Баракати танзим дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Нашр шуд admin - пн, 11/05/2018 - 12:07

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба хотири ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, кам кардани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин, дасти ёрӣ дароз намудан ба ятимону барҷомондагон равона шудааст. 
Дар ноҳияи  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади иҷрои қонуни мазкур 9 комиссияи доимӣ ва 91 комиссияи ҷамъиятӣ ташкил шудааст, ки дар кори онҳо 473 нафар, аз ҷумла намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, зиёиён, имомхатибон, собиқадорони меҳнат, шахсони рӯзгордидаву соҳибэҳтироми ноҳия фаъолона ширкат доранд. 
Тавре Зафархон Қиматов, мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросими миллии ноҳия, иттилоъ дод, давоми 9 моҳи соли равон аз тарафи комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар байни аҳолӣ 58 мулоқот ва 320 рейду санҷиш гузаронда шудааст. Дар ин муддат хатнасури хайриявии 65 кӯдак ба маблағи 11 ҳазору 217 сомонӣ, 1635 тӯйи домодию арӯсӣ баргузор гардидааст, ки хароҷоти умумии онҳо зиёда аз 4 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ба ҳар як маърака 2 ҳазору 689 сомонӣ рост меояд. Забҳи чорво 354 сарро ташкил дод, ки ин назар ба солҳои қаблӣ даҳ баробар кам мебошад. Вале, мутаассифона, бо вуҷуди фаҳмондадиҳиҳои зиёд ҳанӯз ҳам аз ҷониби бархе аз шаҳрвандон ҳолатҳои риоя накардани талаботи қонун ва ба зиёдаравӣ роҳ додан дар ҷашну маросим ба мушоҳида мерасад. Чунончӣ, дар ин давра аз тарафи комиссияи доимӣ, дар ҳамкорӣ бо мақомоти прокуратура, ШВКД дар ноҳия нисбат ба 4 амали қонуншиканӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суди ноҳия ирсол карда шуд. Дар натиҷа бо қарори суд нисбат ба қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин гардид. Ҳарчанд масъулони соҳа пайваста перомуни риояи қонун, пешгирии исрофкорӣ, тӯйҳои серхароҷот рейду санҷишҳо мегузаронанд, вале то ҳол дар ин самт камбудиҳо ҷой доранд. Махсусан, надоштани иҷозатномаҳои хизматрасонӣ аз тарафи сарояндагон ё аз меъёр зиёд гузарондани онҳо ҷой доранд.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»