МУДДАТИ САФАР АЗ НИГОҲИ ШАРИАТИ ИСЛОМ

Нашр шуд korbar - пт, 07/12/2019 - 13:56

Ҳамеша мардуми намозгузор дар бораи муддати сафар ва равиши адо намудани намоз гуфтугузор, баҳсҳо ва мунозираҳо мекунанд. Барои равшан кардани ин масъалаи шаръӣ бо овардани назари донишмандони мазҳаби ҳанафӣ ба ин қазия шарҳ дода мешавад.

Аслан дар сафар қаср хондани намоз собит аст, ихтилоф танҳо дар васф аст. Аз ин рӯ, ба сабаби вуҷуди ихтилоф дар васф, рад кардани асли собит ҷоиз нест.

Қаср адо намудани намоз бо оят ва ҳадис собит шудааст. Худованд мефармояд: «Ва чун дар замин сафар кунед ва агар аз он битарсед, ки кофирон шуморо дар бало афкананд, пас гуноҳе бар шумо дар он нест, ки аз намоз (миқдоре) кӯтоҳ созед. Ҳамоно кофирон барои шумо душмани ошкоро ҳастанд» (сураи «Нисо», ояти 101).

Амирулмуъминин Ҳазрати Умар (раз.) мегӯяд: «Аз забони мубораки Расули Худо (с) шунидам, ки намози мусофир дуракъатӣ аст».

Аҳкоми сафар дар китобҳои фиқҳи ҳанафӣ сароҳатан зикр шудааст. Назари донишмандони исломӣ дар ин баҳс гуногун аст. Ин ҷо назари муътабари донишмандони мазҳабро баён мекунем.

Аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ барои қаср хондани намоз паймудани сафари се шабонарӯзӣ шарт дониста шудааст. Дар масофаи роҳи сешабонарӯза қаср хондани намозро баъзе саҳобагони бузургвор монанди Ҳазрати Усмон (раз.), Ибни Масъуд (раз.), Ҳузайфа (раз.) ва назари баъзе тобеини бузург, амсоли Ибни Зубайр, Иброҳими Нахаӣ, Шаъбӣ ва дигарон аст. Фуқаҳои мазҳаб масофаи се шабонарӯзро бо далелҳои зерин ихтиёр кардаанд:

- Вақте нафаре аз ватани аслии худ ба сафар мебарояд, дар ҳоле ки қасди масофаи 120 км-ро дошта бошад ва ӯ ҳангоме аз дарвозаи шаҳр ё аз нишонаҳои деҳа, ки аломатгузорӣ шудааст, берун шуд, мусофир маҳсуб мешавад ва намозашро қаср мехонад;

- Баъд аз расидан ба макони муайяншуда, агар нияти камтар аз 15 рӯз истоданро карда бошад, дар ин муддат намозашро қаср мехонад. Агар аз паси имоми муқим намоз гузорад, он гоҳ намозашро пурра мехонад. Агар аз ин муҳлат зиёд қасди истодан дошта бошад, дар ин ҳолат баъд аз расидан дар ҷои иқомат намозашро пурра мехонад;

- Мусофире, ки аз 15 рӯз камтар нияти истодан дорад, фарзҳои 4 ракъатиро 2 ракъат мехонад.

Ҳазрати Алӣ (раз.) барои муайян кардани ҳади хуруҷ аз ватанаш хонаи найинро нишона қарор дода фармуданд: «Ҳар гоҳе аз ин хонаи найин берун шавам, намозамро қаср мехонам».

Масофаи се шабонарӯз будани муддати сафар аз ҳадиси «Саҳеҳайн»: «Зан бидуни маҳрам масофаи се шабонарӯз сафар накунад» ва аз ҳадиси «Муқим масофаи як шабонарӯз ва мусофир се шабонарӯз масҳ мекашад» собит мешавад. Имом Муҳаммад дар китоби «Осор» ривоят кардааст, ки Ибни Рабеъ аз Абдуллоҳ ибни Умар (раз.) чунин пурсиданд: «Дар кадом масофа намоз қаср хонда мешавад?» Ӯ дар посух чунин фармуд: «Оё минтақаи Сувайдоро медонӣ?». Гуфт: «Шояд намедонам, вале номашро шунидам». Ибни Умар гуфт: «Он масофаи се шабонарӯз роҳ аст ва чун ба қасди сафари он ҷо ба роҳ баромадем, намозро қаср мехонам».

Аммо дар мавзӯи ҳисоб кардани масофаи сафар бо марҳала ду чиз қобили зикр аст: - Чӣ будани марҳала ва миқдори он. Аслан марҳала масофаи сайри рӯзонаи шутурро мегӯянд, ки миқдори онро 24 мил ё 8 фарсах ё 43 км 352 м гуфтанд. Дар «Ҳидояи шариф» омадааст, ки муддати сафар 3 марҳала аст, аммо дар мазҳаби ҷумҳур 2 марҳала аст. Бояд ёдовар шуд, ки як марҳала 40 км мебошад. Мувофиқи қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон айни замон муддати сафар 120 км аст.

Одатан инсони солим дар 1 соат 5 км роҳ меравад. Агар як шабонарӯзро се тақсим кунем, барои мусофир 8 соат барои хоби шаб, 8 соати дигар барои роҳ рафтан ва 8 соати боқимонда барои таҳорату намоз ва хӯрдану истироҳат кардан боқӣ мемонад.

Хулосаи сухан ин аст, ки бо такя ба баъзе аҳодиси саҳеҳи марфуъ ва мавқуф шарт будани масофаи муайян барои қасри намоз ва дигар аҳкоми сафар собит мешавад ва миқдори масофаи қаср тибқи далелҳои дар боло зикршуда 3 марҳала, яъне 120 км мебошад.

Ҷамолиддин ХОМӮШОВ,

омӯзгори  Донишкадаи исломии Тоҷикистон

ва сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази

исломии Тоҷикистон