
Давлат дар марҳилаи муайяни инкишофи ҷомеаи инсонӣ пайдо шудааст. Зарурияти онро ҳаёти ҷомеа ва талаботи манфиати ҷомеаи инсонӣ тақозо намудааст.Таҷрибаи таърихӣ собит месозад, ки ҳуқуқи байналхалқӣ бо пайдо шудани давлатҳо ва зарурати объективии танзими ҳуқуқии муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо ба миён омадааст. Зеро пайдоиши давлат ва муносибатҳои байнидавлатӣ зарурияти танзими онҳоро ба миён овард. Аз ин сабаб, давлатҳо аз рӯи табиати ҳуқуқӣ ва пайдоиш субъекти аввалиндараҷаи ҳуқуқи байналхалқӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон қайд кардан лозим аст, ки субъекти асосии ҳуқуқи байналхалқӣ давлати соҳибихтиёр мебошад, чунки давлат ҳамчун соҳиби истиқлолият кишварро дар муносибатҳои байналхалқӣ муаррифӣ намуда, қобилияти амалӣ кардани ҳуқуқи байналхалқиро доро мешавад. Соҳибихтиёрӣ хусусияти сиёсиву ҳуқуқии давлат буда, маҳз бо шарофати соҳибихтиёрӣ давлатҳо меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқиро эҷод ва татбиқ мекунанд. Истиқлолияти давлат мақоми махсуси ҳуқуқии онро дар робитаҳои байналхалқӣ ифода мекунад. Илова бар ин, дар илми ҳуқуқи байналхалқӣ баъзан таносуби соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатҳо зикр шуда, истиқлолият ба маънои сиёсӣ шарҳ дода мешавад. Дар китоби шашҷилдаи «Курс международного права» қайд шудааст: «Хусусияти ҷудонопазири ҳар давлати соҳибихтиёр – истиқлолияти сиёсии он мебошад. Зери ин мафҳум – ҳуқуқи бешаку шубҳаи давлат оид ба мустақилона қабул намудани қарорҳо дар сиёсати дохилию берунӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҳуқуқро ӯҳдадории эҳтироми санадҳои давлатҳои дигар дунболагирӣ мекунанд». Мувофиқи ақидаи Н.А.Ушаков, истиқлолият ҷузъи соҳибихтиёрии давлат ба шумор меравад. Д.И.Фельдман менависад, ки «нишондиҳандаи асосии субъектнокии ҳуқуқӣ – мавҷуд будани истиқлолияти сиёсӣ мебошад». Л.Антонович чунин мешуморад, ки «истиқлолият метавонад меъёри давлат бошад, агар ба вай соҳибихтиёрӣ, ба мазмуни байналхалқиии ин мафҳум, муқобил гузошта нашавад».
Давлатҳои соҳибихтиёр вобаста ба табиати ҳуқуқӣ ва пайдоишашон аввалиндараҷа ва субъектҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ мебошанд. Дар назар доштан лозим аст, ки субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ фақат давлате ба шумор меравад, ки дорои соҳибихтиёрӣ бошад. Зеро, ки соҳибихтиёрӣ муҳимтарин хусусияти давлати мустақил ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ ба ҳисоб меравад. Хусусияти мазкур дар он зоҳир мешавад, ки бинобар соҳибихтиёрӣ давлат субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ гардида, дорандаи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои юридикие мешавад, ки онҳоро меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ муқаррар кардаанд. Зиёда аз ин, тавассути ҳокимияти соҳибихтиёр давлатҳо меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқиро татбиқ менамоянд. Дар асоси ин, тасдиқ кардан мумкин аст, ки дар ҳуқуқи байналхалқӣ субъектнокии ҳуқуқи давлатро, пеш аз ҳама, соҳибихтиёрии он муайян мекунад. Ҳамаи ин мулоҳизаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки мафҳуми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ мафҳумҳое мебошанд, ки якдигарро пурра намуда, барои давлатҳо имкон медиҳанд, ки ба ҳайси субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ эътироф шаванд. Дар таърихи давлатдории Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 рӯзи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мебошад, зеро дар ин рӯз изҳороти Шӯрои Олии ҶТ «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар он омадааст: «Дар муносибатҳои байналхалқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати субъекти мустақили ҳукуқи байналхалқӣ баромад намуда, дар фаъолияташ барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, барҳам додани аслиҳаи ядроӣ ва дигар аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофҳои байни давлатҳои соҳибихтиёр саъй намуда, ҳамкориро байни онҳо дар ҳалли масъалаҳои ҳаматарафа, ки дар назди башарият истодаанд, вусъат медиҳад». Ҳамчунин дар Қарори Шӯрои Олии ҶТ «Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон» оварда шудааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва дигар робитаҳоро барқарор менамояд, бо онҳо мубодилаи намояндагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналхалқӣ мебандад». Бояд гуфт, ки аҳамияти