РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ НАВИ СТРАТЕГӢ ДАР ДОИРАИ МҲТБО

Нашр шуд korbar - чт, 08/01/2019 - 13:20

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) 5 октябри соли 1992 дар Маҷмаи умумии СММ бо ибтикори Президенти собиқи Ҷумҳурии Қазоқис­тон Нурсултон Назарбоев рӯи кор омадааст. Рушди устувори кишварҳоро бе ҳамгироӣтасаввур кардан нашояд, инчунин дар доираи он бартараф намудани сатҳи иқтисодии кишварҳо, хатари ҷанги ядроӣ, низоъҳои иттилоотӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризму ифротгаройии динӣ, масоили экологӣ роҳи ҳал меёбанд. Осиё яке аз қитъаҳои калонтарин ба ҳисоб меравад ва бо Аврупо АвруОсиёро ташкил медиҳад, ки дар маркази омӯзиши геополитикӣ қарор дорад.

Ба андешаи мо, маҳз дар ҳамин давраи афзоиши низоъҳои сиёсию иқтисодии сатҳи глобалӣ раёсати МҲТБО-ро ба дӯш гирифтани Тоҷикистон кори бениҳоят масъулиятнок ва боиси ифтихори насл­ҳои имрӯзу фардои кишвар аст, зеро ин далели он аст, ки нуфузу обрӯи байналмилалии кишвар на танҳо дар байни давлатҳои Осиё, балки дар ҷаҳон боло меравад.

Муқовимат ба терроризму экстремизм, истеҳсол ва паҳншавии маводи мухаддир ва таъмини сулҳу суботи минтақавию ҷаҳонӣ, кумаку дастгирии байниҳамдигарии давлатҳо аз муҳимтарин мавзӯъҳое буданд, ки дар ҷараёни машварат аз тарафи роҳбарон ва намояндагони давлатҳои иштирокчии ҳамоиши сарони кишварҳои узви МҲТБО мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бояд зикр кард, ки гуфтушунид ва ҳамкориҳои оянда, ки дар заминаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё миёни кишварҳои аъзо сурат гирифт, имконияти расидан ба меъёрҳои форумро таҳким мебахшад.

Дар тӯли 27 соли фаъолият Машварат ба ҳадафҳои асосии муайяншуда, хусусан, дар масоили мубориза бо терроризми байналмилалӣ, экстремизми хушунатомез, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дигари фаромиллӣ, ноил гардидааст, зеро аксарияти кишварҳои узв ба таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ манфиатдор ҳастанд. Инчунин, кишварҳо узви созмонҳои дигари амниятӣ низ мебошанд ва дар доираи онҳо тадбирҳои муқовиматӣ меандешанд.

Дар баробари ин, қайд кардан бамаврид аст, ки қитъаи Осиё пур аз тазод ва мухолифатҳост. Дар он тамаддуну миллатҳо ва динҳои гуногун мавҷуданд. Танҳо зикр намудани зиддияту хушунатҳои байни Ҳиндустону Покистон, Исроилу Эрон, Фаластину Исроил, Россияву Украина, Озарбойҷону Арманистон кофист, то дарк намоем, ки вазъият чӣ гуна аст. Бешубҳа, қитъаи Осиё вазъияти бисёр мушкилро паси сар карда истодааст. Аз як тараф, нооромии бардавом дар Афғонистон ва манотиқи Ироқу Сурия, таҳримҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таҳдидҳо аз ҷониби баъзе абарқудратҳо нисбат ба кишварҳои алоҳидаи минтақа ва аз тарафи дигар, нобаробарии рушди иқтисодию иҷтимоӣ, мушкилоти экологӣ, демографӣ ва ғайра аз масъалаҳое мебошанд, ки зарурати ҳамоиши сарони давлатҳои минтақа ва тақвияти боварии ҳамдигариро беш аз пеш муҳим мегардонанд.

Дар доираи нишасти сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов мулоқот намуданд. Тавре аз маркази матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва сифати ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар ҷараёни мулоқот, тарафҳо масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, савдо, саноат, инфрасох­тори нақлиётӣ, гидроэнергетика, кишоварзӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сайёҳиро баррасӣ карданд.

Озарбойҷон ба ҳадафҳо ва принсипҳои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мувофиқ буда, мунтазам оид ба мустаҳкам кардани сулҳ, амният ва ҳамкории ҳамаҷониба дар минтақаи Осиё баромад мекунад. Ба андешаи Сарвазири Озарбойҷон, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ҳамчун майдони баррасии масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои тарафайни иқтисодию иҷтимоӣ тавассути дар ҳаёт ҷорӣ намудани ташаббус ва лоиҳаҳо дар чаҳорчӯбаи тадбирҳои амалкунандаи эътимод маъруф гаштааст.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бояд ба воқеияти олами муосир ҷавобгӯ бошад, дигаргунсозии он ва таҳияи фишангҳои нисбатан таъсирбахши ҳамкориҳо ба минбаъд мустаҳкам намудани эътимод ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои баробарҳуқуқи барои тарафҳо манфиатнок мусоидат намоянд.

Таҳкими долонҳои нақлиётӣ дар муҳити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё унсури системаофаре аст, ки Осиё ва Аврупоро ба ҳам пайваста, ба рушд ва мустаҳкам гардондани иқтидори иқтисодии ҳамкорӣ мусоидат менамояд. Озарбойҷон як қатор лоиҳаҳоеро амалӣ мегардонад, ки онҳо барои ба вуҷуд овардани шабакаҳои стратегии инфрасохтори минтақавии нақлиётӣ равона гардидаанд. Бунёди роҳи оҳани «Боку-Тбилиси-Карс» ва ба истифода додани бандари байналмилалии баҳрии Боку дар баҳри Хазар аз ҷумлаи онҳо мебошад. Озарбойҷон ба ҳайси ҳамоҳангсози тадбирҳои эътимод дар соҳаи ҳамкорӣ барои рушди системаҳои амниятӣ ва босамари долонҳои нақлиётӣ, фаъолиятро дар ин самт идома дода истодааст.

Озарбойҷон, тавре Сарвазири он гуфт, ба мавқеи бетағйири Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки терроризм, ҷудоиандозӣ ва экстремизмро пайваста маҳкум менамояд, баҳои баланд медиҳад. Дар баробари ин, аҳамияти ҳамкориҳо дар мубориза бо таҳдидҳои мазкур, инчунин, аз тарафи давлатҳои узв андешидани тадбирҳо оид ба пешгирӣ кардани фаъолияти ташкилотҳо, гурӯҳҳо ва ашхоси ҷудогонаи ба муқобили истиқлолият ва дахлнопазирии марзии дигар давлатҳо равонагардидаро дар қаламрави худашон қайд мекунад.

Ба андешаи мо, нишасти сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, барои расидан ба ҳадафҳои нави стратегӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда, идомаи татбиқи тадбирҳои боварӣ ва табдил додани Осиё ба минтақаи сулҳу субот, такони ҷиддӣ бахшид.

Номвар Қурбоновкорманди АИ ҶТ