
Минтақаи Рашт аз сарҳади Қирғизистон сар шуда, қад-қади дарёи Сурхоб ноҳияҳои Ҷиргатол, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, шаҳри Роғун ва як қисми ноҳияи Файзободро дар бар мегирад. Водӣ аз ғарб ба шарқ ба масофаи 300 км ва аз шимол ба ҷануб ба масофаи 160 км тӯл кашидааст. Водиро қаторкӯҳҳои Олой, Зарафшон, Қаротегин ва ба номи Пётри 1 иҳота кардаанд. Дарёи асосии водӣ – Сурхоб буда, аз оби пиряхҳо 10 дарёча вориди он мегардад: аз тарафи рост ба он дарёчаҳои Занкон, оби Кабуд, оби Камароб, Сорбоғ, аз тарафи чап якчанд дарёчаи шӯрак (обҳояшон шӯр мебошанд) мерезанд. Оби Фохтагирак (наздикии деҳаи Ҳиҷборак), оби Рунов (рӯ ба рӯи шаҳраки Ғарм) ва оби Навдонак низ аз қабили онҳо мебошанд. Дар наздикии Оби Гарм дарёи Сурхоб баъди якҷояшавӣ ба дарёи Хингоб номи дарёи Вахшро гирифта, аз ҳудуди минтақаи Рашт ба дигар тараф ҷорӣ мешавад.
Яке аз ноҳияҳои минтақа Рашт маҳсуб ёфта, он аз ду шаҳрак (Ғарму Навобод) ва 12 ҷамоат иборат мебошад. Шаҳракҳои номбурда ва 9 ҷамоат дар тарафи рости дарёи Сурхоб ва се ҷамоат дигар дар тарафи чапи он ҷойгир мебошанд.
Дар қисмати ҷанубу ғарбии ноҳия ҷамоатҳои деҳоти Ҳиҷборак, Аскалон, Қалъаи Сурх чойгиранд, ки аҳолии онҳо аз обҳои чашмаҳои хурду бузурги дар гирду атроф мавҷудбуда истифода мебаранд, мардум ба корҳои кишоварзӣ, боғдорӣ, замбури асалпарварӣ ва чорводорӣ машғул мебошад.
Рошт (Рашти имрӯза) таърихи 2200 сола дошта, бо номи Fурканд ҳамчун яке аз марказҳои фарҳангии минтақа маъруф гашта буд. Забоншиносон вожаи Роштро ранги сурх маънидод кардаанд ва шояд дарёи Сурхоб низ аз ҳамин мафҳум ибтидо гирифта бошад.
Баъд аз барқарор шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар водии Рашт соли 1921 вилояти Ғарм таъсис ёфт (ба худуди он ноҳияҳои Ғарм, Қалъаи Лаби об, Ҳоит,Ҷиргатол, Дарвоз, Тавилдара ва Оби Гарм дохил мешуд). 10 марти соли 1931 бошад, ноҳияи Fарм ташкил дода шуд.
Тибқи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2001 таҳти №190 номи ноҳияи Fарм ба ноҳияи Рашт иваз карда шуд.
Масоҳати умумии ноҳияи Рашт 4,6 ҳазор километри мураббаъро ташкил намуда, аз шарқ ба ғарб 152 км тӯл кашидааст. Ноҳия минтақаи кӯҳӣ буда, кариб 97%-и масоҳати онро кӯҳҳо фаро гирифтаанд ва аз ду тарафи он қаторкӯҳҳои Пётри 1 ва Ҳисор тӯл кашидаанд.
Ноҳия аз сатҳи баҳр дар баландии 1350 метр ҷойгир шуда, дар баландиҳои 1500 то 3000 метр иқлимаш муътадил, тобистонаш салқин ва зимистонаш хунук аст. Давомнокии давраи гармо 128-216 рӯзро ташкил медиҳад. Ҳарорати миёнаи моҳи июл +180 +240 С буда, моҳи январ аз -50 то -100 С ва дар баландиҳои бештар аз 3000 метр иқлими хунук ҳукмфармост. Миқдори боришот ба ҳисоби миёна 600-900 мм-ро ташкил медиҳад. Таркиби хоки ноҳияро хоки ҷигарранги муқаррарии кӯҳӣ, сафеди ҷигарӣ ва сиёҳ ташкил менамояд, ки ин барои парвариши соҳаи растанипарварӣ заминаи хело мусоид аст. Дар ноҳия қариб ҳамаи дарахтони зинатбахшу мевадор (себ, нок, олу, чормағз, олуча, зардолу, шафтолу, тут, гелос, ангур, заранг, бодом, фарк), растаниҳои даштӣ ва бешадаштӣ мерӯянд. Табиат ва иқлими ноҳия барои сайёҳӣ ва кӯҳнавардӣ хеле мувофиқ аст. Чандин солҳост, ки диққати дӯстдорону шавқмандони саёҳат ва кӯҳнавардиро дараи Камароб ва Ҳоит ба худ ҷалб кардааст.
Масоҳати водии Рашт: зиёда аз 22 ҳазор км² буда, аҳолиаш бештар аз 333,300 нафар мебошад. Қаторкӯҳи асосии ин водӣ қаторкӯҳи Рашт аст. Дар ин қаторкӯҳ навъҳои гуногуни ҳайвонҳои ваҳшӣ, аз ҷумла: хирс, гург, шағол, рӯбоҳ, оҳу, ғизол ва паланг мавҷуд аст. Маркази ин минтақа шаҳраки Ғарм буда, теъдоди аҳолии шаҳрак зиёда аз 11100 нафар мебошад. Неругоҳи обии Роғун низ дар ҳамин водӣ ҷойгир шуда, он дар руди пуртуғёни Сурхоб сохта шуда истодааст.
Иқлими водӣ дар қисми болоии он, Ҷиргатолу Тоҷикобод, сард ва дар қисми дигари водӣ гарм аст. Хунукӣ асосан дар баландкӯҳҳо бештар мушоҳида карда мешавад. Водӣ дорои заминҳои хуби ҳосилхез аст, аз ҷумла, даштҳои: Лахш, Ҷиргатол, Ҳоит, водии Ясман, Тоҷикобод, Камаров ва Қалъаи дашт.
Иқлими ноҳияи Рашт барои зироаткорӣ (картошка, гандум, зироатҳои полезию лӯбиёгӣ), чорводорӣ, боғдорӣ, занбӯриасалпарварӣ, пиллакорӣ бисёр мувофиқ аст. Себу нок, туту гелоси Ғарм берун аз ҷумҳурӣ ҳам машҳур мебошанд. Мардуми заҳматдӯсти ноҳия аз замин самаранок истифода мебаранд. Водӣ аз канданиҳои фоиданок бой аст, вале онҳо пурра истифода намешаванд.
То ба имрӯз гузаштаи минтақаи Рашт пурра омӯхта нашудааст. Дар ҳазораи аввали пеш аз солшуморӣ як шохаи Роҳи бузурги абрешим ба воситаи водии Рашт ва Олой гузашта, дунёи Шарқу Ғарбро ба ҳам мепайвастааст. Дар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров қайд карда шудааст, ки дар ноҳияи Ғарм (Рашти ҳозира) мулки Рашт бо пойтахти худ-шаҳри Рашт ва мулки Дарвоз ба пойтахти худ - Қуррон (Карон) воқеъ буданд.
Дар китоби «Тоҷикони Қаротегин ва Дарвоз»-и зери таҳрири Николай Андреевич Кисляков (нашриёти «Ирфон», Душанбе,1966. Ба забони русӣ) омадааст: 200-300-сол пеш қирғизҳо ба водии Қаротегин хеле зиёд омаданд. Нахуст нафаре, ки намояндаи миллати қирғиз буд, Тегин-ота ном дошта, писари ӯ Қара ва келинаш Тегиной ном доштаанд. Гуё ки Тегин-ота ба хотири писараш Қара ва зани ӯ Тегиной ин водиро Қаротегин гуфтааст.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ муҳаққиқон водиро ба се қисм ҷудо намудаанд: Қаротегини боло, миёна ва поён. Қаротегини боло аз сарҳади Қирғизистон то қишлоқи Сайрон (Ҷиргатол), Қаротегини миёна аз ин тарафи қишлоқи Сайрон сар шуда, то якҷояшавии дарёи Сурхобу Хингоб тӯл мекашад.
