
«Мо бояд як чизро амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон пеш аз ҳама ва беш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташшаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегирад. Ба дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ ба дӯш доранд, пурра эҳсос кунанд». Эмомалӣ Раҳмон
Рисолати тамоми пайғамбарон ва нозилгардидани китобҳои осмонӣ низ, ин берун баровардани башарият аз вартаи ҷаҳолату разолат ва пастфитратию бадахлоқӣ, роҳнамоии эшон ба роҳи пурнуру саодат ва шиносонидан ба ҳақиқати зиндагӣ мебошад. Пайғамбарон барои тамоми насли башар роҳнамо, муаллим ва тарбияткунанда башумор мераванд.Чуноне, ки Пайғамбарамон Ҳазрати Муҳаммад (с) мефармоянд: «Фиристода шудам, то ки ахлоки накӯро роҳандозӣ намоям». «Мустадраки»-и Ҳокими Нишопурӣ.
Аз ин гуфтаи Расули Худо (с) маълумамон мегардад, ки тарбия намудан, яке аз хислатҳои пайғамбарӣ ба шумор рафта, лозим меояд, ки дар аввал худи тарбиятгар аз ахлоқи ҳамида бархӯрдор бошад. Пайғамбарамон (с) беҳтарин падар, шавҳар, пешво, муаллим, ба шумор рафта, дорои ахлоқи ҳамида ва лаёқати тарбиятгарии бениҳоят бузургро доро буданд. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар васфи ахлоқи Пайғамбари ислом (с) чунин мефармоянд:
Он ки маҳтоб аз сарангушташ ду ним,
Раҳмати ӯ ому ахлоқаш азим.
Аз мақоми ӯ агар дур истӣ,
Аз миёни маъшари мо нестӣ.
Тарбия муҳимтар аз таълим маҳсуб ёфта, барои рушду нумӯи фарзанд як амри зарурӣ ба ҳисоб рафта, тамоми ҷанбаҳои зиндагии инсонро дар бар мегирад. Тарбияи хубу воло барои азхуд намудани илму дониш, касбу кор ва ба як шахсияти намоёну беназир оварда расондани фарзанд кӯмак менамояд. Зеро, агар ба рӯзгори ҳар як чеҳраи мондагори таърих назар намоем, ҳатман ӯро як инсони тарбиятдидаву бомаърифат дармеёбем. Агар барои азхуд намудани илму дониш ҷавонону наврасон аз техникаву технологияи замонавӣ ва шарту шароитҳои муосир бархӯрдор шаванд, ин албатта талаботи замони муосир аст, вале агар дар тарбияи онҳо кӯтоҳие зоҳир гардад, дар ҷодаи илму донишашон низ муваффақ намегардем. Дар ин маврид фармудаи мардумие низ вуҷуд дорад, ки чунин мазмун дорад: «Олим шудан осон, одам шудан мушкил».
Шахсе, ки аз адабу ахлоқи накӯ бархӯрдор набошад, ба ҳеҷ ваҷҳе наметавонад дар ҷодаи азхудкунии илму маърифат устуворона қадам занад ва ба як шахсияти орифу донишманде табдил ёбад. Дар ин бора шоири бузург Абдулқодири Бедил ҳам чунин фармудае доранд:
Ҷоҳил аз ҷамъи кутуб соҳиби маънӣ нашавад,
Нисбате нест ба Шероз сухандонеро.
Аз гуфтаи шоир чунин бармеояд, ки барои шахсе, ки арзиши илму донишро дарк намекунад, доштани китобхонаи бузург ва ё дохилшудан ба муассисаҳои таълимии бонуфузи олам ва ё ҳамагӣ зиндагонӣ кардан дар шаҳрҳои бузурги фарҳангиву соҳибтамаддун кофӣ нест. Муҳим ҷавҳари инсон аст, инсони гавҳаршинос ва маънирас метавонад ҳатто дар як кунҷи кулбаи фақиронаи хеш соҳиби илму маърифат гардад ва аз нури дониши хеш шаҳрҳои бузургеро чароғон гардонад.
