ДУ ШИКАСТИ НАҲЗАТ ДАР АВРУПО. ҲОЛО "САҲА"-РО МЕБОЯД ИҚДОМ КУНАД!

Нашр шуд korbar - пн, 09/23/2019 - 17:19

Раванди ҷаҳонишавӣ баҳри пурталотумеро мемонад, ки бо падидаву зуҳуроти мусбату манфии худ то рафт ба маҷрои зиндагии аҳли сайёра ворид мегардад. Дар ин зимина, давлатҳо, ҷомеаҳо, гурӯҳҳо ва инсонҳое муваффақанд, ки бо такя ба ақли солиму андешаи созанда хубро аз зишт тамйиз намуда, аз ҷанбаҳои самарабахши раванди ҷаҳонишавӣ истиқбол ва аз паҳлуҳои мушкилзои он, аз қабили олудашавии фарҳангӣ, аз даст додани ҳувият ва амсоли он сарфи назар мекунанд. Зеро раванди ҷаҳонишавӣ, ки ба истилоҳ “демократикунонии ҷомеаҳо” як бахши муҳими онро ташкил медиҳад, барои гурӯҳу фирқаҳои манфиатҷӯ замина ё баҳонае ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои барномавиашон мебошад. Чунин омил агар дар гузашта бештар дар сиёсати қудратҳои ҷаҳонӣ ба мушоҳида мерасид, имрӯз ҳатто хурдтарин гурӯҳҳои ифротиву террористӣ низ талош доранд, то аз ин зовия (демократияҷӯиву демократияхоҳӣ) аз худ хабар диҳанд.

Яке аз чунин ташкилотҳо ТЭТ ҲНИ мебошад, ки ҳарчанд тибқи оиннома ҳадафи ниҳоии он ташкили инқилоби исломӣ ва дар заминаи он бунёди давлати исломӣ буду ҳаст, ҳоло ба рӯи худ “ниқоби демократӣ” кашидааст.

Маълум аст, ки баъди аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф шудани ҲНИ аз моҳияти ифротӣ доштани фаъолияти он аксари кишварҳои олам, аз ҷумла ҷаҳони Аврупо ба хубӣ огаҳ гардиданд. Ин буд, ки фаъолияти иддае аз роҳбарону пайравони ТЭТ ҲНИ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди Қонун фирор карда, ба Аврупо паноҳ бурданд, барояшон самараи дилхоҳ надод. Зеро олами Ғарб, ки дар чанд соли охир чандин мартиба тамъи талхи фаъолияти гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”-ро чашид,  ҳоло нисбат ба дилхоҳ ҷараёни дорои моҳияти динӣ, махсусан исломӣ муносибати нозук ва мӯшикофона дорад.  Табиист, ки ин навъи муносибат дархӯри кори Кабириву наздикону пайвандонаш (дар хориҷ асоси пайравони Кабириву ташкилоти онро аҳли оила, дӯстон ва наздиконаш ташкил медиҳанд) набуд. Чунин муносибати Аврупо дар нисбати ТЭТ ҲНИ-ро метавон ҳамчун шикасти аввалини ин ҳизби ифротӣ дар қаламрави Аврупо маънидод кард. Бо дарки ин шикасти худ дар як ҷаласа дар Дортмунди Олмон Кабирӣ сароҳатан иброз намуд “ мо бояд эътилофе ташкил диҳем, ки дар он на номи “наҳзат” вуҷуд дошта бошаду на номи “ислом”.  Ин буд, ки чанде аз наҳзатии ҳувиятгумкарда дар алоҳидагӣ ба ном ташкилотҳои алҳида (иборат аз 3-4 нафар) таъсис дода, дар умум эътилоферо бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” бунёд карданд, ки ин эътилоф бо шиорҳои демократияхоҳона амалан рисолати ТЭТ ҲНИ-ро иҷро мекунад.

Чунин гашти ногаҳонии Кабириву пайравонаш боиси вокуниши тунде аз сӯи аҳли ҷомеа, коршиносон ва бархе аз аъзои ТЭТ ҲНИ гардид. Зеро ғояи аслии ТЭТ ҲНИ барои ҳама равшан буд ва ин ғоя дар замони фаъолияти қонунӣ доштани он дар қаламрави Тоҷикистон пайваста дар матбуоти ҳизб, аз ҷумла ҳафтаномаи “Наҷот” инъикос мегашт. Масалан, ҳамагӣ қабл аз ду соли манъи фаъолияти он дар мақолаи “Нобасомони мусулмонон кист? (“Наҷот”, 7 марти 2013, муаллиф М. Қодирӣ) идеяи “хилофат” тарғиб ёфтааст ва муаллиф изҳори таассуф аз он мекунад, ки имрӯз давлатҳои миллӣ ҷои хилофатро гирифтаанд ва боиси рукуди ҷаҳони ислом гардидаанд: “Баъд аз табдили хилофат ба мулкият рукуд дар ҷаҳони ислом оғоз шуд. Зеро вақте хилофат ба мулкият ё ҳамон подшоҳӣ табдил шуд, манфиатҳо ҷои арзишҳоро гирифтанд”.

         Бо дарназардошти огоҳ гардидани ҷомеа ва бархе аз аъзои худи ТЭТ ҲНИ азҳилаи шаръӣ”-и Кабирӣ ва дарки он, ки ҳамаи ҳадафҳои Кабирӣ сирф моҳияти тиҷоратӣ доранд, чунин омил зарбаи сахтеро ба фаъолияти он зад, ки онро мо шикасти дуюми ТЭТ ҲНИ дар хоки Аврупо меномем.

         Ҳоло беш аз як сол мешавад, ки номи ТЭТ ҲНИ ҳатто дар саҳифаҳои матбуоти худи ин ташкилот ба чашм намерасад ва Кабириву пайравонаш “ПМТ”-ро барои худ “умеди охирин” медонанд. Аммо бо як назари иҷмолӣ ба ҷараёни нишастҳои САҲА, ки имрӯзҳо дар Варшава идома дорад, метавон пай бурд, ки бархе аз роҳбарони ташкилотҳои узви ба ном “ПМТ” ҳатто номи ташкилоти худро дуруст намедонанд, оид ба масъалаҳои муҳокимашуда донишҳои сатҳӣ доранд ва ҷанҷолу пархошро роҳи наҷоти худ аз баҳсҳои илмии солим қарор додаанд. Аз ин рӯ, умед мебандем, ки САҲА новобаста аз сиёсатҳои баъзан дугонаву духӯрае, ки дорад, ба фаъолиятҳои баъдии ин тӯдаи ба ном “мухолиф”  баҳои воқеии ҳуқуқӣ хоҳад дод.

Афшини Муқим,

котиби матбуотии Кумитаи дин,

танзими анъана ва ҷашну маросими назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон