ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПОЯГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКОН

Нашр шуд korbar - пт, 09/13/2019 - 11:03

«Барои он ки истиқлолияти Тоҷикистон пойдору устувор гардад ва давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хоси худро ёфта, дар сафи кишварҳои тараққикарда ҷой гирад, бояд мо гузаштаи худро хуб дарк карда, бо неруи тоза ва азму иродаи қавӣ ба ҳалли мушкилоти имрӯзу оянда рӯ оварем».

 Эмомалӣ Раҳмон

9 сентябри соли 1991 дар таърихи халқи тоҷик гардиши куллӣ ва тақдирсоз ба вуқӯъ пайваст. Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати дувоздаҳум 9 сентябрро рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон кард ва ин сана дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун рӯзи миллӣ бо хатти заррин сабт гардид.

Ҳамин тариқ, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақил бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд.

Маҳз дар ҳамин лаҳзаи тақдирсоз, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ пайкари Ватанро месӯхт ва масъалаи буду набуди давлати тоҷикон ҳал мегардид, давлати ҷавон соҳиби роҳбари ҷавон шуд, ки аз рӯзҳои аввали фаъолият барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии кишвар ва сарҷамъии мардум камари ҳиммат баст. Вақте иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор мешуд, бисёриҳо на танҳо масъулияти сарварии давлат, ҳатто роҳбарии вазорату идораҳои давлатиро низ ба зимма гирифтан намехостанд. Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдирро ба даст гирифта, бо Пешвои миллат роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодиро мустақилона интихоб намоянд. Ҳамон сол мустақилияти Тоҷикистонро як қатор давлатҳои ҷаҳон расман эътироф карданд, ки дар ин миён Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон яке аз аввалинҳо буданд. Вале, бо эълони Истиқлолият он комилан ба даст наомад. Қувваҳои зиёде аз дохилу хориҷи кишвар ба ноором сохтани давлати тозабунёд кӯшиш намуданд ва тавонистанд, ки дар Тоҷикистон ба суботи ҷомеа халал ворид созанд. Бадтар аз ҳама, ин қувваҳои бадхоҳ дар мамлакат оташи ҷанги бародаркушро афрӯхтанд, ки хисороти бузурги молию ҷонӣ ва маънавиро ба бор овард. Ҳатто дар он рӯзҳо нақшаи тақсими давлат низ ба миён омад. Чунин тарҳҳоро на танҳо неруҳои хориҷӣ, балки баъзе аз сиёсатмадорон ва қувваҳои сиёсии дохилӣ низ ҷонибдорӣ менамуданд.

Соли 1992 пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе ҳамчун хонаи умеди тоҷикистониён моҳияти сиёсӣ ва марказиро қариб аз даст дода, ба маҳали кашмакашиҳои номатлуб мубаддал гардид. Дар мамлакат ба ҷои таҳкиму такмили пояҳои давлатдорӣ ихтилофу низоъ шиддат мегирифт. Дар натиҷаи кашмакашҳо беш аз 150 ҳазор нафар қурбон шуданд, наздик ба як миллион нафар, аз тарсу ваҳми ҷон Тоҷикистонро тарк намуданд.

Дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоиҳо давом доштанд. Барои омӯхтан ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли қазия 4 октябр бо супориши Президенти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ Михаил Горбачёв ду тан аз шахсиятҳои маъруфи Федератсияи Россия — мири шаҳри Санкт — Петербург Анатолий Собчак ва ноиби президенти Академияи илмҳои Федератсияи Россия Евгений Велихов ба Тоҷикистон омада, бо намояндагони Ҳукумат, Парламент ва гирдиҳамомадагон мулоқот анҷом доданд. 30 октябр ҳайати Ҳукумати Қирғизистон таҳти роҳбарии Сарвазири ин мамлакат Нурон Исонов ба Тоҷикистон ташрифи расмӣ овард. Дар натиҷаи ин сафар Созишномаи принсипҳои ҳамкории тиҷоратии иқтисодии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо расид. Баъдан чунин созишномаҳо бо Молдова дар Душанбе ва Украина дар шаҳри Киев 23 ноябр имзо шуданд.

Хушбахтона, дар натиҷаи қотеона риоя кардани барномаи давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат оташи ҷанги таҳмилии бародаркуш давра ба давра хомӯш карда шуд. Сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ барқарор, рамзҳои давлати соҳибистиқлол қабул ва барои рушди ояндаи давлат, ташаккули ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳии мардум заминаҳои мусоид муҳайё гардиданд. Ҳоло ҷумҳурии соҳибистиқлоламон дар қатори кишварҳои рӯ ба рушди олам қадам мезанад.

Акнун Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нуфузу эътибор пайдо кардааст. Ташаббусу пешниҳодҳояшро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои  глобалӣ эътироф ва ҷонибдорӣ  мекунанд. Аз ҷумла, моҳи марти соли 2017 татбиқи ташаббуси чоруми Тоҷикистон доир ба ҳалли яке аз мушкилоти ҷиддитарини башарият, яъне, об, таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Таърихи башар собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолияту озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад. Бинобар ин, зарур аст, муттаҳидӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба қадри ин неъмати пурарзиштарин ва тақдирсоз расида, барои ҳимояи дастовардҳои он, хусусан, дар раванди бисёр мураккабу пурпечутоби ҷаҳонишавӣ, ки таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаро касб кардааст, ҳамеша омода бошем.

Вақте сухан аз гузаштаву имрӯз ва дастовардҳои бунёдии кишвар дар марҳилаи сипаришуда меравад, бешубҳа, симои Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд, зеро маҳз бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи ӯ давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт ва Тоҷикистон ба истиқлолияти воқеӣ соҳиб гардид.

Тоҷикистон дар фазои сулҳу осои­штагӣ, ки дар роҳи бунёди давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд аз заминаҳои асосии рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад, собитқадамона ба пеш ҳаракат мекунад.

Ифтихор аз он дошта бошем, ки бо Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бисту ҳашт соли Истиқлолият пойдевори давлатдории миллиро гузошта, ба сӯи фардои боз ҳам осудаву ободтар устуворона қадам мегузорем. Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон, аз он иборат аст, ки Тоҷикис­тонро сидқан дӯст дошта, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Дар раванди бунёдкорӣ, созандагӣ ва худогоҳиву худшиносии миллию давлатӣ ҳиссагузор бошанд.

Муттаҳид шудан дар атрофи Пешвои миллат маънии амнияту пойдории истиқлолият, сулҳу субот ва инкишофи давлату миллатро дорад.

Дилшод ДАВЛАТЗОДА, мутахассиси пешбари бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, унвонҷӯи шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон