ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ – ОМИЛИ МУТТАҲИДСОЗАНДАИ МИЛЛАТ

Нашр шуд korbar - чт, 10/03/2019 - 11:29

Давлатдории ҳар як миллат ба истифода, ҳифз ва гиромидошти забони миллии мардуми он кишвар пайвасти ногусастанӣ дорад. Таърих гувоҳ аст, ки дар баробари мардуми тоҷик забони тоҷикӣ низ дар марҳилаҳои мухталифи давлатдорӣ ҳодисаҳои гуногунро аз сар гузаронд. Дар тӯли беш аз ҳазор сол забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатдорӣ дар паҳнои Шарқи Наздик, Осиёи Миёна, Ҳиндустону Покистон то қисме аз Чин доман густурда буд. Забони тоҷикӣ дар сайри таърихӣ дар баробари он ки ҳамчун забони илму адаб, коргузорӣ, умури давлатдорӣ роиҷ буд, ҳамчун забони муошират байни ақвому мардуми гуногунзабон дар истифода қарор дошт. Хидмати забони тоҷикӣ дар равнақу ташаккули фарҳанги башарӣ бағоят бузург аст, ки инро бузургони илму сухан борҳо ёдоварӣ намудаанд.

Дар яке аз гузоришҳои тадқиқотии маҷаллаи бонуфузи ғарбӣ бо номи «Culture» забони тоҷикии форсӣ дар қатори 10 забони қадимтарини олам эътироф гардидааст, ки барои рушду нумӯи таърихи тамаддуни инсоният нақши муҳимро бозидааст. Дар оғози гузориши мазкур тазаккур дода шудааст, ки ҳар як забон вобаста ба хусусияти хоси худ нишонаи фарқкунанда дорад. Дар ин ҷо ба забони тоҷикии форсӣ ишора меравад, ки шумораи истифодабарандагони он дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон зиёд буда, дар давоми беш аз ҳазор сол асолати худро гум накардааст ва мардуми ин сарзамин матни зиёда аз ҳазорсолаи «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсиро назар ба англисҳо, ки «Шекспир»-ро ба мушкилӣ мутолиа менамоянд, бе душворӣ мехонанд ва азёд мекунанд.

Дар баробари он ки забони тоҷикӣ ба ҳайси забони мардуми бумии минтақаи Мовароуннаҳру Хуросон то ба имрӯз амал менамояд, ҳамзамон барои рушди фарҳанг, илм, маориф, расму оинҳо ва дигар унсурҳои миллии мардумони Шарқи Наздик, Осиёи Марказӣ, кишварҳои араб ва туркзабон нақши арзанда гузоштааст.

Зимни суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар ҳанӯз моҳи марти соли 2018 таъкид намуда буданд, ки: «Бузургони миллати тоҷик дар тӯли таърих бо ин забони ҷаззоб осори арзишманди адабӣ, бадеӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба мерос гузоштаанд. Таърихи забони миллии мо шоҳиди он аст, ки маҳз забон бо иқтидор ва тавонмандиҳои худ миллати тоҷикро дар арсаи муборизаҳои сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ муқовиматпазир сохтааст. Мо ифтихор мекунем, ки Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Бедил ва ҳазорон нафари дигар қалби ҷаҳониёнро бо ин забони ноб, яъне забони модариву давлатии мову шумо тасхир кардаанд».

Қобили қайд аст, ки забони тоҷикӣ инчунин дар рушду густариши ҳаёти динии на танҳо мардуми тоҷикзабон, балки ба мардумони Аҷам хидмати шоиста анҷом додааст. Сарвари мазҳаби ҳанафӣ ва фақеҳи бузург Имоми Аъзам барои гиромидошти забони модарии худ ва осон намудани тоату ибодати пайравон иҷозат дод, то ин ки намози худро ба забони тоҷикии форсӣ барпо доранд. Минбаъд низ мардумони Шарқ, аз ҷумла туркзабонон низ ба ин забон намози худро ният мекарданд. Бо боварии том метавон гуфт, ки хидмати забони тоҷикӣ дар густариш ва паҳн намудани арзишҳои дини мубини ислом, бахусус тамаддуни исломӣ бағоят бузург аст. Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ ва садҳо дигар бузургони дини ислом бо таҳияю тадвини тафсирҳо ва дигар осори динӣ дар олами ислом маъруфу машҳур гардида, имрӯз низ аз он пайрвони дини ислом фарох истифода менамоянд. Дар суханронии хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба 1310 - солагии Имоми Аъзам дар мавзӯи «Моҳияти таҳаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзам ва вазъи дин дар кишвар», ки 26.02.2009 баргузор гардид, доир ба саҳми Имоми Аъзамро дар ҳифзи забони тоҷикӣ дар даврони футуҳоти ислом чунин баён намуданд:  «Фатвои шаръии Имоми Аъзам доир ба истифодаи забони тоҷикии дарӣ ҳангоми гузоридани намоз ва ба ҷо овардани дуову фотиҳа, инчунин ба ин забон тарҷума ва тафсир кардани Қуръони карим, мақому манзалати забони моро дар қаламрави хилофат хеле таҳким бахшид ва барои забони дуюми тамаддуни исломӣ шудани он роҳи васеъ кушод. Хизмати Имоми Аъзам дар ҳифзи забони тоҷикӣ, таҳкими мавқеъ ва густариши он бузург аст. Зеро забон яке аз нишонаҳои асосии ташаккули миллат мебошад. Агар ҷаҳду талошҳои ин фарзанди донишманди халқи тоҷик намебуд, дар ибтидои паҳншавии ислом доираи забони тоҷикӣ метавонист хеле маҳдуд гардад».

Бо мақсади арҷгузорӣ ба осори гаронмояи миллати тоҷик маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба хотири қонеъ сохтани эҳтиёҷоти динӣ осори арзишманди гузаштагонамон, ки дар олами ислом маъруф буданд ва ба забони арабӣ нигошта шуда буданд, ба забони тоҷикӣ тарҷума гардиданд. Аз ҷумла, китоби Қуръони карим, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Ҳидояи шариф»-и Марғелонӣ, Тафсири Табарӣ», «Таърихи Табарӣ»-и Муҳаммад Ҷарири Табарӣ ва даҳҳо китобҳои олимону орифони тоҷик бо дастгирии Сарвари давлат ба забони тоҷикӣ тарҷума ва интишор гардида, пешкаши хонандагон гардонида шуд.  

Ҳамагон дар ёд дорем, ки дар даврони шӯравӣ, гарчанде ба забони тоҷикӣ адабиёти зиёд нашр мегардид, вале ба манзалату мақоми забони тоҷикӣ аҳамияти дуюмдараҷа ва ҳатто сеюмдараҷа медоданд. Шумораи зиёде аз шаҳрвандони тоҷикзабон, ки худро «мансабдорону зиёиёни давр ва ҳамқадами замона» мепиндоштанд, ба хотири дар оянда пайдо намудани мартабаю мақоме фарзандони худро ба муассисаҳои таълимии забони русӣ мехононданд. Ин аз як ҷиҳат ҷаҳонбинии онҳоро васеъ гардонда бошад ҳам, ба ҳисси хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ таъсири манфӣ мерасонд.

Авохири солҳои 80-ум ва аввали соҳои 90-ум дар ҷумҳурӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии кишвар таҳаввулоти маънавӣ сурат гирифт, бештари зиёиён ва ҷавонон ғояҳои истиқлолхоҳӣ ва худшиносии миллиро пеша намуданд. Гурӯҳҳое пайдо шуданд, ки аз забони тоҷикӣ ҳимоят карда, пешниҳод менамуданд, ки ба он мақоми давлатӣ дода шавад. Ниҳояти кор 22 июли соли 1989 дар иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни забон қабул гардид ва забони тоҷикӣ мақоми давлатиро соҳиб шуд. Ин рӯйдод барои тамоми мардуми тоҷик санаи фаромӯшнопазир ва таърихӣ буд. Бо мақсади тавсеа додани амалисозии Қонуни забон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 1995 №662 Комиссияи татбиқи Қонуни забон таъсис дода шуд, ки корҳои назоратиро вобаста ба ин масъала роҳандозӣ менамуд. Ҳарчанд ки комиссия кор мекард ва аъзои он шахсони бонуфузи кишвар, аз ҷумлаи олимони забоншинос, адибон, забоншиносон, коршиносони соҳибтаҷриба ва ғайра буданд, кор дар ин самт қонеъкунанда набуд. Дар коргузории вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо, ниҳодҳои илмӣ, муассисаҳои таълимӣ аз забони давлатӣ кам истифода мешуд ва ба ин масъала чандон аҳамият намедоданд. Дар забони соҳаи илм низ мушкилот мавҷуд буд, зеро тамоми рисолаҳои илмӣ (қисман ба ғайр аз соҳаи адабиёту забони тоҷикӣ) ба забони русӣ навишта мешуданд, ки талаботи комиссияи олии аттестатсионӣ (ВАК) ҳамин буд. Ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997 №459 «Барнома доир ба тавсиа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Барномаи мазкур ҳамаи соҳаҳоро фаро гирифта бошад ҳам, чораи муваққатӣ буд.

 Иқдоми минбаъдаи ҷиддӣ ва қатъӣ дар сиёсати забони кишвар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  буд, ки 5 октябри соли 2009 таҳти №553 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, барои рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ заминаи боэътимод гузошт.

Ҳукумати ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаҳои таъмини мақоми забони давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари мулоқоту вохӯриҳояшон дар хусуси муҳимияти омӯзиши забони давлатӣ, поку беолоиш нигаҳ доштани он, муносибати эҳтиёткорона нисбат ба забони тоҷикӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ пайваста ёдовар мешаванд. Арҷгузорӣ ва хайрхоҳии роҳбарияти олии кишвар моро, бахусус насли наврасро водор месозад, ки ба забони модарии худ эҳтиром гузоранд, фарҳангу арзишҳои миллиро ҳифз намоянд ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Маҳз забони тоҷикӣ мардуми моро дар давраи рушди раванди таърихӣ то ба имрӯз на танҳо зинда нигаҳ дошт, балки имкон дод, ки нишонаҳои миллиамон ҳифз карда шаванд. Аз ин рӯ, ҳифзу гиромидошти ин забони малеҳ ва зебо, ҳамчун арҷгузорӣ ба арзишҳо ва ҳувияти миллӣ, вазифа ва рисолати ҳар як фарди ватандӯсти баору бономус мебошад.

Ҳанӯз соли 1993 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ бо забони тоҷикӣ аввалин бор ба сухан баромаданд, ки ин аз падидаи нав ва беназир баҳри ба даст овардани истиқлолияти комили давлатдории миллии тоҷикон мужда мерасонд ва боиси ифтихору сарбаландии тамоми мардуми тоҷикзабон мебошад.

Забони тоҷикӣ буд, ки тоҷиконро ба арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Оламиён мекӯшанд, осори гаронмояи адабии миллати моро ба забони тоҷикӣ мутолиа намуда, ҷаззобияти онро дар асолати он бинанд ва лаззат баранд.

Забони тоҷикӣ таърихи чандинхазорсола дорад ва дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ҳангоми маҳдуд ва танг сохтани доираи истифодаи он дар ҷомеа, зери ҷабру тааддӣ ва фишор аз тарафи аҷнабиён дучор гардидааст. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, хушбахтона, забони тоҷикӣ мушкилиҳоро сарбаландона паси сар намуда, аз озмоиши таърихӣ гузашт ва назокату нафосату назофати худро нигоҳ дошт. Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва барномаҳои гуногун дар мавриди рушди забони давлатӣ дар солҳои истиқлолият барои ривоҷу тавсеаи фарҳангу арзишҳои маънавӣ, такмили забони адабӣ, ғанӣ гардидани захираи луғавӣ ва риояи меъёрҳои забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҳуҷҷатнигорӣ ва мукотибот дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба забони тоҷикӣ бурда мешавад. Омӯзиши забони давлатӣ, риояи қоидаҳои имло дар аксари ташкилоту муассисаҳо ба таври ҳатмӣ сурат мегирад.

Дар суханронии худ Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори солгарди қабули Қонуни забон соли 2009 хотирнишон сохта буданд, ки: «Вазифаи наслҳои имрӯза аз он иборат аст, ки ба фарзандони худ ва умуман ба ҷавонон ва насли наврас як масъаларо ҳамеша таъкид ва талқин намоем: забони модарӣ мисли неъматҳои худододи Модар, Ватан ва Истиқлолият арзиши ҷовидонӣ мебошад ва чун гавҳари бебаҳо эҳтиёт кардани он қарзи ҳар кадоми мост».

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст ва фарҳангпарвар ҳифзу гиромидошт ва покиза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ мебошад.

Забон миёни ҳамаи арзишҳои фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи махсус дорад, зеро он омили муттаҳидсозандаи миллат ва ҳамбастагию ягонагии тамоми мардуми Точикистон ба шумор меравад.

Фаррухулло Олимзода,

Муовини Раиси Кумитаи дин,

танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон