Ҳизби наҳзат ба миллати тоҷик чӣ доду пайравонаш чӣ хидматҳои «шоён» карданд, ба ҳамагон маълум буда, ба тавзеҳу ташреҳ эҳтиёҷ надорад. Бо шунидани номи наҳзат ва наҳзатиён ҳамоно аз назари кас ҳодисаҳои ваҳшатноку нангини солҳои 90-уми асри гузашта мурур мекунанд. Баъди чандин солҳо талошу заҳматҳои Роҳбарияти давлат миллати ба зону кашидаи тоҷик қомати худро рост кард ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ободу сулҳпарвар аз ҷониби тамоми кишварҳои бонуфузу қудратманди ҷаҳон эътироф гардид. Ҳамаи ин дастовардҳои миллати тоҷик дар дили душманонаш оташ андохту онҳоро дар хориҷ беқарор кард. Онҳо наҳзату наҳзатиҳоро рӯи кор оварданд, чунки дар хиёнату ноором сохтани кишвар наҳзатиҳо таҷриба касб карда буданд. Ҳамин тавр соли 2015 наҳзатиҳо бо роҳбарии Ҳалим Назарзода хостанд, кишварро ноором созанд, ки муваффақ нагаштанд ва роҳи фирорро пеш гирифта, паноҳ ба хоҷагони хориҷиашон бурданд.
Ягона роҳ барои фаъолияти наҳзатиҳо дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мемонад, ки наҳзатиён аз ин имконият муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд ва тудаи фейкҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоии интернет парса мезананду гӯё «ҳақиқат»-ро ба мардуми тоҷик мефаҳмонида бошанду миллатро аз «нестӣ» мераҳонида бошанд. Яъне, ду-се фирориву хоине, ки дар дунёи маҷозии интернет миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунанд.
Ду соли ахир наҳзатиҳо бадном кардану ҳақир нишон додани кишвару миллати тоҷикро тариқи ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, монанди САҲА ба роҳ мондаанд. Онҳо туҳмату буҳтон ва дурӯғу дасисаҳояшонро мехоҳанд, ба гунае тариқи ин созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ расмӣ намоянд. Наҳзатиҳо бо ин рафторашон муддаиянд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо онҳо ҳамчун созмон, ҳизб ва ташкилот дар ин нишасти солонаи САҲА сари як миз ба музокира бинишинад, аммо ин тахаюли хоми наҳзатиҳост. Ҳақ ба ҷониби Абдуллоҳи Раҳнамост, ки дар мусоҳиба ба АМИТ «Ховар» гуфта буд: «Давлат онҳоро (наҳзатиҳо ва ҳамтоёнашон – Ш.М.) на ҳамчун ташкилот, балки ҳамчун шахс ва шаҳрванди бо ихтиёри худашон баргашта метавонад баррасӣ ва авф кунад. Ин варианти воқеъбинона аст». Раҳнамо дар идома меафзояд, ки «аз назари маводе, ки ду соли охир дар расонаю шабакаҳои онҳо ба нашр мерасад, метавон дид, ки ҳарфҳои онҳо дигар холиянд». Воқеан, дигар наҳзатиҳо ё паймониҳо ё ҳар чизе, ки набошад ва чӣ номеро, ки ба худ нагирифта бошад, дигар дар рақобати сиёсӣ ҷойгоҳ ва мавқеъ надоранд ва ҳамчун ташкилот шинохта ҳам намешаванд (чи гунае ки А. Раҳнамо гуфтааст). Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамон вақт аз байн рафт, ки аз ҷониби Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияташ қатъ карда шуд. Ҳарчанд Ҳизби мазкур байни мардум бо «қаҳрамонӣ»-ҳое, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта анҷомдодааш ва дигар суиистифодаҳояш аз номи дини мубини ислом обурӯяш рафта буд. Вақте чанд нафаре аз онҳо ба хориҷ фирор карданд, дигар аз номи ислом ва наҳзати ислом фаъолият карда натавонистанд. Корашон омад намекарду назди хоҷагонашон рӯсиёҳ мешуданд. Аз ин рӯ, баъзе аз пайравонашон фиреби Кабириро хӯрда, ба хориҷа рафта буданд, ба Ватан – Тоҷикистони азизамон баргашта, мавриди авф қарор гирифтанд ва оромона ба зиндагиашон идома дода истодаанд. Ҳатто баъзе аз наҳзатиҳои пушаймоншуда афсӯс мехӯрданду мегуфтанд, ки «каме обрӯи доштаамонро Кабирӣ ба пуррагӣ бурд ва миёни Ҳизби наҳзатро аз ҳафт ҷояш шикаст». Барои тасдиқи гуфтаҳоямон метавон ба се нукта таваҷҷуҳ кард:
Якум, наҳзатиҳо (нафаре чанд бо роҳбарии Кабирӣ) баъди фирор аз Тоҷикистон ба хотири худро пурқувват ҷилва додан чанд шохаи худро, монанди Анҷумани Озодандешони Тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва ғайра ташкил намуданд.
Дуюм, зери номи миллат эътилоф кардани шохаҳои ташкилкардаи Кабирӣ, ки онро ҳамчун Паймони Миллӣ Тоҷикистон ном мебаранд.
Сеюм, ягона мавҷудият ва ҳастии наҳзатиҳо олами маҷозии интернет аст, ки чи тавре дар боло қайд намудем, фаъолияти онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоии интернет бараъло мушоҳида менамоем ва эътирофи инро дар сомонаи расмии анҷумани ба ном «озодандешон» дидан мумкин аст.
Се далели фавқ баёнгари он аст, ки ташкилоти мухолифи давлат, монанди Наҳзати ислом (дигар шохаҳои аз он баромада) вуҷуд надошта, чандин сол қабл аз байн рафтааст. Ҳарчанд наҳзатиҳо зери роҳбарии Кабирӣ ба фаъолиятаҳояшон тобиши миллӣ медиҳанду аз номи миллати тоҷик ҳарф мезананд. Чанд нафар шаҳрванди фирорие, ки аз сиёсати имрӯзаи кишвар норозианд, ҳамчун ташкилот талаққӣ додани онҳо ғайри қобили қабул аст.
Дар фарҷом, аз онҳое, ки фиреби Кабириро хӯрдаанду ба бадном кардани миллату давлати тоҷик камар бастаанд, метавонанд ба Ватан баргарданд ва ба зиндагии осоиштаву оромонаашон идома бидиҳанд. Бадном кардани миллату давлат, чи тариқи дунёи маҷозии интернет бошад ва чи тариқи ҳамоишу нишастҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалие, монанди САҲА ин бадном кардани худи мост!
Маъруф Шонасурдинов,
мудири бахши Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон