"ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. АГАР МАСЪУЛИЯТШИНОС НАБОШЕМ..."

Нашр шуд korbar - чт, 09/05/2019 - 17:08

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи омӯзгор аз ноҳияи Ёвон Санчагул Бурҳоноваро дар мавзӯи «Ҳунарҳои мардумӣ. Агар масъулиятшинос набошем...», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 29 ноябри соли 2018 нашр шудааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатии соҳавӣ дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои судмандро амалӣ карда истодааст.

Дар оғози мақола омадааст, ки: «Соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Мақсад аз он тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ буд. Албатта, масъалаи мазкур набояд, ки бо поён ёфтани сол ба фарҷом бирасад. Баръакс, сол ба сол зарур аст, ки он бештар ривоҷ биёбад ва миллати тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ бикунад».
Воқеан, ин нукта дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ироа гардид ва барои солҳои минбаъда, яъне солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд.
Ин иқдоми наҷибро мардуми шарафманди кишвар ва ҳам тоҷикони бурунмарзӣ бо дарки баланди масъулияти инсонӣ, ифтихори ватандорӣ ва ватандӯстию хештаншиносӣ хуш пазируфтанд.
Дар робита ба ин, нақшаи чорабиниҳо ба тасвиб расонда шуд, ки дар доираи он силсилаи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, конфронсу фестивалҳо, мулоқоту вохӯриҳо ва дигар тадбирҳо амалӣ гашта истодаанд.
Соли 2018 ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зиёда аз 60 чорабинии гуногуни сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва зиёда аз 2000 чорабинии шаҳриву ноҳиявӣ ва маҳаллӣ доир гардид, ки ҳадафи онҳо рушди устувори ҳунарҳои бадеӣ, ҷалби сайёҳон ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва, ба ин васила, тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги волои халқи тоҷик мебошад.
Вазорати фарҳанг ҳамчун ваколатдору ҳамоҳангсози соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ бо мақсади мукаммал гардондани махзани иттилоотии ҳунарҳои мардумӣ ва ҷамъоварии маълумоти амиқу дақиқ вобаста ба ҳунармандон ва корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рӯйхати онҳоро ҷамъоварӣ карда истодааст, ки дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то 1 январи соли 2019 наздики 1100 нафар ҳунармандони касбӣ ба рӯйхат гирифта шудаанд.
Қобили зикр аст, ки рӯйхати ҷамъоваришуда танҳо ҳунармандони асилу устодони касбиро фаро мегирад. Вале то ҷое маълумот дорем, шумораи ҳунармандон хеле зиёд аст, ҳатто аз 6000 нафар зиёдтар. Аз ин хотир, барои дақиқ кардани онҳо бори дигар ба унвони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мактуб ирсол ва давоми сол он пурра ҷамъбаст карда хоҳад шуд.
Инчунин, тибқи маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси ҷумҳурӣ 6805 нафар ҳунармандон ба рӯйхат гирифта шудаанд, ки онҳо аз рӯи равияи устод – шогирд, аъзои хонавода ва коркунони корхонаҳои истеҳсолӣ гирд оварда шудаанд. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 563 нафар, вилояти Хатлон 2431 нафар, вилояти Суғд 1831 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1424 нафар ва дар шаҳри Душанбе 556 нафар мебошанд.
Давоми соли 2018 ва 6 моҳи соли 2019 дар якчанд шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Конибодом, Гулистон, Бӯстон, Исфара, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Роғун, Мастчоҳ, Рӯшон, Ишкошим, Шуғнон, Бобоҷон Ғафуров, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Варзоб, Рашт, Файзобод, Шаҳритуз, Панҷ ва Восеъ мағозаю дуконҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, коргоҳи истеҳсоли атласу адрас ва корхонаҳои дӯзандагию бофандагӣ ифтитоҳ ёфтанд, ки бешубҳа туҳфаи арзанда дар ин солҳои фарҳангӣ буда, барои муаррифии ин минтақаҳои сайёҳии кишвар ва ҳунармандони он заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар мавриди санъати гулдӯзии мардумии «Чакан» гуфтан ҷоиз аст, ки маҳз бо ташаббуси беназир ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 номинатсияи «Чакан» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд, ки барои таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои он масъулин ва олимони Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот» - и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда доранд. Ба ин муносибат, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ва фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи чакан» доир шуд.
Вобаста ба тарғибу ташвиқи ҳунарҳои бадеии халқӣ, дастгирии ҳунармандон ва муаррифии маҳсули эҷоди онҳо бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.12.2018, № АП - 1140 «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солиҳои 2019 - 2021» тасдиқ шуд.
Тибқи ҷадвали мазкур як қатор фестивалу озмунҳо, аз ҷумла Фестивали заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз...», Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ», Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад», Фестивали «Сад ранги чакан», Фестивали ҷумҳуриявии «Атласу адрас», озмунҳои ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг», «Дастархонороӣ», «Кадбонуи беҳтарин», «Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ», «Кулолӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ» ва ғайраҳо доир гардиданд, ки дар оянда низ баргузории ин гуна фестивалу озмунҳо идома дорад.
Ҷиҳати муаррифии мавзеъҳои таърихиву ёдгориҳои табииву фарҳангӣ, ҳунарҳои бадеии халқӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар кишвар ҳамарӯза тавассути шабакаҳои телевизиониву радиоӣ барномаҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ ва таблиғотӣ инъикос ва пахш мегарданд.
Вазорати фарҳанг минбаъд низ дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ бо истифода аз имконоти ҷойдошта ва дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуда, таъкид менамояд, ки дар мавриди омӯзишу ҳифзу пойдории ҳунарҳои мардумӣ масъулиятшинос ҳаст ва дар оянда низ мавқеи хешро дар ин самт дигаргун нахоҳад кард.
Шамсиддин ОРУМБЕКЗОДА, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон