ҚИРҒИЗҲОРО МЕБОЯД ТАҲАММУЛПАЗИР БОШАНД!

Нашр шуд korbar - ср, 10/09/2019 - 10:11

Халқи қирғизу тоҷик аз қадимулайём бо ҳамдигар муносибати дӯстию бародарона доштанд ва дар байни онҳо ҳеҷ гуна ихтилофу низоъ вуҷуд надошт. Онҳо озодона ба кишвари ҳамдигар рафту омад ва ба тиҷорат машғул буданд. Байни ноҳияҳои вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Қирғизистон роҳҳое мавҷуд аст, ки аз байни ду давлат мегузарад ва аз ин роҳҳо аҳолии ҳар ду давлат озодона истифода мебаранд. То солҳои охир байни тоҷикону қирғизҳо нофаҳмиҳо хеле кам ба назар мерасид. Вале мутассифона чанд соли охир дар байни аҳолии деҳаҳои ҳамсарҳад ва марзбонҳои ҳар ду давлат нофаҳмиҳо ба вуқӯъ пайваста истодааст. Гурӯҳу афроди манфиатҷӯ аз байни хоиноне шахсонеро дарёфт карда мехоҳанд, ки байни тоҷикону қирғизҳо низоъ ва ихтилофотро ба вуҷуд оранд. Хушбахтона, роҳбарони ҳар ду мамлакат барои тинҷу ором нигоҳ доштани нуқтаҳои аҳолинишини марзи ҳар ду давлат кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тинҷу ором нигоҳ доштани марзи ҳар ду кишвар ҳиссаи назаррас доранд. Пешвои миллат ба сарҳадбонон дастур доданд, ки фирефтаи дасисабозиҳо нагашта, баҳри нигоҳ доштани сулҳу субот дар сарҳад таҳаммупазириро пешаи худ кунанд ва боиси ноором гардидани сарҳад ва сард гардидани муносибати байни Тоҷикистон ва Қирғизистон нагарданд.

Умедворем, ки ҷониби Қирғизистон низ аз ин муносибати таҳаммулгароёнаи мо ба хулосаи зарурӣ расида, баҳри таҳкими дӯстиву ҳусни ҳамҷаворӣ талош хоҳад кард.

Мирмуҳаммад Миров,

имомхатиби масҷиди ҷомеи "Ҳоҷӣ Муҳаммадназар ибни Абдуқосим"-ноҳияи Бобоҷон Ғафуров