
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди ҳама масруфияти хеш дар амри мусоид сохтани вазъи сиёсиву иқтисодии мамлакат, ҳалли масоили фарҳангиро ҳамвора дар мадди назар доштаанд. Аз лаҳзаҳои аввали масъулияти Сарварии ҷумҳуриро бар дӯш гирифтан, ба фаъолияти аҳли илму адабу ҳунар бо дидаи эътибор менигаристанд ва бо такя ба хираду дониши азалии мардуми шарифи тоҷик дар зимни вазифаи сиёсатмадорӣ, ки он шабу рӯз кори осон набуд, ба таҳқиқи масоили печидаву пуруқдаи сарнавишти халқи тоҷик камари ҳимматро маҳкам барбастанд.
Ҳосили ранҷи андешаҳову бедорхобиҳо, пажӯҳишҳову дарёфтҳо осоре басо пурҷанба дар соҳоти таърихи тамаддуни ориёиҳо, амсоли «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ва силсиламақолоти дигар, ки тоҷикон аз ворисони ҳақдортари онҳо ба шумор мераванд, мебошанд. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ маҳз ин сатрҳои бо заҳмати қиёснопазир рӯйи саҳифа омадаи Президенти мамлакат мӯҷиби ангезиши ҳисси худшиносиву озодихоҳӣ ва бозсозии ҳамватанони азизи мо гардид. Эшон аз мазомини ин таълифоти пурарзиш рӯҳу илҳом гирифта, моҳияти эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро жарф дарк карданд.
Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» идомаи он ковишу ҷустуҷӯҳост, ки аз вақти рӯйи чопро дидан ба ин сӯ перомуни он дар рӯзномаву ҳафтанома ва маҷаллаҳо матолиби пурмоя фаровон ба табъ расиданд. Аз мундариҷаи навиштаҳо эҳсос мешуд, ки хонандагон чунин маводро кайҳо интизор буданд, ки онро гарм истиқбол намуданд.
Дарвоқеъ, мутолиаи он ихтиёрро ба сӯйи гузаштаи дури дур мебарад, шебу фарозҳои зиндагии ориёиҳо дар масири таърих ва чун ҳоли онҳо вазъи забони саргардонашон дар доираи назар чарх мезанад. Ва чун хешро дар оғӯши пурҳарорати Тоҷикистони соҳибистиқлол дар- меёбед, эҳсоси осоиш тану ҷонро фаро мегирад ва дар ростои заҳматҳои бахарҷдодаи Президенти муҳтарам, бавижа дар заминаи тадобири фарҳангӣ, ки дарёфти мақоми милливу давлатии забони тоҷикӣ яке аз ҷумлаи он тадбирҳост, бо изҳори сипос ин сатрҳо, ки дар оғози китоб дарҷ ёфтаанд, мутаранним мегарданд: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».
Аммо, ин забон, то ҷое ки мо медонем ва ҳамон гунае, ки муаллифи арҷманд ҳам менигоранд, дар тайи замон номеҳрубониҳои зиёд дидааст.
Пас аз шикасти давлати Сомониён, ҳудудан баъди ҳазор сол, дар поёни асри ХХ ва оғози садаи ХХI акнун аз ҷониби Сардори давлат навозиш ва парасторӣ ёфт.
То ин вақт, агар шарҳҳову тафсирҳои фарҳангномаҳо ва рисолаҳои ба таъсири сарфу наҳви забони арабӣ таснифгардидаро истисно кунем, дар мавриди забони тоҷикӣ рисола ва ё дастури мушаххас фароҳам наёмадааст, яъне забони таърихдору пур аз ганҷи вожагони мо дар ҳошияи тадриси грамматикаи арабӣ қарор дошт. Аллома Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо» ба ин нукта ишора фармудаанд: «Адабиётро (манзур адабиёти миллист– С. А.) ҳар кас хоҳад, ба сари худ машғулӣ мекард ва дарси забони модарӣ мутлақо набуд. Забони модариро ҳар кас ба қадри қувва ва қобилияти худ аз зиндагӣ ва аз мутолиаи китобҳо меомӯхт».
Ин байти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, мутафаккири тоҷик низ, аз вазъи риққатовари барномаи таълимии мадориси аҳди амирони манғит, ки фарҳанги тоисломии моро беэътибор медонист, ҳикоят мекунад:
Ҷуз мазҳаби худ якҷиҳатон ҳич нафаҳманд
З-алфози «Муҷастӣ» - ву зи «Занд» - у хати «Позанд».
Аз ин лиҳоз, «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро мо ибтикори Пешвои миллат ва меваи шаҳдбори навниҳоли айёми озодӣ ва Истиқлоли Тоҷикистони гул - гулшукуфон мепазирем.
Дар ин маҳдуда наметавонем, ки рӯйи маводи фарогири он тахассусӣ суҳбат анҷом бидиҳем. Ба яқин, зимни дарсу семинарҳои илмӣ мо ин корро ба иҷро хоҳем расонд. Аммо, дар фуроварди сухан гуфтанием, ки: «Забони миллат – ҳастии миллат» бо дар бар доштани ҷанбаи маърифатӣ дар миёни пажӯҳишҳои забоншинохтӣ имтиёз дорад. Дар даврони шӯравӣ тадқиқи академикии масоили забон роҳандозӣ шуд, ки ба назари мо, вобаста ба вазъи ҳамонвақтаи он матлуб набуд ва имрӯз бисёре аз онҳо ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ нестанд, яъне илми забон ҳам аз ҷумлаи улуми иҷтимоист ва дар канор мондани он аз равандҳои инкишофи ҷомеа дуруст намебошад.
Оид ба этимологияи (дар сарфи арабиву форсӣ ваҷҳи тасмия) вожаи «тоҷик» илман, бо далелҳо, натиҷагирӣ шудааст. Шарҳи он андешаи хонандаро ба давраҳои пеши пеш мебарад ва ба ҳақиқати он яқин ҳосил менамояд. Посухи муфассалро маҳз аз ин сарчашмаи муътамади илмӣ метавон пайдо кард.
Мутолиаи «Забони миллат – ҳастии миллат» на танҳо барои забоншиносон, балки барои кулли алоқамандони илму фарҳанги тоҷик, ҳамчунин, бародарони ҳамзабони мо басо судманд аст, чунки забон монанди ҳавову об, мусиқиву варзиш ҳаққи ҳама инсонҳост.
Сулаймон АНВАРӢ,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон