НАҚШИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ИНКИШОФИ ТАММАДУНИ ҶАҲОНӢ

Нашр шуд korbar - вт, 10/08/2019 - 08:58

Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ» қабул карда шуд. Тибқи қонун забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт. Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22-юми июл ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард. 5-уми октябри соли 2009 баъд аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни номбаргардида ба амал даромад. Аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот дароварда шуд ва рӯзи 5-уми октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.2009 с. №699) эълон гардид.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарини рӯи олам аст. Тоҷикон ҳазорсолаҳо инҷониб бо ин забони шевову дилчасп шеър суруданд ва асарҳо офариданд. Аҷдодони мо забони тоҷикиро ба авҷи аъло расониданд, онҷо, ки Расули акрам (с) дар ҳаққи мардуми мо башорат фармудаанд, ки «Агар илм дар Сурайё мебуд, мардоне аз фарзандони форс (яъне тоҷикон) онро дармеёфтанд».

Имом Бухорӣ, Имом Муслим, Имом Тирмизӣ, Насоӣ, Ибни Моҷа ва чандин нобиғаҳои халқи тоҷик ҳадисҳои Паёмбари ислом (с)-ро тадвин ва тахриҷ намуданд, ки имрӯз аз китобҳои муқаддастарини мусулмонон ба шумор мераванд.

Асарҳои Абӯрайҳони Берунӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Яъқуби Чархӣ, Ибни Сино, ашъори Рӯдакиву Хайём, Саъдиву Ҳофиз, Фирдавсиву Форобӣ мақоми забони тоҷикиро дар тамоми олам боло бурданд. Ҳатто гуфта мешавад, ки яке аз забонҳои аҳли биҳишт тоҷикӣ мебошад.  

Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст.

Ба ин маънӣ, забони тоҷикӣ таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад. Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон истилогарон мехостанд забони моро аз байн баранд. Македониҳову муғулҳо ва дигар халқиятҳое, ки замини тоҷиконро тасарруф мекарданд, аввал забони худро ҷорӣ менамуданд. Аммо тамоми кӯшишҳо натиҷае намебахшид. Зеро халқи тоҷик ҳар чӣ дошт, он забони модарӣ буд. Ва миллати мо забони худро аз даст надод. Халқи тоҷик тавонист, ки ин ёдгории бемисли худро  ҳифз намояд ва онро то ба имрӯзи обод оварда расонад.

Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад.

Муҳимтар аз ҳама, имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст.

Забон хишти аввалини кохи миллат аст. Агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад.

Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад.

 

Худшиносӣ бо забони миллат аст,

Ҳар касе дорад забон бодавлат аст.

Бурҳониддин Аминов,

мутахассиси Кумита