ин актҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар он мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ ба оламиён муаррифӣ намудаанд. Заминаи ҳуқуқии ба вуҷуд омадани соҳибихтиёрии ҶТ Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 мебошад, ки дар иҷлосияи дуюми Шӯрои Олӣ қабул шудааст. Ҳарчанде, ки ин санади ҳуқуқӣ ҳамзамон бо барҳам хӯрдани ИҶШС қабул шуда буд, вале барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳимеро иҷро намуда, як равиши муайянро дар масоили соҳибихтиёрӣ муқаррар ва ташаккул дод ва якумин бор ба таври сиёсӣ-ҳуқуқӣ соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистонро эълон кардааст. Дар баробари ин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, хусусиятҳои сиёсӣ-ҳуқуқии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр эълон кард. Мавриди қайд аст, ки нақши Конститутсия на танҳо барои расмӣ гардонидани бунёди давлати нав, балки фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии рушди ҷамъиятӣ-иқтисодии он низ хеле бузург мебошад. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ, таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишвари мо афзуд. Зеро баъди соҳибистиқлол гардидан, ҷараёни расмии эътирофи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. То имрӯз истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ аксарияти кулли кишварҳои ҷаҳон ба расмият шинохтаанд. Дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои зиёди дуру наздик равобити дипломатӣ барқарор намуда, дар қаламрави кишварамон сафоратхонаҳои даҳҳо кишварҳои ҷаҳон аз қабили Эрон (8.01.1992), Ҷумҳурии мардуми Чин (13.03.1992), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (16.03.1992), Ҳиндустон, Олмон, Туркия, Руссия, ва ғ. фаъолият менамоянд. Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар кишварҳои зиёди ҷаҳон намояндагии дипломатии хешро кушодааст. Бояд таъкид кард, ки ба расмият шинохтани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри рушди мутавозинаи робитаҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба аҳамияти калон дорад. Зеро эътироф кардани Тоҷикистон мавқеи байналхалқии онро устувор намуда, ба рушди ҳамкориҳо дар арсаи байналхалқӣ мусоидат мекунад. Соҳибистиқлолӣ, яъне ҳамчун давлати соҳибихтиёри миллӣ эътироф шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ба кишвари маҳбуби мо имкон дод, ки ҳамкориҳоро вусъат дода, узви комилҳуқуқии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад.
Дар айни замон Тоҷикистон ҳамчун як субъекти фаъоли ҳуқуқи байналхалқӣ узви як силсила ниҳодҳои байналхалқии ҷаҳонӣ, ба монанди Созмони Миллали Муттаҳид (2.03.1991), Бонки байналхалқии таҷдид ва рушд, Хазинаи байналхалқии асъор, Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ, Созмони байналхалқии рушд (27.04.1993), Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (9.09.1993), Ташкилоти байналхалқии меҳнат (26.11.1993) ва ғ. мебошад.
Ҳамкориҳои рушдёбанда ва босамари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфронси исломӣ ва ташкилотҳои дигари байналхалқӣ, минтақавӣ ва байниминтақавӣ сол то сол ва давра ба давра густаришу тақвият меёбанд. Рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҶТ бо сохторҳои номбаршуда ба нафъи истиқлолият, манфиатҳои ҳастӣ ва пешрафти кишварамон мусоидат хоҳад кард.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии бисёр шартномаҳои байналхалқии бисёрҷониба, ба монанди: Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961 (4.11.1995), Конвенсияи Вена «Дар бораи ҳуқуқи шартномаҳои байналхалқӣ» аз 23 маи 1969 с. (4.11.1995), Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри 1966 (13.11.1998) ва ѓ., ва дуҷониба, аз зумраи: Созишномаи байни Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи супоридани ашхос ба Суди байналхалқии ҷиноятӣ аз 8.10.2003, Созишномаи байни Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати ФР дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар ҶТ, Созишнома оид ба ҳамкориҳои техникӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония ва ѓ. - мебошад. Ҳамаи муваффақиятҳои Тоҷикистон дар арсаи муносибатҳои байналхалқӣ - самараҳои неки истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии расмии кишвари азизамон ба ҳисоб мераванд.
Субҳиддин Шоев – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши ҳукуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон