳазор нафари онҳоро давлат бар дӯши худ гирифтааст ва ҳар як инсони бофарҳангро ин масъала бояд ба фикр кардан водор созад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик низ зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст. Бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори наъшамандӣ ба дунё омаданд. Бинобар ин инсони бофарҳанг, пеш аз он ки оила барпо намояд, бояд дар интихоби ҳамсар андеша намояд. Аз никоҳ бо хешовандони наздик худдорӣ кунад, зеро сабаби нуқсони ҷисмонию рӯҳии кӯдакон бештар ба ин ҷиҳат алоқаманд аст”.
Наҷмиддин Салимов,
сармуҳаррири маҷаллаи «Дин ва ҷомеа»
Фирӯза Эсоева,
мудири китобхонаи Гимназияи
иқтисодии ноҳияи Синои
шаҳри Душанбе