
Имрӯз вобаста ба вижагиҳои замони истиқлолият, чун дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ, дар соҳаи илм ва фаъолияти илмӣ низ масъалаҳое арзи ҳастӣ мекунанд, ки дар ҷомеаи илмии Тоҷикистон бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, барои ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои саривақтӣ ва муфид андешида шаванд. Зеро дар замони муосир илм на танҳо ба қувваи асосии истеҳсолкунанда, балки ба омили муҳими рушд ва нишондиҳандаи асосии иқтидори кишварҳо табдил ёфтааст. Дар ин замина, мақому нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ маҳз аз сатҳи неруи зеҳнӣ, рушди илму инноватсия ва дастовардҳо дар соҳаи техникаю технологияҳои муосир вобастагии ҷиддӣ дорад. Дастовардҳои соҳаи мазкур ҷиҳати амалӣ гардидани таҳаввулот дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварҳо мусоидат намуда, ҳамзамон, боиси тағйир ёфтани муносибати одамон ба арзишҳо, инчунин, сатҳ ва тарзи зиндагии онҳо мегардад.
Аз ин рӯ, масъалаи мазкур дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фарогир инъикос ёфта, таваҷҷуҳи ҷомеаи илмии ҷумҳурӣ ва сохторҳои дахлдори давлатӣ баҳри ҳалли масоили марбутаи ин соҳаи ҳаётан муҳим ҷалб карда мешавад.
Бояд зикр намуд, ки дар паёмҳои се соли охири Президенти мамлакат паҳлуҳои мухталифи масоили илм хеле амиқу дақиқ ва аз нигоҳи танқидӣ мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор гирифта, барои ҳаллу фасли онҳо дастурҳои мушаххас ироа гардиданд. Зимни суханрониҳо масоили муҳими марбут ба соҳаи илм, аз ҷумла рушди илмҳои бунёдӣ, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таълими фанҳои дақиқ ва эксперименталӣ, ба сиёсати имрӯза мувофиқ намудани мавзӯъҳои фармоишӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва такмили неруи зеҳнӣ, самаранокии маблағгузории соҳаи илм, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат сафарбар намудани неруи илмии олимон ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки дар маҷмӯъ барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ хеле муҳим ва зарур маҳсуб мешаванд. Таҳлилҳо ва арзёбиҳои хеле возеҳу амиқи масоили номбурда бори дигар аз таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки амалӣ гардидани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ин самт ҷиҳати аз ҳолати карахтӣ ва фаъолияти камсамар раҳо ёфтани муассисаҳои илмӣ мусоидат намуда, ба оғози марҳилаи нави рушди илм дар ҷумҳурӣ замина хоҳад гузошт.
Аз ҷумла, бо назардошти вазъи имрӯзаи тадқиқоти илмии бунёдӣ дар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ, Президенти кишвар дар паёмашон (аз 22 декабри соли 2016) таъкид намуданд: «Дар мамлакат дар шароити имрӯза рушди илмҳои бунёдӣ муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмиву тадқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони ин соҳа маҳсуб меёбад, ки он беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад».
Воқеан, дар шароити кунунӣ илмҳои бунёдӣ ба дастгирӣ ва ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дошта, фаъолият дар ин самт беҳбудии ҷиддиро мехоҳад. Бояд зикр намуд, ки барои дастгирии илмҳои бунёдӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Фонди президентии таҳқиқотҳои бунёдӣ” аз 24 феврали соли 1996 ба тасвиб расида буд. Тибқи Низомномаи фонд, дар қатори дигар сарчашмаҳое, ки маблағҳои он ташкил меёбанд, яке аз сарчашмаҳои асосӣ, ин 3% ҳиссаҷудокунӣ аз маблағҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои соҳаи илм пешбинӣ шуданд, ба ҳисоб меравад, ки он дар тӯли фаъолияти 22 - солаи фонди мазкур барои ба анҷом расондани тадқиқоти муайян ва мақсадноку муфид дар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ метавонист мусоидат намояд.
Вале таҳлили вазъи иҷрои корҳои тадқиқотӣ дар ин самт собит менамояд, ки сарфи назар аз таъсиси фонди мазкур ва ёриву дастгириҳои Ҳукумат вазъи илмҳои бунёдӣ на танҳо тағйир наёфт, балки дар ҳолати боз ҳам ногувортар қарор гирифт. Сифат ва ҳадафҳои асосии тадқиқот аз мадди назар дур монда, иҷрокунандагон натавонистанд илмро бо кашфиёту навовариҳо ғанӣ созанд ва барои рушди самтҳои дигари илм дар ҷумҳурӣ мусоидат намоянд. Бинобар ин, масъалаи дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудани тадқиқоти бунёдӣ дар муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ хеле муҳим ва мубрам маҳсуб шуда, ислоҳи саривақтии мушкилоти мавҷуда барои марҳилаи нави рушди илми соҳаи мазкур мусоидат хоҳад кард.
Бояд зикр намуд, ки рушди илмҳои бунёдӣ бо илмҳои дақиқ ва эксперименталӣ иртиботи ногусастанӣ дошта, бе мавҷудияти пояи зарурии илмӣ - техникӣ амалӣ намудани тадқиқот ва натиҷагириҳо дар ин самт ғайриимкон аст. Дар робита ба ин, дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 20 январи соли 2016) омадааст: «Ба роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, инчунин, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ супориш дода мешавад, ки дар давоми чор соли оянда масъалаи пурра бо омӯзгорони фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ... таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумиро ҳал намоянд». Дар Паёми дигар (аз 22 декабри соли 2016) бошад, таъкид шудааст: «Дар замоне ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, дар илми тоҷик навгонӣ ва ташаббусҳои илмӣ кам ба мушоҳида мерасанд, афроди лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷӯ ба ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб карда намешаванд…». Таъкидҳои Пешвои миллат бори дигар собит месозанд, ки вазъи илмҳои дақиқ ва эксперименталӣ дар муассисаҳои илмӣ ва таълимии ҷумҳурӣ ҷавобгӯи талабот набуда, ба дастгирӣ ниёз дорад. Маврид ба ёдоварист, ки дар ин марҳила ҷиҳати дастгирӣ ва рушди самтҳои номбурдаи илм қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005 - 2008» аз 29 декабри соли 2003, № 571 ва «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010 - 2020» аз 27 феврали соли 2010, № 89 ба тасвиб расидаанд. Вале, таҳлили раванди амалӣ гардидани барномаҳои номбурда собит месозад, ки сифати иҷро ва ҳадафҳои асосии онҳо аз мадди назари иҷрокунандагон дур монда, барои тавсеаи тадқиқоти бунёдӣ ва илмҳои дақиқу эксперименталӣ ҳанӯз заминаи мусоиди моддию техникӣ ва кадрӣ муҳайё нагардидааст. Бояд таъкид кард, ки маҳз аз ҷониби сохторҳои дахлдор ва ҷомеаи илмии ҷумҳурӣ сари вақт ва дар сатҳи зарурӣ амалӣ нагардидани барномаҳои давлатӣ оид ба соҳаи мазкур боиси эродҳои ҷиддии Президенти кишвар дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Тавре медонем, бе мавҷудияти озмоишгоҳҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, пояи устувори моддӣ - техникӣ ва кадрӣ рушди илмҳои бунёдӣ, хусусан самти илмҳои эксперименталӣ, ғайриимкон аст. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ чунин муассиса ё корхонае, ки масъалаи ба ҷумҳурӣ ворид намудани таҷҳизоти илмӣ (таҷҳизот, реактивҳои химиявӣ барои озмоишгоҳҳо ва ғ.) ва дигар маводи заруриро таъмин кунад, фаъолият надорад. Бояд ёдовар шуд, ки соли 2006 бо мақсади ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил намудани Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёвӣ ва васоити экспедитсионӣ» дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, вале бо сабабҳои номаълум муассисаи мазкур то имрӯз ба фаъолият шурӯъ накардааст.
Бо мақсади таҷҳизондани кабинетҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ва дар ин замина муҳайё намудани шароити мусоид барои ташаккули тафаккури техникию табиии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, № 544 “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 - 2020” ба тасвиб расонда шуд, ки амалӣ гардидани он дар ин марҳила хеле муҳим буда, метавонад дар ояндаи наздик барои рушди илмҳои эксперименталӣ дар кишвар мусоидат намояд. Лекин, таҷриба нишон медиҳад, ки бинобар сабаби дар ҷумҳурӣ фаъолият накардани сохтори махсус оид ба таъмини корхонаҳо, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ бо таҷҳизоти лабораторӣ ва маҳлулҳои химиявӣ, амалӣ гардидани барномаи номбурда мушкил ё комилан ғайриимкон мегардад.
Айни ҳол, тақрибан, тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумию олӣ, муассисаҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ маҳз бо ҳамин сабаб наметавонанд омӯзиш ва таҳқиқоти самараноку судманд ва ташхиси дақиқу саривақтиро ба анҷом расонанд. Ҳамзамон, мушкилоти мазкур тарбияи мутахассисони варзида ва таҷрибаноки ҷавобгӯйи талаботи муосирро дар самти фанҳои эксперименталӣ ва тадқиқоти бунёдӣ ғайриимкон месозад. Илова бар ин, озмоишгоҳҳо барои санҷиши сифати маҳсулот дар назди бозорҳо, роҳи оҳан, гумрук, “Тоҷикстандарт”, хадамоти байторӣ ва ғайра низ бе таҷҳизоти зарурӣ ва маводи химиявӣ наметавонанд фаъолияти худро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Таҳлил ва арзёбиҳои воқеӣ ва фарогири Роҳбари давлат муҳаққиқону коршиносон ва масъулони соҳаро водор месозад, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд ва дар ин самт тадбирҳои мушаххасу судманд андешанд. Зеро ки вазъи илмҳои бунёдӣ ва самаранокии маблағгузории соҳаи илм дар ҷумҳурӣ боиси нигаронӣ буда, тибқи талаботи замони муосир ва ниёзмандиҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии кишвар муносибати навро мехоҳад.
(Идома дорад)
Абдураҳмон ҚУРБОНОВ, доктори илмҳои фалсафа
манбаъ: "Ҷумҳурият"