Қаротегини поён аз якҷояшавии ин дарёҳо оғоз ёфта, то сарҳади водии Ҳисор, қишлоқи Қалъаи Дашти ноҳияи Файзободро дар бар мегирад. Дар забони гуфтугӯи мардум водиро ба қисмҳо ҷудо накарда, аз рӯи деҳа, ҷамоат ва ноҳия ном мебаранд.
Дар асрҳои 4-5 дар ин водӣ тоҷикон умр ба сар мебурданд, вале шумораи онҳо эҳтимолан кам буд. Аз ҳамин сабаб баъди пошхӯрии давлатҳои қарахониён ва қарахитоиҳо қирғизҳо ба ин тараф рӯ оварданд. Яке аз аввалин намояндагони дигари қирғизон, ки ба ноҳияи ҳозираи Тоҷикобод омадааст Қалдар ном дошта, ҳамвории асосиеро қароргоҳи худ интихоб менамояд. Деҳаи Қалдарё (ҳозира Шаҳристон)-ро Қалдар бунёд кардааст ва деҳа номи онро гирифтааст. Н.А. Кисляков ба китоби Александр Шишов «Таджик», тадқиқотҳои этнографӣ ва антропологӣ» (Нашриёти «Средная Азия», Тошкент, соли 1910) такя намуда, қайд менамояд, ки дар мулкҳои Қаротегину Дарвоз қавмҳое умр ба сар мебаранд, ки бо забони форсӣ ҳарф мезананд. Баъзе сарчашмаҳои таърихӣ онҳоро аз авлоди қавмҳои қадимтарин – Саққоиҳо ва Таҳориҳо номбар карданд. Аз ин ҷост, ки номҳои баъзе деҳаҳо ба таркиби шеваҳои шарқӣ-эронӣ шабоҳат дорад: Хуф, Хуфак, Ғарм, Шинглич, Гориф, Вордуч, Нушор, Воринч, Яхак, Пилдон ва ғайра.
Аз сабаби он ки дар даврони гузашта водии Рашт дар мавзеи мушкилгузар, миёни қаторкӯҳҳо ҷойгир шуда буд, тохту тозу бедодгарӣ ва ғоратгариҳои аз ҷониби аҷнабиён, аз қабили Искандари Мақдунӣ, Чингизхон, Темурланг ва ғайра бамиёномада, аҳолии осоиштаро маҷбур менамуд, ки ба ҷойҳои бехавф мисли водии Рашт, Дарвоз, Бадахшон паноҳ баранд. Ин омилҳо сабаб мешуданд, ки оҳиста-оҳиста деҳаҳои нав пайдо шуда, аҳолӣ зиёд шудан гиранд. Аксар вақт тоҷикон дар деҳаҳои алоҳида ва қирғизҳо дар деҳаҳои дигар зиндагӣ мекарданд. Дар баъзе маҳалҳо бошад, тоҷикону қирғизҳо якҷоя ҳаёт ба сар мебурданд.
Тибқи маълумоти барӯйхатгирии аҳолии соли 1959 дар ин водӣ 515 деҳа мавҷуд буда, дар онҳо 68000 одам зиндагӣ мекардааст. Дар натиҷаи заминларзаи мудҳиши Ҳоит (июни соли 1949) зиёда аз 18 ҳазор нафар ҳалок шуда, бисьёр деҳаҳо ба хок яксон шуданд. Аз ин рӯ, аҳолии бисёр деҳаҳо, ки дар ҷойҳои хавфнок ҷойгир гашта буданд, ба минтақаҳои бехавф - ба водиҳои Вахшу Ҳисор, муҳоҷир шудаанд.
Дар ҳудуди ноҳияи Рашт кони ангишти Назарайлоқ ва кони нифелини Турпӣ (ашёи хом барои истеҳсоли алюминий) ҷойгир аст. Қайд бояд намуд, ки захираи кони ангишти Назарайлоқ хело зиёд буда, барои садсолаҳо кифоят мекунад.
