ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶИ АКБАР АСТ

Нашр шуд korbar - ср, 08/07/2019 - 09:38

Ниёкон хайрхоҳиро тарғиб намуда, талқин мекарданд, ки пеш аз сафари ҳаҷ аввал ба вазъи зиндагии атрофиён назар куну сипас ба он омодагӣ бин.

Хушбахтона, солҳои охир сафи нафароне, ки ба ин ҳикмат пайравӣ мекунанд, на танҳо дар байни мардон, балки дар миёни бонувон низ зиёд шуда истодааст.

Яке аз чунин бонувони хайрхоҳу накукор, сокини шаҳраки Ҳисори шаҳри Ҳисор Мавҷуда Ҳакимова мебошад. Ин зани меҳрубону дилсӯз аз ҳисоби маблағи ҷамънамудаи аҳли хонавода, ки барои сафари ҳаҷ пешбинӣ шуда буд, мактаб – кӯдакистон сохтанист.

- Маблағи заруриро барои зиёрати Каъбатуллоҳ ҷамъ овардам. Дидам, ки ба кӯдакони синни томактабии ноҳияи Шаҳринав мактаб-кӯдакистон зарур аст, аҳд кардам, ки барои сохтмони муассиса камар бандам, — мегӯяд ӯ.

Мактаб-кӯдакистон барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 240 нафар пешбинӣ шудааст. Дар он таълим бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат гирифта, аллакай беҳтарин омӯзгорони соҳибтахассус аз фанҳои дақиқ, технологияи муосир ва гуманитарӣ даъват шудаанд. Айни ҳол сохтмони мактаб — кӯдакистон бо суръати баланду сифати хуб ҷараён дорад. Муҳим он аст, ки сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин гардида, бо истифода аз шароити мусоид иншоотро мутобиқ ба талаботи замон бунёд менамоянд.

Тибқи нақша, иншооти мазкур то охири соли 2019 дар деҳоти «Шаҳринав»-и ноҳияи Шаҳринав ба истифода дода мешавад.

Қаҳрамони матлаб аз аҳли зиё буда, падару модараш солиёни зиёд баҳри таълиму тарбияи фарзандони халқ заҳмат кашидаанд. Мавсуф дастпарвари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ихтисосаш филолог аст.

Бино ба иттилои масъулини бахши дин ва танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав, Иброҳим Ҷабборов ва Маҳмуд Зарифов, аз деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов низ чунин иқдом карданд. Онҳо мутаносибан 60 -70 ҳазор сомонии барои адои маросими ҳаҷ ҷамъовардаашонро барои сохтмони МТМУ № 25, мумфарш кардани 1,5 километр роҳи деҳа, иваз кардани симчӯбҳои фарсудаи хати барқ, бунёди маркази савдо ва коргоҳи хурди истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ сарф карданд. Илова бар ин, 60 нафар ҳаҷраванда барои ободии боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Мирзо Турсунзода, воқеъ дар маркази ноҳия, беш аз 50 ҳазор сомонӣ кумак расониданд. Ин арзандаи ситоиш ва намунаи ибрат буда, дурустии мисраъҳои зерро собит менамояд:

Дил ба даст овар, ки ҳаҷи акбар аст,

Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

Муҳаммад ЗОКИР