ДАСТЕ БА ХУН ОЛУДА ВА ЗАБОНЕ ПУР АЗ ТУҲМАТ

Нашр шуд korbar - чт, 09/19/2019 - 11:23

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола ҳамоишҳои САҲА доир ба масоили марбут ба ҳуқуқи инсон баргузор мегардад. Имсол низ ин нашастҳо 16 сентябр дар пойтахти Полша шаҳри Варшава доир оғоз гардиданд. Аммо дар чанд соли охир дар ҷаласаҳои САҲА роҳбарону намояндагони ҷараёнҳое низ иштирок доранд, ки дар кишварҳои худ бо ҷиноятҳои сангину нангин муттаҳам дониста шудаанд ва ҳатто гурӯҳу ташкилотҳояшон ба сифати ташкилотҳои экстремистию террористӣ эътироф шудаанд. Масалан, ҷои нигаронист, ки дар баробари ҳайати расмии Ҳукумати Тоҷикистон дар ин нишастҳо намояндагони ТЭТ ҲНИ иштироку суханронӣ намуданд.

Ҳадафи иштироки ТЭТ ҲНИ дар ин ҷаласаҳо ба ҳама маълум аст. Иғвоангезӣ бо истифода аз минбари САҲА!. Кабириву пайравонаш ба хотири нохун задан ба эҳсоси мардум кӯшиш мекунанд, ки аз ҷузъитарин масоили иҷтимоӣ мисол орад. Масалан, дар ҷаласаи соли гузашта Кабирӣ чун дигар ҳарфе барои эрод гирифтан пайдо накард, аз Қонуни миллиамон, ки бо пешниҳоди бовосита мардуми шарифи Тоҷикистон қабул гардидааст, интиқод намуд. Кабирӣ мегӯяд, ки тибқи Қонуни танзим “...ҳатто узвҳои баданаш, либоси пӯшидааш, ғизои хӯрдааш, ҳатто номаш ва тамоми зиндагияш аз таваллуд то мурданаш ба танзим дароварда шудааст...”. Магар аз чунин гуфтаҳо бӯи ҳасаду иғвою тавтеа намеояд?.

Кабирӣ бисёр мехоҳад, ки худ ва ҳизбашро ҳаматарафа ростқавл ва ростгӯй нишон диҳад, аммо мардум дигар ба ин дасисаҳои ӯ бовар нахоҳанд кард. Зеро медонанд, ки ҳама нотинҷиҳо, ҳамлаҳо, кушторҳоро дар Тоҷикистони мо кори дасти ӯву хоҷагони хориҷиаш буд. Аммо дар ҳамин зимн, суоли асосӣ ин буда метавонад, ки, нфаре, ки дасташ олудаи хуни ҳазорон ҳамватани мусулмонаш аст, нфаре, ки ҳазорон мусибат болои дигар инсонҳо овардааст, чӣ гуна метавонад аз боби ҳуқуқи инсон ҳарф занад?

Мавқеи расмии Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳама давра ин буда, ки ҳуқуқи инсон аз ҳама арзиши гаронбаҳост. Ин аст, ки мавқеи давлати Тоҷикистон дар Конститутсия баръало дарҷ гардидааст. Аз ин хотир, САҲА-ро мебояд ба хотири нигаҳдошти нуфузи худ ба сифати як созмони ҳомии ҳуқуқу амният дар оянда аз сиёсатҳои духӯра ва стандартҳои дугона даст кашад.

Далер Ҷабборов,

мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон