
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мусоҳибаи анҷомдодаи сомонаи ифротиеро бо писари Саидабдуллоҳи Нурӣ - Муҳаммад Нурӣ хонда тасмим бар он гирифтам, ки назари худро нисбати баъзе паҳлуҳои ин мусоҳиба ба тариқи мухтасар иброз намоям.
Муҳаммад Нурӣ лаҳзаҳои охири ҳаёти марҳум Саидабдуллоҳи Нуриро ёдовар шуда, баъзе қисматҳои ҷудогонаи онро бо ҷузъиёташ шарҳу тавзеҳ медиҳад. Албатта ҳар як падар пеш аз ҳама барои писар идеали бузург аст ва писар мекӯшад, ки дар ҳаёти рӯзмарраи худ аз падараш пайравӣ, иқтибос ва ӯро намунаи ибрат барои дигарон муаррифӣ намояд.
Мо воқеаҳои пеш аз сулҳу ваҳдати тоҷикон, аз қабили ҷангҳои бародаркуш, омилҳо ва сабабҳои ба вуқуъ омадани он, хисороти моливу ҷонии мардуми кишвар ва ғайраро ин ҷо дарҷ намекунем. Фақат аз натиҷаҳои мазҳабиву эътиқодии он, ки асосгузорони ТЭТ ҲНИ баъди сулҳи тоҷикон миёни баъзе қишри ҷомеаи мо ба мерос гузоштаанд, мухтасар андешаи худро баён мекунем.
Писари Нурӣ аз он ёдовар мешавад, ки дар охирҳои ҳаёти падараш ҷудоиҳову ихтилофот миёни худи аъзоёни ТЭТ ҲНИ пайдо шуда буд. Ва падараш борҳо дар сӯҳбату маҳфилҳояш аз парокандагӣ ва заъфу шикасташон дар оянда ҳушдор медодааст.
Агар яке аз хусусиятҳои парокандагии ҲНИ ин қавмгароӣ бошад, ки ҳамагон огоҳ буданд, қисмати дигари он ихтилофи эътиқодӣ гашта буд. Яъне ҲНИ аз рӯзи пайдоишу фаъолияташ аз маслаку эътиқоди суннатии ҳазорсолаи мардуми тоҷик, яъне эътиқоди аҳли суннат ва ҷамоат бинобар равиши ҳанафият берун рафта, дар аввал тарғибгар ва ташвиқгари фирқаи инқилобии "ваҳобият", ки ҷойи онро солҳои баъдӣ андешаҳои фирқаи "салафият", иқдом карда буданд.
Таъкиди ин гуфтаҳоро мо дар китоби таълифкардаи шахсияти дуюм ва яке аз идеологҳои асосии ҲНИ Муҳаммадшариф Ҳимматзода бо номи "Ақидаи Имом Абӯҳанифа" метавонем мушоҳида намоем. Ҳимматзода дар ин китобаш ба пуррагӣ аз усул ва маслаки Ибни Таймия пайравӣ кардааст. Ба истилоҳи дигар гӯем - китоби "Ақидаи Имом Абӯҳанифа"-и Муҳаммадшариф Ҳимматзода мухтасари содакардашудаи китоби "Шарҳи ақоиди Таҳовӣ"-и Ибни Абулъизи Димишқӣ аст, ки аз пайравони мактаби Ибни Таймия мебошад. Агар содатар карда гӯем, Ҳимматзода дар ин китобаш ақидаи Имом Абӯҳанифаро шабеҳи ақидаи пири ваҳобиёну салафиён медонад. Яъне мекӯшад, ки ақидаи Имом Абӯҳанифаро шабеҳ ба ақидаи салафият муаррифӣ кунад...
Тамоюли шахсияти калидии дигари ҲНИ Саидқиёмиддини Ғозӣ ба мазҳаби шиаи имомия ва баъдан (баъди вафоти Ҳимматзода) гаравиши аксари роҳбарони ҲНИ ба ин равия худ далолат ба тафриқаву парешони миёни ин ҳизби ба ном исломиро нишон медод.
Пас даъвои Оинномавии ҲНИ, ки мазҳаби ҳанафӣ гуфта мешуд, қолабӣ буда, саркардагонашон аслан тарғибгару ташвиқгари маслакҳои дигар буданд.
Пас худ қазоват кунед, ки муассисони ин ҳизб миёни худ ВАҲДАТИ ЭЪТИҚОДӢ надошта, тамоюли мазҳабҳои ғайрро доштанд, чигуна метавонистанд, ки дар миёни оммаи мусулмонони Тоҷикистон, ки аксар ҳанафиёнро ташкил медиҳанд ВАҲДАТ - ро ба вуҷуд оранд. Дар ҳоле, ки ҳаммаи мо шоҳид ҳастем, ки ихтилофу низоъ ва ҷангҳои имрӯзаи сарзаминҳои исломӣ аз ихтилофоти мазҳабӣ сарчашма мегирад...
Аз ин рӯ таърихро набояд таҳриф ва он таҳрифро тарғиб ва ба он тарғиб зиндагӣ кард. Дар ҳоле, ки ин таърих умри начандон дароз дошта, аксари шоҳидони он имрӯз низ зиндаву саломатанд.
Азалшоҳ Шарифзода,
сархатиби шаҳри Ҳисор