ҒОЯВУ АНДЕШАҲОИ МАВЛОНОИ БАШАРДӮСТ ИМРӮЗ ҲАМ ПЕШГОМИ ҲАРАКАТ БАРОИ СУЛҲУ ОСОИШИ ДУНЁ МАҲСУБ МЕШАВАНД

Нашр шуд korbar - пн, 09/30/2019 - 10:35

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207- 1273) аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, аз фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги машриқзамин, аз дурахшонтарин чеҳраҳои  шеъру адаби форсӣ ва илму адёни  ҷаҳонист. Ӯ дар қатори чунин чеҳраҳои мондагори фарҳанги форсизабон, чун устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Шайхурраис Сино, Ҳаким Умари Хайём, Шайх Саъдӣ, Шайх Камол ва Хоҷа Ҳофизу дигарон  мавқеи беназир ва ному симои оламгири худро ба мо мерос гузоштааст.

Он суханвари мумтоз, донишманд ва сӯфии бузург  тавонистааст “баҳрро дар кӯза” гунҷонад ва “пилла-пилла то мулоқоти Худо” ба мо роҳ кушояд. Ду асари гаронбаҳо ва беназири ӯ- “Маснавии маънавӣ” ва “Девони кабир” ду кохи бузурги маънавие ҳастанд, ки бо гузашти асрҳо на ин ки бегазанду муҷалло мондаанд, балки беш аз пеш ҷилову ҳашамат ёфтаанд.

‘Маснавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ  шомили он қадар дониш ва маълумотест, ки дар баробари як донишгоҳ метавонад таълим бидиҳад ва ҳатто бештар аз он, зеро ҳар нафаре, ки ин асари беҳамто ва безаволро мехонад, воқеан ба таври кофӣ огоҳӣ аз оламу ҳаёт, инсону замин, илму адён, таъриху фалсафаву табиат, рӯҳияи амиқи инсонӣ, андешаҳои амиқи илмиву ирфонӣ, панду андарзу ҳикмати ҷовидонӣ, завқу маҳорати сухан ва суханварӣ…  ва ғайраву ғайра дарёб метавонад кард. Э…Дар  он китоби беназир саҳафоти заррини фаровонест, ки ҷаҳиши рӯҳии Ҷалолуддин шуморо ба авҷи осмонҳо мебарад, ба дарёи маввоҷи ишқу ҳолу бехабарӣ меандозад, вале асолати он дар баёни матолиб ва кайфияти он баён ва бузургии он дар фаровонии андеша ва танавуъи амсоли он  аст ва аз ин ҳайс  дар дунё китобе ба бузургиву ҷалолат қадри «Маснавӣ» набошад.» (Алии Даштӣ).

Дарку фаҳмиши амиқи ин асари бемисол танҳо ба касе даст медиҳад, ки огоҳии комил аз фарҳанги исломӣ ва ошноии ҳамаҷониба аз зарофатҳои хоси забони суханварони бузурги гузаштаи моро  дошта бошад. Ба замми ин донистани таъриху фалсафаи Шарқ, тафаккури исломӣ, хусусан ирфони тасаввуф барои фаҳмиши андешаву нуктаҳои борик ва боз гардидани гиреҳҳои пурпечутоби ин асари баландпоя ногузир аст. Истифодаи Мавлоно аз маъхазҳои  бешумори (беш аз 150 маъхаз) хаттиву шифоҳӣ, илмиву адабиву динӣ дар таълифи ин асар ва дар баробари ин берун нарафтан аз ҳадафи асосии худ, эҷодкориҳои фавқулода  ва дурахши ҳунару истеъдод, шахсияти фурӯзони худро нигоҳ доштану ҷилвагар намудан аз вежагиҳои дурахшон ва бесобиқаи ин асар аст. Ин аст, ки Ҷомии бузург дар ситоиши “Маснавӣ” гуфтааст:

“Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ

Ҳаст Қуръон  дар забони паҳлавӣ.

Ман чӣ гӯям васфи он олиҷаноб,

Нест Пайғамбар, вале дорад китоб!

