АНДАР ШИНОХТИ ЭКСТРЕМИЗМИ ДИНӢ

Нашр шуд korbar - ср, 10/16/2019 - 10:16

Экстремизми динӣ як тарзи фаҳмиш ва навъи таффакур дар дохили худи инсон аст, ки аммо агар ин навъи таффакур ба марҳилаи паҳншавӣ ва амал гузарад, он ба радикализм ё тундравии динӣ табдил меёбад.  Пас, радикализми динӣ марҳилаи ошкоршуда, фаъолшуда ва амалишавандаи ифротгароии динӣ аст, он ифротгароиест, ки аллакай аз сатҳи таффакур баромада, ба сатҳи таблиғот, ба сатҳи таблиғоти қатъӣ аз дигарон ва ба сатҳи амалҳои тунд мегузарад. Дар ин марҳила шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбати онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Ин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад. Аҳаммияти мубориза бо экстремизму радикализм аз аҳамияти мубориза бо худи терроризм камтар нест, зеро экстремизму радикализм заминаи асосӣ ва марҳилаҳои ибтидоии терроризм буда, дар ниҳоят ба терроризм бурда мерасонад. Терроризм бошад, марҳилаи олӣ ва охирини ифротгароӣ ё шакли амалишудаи экстремизму радикализм мебошад. Ин аст, ки ҳангоми муносибат бо ин кирдорҳо бояд дар назар дошт, ки онҳо бо ҳам пайванди амиқ дошта, бавуҷудоваррандаи ҳамдигар мебошанд. Аз ифротгароии динӣ то терроризм ҳамагӣ як қадам буда, мубориза бо ифротгароии динӣ дар амал ҷузъи бисёр муҳими корИ мубориза бо терроризм ва роҳи пешгирии ба марҳилаи радикализму терроризм расидан он мебошад.

Пас, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ин гуруҳҳои ифротгарои динӣ ҳамроҳ мешавад, бевосита дар мақсадҳои шуми онҳо ва дар фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик мешавад.

Бо дарназардошти ин, моро зарур аст, ки дар амалӣ намудани ҳамаи он ҳадафҳои неку созандае, ки аз муҳтавои Паёми Пешвои миллатамон бармеоянд, сарҷамъ бошем ва бо кору амали созандаи худ сазовор ба зиндагии шоста гардем.

Ҷумъабек Наботов,

сармутахассиси Кумита