Тавре Ирина Сечкина, корманди Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ қайд менамояд: «Дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ аз водии Қаротегин зиёда аз 41 ҳазор нафар ба фронт сафарбар карда шуда буданд. Дар ин ҷанг ду нафар (Ҳайдар Қосимов ва Қаюм Қудратов) фиристодагони Тоҷикистон аз водии Қаротегин (аз ноҳияи Тоҷикобод) сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардиданд. Инчунин як нафар намояндаи водии Қаротегин аз деҳаи Ҷубайи ноҳияи Ҷиргатол дорандаи Ордени Шараф (Ҷенбой Қамаров) мебошад. Зиёда аз 5400 нафар шаҳрвандони водии Қаротегин бо ордену медалҳои гуногуни СССР (Иттиҳоди Шӯравӣ) мукофотонида шуданд. Фиристодагони водии Қаротегин баробари дигар тоҷикон ва халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар тамоми муҳорибаҳои шадиди ҶБВ, аз ҷумла ҳаракатҳои партизанӣ, дар ҳайати қӯшунҳои озодибахши Фаронса, Югославия, Италия ва ғайра зери роҳбарии шахсиятҳои таърихие чун генерал Шарл де Гол, Иосиф Броз Тито бар зидди фашизм ҷангидаанд.
Фарзандони баруманди ин минтақа дар барқарорнамоиву пойдорсозии давлати тоҷикон дар садаҳои бисту бистуяк ҳиссаи арзандае гузоштаанд. Нусратулло Махсум, Мунаввар Шогадоев, Мирзо Раҳматов, Маҳмадулло Холов, Сайдулло Хайруллоев, Боқӣ Раҳимзода, Меҳмон Бахтӣ дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ, инчунин ба ҳайси раисони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон кор ва фаъолият кардаанд.
Олимони соҳаҳои гуногун, аз қабили Акбар Махсумов, Холназар Муҳаббатов, Ғиёсиддин Меъроҷов, Назрулло Сангинов, Мусофир Кабутов ва садҳо нафари дигар аз ҷумлаи он фарзандони барӯманди халқи тоҷик ба шумор мераванд, ки дар ин водии зархез чашм ба олами ҳастӣ кушуда, барои диёри азизамон ва сокинони он дар солҳои мухталиф софдилона хизмат кардаанд.
Дар ноҳияи Рашт ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёдкорию созандагӣ бо маром идома доранд. Дар беморхонаи дорои тамоми шароитҳои замонавӣ барои панҷоҳ кат, ки сохтмонаш соли гузашта бо ҳиммати соҳибкорони маҳаллӣ оғоз гардида буд, корҳои асосӣ ба анҷом расидаанд ва тибқи нақша он дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба истифода дода мешавад. Дар шафати беморхона бошад, сохтмони меҳмонхона ва маркази тиҷоратӣ идома дорад, ки ин биноҳои номбурда дар арафаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Аз ҳисоби маблағҳои шахсии хеш соҳибкорони маҳаллӣ Муҳибулло Бобоҷонов ва фарзандонаш Раҳимҷон ва Бегиҷон 42 км роҳи ҳудуди ноҳия мумфарш гардида, деворҳои зиёди сокинони ноҳия иваз карда шуда, 4 чоҳи обкашӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст. Соли сипаришуда дар ноҳия 58 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, айни ҳол дар 50 иншоот корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Аз 206 иншооти ҷашнӣ соли равон сохта ба истифода додани як адад хонаи истиқоматӣ барои аҳли як хонаводаи маъюб, 13 майдончаи варзишӣ, 3 майдончаи бозии кӯдакона, 4 бинои маъмурӣ, 12 муассисаи таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ, 5 ҳаммом, 6 маркази савдо, 4 толори варзишӣ, 6 чоҳи амудӣ, 6 коргоҳ ва марказҳои таълимӣ – истеҳсолӣ, осорхона, 4 хати оби нӯшокӣ, таъмиру барқарорсозии 2 канал, чароғонкунонии кӯчаҳо, 2 китобхона, 2 бунгоҳи тиббӣ, 3 пул ва асфалтпӯш кардани роҳҳо ба нақша гирифта шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки соли 2006 тантанаҳои расмии «Рӯзи ваҳдати миллӣ» дар ноҳияи Рашт ҷашн гирифта шуда буд. Инак, баъди сипарӣ гардидани 13 сол «Рӯзи ваҳдати миллӣ» дубора дар ин ноҳия баргузор гардид. Боз дар ин ноҳия доир гаштани ин ҷашни таърихии ибратомӯз нишонаи қадршиносӣ ва эҳтироми Роҳбарияти кишварамон нисбати мардуми меҳнатқарину ватандӯсти ин ноҳия мебошад.
Таҳияи Зайнура Ҳалимова,
корманди идораи маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”