Чунин баҳоро ягон шоири дигар ва асари дигар дар адабиёти классикии мо сазовор нагардидааст.

Асари дигари бузургу беҳамтову оламгири Мавлонои Балхӣ “Девони кабир”  дарёест беканор, ки  аз тамоми  қуллаҳои баланди илму ҳикмату маонии олам рӯдҳои саршор бар он рехта, ин дарёро шодобу саршор аз фазилат, ишқу меҳри инсонӣ гардонидаанд.

“Мисли дарёст, оромиши он зебо ва ҳаяҷони он мафтункунанда аст; мисли дарё пур аз мавҷ, пур аз кафк, пур аз бод аст. Мисли дарё рангҳои бадеи гуногун дорад: сабз аст, обист, бунафш аст, нилуфарист. Мисли дарё оинаи осмон ва ситорагон ва маҳали таҷаллии ашъаи офтоб ва моҳ ва офаринандаи нақшҳои ғуруб аст. Мисли дарё аз ҳаракат ва ҳаёт лабрез аст ва дар зери зоҳири сайқалӣ ва ором дунёе пур аз тапиши ҳаёт ва талоши тамомнашудании зиндагӣ дорад. Девони Шамс девони шеър нест, ғавғои як дарёи муталотуми тӯфонист. Девони Шамс инъикоси як рӯҳи ғайриором ва пур аз ҳаяҷону лабрез аз шӯру ҷазба аст.

Нахустин хусусияте, ки аз ашъори Ҷалолуддин ба чашм мехӯрад ва ӯро аз соири шуаро мумтоз мекунад, ин аст, ки ӯ намехоҳад шеър гӯяд, мехоҳад эҳсосоти гунг ва мубҳами худро бигӯяд. Ӯ  “гунги хобдида аст” ва хоби худро мехоҳад бигӯяд. Ӯ дар уқёнусе дасту по мезанад ва ин дасту по задан ба сурати калимоти мавзун ва хушоҳанг дармеояд. Ба қавли худи ӯ:

Ҳама ҷӯшам, ҳама мавҷам, сари дарёи ту дорам.” (Алии Даштӣ)

Осори гаронбаҳо ва арзишманди Мавлонои Балх баъд аз сипарӣ шудани беш аз ҳаштсад сол  ҳанӯз аҳамият ва қадру қимати худро гум накардааст, балки, баръакс, имрӯз беш аз ҳар вақт дар олам нуфузу обрӯ дорад ва  аз ҷиҳати теъдоди чоп дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро мегирад, ки мояи сарфарозӣ ва ифтихори мо, ворисони ӯст.

Хуҷастагиҳои осори бегазанди Мавлоно аз ҷониби бузургтарин олимону шарқшиносони дунё мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор  доштааст ва ин хуҷастагиҳо хеле зиёданд. Мавлоно дар осори бегазанди худ масъалаву мавзӯъҳоеро  мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор додааст, ки  дар моварои рӯзгори инсоният ҳамеша  пешорӯи ӯ вуҷуд доштаанд ва имрӯз ҳам аз масъалаҳои ҳалталабу изтиробангези ҷомеа ва башарият  мебошанд. Яке аз ин масъалаҳо масъалаи ягонагии инсонҳо, ваҳдати ҷомеа ва сулҳу дӯстист.

“Мо барои васл кардан омадем”,- мегӯяд Мавлоно. Ӯ ҳанӯз дар замони худ бар алайҳи тафриқаву зиддиятҳои инсонӣ, хусусан зиддиятҳои диниву мазҳабиву мафкуравӣ, нифоқу ҷудоиандозиҳои мазҳабиву динӣ ғояи “Инсони комил” ва  назарияи “Сулҳи кулл”-ро роҳандозӣ ва пайгирӣ карда буд. Андешаҳои ҷомеасозу ваҳдатписанди Мавлоно аҳли кулли мазҳабу равияҳои давронро ба дарёфту шинохти ҳақиқати дин ва Худои ягона раҳнамоӣ мекунанд. Таълимоти Мавлоно  Руму Эрону Шому Миср, Синду Чину Мочинро дар замони худаш бо унвони “Мавлавия” фаро гирифта, то имрӯз идома дорад. Дар замони зиндагии Мавлоно аҳли дину мазҳабҳои гуногун дар ин таълимот ҳаммаслаки Мавлоно буданд ва аз назарияи “Сулҳи кулл”- ӯ дастгирӣ мекарданд. Ва рӯзе, ки ҷанозаи Мавлоноро аз кӯчаҳои Куния мебурданд, мусулмону насронӣ, габру яҳудиву буддоӣ ҳама аз пайи тобути ӯ равона буданд. Мавлоно тавониста буд бо ғояҳои баланди инсондӯстонаи худ нифоқу тафриқаҳои мазҳабиро барҳам занад ва ҳамаи намояндагои дину азҳобу қавму миллатҳои мухталифро дар зери ғояҳои башардӯстона ҷамъ оварад. Зеро барои Мавлоно инсон , мақому манзалат ва шарафу эътибори ӯ болотар аз ҳама сохтаву бофтаҳои одаму олам буд:

Чӣ тадбир, эй мусулмонон, ки ман худро намедонам,

На тарсову яҳудиям, на габрам, на мусулмонам!

На шарқиям, на ғарбиям, на барриям, на баҳриям,

На аз мулки ироқиям, на аз хоки Хуросонам!…

Бубинед, имрӯз дар асри бисту як башарият боз ҳам ниёз ба ягонагиву ҳамраъйӣ ва ваҳдати кулл дорад  ва табиист, ки ғояву андешаҳои Мавлонои башардӯст имрӯз ҳам дар пешгоми ҳаракат барои сулҳу осоиши дунё метавонанд қарор дошта бошанд.

Метавон бо суханони Мавлавии бузург ин андешаҳоро ҷамъбаст кард:

Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест,

Сафар бе рӯшноӣ маслиҳат нест.

Чу мулки подшоҳӣ дида бошӣ,

Пас аз шоҳӣ гадоӣ маслиҳат нест.

Чу по дорӣ, бирав дасте биҷунбон,

Ки ин бедаступоӣ маслиҳат нест.

Кӣ метавонад бигӯяд, ки ин суханҳо имрӯзӣ нестанд ва ба дарди мо ва мардуми сайёра намехӯранд?

Он инсон, “Инсони кулл”—, ки Мавлоно онро меҷӯяд ва тарғиб мекунад, дар орзуи дидори ӯст, армони башарият аст. Инсоне, ки дар ин замони таҳдиди фоҷиаҳо ба сайёраи Замин, дар замони тағйироти глобалӣ ва таҳдидомезе, ки бар сари инсоният омадааст, бояд оқибат зуҳур кунад ва расолати инсонии худро иҷро намояд.

Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст,

Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст!

Ай офтоби ҳусн, бурун о даме зи абр,

К-он чеҳраи мушаъшаъи тобонам орзуст!…

З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,

Шери Худову Рустами Дастонам орзуст!…

З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малӯл,

Он ҳойҳуву наъраи мастонам орзуст!..

Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,

К-аз деву дад малӯламу  инсонам орзӯст!

Гуфтанд: “Ёфт менашавад, ҷустаем мо!”

Гуфт: “Он ки ёфт менашавад, онам орзуст!”…

Оё ин ҳам армони башарияти имрӯз нест?

Яъне Мавлоно, сухани ӯ беш аз ҳар замоне имрӯзист ва метавон ин суханҳоро шиори мардуми мо дар роҳи худшиносии миллӣ ва раҳнамои мардуми олам дар роҳи ормонҳои бузурги инсонӣ кард. Бузургдошти Мавлоно, ки ҳар сол дар  Рӯзи Мавлоно  ҷашн гирифта мешавад ва дигар бузургдоштҳои нобиғагони миллати тоҷик, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон  тарҳрезӣ шудаанд, моро ҳидоят ба худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти худ, пуштибонӣ аз Ватани муқаддас ва Истиқлолияту Ваҳдати миллиамон менамояд.

  Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон
ходими адабии АМИТ «Ховар»