ПЕШВОИ МАН

Нашр шуд korbar - пт, 08/30/2019 - 09:28

Нашри ин китоб дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи хубест барои хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону мутахассисон ва дигар алоқамандон. Мавриди ёдоварии махсус аст, ки ҳифзу пойдории Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва амну осоиш дар кишвар бевосита ба фаъолият, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва азхудгузаштанҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати     миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот мегирад.
Кофи Аннан, собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар он рӯзгор барҳақ иброз дошта буд: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат сабақи беназир дорад ва дар ин раванд нақши Эмомалӣ Раҳмон калидӣ аст».
«Пешвои ман» маҷмӯи саволҳову ҷавобҳоро дар бораи зиндагӣ ва кори Сарвари давлат дар бар мегирад.
Ҳамин тавр, хонанда дар ин маврид ба 137 пурсиши муҳим посухҳои дурустро меёбад. Аз ҷумла, дар саволи 21 – ум омадааст: «Туҳфаҳое, ки дар давоми роҳбарӣ ба Эмомалӣ Раҳмон тақдим шудаанд, дар куҷо нигоҳ дошта мешаванд?». Ҷавоб ба пурсиши мазкур чунин аст: «Туҳфаҳое, ки дар давоми солҳои роҳбарӣ ба Эмомалӣ Раҳмон тақдим шудаанд, дар ошёнаи дуюми Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» нигоҳ дошта мешаванд». Ин гуна пурсишу посух боз ба он хотир муҳим мебошад, ки онҳо хусусияти тарғиботӣ доранд ва ҳатман алоқамандонро барои аз наздик диданашон раҳнамоӣ мекунанд.
Мураттибон Камолиддин Каримов ва Фирдавс Арбобов аз усули классикӣ, ки василаи хуб аст барои омӯзишу нақш бастан дар хотираҳо, истифода намудаанд.
Қисмати дигари китоб ба номгӯи ҷоиза ва унвонҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Хуб мешуд, агар санаи мушарраф гардидан ба ин ҷоизаҳо ва унвонҳоро низ нишон медоданд. Инчунин, китоб на унвони «Пешвои ман», балки «Пешвои мо» - ро мегирифт, ба илова, он бо теъдоди зиёд, на 500 нусха, ба нашр мерасид. Албатта, дар нашрҳои минбаъда ин ҳамаро ба инобат мегиранд ва низ дар ислоҳи камбудиҳову хатоҳои имлоӣ масъулон саҳм мегиранд.
Мавриди зикр аст, ки китоб таҳти сарпарастии вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, генерал – полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ба табъ расидааст.