Бархӯрдор гардидани ҷавонон аз адабу ахлоқи накӯи инсонӣ, ин натанҳо мояи обрӯ ва сарбаландии як хонавода буда метавонад, балки маърифат ва илму амали ҳар як ҷавон боиси пешрафт ва манфиати беандозаи тамоми аҳли ҷомеа башумор меравад. Ҷавонони ҳушманду соҳибмаърифат ва соҳибилм дар ҷомеа гулҳои муаттару хушбӯеро мемонанд, ки бо вуҷуд ва ҳастии худ муҳитро атрогину шукуфонтар мегардонанд. Сифат ва васфи ингуна ҷавононро метавон аз ашъори Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ низ дарёфт, ки чунин мефармоянд:
Обурӯи гул зи рангу бӯи ӯст,
Беадаб берангу бӯ, беобрӯст.
Навҷавонеро чу бинам беадаб,
Рӯзи ман торик мегардад чу шаб.
Тарбияи дурусту накӯи фарзанд як масъулияти ниҳоят бузург аз ҷониби бузургсолон ба шумор рафта, волидони закиву ҳушманд бештар ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Хуб дарк месозанд, ки агар имрӯз ба тарбияи фарзандон диққати муҳим дода шавад, фардо метавон аз маҳсули тафаккури ин гуна фарзандон ҷомеаи пешрафтаву солимеро бунёд сохт. Фарзанди босаводу бофарҳанг метавонад дар оянда бар подоши заҳматҳои волидон беҳтарин рафтору муносибатро нисбати эшон, хешу акрабо инчунин атрофиёни худ зоҳир намояд. Лозим аст, ки ба хотири бомуваффақият адо намудани ин вазифаи пурмасъул, роҳу равиш ва дастуру фармудаҳои орифону донишмандони миллати бузургамонро сармашқи кори худ қарор диҳем. Зеро, дар ин ҷода аз ҷониби онҳо як қатор асарҳову дастурҳои арзишманде ба мерос гузошта шудааст, ки метавонанд дар ин ҷода ёвару мададгор ва роҳнамои хубе бошанд.
Тарбияи фарзанд аз овони хурдсолии ӯ оғоз гардида, ба солим будану бомаърифатии оила вобастагии зиёд дорад, на ба дороию шукӯҳу шаҳомати он. Имрӯз баъзе аз волидон бар ин назаранд, ки сатҳи камбизоатӣ омили асосии бетаваҷҷуҳӣ ва нарасидан ба тарбияи фарзандон гаштааст, ки ин андеша қобили қабул ва комил буда наметавонад. Чунки, борҳо шоҳиди он гаштаем, ки баъзе аз ҷавонони дорои шароити зисту зиндагии хуб, бо сабаби аз тарбияи муҳиму зарурӣ бархӯрдор нагардидан сабабгори ин ё он ҳаводиси нохуш шудаанд. Ин на танҳо бар аъзои оилаи онҳо таъсиррасон гаштааст, балки ба тасвир гӯё чодари ғаму андуҳро бар боми хонаводаи дигарон низ пӯшонидаанд. Мавҷуд набудани сармоя ва имкониятҳои пулию молӣ наметавонад дар масъалаи гирифтани таълим ва тарбия эҷодкунандаи мушкилот ва ё баҳонае гардад. Зеро, чуноне қайд намудем, маҳз илму маърифат ва тарбияи хуб метавонад сабабгори пешгирӣ гаштани қашшоқию қаҳтӣ, гиреҳҳои печ дар печи зиндагӣ ва мушкилоти мухталифи ҷомеа дар тамоми олам гардад. Барои мисол, метавон аз ҳафт соли қаҳтии замони Юсуф-пайғамбар (а) ва се соли муҳосираи иқтисодии замони Пайғамбар (с) ёдовар шуд, ки ин ду амр низ натавонист монеи тарбияи эшон гардад.
Вақте суҳбат дар атрофи номи шуаро, файласуфон ва дигар чеҳраҳои бомаърифату сиёсии олам меравад, воқеан ҳам бештари маврид мушоҳида мегардад, ки эшон ё аз волидони худ, ё аз ҷамъият ва ё аз устодонашон тарбияи хубу кофие бардоштаанд.
Расули акрам (с) мефармоянд: «Ҳар тифле, ки ба дунё меояд, бо худ имони фитрӣ дорад. Волидайн ӯро хоҳ яҳудӣ ё насронӣ ва ё маҷусӣ мекунанд….»(ривояти Имом Бухорӣ). Аз ин гуфтаи Пайғамбари Худо (с) маълум мегардад, ки ҷойгоҳи оила чигуна дар рушду нумӯ намудани фарзанд нақши бузургеро мебозад.
Номи кас бетарбия ҳар гиз намегардад баланд,
Оташи ман тез мешуд, ёрӣ аз доман надид.
Мусаллам аст, ки баҳри аланга гирифтани оташ низ заҳмат ва кӯшиши хоса лозим аст (шояд замоне бо боди домани худ гузаштагонамон аз оташак аланга ва аз аланга оташи сӯзон ба вуҷуд меоварданд). Ба хотири накӯ тарбия намудану шахсияти манфиатовар ба воя расонидани фарзанд пеш аз ҳама дастгирии волидон ва наздикон муҳиму ҳатмӣ ба шумор меравад.
Имом Ғаззолӣ чунин мефармоянд: «Фарзандон амонатанд назди падару модар ва қалби онҳо аз ҳама нақшу нигор покиза мебошад ва ҳар тасвире, ки дар онҳо кашида мешавад, эшон мепазиранд ва ба ҳар самту сӯе, ки кашонда шаванд, равона мегарданд». Пас зарур аст, ба ин амонатҳо хиёнат карда нашавад ва он холигиҳои зеҳну қалби онҳоро метавон бо кирдорҳои мусбату бохирадона пур кард.
Агар ба кӯдакони хурдсол назар намоем, онҳо ба нишастан сари дастурхон, хӯрок хӯрдану гаштугузор дар хона, пӯшидани сару либос, истифода аз ашё ва ғайра хуб аҳамият надода, дар ин масъала ба калонсолон тақлид менамоянд. Ҳамарӯза рафтору кирдор, муомилаву муошират ва ҳамагуна муносибати накӯи волидайн дар зиндагӣ, як мактаби бузурги тарбиявию ахлоқӣ ва намунаи тақлид кардан барои фарзандон маҳсуб меёбад. Акси аъмоли неку бади калонсолон, хоса падар ва модарон дар хислати минбаъдаи фарзандон таҷассум хоҳад ёфт.
Дар дафтари муаллиму омӯзгор нест,
Он тарбия, ки зодаи домони модар аст.
Рафтори модар аз пайи сармашқи кӯдакон,
Беҳтар зи ҳаргуна китобу зи дафтар аст.
Ҳамзамон бо рушду нумӯи ҷисмонии фарзанд, падару модар дар раванди таълиму тарбия, бояд ба инкишофи зеҳнию фикрии кӯдак аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. Чунки тақвияти зеҳнии онҳо хеле зарурӣ буда, ҳатто дар мавқеи аввал қарор дорад. Дини мубини ислом дар рӯзҳои аввали пайдоишаш танҳо коре, ки анҷом дод, ин зеҳнҳои муддатҳо карахт шудаву хобидаи мардумро бедор кардан буд. Ва ҳадаф аз ин намуди тарбия, расидан ба истиқлоли фитрию зеҳнӣ мебошад. Зеро, нафаре, ки мустақилона фикр карда метавонад, дар интихоби илму дониш, касбу кор ва ёру дӯсти хайрҳоҳу самимӣ хато накарда, дар роҳи ба дастовардани манфиат дар самти тарбия муҳтоҷи маслиҳат ва дастуроти махсус ва далелу бурҳон намегардад.
Дар тариқи нафъи худ кас нест муҳтоҷи далел,
Беасо роҳи даҳон маълум бошад кӯрро.
Барои ҳамагон хуб аён аст, ки ҷавонони ҳушманди мо ояндасози миллату давлат маҳсуб меёбанд ва бетарафиву фориғболӣ намудан дар тарбияи насли ҷавон, ин нисбат ба ояндаи миллати худ фориғболӣ намудану заминаҳои инкишоф ва нумӯи онро аз байн бурдан ба ҳисоб меравад. Зеро ҷавонон бидуни одобу тарбияи баланд наметавонанд ояндаи накӯ ва сазовореро бар дигарон ҳадя созанд. Ояндаи накӯи ҳар миллат фақат дар заминаи устувории илм ва фарҳанги воло сабз мегардад. Аз ин рӯ мо ҳамагӣ бояд дар роҳи илму маърифати баланд ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ талошҳои назаррас дошта бошем.
Мустафо РУСТАМЗОДА,
муҳаррии маҷаллаи «Дин ва ҷомеа»