
Дар сомонаи ифротии “Ислоҳ” сӯҳбате бо писари Абдуллоҳи Нурӣ-Муҳаммадҷони Нурӣ нашр шудааст,ки суҳбатнигор хостааст сафҳаи таърихро бо роҳи фитна варақ гардон кунад. Ӯ як қатор суолҳоеро матраҳ кардааст,ки дар зимни он ҳадафҳои сиёҳ ва матлабҳои пурғараз ниҳон мебоашад. Зоҳиран Муҳаммадҷони Нурӣ ба саволҳои фитнаангези ин сомона эҳтиёткорона ҷавоби худро пешкаш карда, худаш бехабар мондааст, ки ишораҳои асли ӯро ошкор кардааст. Дар сӯҳбат чанд нуқтае ҳаст, ки баҳсбарангез мебошад. Ҷое мегӯяд, ки "Сулҳро танҳо моли падари ман карданд" ва ин хулосаи ӯ аз мантиқ дур аст. Зеро касе сулҳро моли падари ӯ нагуфтааст ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, ки "Мо бо ТЭТ ҲНИ ҳеҷ вақт сулҳ накардаем", яъне мусолиҳа бо Иттиходияи Нерӯҳои Оппозитсион имзо шудааст ва дар ҳақиқат ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон дар он солҳо фаъолияташ манъ карда шуда буд.
Аз ин рӯ, ин сулҳ на моли ТЭТ ҲНИ ва на моли Нурист.
Сониян, Муҳаммадҷони Нурӣ дидаву дониста хонандаро гӯл мезанад, ки
"Наҳзат ояндаи хуб дорад". Ин ишора ба чист? Дар Тоҷикистон ва даҳҳо ташкилотҳои бонуфузи чаҳон мисли СҲШ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятҳо Ҳизби Наҳзатро ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ мешиносанд, ва ин ташкилоти террористиро М. Нурӣ мегуяд, ки ояндаи хуб дорад. Ин маънии онро дорад,ки ҳанӯз дар сари ин гурӯҳ фикри вайрон кардани кишвар мавҷуд аст. Дақиқан, гуфтаниям,ки М.Нурӣ худаш ҳам медонанд,ки ТЭТ ҲНИ дигар маҳв шудааст, вале фикри вайрон кардани рӯҳияи мардум ӯро ба ин сухан талқин намудааст. Савум: фикри ӯ "Як субҳ аз хоб бедор мешавед, ки дар дигар низом ва дар дигар сохти давлатдорӣ зиндагӣ дорӣ" андешаи хом, вале ифодагри орзуи ӯст. М.Нурӣ аз дигар шудани низом ва сохти давлатдори орзуи хатои худашро баён мекунад ва ӯ бояд донад, ки аз он сохти давлатдорие, ки наҳзатиёи мазҳабфурӯш мехостанд, мардуми Тоҷикистон безоранд.
Ниҳоят, сухани М.Нурӣ "Моро ояндаи Ҳизби Наҳзат умедвор мекунад, ки дар ояндаи наздик фаъолияти ин ҳизб бештар шавад ва ба ҳадафхояш бирасад". М.Нурӣ дар охир боз умед мекунад, ки фаъолияти Ҳизби хиёнаткори Наҳзат бештар шуда, ба ҳадафҳои нопокаш бирасад ва Тоҷикистони тинҷу оромро ноором кунад. М.Нурӣ бояд фаромӯш накунад, ки миллати тоҷик дубора аз паси ин хиёнаткорон намеравад.
Ҳамин тариқ, ин гуна суолу ҷавобҳои фитнаангез набояд фикри солимро вайрон намояд.Ин андешаҳи М.Нурӣ об ба ҷувоз кӯфтанро мемонад.
ҲОҶӢ ҲУСАЙН МӮСОЗОДА,
сархатиби вилояти Суғд.