ПОКИЗАГИИ ЗАБОН - ОМИЛИ АСОСИИ ПЕШРАФТИ ИҶТИМОӢ

Нашр шуд korbar - чт, 10/03/2019 - 10:52

Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо забони муоширати бархе аз ҷавонону наврасон, махсусан занону духтарони тоҷик моро ба ташвиш оварда, ин раванд масъулияти ниҳодҳои дахлдорро бештар мекунад. Зеро инсон бар зидди тамоми мушкилоти зиндагӣ  мубориза бурданро аз мактаб меомӯзад, ки дар омӯзиши тамоми илмҳо ва болоравии ахлоқи ҷавонон омӯзгор нақши  басо  муҳимро мебозад.

        Бояд қайд намоем, ки мураббӣ ва омӯзгор будан ин ифтихор аст, зеро тамоми он нафароне, ки имрӯз давлатро роҳбарӣ мекунанд барои халқу ватани хеш хизмат мекунанд, якояки онҳо бо талошу заҳмати  омӯзгору мурабӣ мақоми баландро соҳиб гаштаанд. Бо вуҷуди ин ҳама мураббӣ ин сифатест, ки  Худои Меҳрабон хоси худаш қарор додаасту ин сифатро низ ба Паёмбараш, ки тарбиятгиранда ва тарбиятдиҳанда буд, ки умматашро дар рӯҳияи инсондӯстӣ тарбият намуда, аҳкоми шариаташро ба онҳо таълим дод. Пас, ҳар нафаре, ки чангзананда ба ин таълиму тадрис аст,  аз нигоҳи ислом меъросбарандаи Паёмбари Худо маҳсуб мешавад. Касби муаллимӣ ин касби паёмбарон мебошад, ки инсон бояд аз ин мансаби пурмасъулият ифтихор намояд, зеро Аллоҳи меҳрубон дар сураи Фотиҳа ба худаш ин сифитро нисбат додааст. Барои  ҳар бандае, ки дорои чунин сифат аст, яъне мураббӣ,  муаллим  шуда кор мекунад ва Худо онро ба ин мансаб лоиқ донистаасту аз рӯи  ин касб зиндагӣ мекунад, зиндагии басо бобаракатро соҳиб гашта, дар дунёву охират саодатманду сарбаланд аст.

         Тавре ба  ҳамагон маълум аст, кишвари азизи мо имрӯз  дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо иқдому ташаббусҳои арзанда мақоми хосеро ишғол намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари суҳбату суханрони худ ҳамеша мардумро ба доштани забони покиза ва дасту дили соф даъват менамоянд. Аммо новобаста ба ҳамаи ин, мо ҳанӯз ҳам дар баъзе маврид шоҳиди бадахлоқии забонӣ аз ҷониби бахше аз сокинони кишвар мегардем, ки ин раванд ташвишовар мебошад. Масалан, дар соли 2018 шоҳиди муноқишаи оилавие гаштем, ки дар натиҷаи омӯзиши сабабҳои сар задани муноқиша миёни ду навҷавон муайян гашт, ки домод модари арӯсро дашном додааст, арӯс бошад, тарафи домод дар ҷавоби дашномаш лаънат бар авлодашро  ном гирифтааст. Дар натиҷа ҷавон арӯсро зери латукуб қарор дода , падару модари арӯсро даъват намуда, моҷароро ба онҳо гуфта онҳо дутарашонро сарзаниш кардаанд. Ногоҳ модари домод падари тарбиягари  келинашро дашном медиҳад, аз ҷониби модари арӯс низ чунин калима ба тарафи домод гуфта мешавад. Ҳамин тариқ миёни ду оила ҷанги калон сар зада, оилаи ду ҷавонро пароканда мекунад.

Ногуфта намонад, ки дини мубини  Ислом дашномро ҳарому фисқ хондааст:  Паёмбари гиромӣ мефармояд “бузургтарин гуноҳи кабира ин лаънат гуфтан ба падару модари худаш мебошад. Саҳобагони киром пурсиданд, ё Расули Худо, чи гуна метавонад инсон падару модарашро дашном диҳад? Расули акрам (с) гуфтанд дашном додани падар ё модари нафаре дашном додани падари хеш аст, зеро ӯ низ ба падару модари вай дашном медиҳад”. 

Паёмбар (с) мефармояд:  “Дашном додани муъмин фисқ аст ва қатли муъмин куфр аст”. Чи сухани зебое гуфтааст ҳабиби Худо агар инсон нафареро дашном бикунад, муртакиби гуноҳи кабира мешавад, дар шариат онро фосиқ гуфтан мумкин аст, ҳамчунин қалби як исонро озор додан аст, ки  меҳру муҳаббат нисбати якдигар тамоман аз байн меравад дар натиҷа инсондустӣ, якдигарфаҳмӣ низ миёни мардум коста мегардад.

Офати Забон:

  1. Суханоне, ки ҳеҷ манфиъате на дар дин дораду на дар дунё
  2. Сухан гуфтан дар ботил: Яъне  суханони барои хандаи мардум, ки ҳеҷ манфиъате надошта бошад.
  3. Фаҳш гуфтан: Расули Худо (с) фармудаанд: “Биҳишт ҳаром аст бар касе, ки забони фаҳшгӯ дорад ва дар дӯзах бештари он нафароне, ки ба азоби сахту дардноки дӯзах мубтало шуданд, нафароне мебошанд, ки ба суханони фаҳш одат карда буданд. Аз нолаву фиғони онон дигар дӯзахиён ба фарёд меоянд”
  4. Масхара кардан.
  5. Хандаи бе сабаб бо садои  баланд.
  6. Ваъдаи бардурӯғ.
  7. Савгвнди бардурӯғ.   
  8. Ғайбат кардан 
  9. Суханчинӣ кардан

     Ин амалҳое мебошад, ки тариқи забон анҷом дода мешаванд, инсонро аз дараҷаи баланди инсонӣ маҳрум сохта, дар дунёву қиёмат сарафкандаву сархам месозад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки баҳри сарбаландию саодатмандии ҳар фарди миллати тоҷик аз модарон сар карда то мардони  хона бояд аз ин амалҳо худдорӣ варзем, насли наврасро бо тарзу усулҳои ба инсон мувофиқ тарбият намоем, то ки дар оянда аз самараи заҳмати кашидаамон баҳраманд шавем.

Маҳмадсаиди Шарофиддин,

мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими н. Синои ш. Душанбе